07:01:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дардиёр

Алишери Муҳаммадӣ

Асрор вахосияти зотии шеър, мисли асрори инсон ва кайҳон дастнорас, кушоданошуданӣ, мармузу ноҳувайдо ва пурмуаммост, гоҳе саробест, ки обаш мепиндоранд ва гоҳе ҳам обест, ки сароб меангоранд. Худованд ҳангоми офариниши Одам, ба эътирози фариштагону муқаррабонаш, ки мегуфтанд, «Эй Худованд, мехоҳӣ касеро халқ кунӣ, ки дар замин фасод кунад?» посух дод, ки: «Он чиро ки ман медонам, шумо намедонед». Сирри ин фармудаи Худовандӣ мавзуи баҳси ҳазорсолаҳои илму адабиёт аст. Аммо парда аз чеҳраи ин сир то кунун нафтидааст. Шеър бо он ки худ аз оғоз дар пайи кушодани ин роз дар такопӯст, худ низ ба кушудани рози худӣ ниёз дорад. Садҳо таърифи шеър чизеро ҳанӯз ҳам аз хосияти ӯ натавонистаанд, ки бозгӯ намоянд, ситораҳои ин осмони баланд ҳанӯз ҳам ба чашми сутурлобу телескопҳои пажӯҳишгарони шеър натобидаанд,  балки чашми сутурлобу телескопҳои пажӯҳиш дар шинохти дуриву баландии ин ситоразор оҷиз мондаанд. Ё магар он Ориёнои гумшудааст  шеър, ки дар садҳо кунҷу канор таъину тахминаш мекунанд, вале ҳеҷ яке ба воқеияти ин  сарзамини минуӣбаробар намеояд.

Агар Худованд худ тафаккур ва суханро ба инсон ҳадя намекард, оё ин ду неъмат ба хоҳиш ё ба тасодуф метавонист насиби инсон гардад? Дар ин радиф шеър низ. Оре шеър офарида ва ҳадяи Худовандист. Охир офариниши зебоӣ, ситоиши некӯӣ, ниёиши худӣ аз рисолатҳои Худовандианд, ки ба шеър низ мансуб гардидаанд. Шеъру сухани асил бо ваҳю илҳоми Худовандӣ дастрас мегардад, намоеро аз лиқои худ падидор мегардонад. Ба шеър низ, мисле ки бо Худо, бо заҳматҳо наздик мешавӣ ва ба осонӣ дур. Шеър низ шабеҳи инсонҳост: эй басо бо зоҳир яксон, аммо ба ботин ба фарсахҳо дур. Ин андешаҳо ҳамчун  руҷуъе дар ҳошияи ашъоришоири тавонои тоҷик устод Назри Яздонӣ рӯнамо гардидаанд, ки солҳост ҳамдаму муниси хонандаи хушзавқ будаанд. Ҳақ ба ҷониби ӯст, ки шеърро яке аз рукнҳои воқеии асолати миллӣ медонад ва ташвиши онро дорад, ки костани қадру манзалати шеър коҳиши асолати миллӣ хоҳад буд. Беҳдошти забон ва сухан беҳдошти асолати миллист, -мефармояд ӯ. Шеър чун аломати роҳнамост, ки мусофиронро аз маҳалҳо ва манзилҳо огоҳ месозад. Балки роҳест, ки касро ба манзил мерасонад. Сухан нахуст бо Худо буд. Сухан бо шеър буд. Зебоии зиндагӣ танҳо дар зебоии шеър буд. Шеър кизб нест, орзуст, агар то ҳол амалӣ нагардидааст. Шеър касб нест, зиндагист дар зиндагӣ, балки фариштаест дар дилҳо. Шеърро дидан бояд тавонист, шунидану дарк кардан бояд тавонист, аммо бо чашми дил, бо гӯши дил – чунин аст оҳанги ашъори Назри Яздонӣ.

Дар мақолаи шоир ва муҳаққиқи ҷавон Алишери Муҳаммадӣ «Дардиёр» роҷеъ ба баъзе паҳлуҳои паҳлуҳои эҷодиёти Назри Яздонӣ ин шоири шинохтаи тоҷик сухан рафтааст.

Муҳтарам Ҳотам

Назри Яздонӣ яке аз адибони маъруф, машҳур ва маҳбуби тоҷик аст, ки тӯли ду даҳсолаи охир шеъраш дилҳои зиёдеро тасхир кардаву вирди забонҳо гардидааст. Агарчи маҷмӯаи ашъораш бо нусхаҳои зиёд ба табъ нарасидаанд, аммо мушоҳида мешавад, ки аксари ҳаводорони шеъру адаб аз онҳо ба хубӣ огаҳанд ва дунёи маънавии худро бо офаридаҳои ӯ зиннат медиҳанд. Маҳсули эҷоди ӯ пайваста аз тариқи барномаҳои садову симои ҷумҳурӣ дар қироати худи муаллиф, тавассути сурудҳои овозхонон ва суханронии ҳайати эҷодии радиову телевизиони тоҷик садо дода, аз тарафи бинандагону шунавандагон хуш истиқбол меёбанд. Аз ин ҷост, ки сурудҳо дар матни зиёда аз 50 шеъри ӯ дар фонди тиллоии радио ва телевизиони тоҷик маҳфузанд.

nazri-yazdoni 554656556Чандин насли ҷавони тоҷик бо суруди «Занги охир», ки матнаш ба Назри Яздонӣ тааллуқ дорад, бо мактабу устодони худ, бо «чору панҷи мактабӣ» хайрухуш намудаву ба ҳаёти мустақил ва «чору панҷи зиндагӣ» ворид шудаанд. Ва он ашки ғаму шодӣ, ки ҳангоми замзамаи ин суруд бар чашмҳо ҳалқа задаву он ҳузну тарабе, ки бар дилҳо чира шудаанд, аз маҳорати нотакрори ин суханвар гувоҳӣ медиҳанд.

Ашъори ин адиби мумтоз, шоири навпардозу тозаэҷод ва нафаре, ки ҳаёти худро ба шеъру шоирӣ бахшидааст, гумон дорем, зарурат ба таърифу тавсиф ва таблиғу ташвиқи зиёд надорад, аммо таҳқиқу баррасии вижагиҳои эҷодии ин адиби муваффақро зарур медонем.

Албатта, ҳар як суханвар дар оғози кори худ аз унсуру усул ва роҳу равиши пешиниён пайгирӣ мекунад, аммо баъдан иддае бо талошу кӯшиш ва заҳмату шаббедориҳо ҷодаи худро пайдо карда, маъруфият ҳосил мекунанд. Назри Яздонӣ низ аз зумраи он нафаронест, ки аз нахустин қадамҳои худ дар ҷодаи эҷодӣ ба раҳкушоию қуллапаймоӣ даст задааст. Шеъри ӯ бо он ки бардошту таъсири зиёде аз эҷодиёти адибони гуногунзабону мухталифбаён дорад, аммо боз ҳам шеъри нав аст: шеъри муосир, шеъри тоҷикона, шеъре фаҳмо, зебо ва гӯё, шеъре дархӯри ҳама дилҳо. Ва ин муваффақияти адиб аз якчанд сарчашма об мехӯрад: огаҳӣ аз тамоми мактабҳои эҷодӣ, даст доштан дар таҳқиқи ҳамаҷонибаи шеър, ҳунарсанҷӣ дар тарҷумаи осори нобиғаҳои шеъри ҷаҳон ва ҳамчун муҳаққиқи фалсафа ба зиндагӣ ва рӯйдоди олам нигоҳе махсус доштан. Эҳсоси баланду нуктасанҷӣ, тахайюли бою ғанӣ ва андешарониҳои замонавиаш низ шеъри ӯро мумтоз гардонидааст.

Яке аз вижагиҳои эҷодии Назри Яздонӣ сохтан ва корбурди вожа, ибора ва мафҳумҳои тоза дар шеър ё ба қавли дигар суханофарӣ аст. Барои муваффақ шудан дар ин самт адиб бо маъниву мазмун ва калимоту истилоҳот бархӯрд ва муносибати гуногунҷабҳа дорад. Пеш аз ҳама Назри Яздонӣ ба он диққат медиҳад, ки падидаҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ, дастовардҳои илмию техникии муосирро, ки ҳанӯз ҳам дар шеъри мо тавсифи онҳо ба ҳадди зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, тариқи ифодаю мафҳумҳои нав, вале дар айни замон соддаю равон, ба зеҳну идроки хонандаи тоҷик мувофиқ дар қолаби шеър ҷой диҳад. Дар чаҳорпорае бо унвони «Шеъри сафед» аз дастгоҳи тиббӣ – кардиограф, бо истилоҳи хеле зебо – дилнигора, ёд мекунад. Ин вожа, ки сохтаи худи шоир аст, илова ба он ки беҳтарин тарҷумаи истилоҳи кардиограф ба шумор меравад, дар айни ҳол шоирона ва дилнишину хотирмон аст. Ҳамчунин, дар ин шеър ибораҳои дигар ба монанди паргори родар (мавҷгири параболӣ) ва кафшери лозар, барқгардон низ хеле ба ҷо ва устодона сохта ва истифода шудаанд.

…Суханҳо дидаам титу парешон,

Қаламро кардаам паргори родар.

Дилеро дида будам пора-пора,

Қаламро кардаам кафшери лозар.

Машав ҳайрон, агар ҳусни хати ман

Ба роҳи дафтарам пастобаланд аст,

Ки чун хатти шикасти дилнигора

Гувоҳи зарби қалби дардманд аст…

Ба ин монанд калимоту ибороти зиёдеро метавон зикр кард, ки бозёфтҳои шоир ба ҳисоб мераванд, масалан: қалампошна, лолафарангӣ, барқгир, заргаронӣ, хиразорон, ширинии талхӣ, халои заҳрборон

Назри Яздонӣ тавонистааст, ки дар атрофи вожаву ифодаҳои сохтаи худ маъниву мазмуни зебо, тасвироти ҷолиб ва дилнишин офарад. Чунончи дар шеъри «Қалампошна» мебинем:

Як олами афсона равон дар сари сӯзан,

Олуфтаву озода равон дар сари сӯзан.

Як қофила чун ришта равон аз паси сӯзан,

Як шаҳр дили дар ҳаяҷон дар сари сӯзан…

Дар эҷодиёти шоир калимаву ибороти зиёде ба кор бурда шудаанд, ки ба обу дарё иртибот доранд. Обу дарёе, ки табиаташон поксозӣ, тароват ва ҷонбахшӣ аст. Гумони ғолиб он аст, ки майли адиб ба сафову покӣ (ки маҳзи мағзи шеъранд) ӯро водор намуда, ки беихтиёр ба ин мавзӯъ бештар рӯй орад. Тинати пок ва сафоҷӯи шоир сабаб гардида, ки ҳангоми васфи дилхоҳ гӯшаи кишвари зебоманзараш аз обу чашмасорони мусаффо ва ҷонбахши он ёд мекунад. Дарёи Сурхобро хандон мебинад, Хингобро тавлидкунандаи нури Норак медонад, мавҷҳои Сайҳунро аз шарори барқи нигоҳи маъшуқа месӯзонад, аз оби Новардони заррин таскини дард меҷӯяд, дар таъми Оби талхаки Ёвон талхии ҳиҷрон меёбад, Зарафшони зарфишонро дар ғурбат парешону пошон мебинад.

Гуфтору пиндор, хулқу хӯ, эътиқоду боварҳои мардуми оддии деҳоти гуногуни кишварро бо калимаву ибороти соф тоҷикона, ки тобишҳои махсуси нотакрор доранд, бо лаҳни мардумӣ ба қаламрави шеър ворид мекунад. Масалан, ибора ва мафҳумҳои оши ҳалол, балогардон, захми чашм, ҷуку ҷонвар, қиёми ғам, ширинҳота, обчинак-ро, ки танҳо дар забони мардуми оддӣ дар истеъмоланд, шоир тавонистааст бамаврид ва хеле устодона ба кор бурда, ба онҳо ҷони тоза бахшад.

Ҷисму ҷони фишурдаи модар

Пухта-пухта қиёми ғам мешуд.

Дар замини ӯ, ки ширинҳота буд,

Талхаку шӯрак саросар сабз шуд.

Киштаҳои ширадори модарам

Талху шӯрии фаровон мекунад.

Дигар хусусияти ашъори Назри Яздонӣ масоили илмиро бо перояи адабӣ ва ҷавоҳири тахайюл ҷилва додан аст. Дар эҷодиёти шоир фалсафаи рангҳо бо тобишу ҷилваҳои тоза зуҳур мекунад. Рангҳо бо лаззату бӯ, гарму сардӣ, ғаму шодӣ, оҳу дард омезиш меёбанд ва тавассути онҳо шоир ҳолати рӯҳии қаҳрамони лирикии худро ба тасвир мекашад:

…Дар диёрам буд камбудии газвори кабуд.

Куртавори ранги нилӣ, эй басо ноёб шуд,

Пора-пора мегирифтанд, аз матои осмонӣ,

Оҳҳои зарди хоҳарҳои ман,

Пораҳои осмонро карда зарди заъфарон.

Аз мусибати одамӣ, аз ҷумла кулфати нафароне, ки бо ҳар баҳона азизони худро аз даст додаанд, чун инсони асил муассиру дардзо ёд мекунад, гӯйӣ, ки дарду кулфати дигарон не, балки алами худро ба қалам медиҳад. Далели ин гуфтаҳо ашъоре ба шумор мераванд, ки дарду доғи дӯстону азизони суханварро изҳор мекунанд. Аз ҷумла дар шеърҳои «Ҷаҳри фалғарӣ», «Баҳмани кабуд», «Доғи хунчакон», «Баҳори ситам», «Ёди модар бӯйи дармон мекунад» дарди ҷонсӯзи шоир хеле муассир рӯйи қоғаз омада:

Ёди модар бӯи райҳон мекунад,

Буи шеванҳои бирён мекунад,

Гамгусори ман – шифоям, рафт, рафт,

Ёдаш акнун бӯи дармон мекунад…

Барои ифодаи ин ҳолати худ вожае ҳам сохта, ки хеле зебо ва таъсирбахш аст – дардиёр (дард + иёр), ба маънии ҳамдард ва дардошно.

Шоир, ки дар айни ҳол олим ва мутафаккири барҷаста аст, ба масоили муҳими глобалӣ низ аз дидгоҳи хоса назар меафканад. Дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳонӣ на чун як нафар мушоҳидакор ва масъули беҳиссу бепарво, балки ҳамчун як соҳибдард ва адолатхоҳ ово баланд мекунад. Чунончи дар шеъри «Осмон, эй осмон» масъалаи рахна шудани қабати озонро, ки барои башарият паёмади фоҷиабор дорад, дар меҳвари бемеҳрию бераҳмии инсон хеле муассир ба тасвир кашидааст. Барқарор кардани сурохиҳои бавуҷудомадаи қабати озон – халои заҳрборонро шоир барои инсон ғайриимкон медонад ва аз ин рӯ дар ноумедӣ ба Осмон рӯ меорад:

Осмон,

Эй бепаноҳи асри кайҳон!

Бахя мехоҳам бигирам

Роғҳои ҷомаи афсурдаатро.

Лек сӯзан нест!...

Дар тамоми растаи ғаззолии инсон

Як ваҷаб ҳам ресмони поку маҳкам нест.

Бо ҳама гуногунии мавзую мундариҷаи эҷодиёти шоир метавон гуфт, ки меҳвари андешаву тахайюли ӯро ғояи ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар, ифтихор аз гузаштаи дуру наздики миллати тоҷик ташкил медиҳад. Бесабаб нест, ки ҳар як дафтари нави ашъори ӯ маҳз бо таронаҳои ватанхоҳона шуруъ мешавад. Ба даст омадани истиқлоли миллии тоҷиконро баъд аз ҳазорсолаҳо омили эҳёи фарҳангу таомули ориёӣ медонад. Ориёни бостону Тоҷикистони ҷавонро маҳзи як ҷавҳар медонад, ҷавҳари одамгароӣ, ҷавҳари адолатгустарӣ, ҷавҳари саодати абадӣ, зодгоҳи ишқу виҷдон. Ин андешаҳои шоир ифтихори пучу холӣ ва беасос нестанд, балки бар пояи далелҳои илмии муътамад такя доранд.

Назри Яздонӣ танҳо аҳриманпешагонро қодир ба тафриқаандозӣ медонад.

Тахти мо ҳамбастагиву оҳанист,

Бахти мо дар якдиливу яктанист.

Дасти наҳсе қасди ваҳдат мекунад,

Дар яқин аҳриманӣ, бишкастанист.

Бар ин бовар аст, ки аҷдоди қонунпеша, адолатгустар, фарҳангпарвар ва маънавиётпешаи ӯ дар ҳама гуна ҳунару донишҳо дасти тамом дошта, аммо ҳунари одамгароиро бар ҳама ҳунарҳо тарҷеҳ ва бартарият додааст:

Ихтисоси ориёнии таборам,

Заргарӣ,

оҳангарӣ,

                         одамгарӣ ҳам ҳаст,

Аммо заргароӣ нест.

Асли миллатам, одамгароист.

Шоир аз он ифтихор дорад, ки аҷдоди дурандешаи ӯ дар ҳама ҳол душмани худхоҳиву танпарварӣ буда, маънии зиндагиро дар манфиат расонидан ба дигарон донистаанд. Ифтихори миллӣ дар сар то сари эҷодиёти адиб ҳамчун хати рӯшан ба назар мерасад. Аммо аз он ки дар доираи як мақола наметавон ин мавзуро дар ҳадди бояду шояд баррасӣ кард, мо тасмим гирифтем, ки баррасии ин масъаларо то мақолаи дигар мавқуф гузорем.

Ҳамин ҷо мақоларо ба анҷом расонида, гуфтанием, ки беҳтарин муаррифгари ашъори Назри Яздони мазмуну муҳтавои ашъори ӯ ба ҳисоб мераванд, аммо мақсад аз иншо ва нашри мақола танҳо ҳамин буда, ки сабаб ва омилҳои тавфиқ ёфтани як қаламкашро дар қаламрави шеър то ҳадди имкон рӯшан намоем ва ҳамзамон хизмате карда бошем дар тарғибу ташвиқи шеъри имрӯза.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi