10:46:13 27-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЧАРО ЗАНОН БА ҚУВВАҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ МОЙИЛАНД?

Бештар аз панҷоҳ дар сади аҳолии Тоҷикистонро занҳо ташкил медиҳанд. Имрӯзҳо ба мақому манзалати зан дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Роҳбари давлат ширкати занони лаёқатмандро дар корҳои роҳбарикунанда, барномаву дастурҳои махсуси давлативу байналмиллалӣ дастгирӣ намуда, ҷонибдори ворид шудани онон ба ҳукумат ва порлумон мебошад.

shakhidkaҲамчунин Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат ва дигар иттиҳодияҳои занон нисбат ба сарнавишти занони кишвар бетараф набуда, пайваста пайи дастгирӣ ва муҳофизати онон мекӯшанд. Чанде қабл лоиҳаи қонуни пешгирии зӯроварӣ дар хонаводаҳоро тартиб додаанд, ки низ ғамхории навбатӣ нисбат ба ҳаёти занону духтарони ҷумҳурӣ мебошад.

Бузургон нақши занро дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа бемислу монанд шуморидаанд. Зан чун чароғи хонадон, тарбиятгари фарзанд, давомдиҳанда ва ояндаи миллат ба шумор меравад. Мутаассифона, аз ҷумлаи занону духтарон ашхосе ёфт мешаванд, ки ба қувваҳои ифротгаро пайваста, на танҳо ҳаёти худ, балки зиндагии атрофиёнро низ зери хатар мегузоранд. Новобаста аз тафовутҳои ҳуқуқии хеш нисбат ба мардон, сафи занон низ дар фаъолиятҳои экстремистӣ рӯз ба рӯз рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Фаъолзанҳои ҳаракатҳои экстремистӣ гурӯҳҳои занона ташкил дода, чандин духтарону ҷавонзанони дигарро низ ба шохаҳои худ шомил месозанд. Ҳангоми аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ ошкор гардидани фаъолияти занон дар ҳаракати ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин ҳолатҳо зиёд ба чашм мехӯранд, ки занон – модарон рисолати аслии хешро ба чунин зуҳуроти нангин иваз намудаанд.

Дар Тоҷикистон низ ҳолатҳои узвияти занон дар «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ» ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҷой дорад. Фаъолияти онҳо асосан аз паҳн намудани даъватномаҳо, варақаҳо ва адабиёти зоҳиран мазҳабӣ, вале дар асл иртиҷоӣ ва ифротӣ иборат мебошад. Коршиносони соҳа зимни таҳқиқотҳо ба хулосае омаданд, ки бештари занҳои ба ҳизбҳои ифротӣ ҷалбгардида аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ карда мешаванд, яъне барои фаъолияти хеш маблағҳои муайянеро соҳиб мегарданд.

Чаро маҳз занҳо ҳадафи ҷалб ба қувваҳои эктремистӣ мегарданд ва чаро солҳои охир теъдоди онҳо дар қувваҳои ифротгаро зиёд мегардад? Мутобиқи таҳлили коршиносон, яке аз сабабҳои асосии ин ангеза дар он аст, ки шумораи зиёди занон дар замони бӯҳронӣ аз кор маҳрум шуда, онҳо пайи пешбарии рӯзгори хеш дар ҷустуҷӯйи ҷойҳои кории мувофиқ ҳастанд ва ҳар даъватеро барои худ раҳоӣ аз бунбаст қабул месозанд. Зиёдшавии теъдоди занҳои бекорро дар ширкатҳои «аҳромшакл»-и риштаҳои гуногун, низ ки солҳои охир нуқтаҳои онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ меафзоянд, дидан мумкин аст.

Яке аз сабабҳои дигари ҷалби занон ба қувваҳои экстремистӣ, ин пайванди васеи хешутабории онҳо мебошад. Маҳз дунболаи давомдори ҷалбшавии пайвандони онҳо, аз қабили хоҳару фарзанд ва дигар наздиконаш, барои зиёд шудани қувваҳои ифротгаро қулай мебошад. Доштани фарзандони ноболиғ ба ҷавобгарии ҷиноии занҳои ба фаъолияти экстремистӣ дастдошта мусоидат мекунад, ки ин низ яке аз сабабҳои асосии ба қувваҳои экстремистӣ ҷалб намудани занон мебошад.

Коршиносони соҳа аз натиҷаи пурсишҳо ба хулосае омадаанд, ки бинобар сабаби сатҳи ба завқи занон нокифояи зиндагии рӯзмарра ва нобаробарии ҳуқуқи онон бо мардон дар ҷомеа, занҳо нисбат ба мардон бештар ба экстремизм майл доранд, гарчанде ин тамоюл дар солҳои ахир назаррас гардидааст.

Занҳое, ба фаъолияти экстремистӣ машғул мешаванд, ки ҳадафҳои зиндагии хешро аз даст дода, ба оянда умеде надоранд. Бештар занҳои худгумкарда, ҳатто баъди дуруст дарк намудани роҳи интихобкардаашон низ, ақидаҳои худро тағйир надода, балки фаъолияти хешро идома медиҳанд. Оқибати чунин занҳо даст задани онҳо ба амалҳои террористӣ мегардад. Бар зидди миллати худ ҷанг кардан – ин маънои нобуд сохтани худро дорад.

Боиси таассуф аст, ки тайи чанд соли охир, ҳодисаҳои дар амалҳои терорристӣ низ даст доштани занон ба назар мехӯрад, То ҳадде, ки онҳо худро дар ин кор фидоӣ месозанд. Соли гузашта, дар кишвари мо низ, ҷавонзане бо номи Мухтасархон Мирамонова ба яке аз ҳаракатҳои террористӣ  пайваста, фаъолияти иртиҷоии худро бо амали маргталабӣ анҷом дод. Бо он ки ин ҷавонзан ҷони худро чунин қурбон сохт, қабл аз ҳама сари волидайну дигар наздиконашро хам карда, чун доғе дар ҷомеаи имрӯзи доираи маҳалла, ноҳия, вилояту ниҳоят, ҷумҳурӣ нишаст.

Занон-модарон дар тамоми давру замон посдорони сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ буданд ва ҳастанд. Агар ба ҳама ҷангҳои таърихӣ назар афканем, мебинем, ки маҳз модарон синаи худро сипар карда, ба майдон баромадаанд, то пеши роҳи ҷангу хунрезиро гиранд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ иддае аз модарони тоҷик чандин маротиба бар зидди ҷанг баромад карда, фарзандонашонро ба сулҳу созиш ва оромӣ даъват намуда буданд.

Замоне яке аз занҳои соҳибқаламе гуфта буд: «Дар ҷаҳон агар тире андохта шавад, ҳатман бар қалби модаре хоҳад бархӯрд!». Ба хотири захмӣ накардани қалби модаре, қабл аз оне, ки ҳар зане нияти ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гаравиданро мекунад, бояд андеша созад, ки оё роҳи интихобкардааш дуруст аст?

Ҳафиза Маҳмадова - омӯзгор



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi