08:20:42 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САФИРИ ИМА КЕН ГРОСС РОҶЕЪ БА ХУШУНАТ АЛАЙҲИ ЗАНОН

Хушунат алайҳи занон Тоҷикистонро, мисли ҳар як давлати дигари дунёро, ба ташвиш овардааст. Хушунат дар асоси фарқияти ҷинсӣ як бемории ҷаҳоние гаштааст, ки барояш ҳеҷ сарҳаде вуҷуд надорад.

/images/stories/2011/11/29_ambassador-291111.jpgИн беморӣ метавонад занону духтаронро дар ҳар як марҳилаи ҳаёташон сироят кунад, аз ҷумла дар шаклҳои хушунати хонаводагӣ, таҷовуз, таҷовузи занушавҳарӣ, истисмори шаҳвонӣ, одамрабоӣ, таҳқир ва беҳурматӣ нисбати бевазанҳо ва ғайра. Шонздаҳ рӯзи мубориза, ки 25 ноябр бо таҷлили Рӯзи байналхалқии барҳамдиҳии хушунат нисбати занон оғоз ёфта, 10 декабр бо қайд кардани Рӯзи байналхалқии ҳуқуқи инсон анҷом меёбад, як давраест, ки мо дар мавзӯи хушунат алайҳи занон ҳарф мезанем ва барои пешгирии он чораҳо меандешем.

Мусаллам аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар ин мавзӯъ аз сухан ба амал гузарад, то ба даъватҳои озод намудани занон аз ин хушунат ҷавоби сазовор диҳад. Ва мо умед дорем, ки мардуми Иёлоти Муттаҳида дар якҷоягӣ бо ҳукумат ва халқи Тоҷикистон метавонанд сатҳи чунин ҷинояти номатлубу даҳшатнок нисбати занону духтаронро паст кунанд ва то ҷое, ки имкон дорад, онро барҳам диҳанд.

Рӯзи Байналхалқии барҳам додани хушунат алайҳи занон як огоҳии ҷиддиест ба ҳамаи мо, ки хушунати гендерӣ наметавонад танҳо мушкилии занон бошад – он бонги хатар ба ҳамаи сокинони сайёра мебошад. Ҳеҷ кишваре наметавонад тараққӣ кунад, агар нисфи аҳолии он дучори таҳқиру ва поймолшавии ҳуқуқҳояш гаштааст. Хушунати гендерӣ на танҳо таҳқири шаъну шараф ва поймолкунии ҳуқуқи инсон аст, он ҳамчуни сабабгори паст будани сатҳи некуаҳволии ҷомеаҳои мо мебошад.

Вақте занону духтарон таҳқир мешаванд, корхонаҳо аз кор мемонанд, даромади оилаҳо кам мешаваду онҳо ба гуруснагӣ дучор мешаванд ва кӯдакон дар рӯҳияе ба воя мерасанд, ки ин фарҳанги хушунатро аз насл ба насл мерасонанд. Он ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа хисорат меорад, зеро чӣ сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу амният ва чӣ идораҳои тандурустӣ – ҳама дар як ҳолати шиддат қарор хоҳанд гирифт.

Хушунат чун бемории саратонест дар ҷисми ҷомеа, ки ба рушду нумӯи иқтисодиву иҷтимоии он таъсири чиддӣ мерасонад. Хушунати ҷисмонӣ хавфи ба мушкилоти ҷиддӣ гирифтор шудани занонро афзун мекунад, аз ҷумла мушкилоти таваллудкунӣ, сақти тифл ё худ баччапартоӣ, гирифторӣ ба бемориҳои аз роҳи таносул гузаранда аз қабили ВИЧ ва ғайра. Ҳисоби зарарҳои иқтисодиву иҷтимоиву тансиҳатие, ки ин хушунат ба бор меоварад, охир надорад.

Мо бояд ба ин мубориза барои пешгирии хушунат мардонро ҷалб намоем, то дар якҷоягӣ роҳи ҳалли онро ёбем, фарҳанги муносиботи гендериро тағйир диҳем, масъулияту ҳавасмандии роҳбарони ҳукумату пешвоёни ҷамъиятро барои ҳалли ин мушкилӣ афзун намоем ва барномаҳои дар ин соҳа бомуваффақият амалишавандаро тарғибу ташвиқ намоем.

Дар Тоҷикистон масъулияти тарбияи кӯдакон, ки ояндаи миллатанд, асосан ба дӯши занон аст. Занон масъули хӯронидану пӯшонидан ва таълиму тарбияи насли наврас мебошанл. Аз ин рӯ, хушунат нисбати занон ба хушунат нисбати ояндаи Тоҷикистон баробар аст. Ва танҳо дар сурате, ки ҳам мардону ҳам занон, ҳам ҳукумату ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳам ҷомеаи маҳалливу ҳам ҷомеаи байналхалқӣ дар якҷоягӣ муқобили ин офат садо баланд мекунанд, танҳо он вақт метавон гуфт, ки Тоҷикистон оянда дорад.

Ҳукуматҳои ИМА ва Тоҷикистон дар самти паст кардани сатҳи хушунат алайҳи занон тариқи омӯзиш фаъолияти муштарак мебаранд. Вазорати маориф оқибатҳои фалокатбори чунин хушунатро дарк намуда, ба ин мубориза ҳамроҳ шудааст. Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) дар мактабҳои саросари Тоҷикистон барномаеро амалӣ месозад, то толибилмону омӯзгоронро аз хавфи хушунати гендерӣ огоҳ созад.

Сафорати ИМА аз тариқи «Барномаи ташаббуси ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ» ба кормандони милитсия ва пешвоёни маҳаллӣ дар якҷоя муайян ва ҳал кардани мушкилоти гендерии маҳалҳояшон мусоидат менамояд. Сафорати ИМА ҳамчунин бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самти омӯзиши кормандони мақомоти қудратӣ оиди роҳҳои мубориза бо одамрабоӣ ва бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум оиди одамрабоӣ ва расонидани кӯмак ба гирифторони ин мушкилӣ ҳамкорӣ менамояд.

Иёлоти Муттаҳида ҳавасманди мубориза бо одамрабоӣ дар тамоми гӯшаву канори дунё мебошад. Сафорати ИМА бо Ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои рисолати муштараки мубориза бо одамрабоӣ ҳамкории зич дорад. Ҳамчун як ҷузъи ин ҳавасмандӣ, мо ҳамасола оиди вазъи одамрабоӣ дар мамлакатҳои дунё, аз ҷумла дар ИМА, ҳисобот нашр менамоем, ки он ҳукуматҳои мамолики дунёро дар ин бора огоҳ менамояд ва онҳоро барои мубориза бо тамоми намудҳои одамрабоӣ ҳавасманд месозад.

27 июни соли 2011 Котиби давлатии ИМА хонум Клинтон Ҳисоботи Департаменти давлатӣ оиди вазъи одамрабоӣ дар соли 2010-ро нашр кард, ки дар он, ҳамчун эътирофи кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо одамрабоӣ соли гузашта, Тоҷикистон аз «Рӯйхати зери назорат» берун карда шудааст. Мо ҳавасмандии Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо одамрабоиро дастгирӣ менамоем, ки он як ҷузъи пайкори бузургтарест барои ҳимояи занону духтарон ва мардону писарони Тоҷикистон аз ҳама гуна ҷабру зулм ва истисмор.

Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки ҳар чӣ тезтар Қонуни пешгирии хушунати хонаводагиро қабул кунад, ки он хушунати хонаводагиро ба ҷиноят баробар хоҳад кард. Ин қонун яке аз он чораҳои зарурие хоҳад буд, ки барои ҳимояи занону духтарон аз хушунат дар оила лозим аст. Мо кӯшишҳои гурӯҳи кории Парлумон барои ба муҳокимаи ин қонун ҷалб кардани намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, институтҳои давлатӣ, аз ҷумла вазорату кумитаҳо, шарикони байналхалқии мо, сохторҳои СММ ва ВАО аз қабули як қонуни наву шадидтаре барои ҳимояти занон даъват карданд. Ин қушишҳо далели онанд, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби аҳли ҷомеа ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгирӣ ёфтааст ва мо Ҳукумати Тоҷикистонро ба он даъват менамоем, ки аз ин роҳи худ бар нагардад.

Ин 16 рӯз ба мо имконият фароҳам меоварад, ки ҳавасмандии худро барои раҳо кардани занону духтарон аз ин даҳшат бори дигар изҳор намоем ва нагузорем, ки хушунат нисбати онҳо на дар паси дарҳои пӯшидаи хонавода ва на ошкоро сурат гирад. Ҳангоме, ки ҳуқуқи занону духтарон эҳтиром карда мешаваду ба онҳо барои таҳсилу табобат, ба кор даромадану дар ҳаёти сиёсӣ иштирок кардан имконоти баробар дода мешавад, онҳо сатҳи зиндагии оилаашон, ҷамъияташон ва миллаташонро беҳтар мекунанд.

Ҳамон тавре, ки Котиби давлатӣ хонум Клинтон ба наздикӣ зикр кард, «Баланд бардоштани иқтидори занону духтарони ҷаҳон беҳтарин василаест барои расидан ба рушди иқтисодии ҷаҳонӣ, устувории сиёсӣ ва ривоҷу равнақи бештари марду зан дар саросари дунё».

Кен Гросс, сафир ИМА дар Тоҷикистон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi