00:12:38 28-уми Апрели 2025 сол

ИД МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!

Ҳар сол дар ҳамин рӯзҳои мубораки омад-омади фасли зебои баҳор-ин арӯси сол дар Тоҷикистони азизи мо «Иди модар» таҷлил мегардад. Басо рамзист, ки ин Ид дар арафаи баҳор ҷашн гирифта мешавад.

 

modarМодар низ ба гунае баҳор аст, баҳори одамият, баҳори насли башарӣ. Чуноне, ки баҳор бо меҳри гарми худ ба мавҷудоти табиат рӯҳу равон мебахшад, онҳоро сабзу хуррам, гул мекунонад ва баъдан барои нумӯи бештар ба ихтиёри фасли тобистон медиҳад, модар низ насли башариро ҳамин гуна бо як дилгармӣ ва муҳаббати гарму бепоён парвариш дода барои нафърасон будан ба ҷомеа омода месозад. Баҳор вақте рӯйи хуршедашро абрҳои сиёҳ мепӯшонанд бо дарду нола ашк аз дидагонаш меборад. Модар низ вақте хуршеди зиндагониаш - тифлашро дар хатар мебинад, оҳу фарёд мекашаду аз чашм чашма месозад…

 

Ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» дар ин рӯзи фархунда  модарон, хоҳарон ва тамоми бонувони кишвари азизамонро бо ин Иди муборак самимона табрик гуфта барояшон аз даргоҳи Худованди Бузург пеш аз ҳама  сиҳативу саломатӣ, хотири ҷамъ, дили беғам ва бахту саодат таманно дорад. Худоё, тавре кун, ки ҳар инсоне, ки Модар аст, дарду доғи фарзандро набинад ва барояш ҳар рӯзи Худо Иди модар бошад!

Омин ё Раббалъоламин!

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/4612-id-muborak-modaroni-aziz.html

 

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ