08:05:08 01-уми Июни 2025 сол

САФОРАТИ УЗБАКИСТОН МУРОҶИАТИ ЗАНОНИ ТОҶИКРО ҚАБУЛ НАКАРД

Гурӯҳе аз занони фаъоли тоҷик, дар назди сафорати Узбакистон дар Душанбе ҷамъ шуда, хостори боз намудани роҳҳо, қатъи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон ва ба ҳолати одӣ бар гаштани муносиботи ду кишвари ҳамҷавор шудаанд. Аммо мақомоти сафорати Узбакистон дар Душанбе нахостанд бо ин гурӯҳи занон мулоқот ва муроҷиатномаи онҳоро қабул кунанд, аз ин хотир ин занон нороҳат ва нигарон буданд.

 

Гулҷаҳон Бобосодиқова, аз фаъолони ҳаракати занон ва раҳбарони пешини ҲКТ гуфт, ки мақомоти сафорат ҳатто нахостанд, муроҷиати созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайри давлатиро қабул кунанд ва ё бо онҳо мулоқот намуда ва назару ҳарфи онҳоро гӯш диҳанд. Дар ин муроҷиатнома аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон хоста шудааст, ки равобити дӯстонаи ду кишварро барқарор кунад ва аз идомаи ҷалавгирии убури вагонҳои ҳомили молу колои Тоҷикистон худдорӣ шавад.

 

Ин занон мегӯянд, аслан хостори қатъи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон мебошанд. Баъд аз он ки сафорати Узбакистон муроҷиатномаи ин занонро қабул накард, онҳо ба сӯи сафорати Қазоқистон дар Душанбе раҳсипор шуданд. Ва мегӯянд, ин муроҷиатномаро ба сафири Қазоқистон, ки раҳбарии даврии САҲА -ро бар дӯш дорад, таслим хоҳанд кард, то онро ба роҳбарияти Узбакистон бирасонад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2422-2010-06-04-12-31-58.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854