22:53:51 16-уми Июни 2025 сол

МУШКИЛОТИ ЗАНИ ТОҶИК ДАР ЧИСТ?

Аз солҳои аввали Истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумат қарор дошт. Дар натиҷаи татбиқи Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назаррас гардида, 25 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд.

sumangul_4111.jpgТайи солҳои 1997-2010 тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз даҳ ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 7500 нафарашон духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мебошанд. Бо вуҷуди амалӣ гардидани як қатор тадбирҳои судманд, дар ҳаёти занон то ҳол баъзе мушкилиҳо дида мешаванд. Роҷеъ ба мушкилоти дирӯза ва имрӯзаи занон, бахусус дастовардҳои эшон дар 20 соли Истиқлолият сӯҳбате оростем бо раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.

  • ӯҳтарама Сумангул Саидовна, муҳимтарин дастовардҳои Кумитаро дар даврони соҳибистиқлолӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Бо ибтикори Кумита соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи «Нақшаи миллии тадбирҳои баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1998 - 2005» қабул гардид, ки дар беҳдошти вазъи иқтисодӣ –иҷтимоии занон дар ҷумҳурӣ нақши муҳим бозид. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» бо Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи кадриро аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманди вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ такмил дод.  

Теъдоди захираи кадрӣ дар айни ҳол аз ҳисоби занони вазорату идораҳо 700 нафар ва аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 400 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби захираҳои кадрӣ курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯъҳои «Менеҷменти нави давлатӣ» ва «Зан-роҳбар» мунтазам баргузор мегарданд. Аз соли 2008 то соли 2010-ум 600 нафар занони лаёқатманд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 185 нафар аз вазорату идораҳо ба таҳсил дар курсҳои мазкур фаро гирифта шудаанд.

Бо ташаббус ва дастгирии Президенти  кишвар дар назди Кумита соли 2006 Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» таъсис ёфт, ки имрӯз дар он зиёда аз 100 нафар духтарон иқомат доранд. Ҳамзамон духтарон бо курсҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ, ҳуқуқ, этика ва эстетика ва дӯзандагӣ фаро гирифта шудаанд.

Кумита бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати худогоҳиву хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, густариши фарҳанги пурғановату густурдаи тоҷикон, бахусус нигоҳдошти тарзи пӯшидани либоси миллӣ, ороиши мӯй ва таъкиди саҳми мардуми мо дар рушду такомули тамаддуни башар - Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ»- ро баргузор намуд.

  • -Мушкили асосии зани тоҷик аз нигоҳи Шумо кадомҳоянд?

-Аз нигоҳи ман мушкилоти имрӯзи духтарону занон баъди хатми синфи 9 –ум аз таҳсил дур мондани онҳо; норасоии ҷойҳои корӣ барои занон дар деҳот; норасоии муассисаҳои томактабӣ, бахуссус дар деҳот; баланд будани сатҳи хушунати оилавӣ нисбати занон; пошхӯрии оилаҳо; нокифоя будани инфраструктураҳо барои гирифтани ихтисос ва касбу ҳунар дар деҳот; моҷароҳо ҳангоми маскун намудани занону фарзандон дар хонаи шавҳари собиқ мебошанд.

  • -Барои бо кор таъмин намудани занону духтарони бекор Кумита чӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст?

-Тавре дар боло зикр шуд, барои ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занон грантҳои Президентӣ ҷудо гаштаанд, ки маблағи ин грантҳо аз соли 2006 то соли 2010 - 3 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил дод. Зимни татбиқи лоиҳаҳо корхонаҳои хурди дӯзандагӣ, қаннодӣ, сехҳои заргарӣ, мӯҳрабофӣ, хоҷагиҳои чорводориву асалпарварӣ таъсис дода шудаанд. Дар маҷмӯъ, ин лоиҳаҳо дар муддати 5 сол зиёда аз 20 ҳазору 800 нафар бонувонро фаро гирифтаанд.

Натиҷаи амалигардонии лоиҳаҳои пиёдашуда гувоҳӣ медиҳанд, ки бонувони тоҷик дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ парвариши чорво, паррандапарварӣ, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ малакаҳои корофаринии нотакрорро доро ҳастанд.

20 майи соли ҷорӣ дар бинои Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно”ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ярмаркаи мазкур 1971 – то ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби 40 муассисаҳо (кордиҳанда) пешниҳод гардиданд. Инчунин, дар ярмаркаи мазкур 975 нафар корҷӯён иштирок доштанд, ки аз он 132 нафар бо ҷойҳои корӣ ва 83 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ роҳхат гирифтанд.

  • -Худкушӣ – яке аз мушкилиҳои асосии зани тоҷик аст. Барои пешгирии ин амали нанговар чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Бояд тазаккур дод, ки маҳз зӯроварӣ дар муҳити оила яке аз омилҳои умдатарини даст ба худкушӣ задани занон мебошад. Кумита ҷиҳати пешгирӣ намудани ин ҳодисаи номатлуб бо кӯмаки Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ соли 2004 – ум Маркази бӯҳронии «Боварӣ» - ро ташкил намуд, ки дар он равоншиносону ҳуқуқшиносон ба занону духтарон маслиҳатҳои ройгони равониву ҳуқуқӣ мерасонанд. Аз ҷониби маркази мазкур дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 386 машварати психологӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин хизмати адвокатӣ пешниҳод гардидааст.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади огаҳии занон аз ҳуқуқҳои хеш, паст намудани сатҳи хушунати хонаводагӣ, пешгирии сӯиқасд ба ҷони худ ва дастгирии маънавию психологии онҳо дар ҳамкорӣ бо дафтари байналмилалии ЮНИФЕМ аз соли 2010 ва минбаъд аз соли 2011 аз ҳисоби буҷаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Марказҳои иттилоотӣ машваратӣ дар назди шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд. Теъдоди онҳо имрӯз ба 75 адад расидааст. Дар Марказҳои мазкур ҳуқуқшиносон ба таври ройгон ба муроҷиаткунандагон хизмат менамоянд. Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ 31 марказҳои бӯҳронии занон дар назди шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила амал мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки раванди фоҷиабори худкушӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Дар ҷумҳурӣ дар семоҳаи соли 2011 - 61 нафар занон ва 21 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ задаанд, ки дар қиёс назар ба ҳамин давраи соли 2010 (87 нафар занон ва 27 ноболиғ» 26 нафар зан ва 6 нафар ноболиғ кам мебошад. Албатта, ин рақамҳо ҳануз моро қонеъ карда наметавонанд ва мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то батамом ин амал аз ҷомеаи мо решакан бигардад.

  • -Солиёни охир масъалаи муҳоҷирати занону духтарони тоҷик ба хориҷи кишвар меафзояд. Дар ин бора чӣ андеша доред?

-Яке аз омилҳои умдаи ин зуҳурот пошхӯрии оилаҳо ва дар натиҷа танҳо мондани занон бо фарзандон дар ҳолати мушкили иқтисодӣ- иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Ҳарчанд, ки ҳамасола ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон азҷумла занон муҳайё мегарданд, боз ҳам норасоии он ва кам будани музди меҳнат занонро ба муҳоҷират мекашонад. Ин масъала муваққатӣ аст ва  Ҳукумати ҷумҳурӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии занону духтарон ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо тамоми чораҳоро андешида истодааст. Оиди бархе аз иқдомҳо дар ин самт дар боло гуфта гузаштем.

Паҳлӯи дигари ин масъала он аст, ки раванди муҳоҷират дар ҷаҳони глобалӣ ва сар задани кризисҳои молиявии ҷаҳонӣ, ки ба иқтисоди давлатҳо таъсири амиқи манфӣ мерасонад, ногузир аст. Аз ин лиҳоз, албатта муҳоҷирати меҳнатии мард ё зан ба ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонад.

  • -Кумита дар оянда чӣ нақшаҳо дорад?

-Имсол барои мардуми мо соли таърихӣ аст ва онро бояд бо дастовардҳои шоиставу сазовор истиқбол намоем. Кумита  ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври нави Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳо, семинару конференсияҳои илмӣ - амалӣ доир намуда истодааст.

Барои 45 нафар донишҷӯдухтарони мактабҳои олии шаҳри Душанбе курсҳои омузишии забони англисӣ ва компютер ташкил карда хоҳад шуд. Баргузории семинарҳои омузишӣ оид ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим дар шаҳру ноҳияҳои Суғду Хатлон, вохӯриву сӯҳбатҳо бо волидайни духтарони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Ҷиргатол оид ба фаро гирифтани духтарон ба таҳсилоти 11 сола ба нақша гирифта шудааст. Ва минбаъд низ Кумита кушиш ба харҷ медиҳад, то тамоми масоили марбути кору фаъолияти бонувони кишварро ҳаллу фасл намояд.   

Гулрӯ Ниёзова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ