ДОДСИТОНИ ЗАН ДАР ФЕҲРИСТИ "САД МУТАФАККИРИ БАРТАРИ ҶАҲОН"
Ромин АнварӣМориё Башир, раиси додситонии вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон, ба унвони яке аз "Cад мутафаккири бартари ҷаҳон" дар соли 2011 аз сӯйи маҷаллаи омрикоии "Форн полисӣ" муъаррифӣ шудааст. Хонум Башир аз фаъолони ҳуқуқи башар ва нахустин зан дар Афғонистон аст, ки ба унвони раиси додситонии як вилоят кор мекунад.
Ӯ дар соли 2010 яке аз даҳ зане буд, ки ҷоизаи вижаи "Зани шуҷоъ"-ро аз Вазорати хориҷаи Омрико ба даст овард. Хонуми Башир, ки бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки интихоби ӯ ба унвони яке аз сад мутафаккири бартари ҷаҳон, намоёнгари ин аст, ки "талошҳои занони Афғонистон аз диди ҷаҳон пинҳон намемонад."
Ӯ гуфт: "Мутаассифона мавонеъи сари роҳи мо бисёр зиёд аст. Бори мо бисёр сангин аст ва медонем, ки роҳи мо бисёр тӯлонӣ аст; вале мо хаста нашудаем ва талошҳои худро идома медиҳем ва мебинем, ки бо қатра-қатра саранҷом дар ҳар гӯшае, ки бошем, метавонем як дарё ва мавҷро ба вуҷуд биоварем."
Мубориза бо фасод ва хушунати хонаводагӣ
Мориё Башир ҳамзамон бо ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон дар Афғонистон, вазифаи хуро дар додситонии Ҳирот аз даст дод ва монанди бисёре дигар аз занони ин кишвар хонанишин шуд. Аммо ӯ дар замони ҳокимияти гурӯҳи Толибон низ хомӯш намонд ва барои духтароне, ки аз рафтан ба мактаб маҳрум шуда буданд, дар хонаи худ як мактаби махфӣ эҷод кард.
Ӯ мегӯяд духтарон ба шакли пинҳон ба хонаи ӯ меомаданд, то дарс бихонанд ва ин масъала боъис шуд чандин бор маъмурони гурӯҳи Толибон дар мавриди фаъолиятҳои ӯ аз шавҳараш бозҷӯйӣ кунанд. Пас аз фурӯпошии ҳокимияти Толибон, хонум Башир дубора дар додситонии Ҳирот машғули кор шуд ва дере нагузашт, ки дар соли 2006 ба унвони нахустин раиси зани додситонӣ дар як вилояти Афғонистон таъйин шуд.
Маҷаллаи "Форн полисӣ" дар муъаррифии хонуми Башир навишта "дар кишваре, ки ҳанӯз ҳокимияти қонун дар он таъмин нашуда ва пулис бо мушкили фасод рӯбарӯст, Мориё Башир бо рӯёрӯии таҳдидҳое, ки алайҳи ҷони ӯ вуҷуд дорад, алайҳи фасод, ҷароим ва хушунати хонаводагӣ дар баробари занон мубориза мекунад."
Ин маҷалла афзуда: "Шояд таъсиргузории кор (Мориё Башир) фавран ба чашм дида нашавад, аммо талошҳои ӯ бидуни шак барои насли оянда пурбор хоҳад буд."
Маҷаллаи "Форн полисӣ" ҳамчунин навишта, ки хонум Башир танҳо дар як соли гузашта 78 парвандаи хушунат алайҳи занон, ба шумули мавориди издивоҷҳои зери синни қонуниро дар Ҳирот баррасӣ кардааст.
Феҳристи "Сад мутафаккири бартари ҷаҳон" ҳар сол аз сӯйи маҷаллаи омрикоии "Форн полисӣ" мунташир мешавад ва дар он аз афроде ном бурда мешавад, ки дар як соли ахир бо фаъолиятҳои ҳунарӣ, сиёсӣ ва ё иҷтимоъии худ тавонистаанд таъсире дар ҷаҳон дошта бошанд. Аз соири шаҳрвандони Афғонистон, ки пеш аз ин дар ин феҳрист аз онҳо ном бурда шуда, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси собиқи донишгоҳи Кобул аст.
Би-Би-Си