23:50:11 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БЕҲТАРИН ДУХТУРОНИ ТИББИ ОИЛАВИИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУДАНД

Ҷеффри Лерер, директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  (USAID)  ва Абумуслим Темуров, роҳбари Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  ғолибони озмуни «Беҳтарин дастаи духтурон ва ҳамшираҳои оилавӣ 2011»-ро табрик намуданд.

/images/stories/2011/08/18_medik_1-18.8.2011.jpgДастаи Маркази саломатии рақами 3 шаҳри Душанбе – дар ҳайати Давлатмамадова Шаҳло ва Караева Гулбарг ҷойи якумро ишғол намуд. Ҷои дуюмро Ҳакимов Сайдали ва Мирзоева Маҳфират аз Маркази саломатии рақами ду ноил шудаанд. Дастаҳои Маркази саломатии рақами чордаҳ- Келдиева Шоира ва Нуралиева Азиза ва Маркази саломатии рақами даҳ- Абдураҳмонова Гулнора ва Маҳмадова Маҳина ҷои сеюмро бо ҳам диданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Ҷеффри Лерер зикр намуд: «Мустаҳкам кардани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва татбиқ кардани тибби оилавӣ самтҳои афзалиятноке мебошанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ муайян кардааст. Ҳукумати ИМА нияти дастгирии ислоҳоти тандурустии Тоҷикистонро тавассути мустаҳкам кардани кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дорад».

Давлатмамадова Шаҳло, ки ҳамчун «Беҳтарин духтури оилавӣ» эътироф гардид чунин қайд намуд: «Мо фахр мекунем, ки дастаи мо дастаи беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф шуд ва мо ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ барои ташкили озмуни мазкур сипосгузорем. Озмун ба мо имконияти санҷиши дониш ва малакаҳои худ, такмили тахассус ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморони худро дод».  

/images/stories/2011/08/18_medik_2-18.8.2011.jpgТаваҷҷӯҳи бештар ба тибби оилавӣ унсури асосии Стратегияи миллии солимии аҳолӣ мебошад. Ғайр аз расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба зиммаи духтурони оилавӣ вазифаҳои пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ оиди масъалаҳои тансиҳатӣ, ва омӯзиши таъсири омилҳои психологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба солимии оила низ гузошта мешаванд. 

Бо мақсади ташвиқу тарғиби тибби оилавӣ озмунҳои байни кормандони тибби шаҳри Душанбе дар муддати панҷ сол барои санҷиши дониш ва малакаҳои мутахассисони тибби оилавӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани эътибори тибби оилавӣ ва ҷалби мутахассисони нав ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои саломатӣ сурат мегиранд. Дар озмуни мазкур тамоми духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ аз 14 марказҳои саломатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. 

Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби USAID амалӣ карда мешаванд. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе  барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллари амрикоӣ пешниҳод намудааст.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi