18:56:09 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР ФАРОНСА ЯК НИҚОБПӮШЕРО ҶАРИМА КАРДАНД, ВАЛЕ…

Созмони афви байналмилал хабар додаст, ки  барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани рӯбанд, аввалин ҷарима бар зидди ду тан аз занони мусалмон, дар Фаронса, таҳмил гардид, ки он нақзи озодии баён ва озодиҳои мазҳабӣ унвон мешавад.

/images/stories/2011/09/27_hijab_27.9.2011.jpgСуд дар шаҳри Мо, дар наздикии Порис, Ҳинд Аҳмасро ба маблағи 120 эвро ва  Наҷотӣ Нойитро ба малағи 80 эвро барои пӯшидани рӯбанд (ба истиснои чашмон), ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тамоми рӯи онҳоро пӯшонида нигаҳ медорад, ҷарима кард. Дар оғоз, 5-уми май, дар хиёбон, мақомоти полис ду нафар занро ҳангоми як ҳамоиши зидди ҳиҷоб боздошт карда буданд. Ҷон Далхузен, муовини барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Созмони афви байналмилал дар робита ба иҷрои он ҳукм гуфт: «ин як рӯзи шармовар ва хандаофар барои Фаронса аст, Он ду зан ба хотири он чӣ пӯшидан мехоҳанд, ҷазо дода шудаанд».

Вай афзуд: «бар ивази ҳимоят аз ҳуқуқи занон, ин мамнуъият нақзи  ҳаққи озодии баён ва озодии мазҳабӣ аст».

Ҳукми қонун дар бораи манъи пӯшидани либосе, ки тамоми сурати инсон (дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла кӯчаву хиёбонҳо, мактабу мадорис, қатора ва … )-ро мепӯшонад, шурӯъ аз якуми апрел амал мекунад.

Ҷон Далхузен бар илова афзуд: «Мо аз он метарсем, ки занҳое, ки дар Фаронса ошокоро пӯшдани ниқобро ихтиёр кардаанд, бо чунин тарҳи либосҳои интихоб кардаашон, аз гашту гузор дар кӯчаҳои кишвар ва ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шудаанд, дар дохили манзили худ хонашин хоҳанд шуд.

Вақте ки баҳси ин мавзӯъ барои манъ кардани рӯбанд ҷараён дошт, Ҳукумати Фаронса, пофишорӣ карда мегуфт, ки иҷрои ин қонуни барои саломат нигаҳдоштани оммаи мардум, ба вижа занони фаронса як амри зарурӣ аст.

Созмони афви байналмилал ба иҷрои чунин қонунҳо розӣ буда наметавонад. Созмон муътақид аст, ки ҳукумат метавонад бо назирияпардозӣ, занонро аз фишорҳои ҷинсиву гендерӣ ҳимоят кунад, ба муқобили хушанат алайҳи занон ва табъизи онҳо низ мубориза барад ва дар сурати лозим аз қонунҳои ҷиноӣ ва кодекси оила, ки ҳар ду сабаб шуда метавонанд, истифода барад.

Бояд ҳама гуна чораҷӯиҳои амниятие, ки барои рӯбанд рӯи даст гирифта мешаванд, дар амокини муайян, шароити махсуси худро дошта бошанд.

Ҷон гуфт: «манъи оммаи рӯбанд дар ҷойҳои лозима ҳеч ишколе надорад».

Вай дар ахир  ба чунин натиҷа расид ва гуфт: Агар мақомоти давлатӣ аз ҳуқуқи занон ҳимоят кардан хоҳанд, иқдомоти байналмилалӣ аз боздошти заноне, ки барои интихоби рӯбанд дар кунҷи хонаҳояшон дарбанд мешаванд, авлотар аст.

Баҳси рӯбанд ва ё фаранҷӣ, ки асли он аз фарангӣ(тавассути ғарбиҳои истилогар ба ҷаҳони ислом ва мусалмонон таҳмил шудааст) барои мусалмонон мерос мондааст, баҳси дирӯз ва ё имрӯзу фардо нест ва донишмандони исломӣ низ дар ин масъала дидгоҳи якхела надоранд. Чун тамоми аҳкоми ислом ба вузӯҳ ва ба таври ошкор дар сарчашмаҳои исломӣ сабт шудаанд, фард ҳаққи берун аз он сарчашмаҳо сухан гуфтанро надорад.

Қуръону Ҳадис ҳар ду баёнгари онанд, ки дини мубини ислом кароҳияту иҷборро дар татбиқи аҳкоми шариъат намепазиранд. Ҳанӯз дар оғози ислом замоне, ки мушрикин аз баъзе мусалмонони ситамдида талаб мекарданд, ки иҳонату ҳақоратро ба Расули Худо раво бидоранд, Пайғамбари Худо бар эшон мегуфт, ки дар ҳолати икроҳу маҷбӯрӣ, бо забонатон он чӣ эшон мехоҳанд, бигӯед. Қуръон низ дар ин маврид таъйид мекунад, ки мақарри имон қалб аст ва бе тасдиқ намудани он инсон дар умури эътиқодӣ, ҳангоми маҷбӯрнамоӣ, муохаза нахоҳад шуд.

Масъалаи ниқоб ва ё аниқтараш рӯбанд низ, ки асли онро аксар донишмандони муосир моли асили исломӣ намедонанд, набояд ба як масъалаи ҷанҷолбарангез дар байни тамаддунҳои гуногун талаққӣ шавад. Шайхул Азҳари асбақ, Алии Тантовӣ соли 2009, дар яке аз мадориси занонаи Миср-шохаи Ал-Азҳар ин мавзӯъро шарҳ дода, ба духтаре, ки дар байни ҳамҷинсони худ дарс мехонду рӯбанд баста буд, исбот карда гуфт: хоҳари азиз ин рӯбанд моли асили ислом нест ва дар шароите, ки ту қарор дорӣ, чунин тарз амал кардан низ, бемантиқ аст. Бо вуҷуди ин баҳси он ду ба як баҳси расонаӣ дар ҷаҳони ислом табдил шуд ва дар ахир натиҷаи он баҳс низ ба нафъи Тантовӣ хотима ёфт.

Дар Қуръони карим баъд аз оятҳои ҳиҷоб дар сураи Нур, танҳо дар сураи Аҳзоб (ояи 59) як оят вуҷуд дорад, ки  ба иборати «юднина ъалайҳинна мин ҷалобибиҳинна» дар бораи шакл ва чигуна будани ҳиҷоб баҳс мекунад. Мутарҷимони Қуръони карим низ, бо таваҷҷуҳ ба донишу ҷаҳонбиниашон, ин ояти каримаро як навохт тарҷима накардаанд. Барои мисол, тарҷумаи чор нафар аз мутарҷимони Қуръони каримро тақдиматон мекунем:

1. «Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки («юднина ъалайҳинна мин ҷалобибиҳинна»:) чодари худро бар сар пӯшанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!» (Аҳзоб, ояти 59- Тарҷумаи Қуръон аз тафсири мухтасари Хатлонӣ).

2. «Ай Паёмбар ба занон ва духтаронат  ва ба занони м ӯъминон бигӯ («юднина ъалайҳинна мин ҷалобибиҳинна»:) пӯшишҳои худро бар худ фурӯтар гиранд ин барои он, ки шинохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд{ба эҳтиёт} наздиктар аст ва Худо омурзандаи меҳрубон аст» (Аҳзоб, ояти 59- тарҷумаи Фулованд).

3. «Ай Паёмбар! Ба ҳамсарон ва духтаронат ва занони м ӯъминон бигӯ («юднина ъалайҳинна мин ҷалобибиҳинна»:) ҷилбобҳо (рӯсариҳои баланд)-и худро бар хеш фурӯ афкананд, ин кор барои ин, ки (аз канизон ва ва олӯдагон (сабукпоҳо)) шинохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд беҳтар аст ва (агар то кунун хато ва кӯтоҳие аз онҳо сар зада) Худованд ҳамвора Ғафуру Раҳим аст. (Аҳзоб, ояти 59- тарҷумаи Макорими Шерозӣ).

4. «Ай Паёмбар, ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони мусалмон биг ӯ, ки («юднина ъалайҳинна мин ҷалобибиҳинна»:) рӯсариҳои худро бар худ бипӯшанд, ки ба ин васила муҳтамалтаст, ки шинохта шаванд ва ранҷонида нашаванд ва Худованд Омурзгори меҳрубон аст» (Аҳзоб, ояти 59- тарҷумаи Хуррамшоҳӣ).

Агар шарҳи даҳ мутарҷими дигарро низ дар ин масъала ҷӯё шавем, дар ҳеҷ як аз шарҳи эшон масъалаи пӯшонидани тамоми рӯйро пайдо нахоҳем кард.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi