07:05:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МОДАР ӮРО ҲАНӮЗ ҲАМ ИНТИЗОР АСТ

Ӯ дар иштиёқи дидори падару модараш рӯзҳоро паси ҳам мешумурд, зеро агарчи бо оила ва фарзандонаш дар пойтахт ҷои зисту ҷои кор ҳам дошт, аз дидорбинӣ бо модару падараш дар дил хушҳол буданашро ниҳон намуда, пазмон менишаст. Ниҳоят Маҳина аз сардораш дастур қабул кард, ки ба Бадахшон сафар кунад. Барояш ин мавриди муносиб буд.

modar-intizori-tuВай аз шодӣ дар курта намеғунҷид ва тасмим гирифт, агарчи ба сафари хизматии хаштрӯза рафтанӣ бошад хам, писару духтарашро низ ҳамроҳаш мегирад. Ба нияти он, ки фарзандонаш хам аз дидори бобою модарбузургаш комёб шаванд. Рӯзи дигар ҷомадони роҳ барбаст ва субҳи барвақт бо ҳамсар ва фарзандонаш ба истгоҳи мошинхои самти Хоруғ рафтанд. 

Соате пас ҳамсараш бо ӯ ва фарзандон хайрбод карда, онҳоро дар автомашина шинонда, гусел намуд. Маҳина бо духтару писараш ба сӯи Бадахшон харакат намуданд.  Ногоҳ ба ёдаш расид, ки ба модараш занг занад.

- Ало, салом модарҷон, мо ана роҳӣ шудем, ман бо набераҳоятон. Насиб бошад, шаб мерасем, шумо тез хоб наравед, мунтазир бошед, мо меоем…

Модаре, ки ӯро як умр интизорӣ мекашид чӣ гуна метавонист то ними шаб бедор набошад?

Маҳина бо фарзандон ва дигар мусофирони автомашина тамоми рӯз сӯи Хоруғ ҳаракат  мекарданд. Нихоят шаб  ҷомаи сиёҳ густурд, вакти хӯроки шом буд. Онҳо то Дарвоз расида буданд. Дар ошхонае шом хӯрда, каме дам гирифтанд. Маҳина боз ба модараш занг зада, фаҳмонд, ки ними роҳро соқу саломат тай карданд.

Вале барои модар аз як тараф ин хабари хело хам хуш буд, ки ними роҳ паси сар шуд, аммо дилаш ҳоло ҳам осуда набуд, зеро ними роҳи дигар монда буд ва боз шабона дар ин роҳ рафтан…

Маҳина бошад, модарашро тасалло медод.

Онҳо то ними шаб  беист ҳаракат карданд. Фарзандони Маҳинаро алаккай хоб бурда буд. Аз тирезахои автомашина хам  чизе наменамуд. Шаб – шаби торик буд.  Маҳинаро ҳам оҳиста-оҳиста хоб мегирифт, вале ӯ  маҷбуран худро бедор нигоҳ медошт. Вай мехост, ҳарчи тезтар ба хонаи падару модараш бирасад, чун онҳоро хело ҳам пазмон шуда буд.

Садои мусиқии магнитоли автомашина дар он торикии шаб  дилнавозӣ мекард. Маҳинаро боз хоб гирифт…

Якбора садои қарроси гӯшхарош ҳамагонро бедор намуд, ҳатто кӯдакони Маҳинаро ҳам. Аммо ин бедорӣ буд, оғози хобби абадии онҳо буд. Автомашина якбора аз канори роҳ ба дарё парида, ба об фурӯ рафт…

Дили модари Маҳина ноором буд, ҳеҷ дар чашмонаш хоб наомад. Беруни хона мешуд ва боз ба хона медаромад.Токаташ тоқ шуд. Телефон гирифта, ба духтараш занг зад, аммо ҷавобе нашунид. Гиря гулӯгираш мекард. Вале боз худро дилбардорӣ мекард, -шояд хобаш бурда бошад. Ё ки  телефонашро хомӯш кардааст, ё ин ки ҷое омада  бошанд, ки телефон намегирад…  Ва даҳҳо андешаҳои  дигар.

То субҳ беист аз хона  берун мешуду  боз  ба хона медаромад. Дигар тоби тоқаташ намонда буд. Духтараш бо набераҳояш бояд аллакай мерасиданд…

…аммо аз Махина ва фарзандонаш пеши ӯ духтарнабераи ӯ расида омад. Махина бо писараш то ними роҳ омаданду халос…

Лейтенант Аноятшоева Маҳина Муборакшоевна рӯзи 1-уми марти соли 1975 дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна  соли 1993 донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруг шуда, соли 1998 онро хатм намуд. Чанд соле омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби зодгоҳаш шуда кор кард. 

Аз соли 2008 то соли 2010  муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи харбии Вазорати Мудофиаи Ҷумхурии Точикистон фаъолият намуд.  Аз моҳи октябри соли 2010 дар рӯзномаи «Ҳомии ватан»- и ВМ ҶТ ба хайси мутахассиси пешбар фаъолият карда, аз моҳи майи соли 2011 бо фармони ВМ ҶТ  ба вазифаи мухбири ҳарбии  рӯзнома таъин  шуда буд.  Ба ӯ рутбаи харбии лейтенантро низ доданд.

Мувофиқи фармони вазири  Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 то 25-уми июни соли 2011  ӯ бояд дар гарнизони Хоруғ сафари хизматии хешро ба ҷо меовард…

Рӯзи 23-юми феврали соли равон дар рӯзи Иди Артиши миллӣ Маҳина Аноятшоева мебоист дар доираи ҳамкорон иди касбиро ҷашн мегирифт, аммо қисмат дигар чиз мехостааст…

Рӯзи 20-уми июни соли 2011 лейтенант Маҳина Аноятшоева бо писараш Неъмат Булбулшоев дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон ВМКБ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.

Худованди бузург рӯҳи ин бонуи нобишкастаармонро шоду хонаи охираташро обод бигардонад.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi