00:45:08 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Лаҳзае, ки Агентӣ Бунафшаро гусел мекард...

Сафҳаи бози дафтари ман имшаб то нимишабӣ боз буд ва ман натавонистам ҳарфе рӯи он резам. Қарор кардам субҳи бармаҳал хоҳам навишт. Зеро зиёд мебоист навишт, ҳаддиақал барои як саҳифаи ҳафтанома...

odinaeva 211111Аммо чӣ мебояд навишт? Дар таҷрибаи бештар аз сисолаи кори журналистӣ боре нашуда, ки дар бораи соҳибмансабе чизе навишта бошам. Вале ҳоло тасмим гирифтам дар бораи Бунафша Одинаева чанд сатре бинвисам. Зеро на камтар аз ҳашт сол бо ӯ ҳамкор будем. Ва ин ҳашт сол муддатест, ки метавон инсонро шинохт.

Дар ин ҳашт сол шояд садҳо маротиба мулоқоти корӣ доштем ва баъзан сари ҳар ҳарфу ҳиҷо баҳс ҳам кардаем. Баъзан баҳсҳои басо тезу тунд, аммо баҳсҳои корӣ. Ва бароям ҷолибтар он буд, ки ин баҳсҳо аз дафтари корӣ берун нашуданд. Ранҷиши дуҷониба агар ҳам ки буд, сирф корӣ буд. Ӯ метавонисту метавонад, ки ранҷиши ин соатро ба соати дигар накашад, чун талоши мо барои беҳбуди кор буд.

Мехостам дар суханронӣ ба ин нукта ишора намоям, вале дар минбар фаромӯш кардам. Дар минбар ҳарфи дигар ба забонам омад. Бегоҳии ҳамон рӯзе, ки фармони Президент эълон шуд, дар Фейсбук чун анъана баҳсе ҳам гардон шуд. Дӯстони фейсбукӣ таъиноти навро ба боди интиқод мехостанд бикашанд: яъне як муборизи зидди мухаддирот то кадом ҳад метавонад дар кори фарҳангӣ муваффақ бошад? Ман нахостам ба ин баҳс ишора кунам, вале ёдам аз гузаштаи Бунафша омад. Ба гумонам интихоб дар ҷойи худ буд. Тору пуди Бунафша фарҳанг аст.

Дар хонадони маъруфтарин чеҳраҳои фарҳангии кишвар, бастакори овозадор, марҳум Абдуфаттоҳи Одина ба дунё омад ва дар ҳамин руҳия ба камол расид. Донишкадаи санъатро хатм кард, муддате дар телевизион барандаву муҳаррири барномаҳо буд. Ва дар Агентӣ низ як бахши муҳими кораш иртибот ба фарҳанг дошт. Директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ба ин нукта ишора кард.

Вай зимни баёни хизматҳои ҳаштсолаи Бунафша Одинаева дар мубориза бо маводи мухаддир аз роҳандозии чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ ёдовар шуд, ки тӯли ин солҳо таҳти роҳбарии ӯ амалӣ мешуд. Ҷалби ҳунармандони шинохта, санъаткорони театрҳои кишвар ва аз Душанбе то Хоруғу Қаротегину Суғду Хатлон ба сони як корвони ҳунарӣ эъзом намудани онҳо аз ҷумлаи тарҳҳе буданд, ки таҳти сарпарастии Бунафша Одинаева сурат мегирифтанд. Хуб буд, ки вай ҳунарро мехост ба саҳна бикашад, то ҳаёти солим таблиғ шавад, то мардум замзамаи таронаро беҳтар аз нишастан дар кунҷи танҳоӣ бо маводи нашъадор донанд.

Рустам Назаров аз нақши ҳамкор ва муовинаш дар муборизаи муташаккил бар зидди маводи мухаддир зиёд ҳарф зад. Бахусус, ишора кард, ки солномаи Агентӣ бо номи "Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовр" бо кӯшишҳои Бунафша Одинаева симои худро ёфт. Он сол ба сол такмил шуд, хонданӣ шуд ва дар шаклу сурати басо ҷолибу ҷаззоб ба нашр расид.

Ин солномаи ҳирфаист, барои ом нест, солнома барои мутахассисон, идораҳо ва хориҷиёнест, ки мехоҳанд сатҳи мубориза бо ин хатари байналмилалӣ дар кишвари моро арзёбӣ кунанд. Ин аст, ки он бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ интишор меёбад.

"Шарҳ" мисли қомусест, ки басо муъҷазу мухтасар, вале фарогири ҳама масоили вобаста ба мухаддирот интишор меёбад. Аз ....то....хонанда матолиби хонданиро пайдо мекунад. Вай як маҷаллаи таҳлилист, дар он рақамҳо бо ҳам ба шеваи муосир таҳлил мешаванд, ба мутахассиси маводи тайёр, таҳлили муъҷаз пешниҳод мешавад ва ҳамзамон кори яксолаи ҳам Агентӣ ва ҳам сохторҳои дигари зидахл таҳлил мешавад.

Дар он шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ, ходимони давлатӣ, варзишкорони маъруфе чун Сайиамир Зуҳуров, Меҳмон Бахтӣ, Ҷӯрабек Муродов, Мирсаид Яҳёев... нуқтаи назари худро иброз медоранд ва дар бораи беҳбуди таблиғоти зиддинашъамандӣ андешаронӣ мекунанд. Нигоранда ҳамасола узви ҳайати таҳияи ин солнома будам ва хуб медонам, ки ба чӣ заҳмате он рӯи кор меояд. Солнома муҳаррири ягона надорад, он ба сурати дастаҷамъӣ омода мешавад ва ҳар ҳарфу ҳиҷояш дар дафтари кории Бунафша Одинаева таҳия мегардад ва танҳо баъди он ҷумла ба ҷумла аз назари Директори Агентӣ мегузарад, то ки ба нашраш иҷоза шавад.

Рустам Назаров ба он ҳам ишора кард, ки ҳоло симои бинои Агентӣ  дигаргун мешавад ва дар таъмире, ки қарор аст то ду моҳи дигар ба анҷом расад, нақши тафаккури Бунафша Одинаева мушоҳида мешавад. Зеро як бахши дигари фаъолияти ӯ дар Агентӣ назорати хоҷагидорӣ ва самаранокии масрафи маблағҳо буд. Аллакай тирезаҳои ин бинои замони Шӯравӣ бо шеваи олмонӣ пластикӣ шуданд ва деворҳои он охирин рӯзҳои тармими худро пушти сар мегузоранд.

odinaeva 21133333Бунафша Одинаева бо ин фаъолияти ҳаштсолаи худ дар Агентӣ собит кард, ки як зан ҳам метавонад бахше аз сохтори қудратиро сарварӣ кунад ва ҳатто дар ин самт муваффақ бошад. Зеро муддати ин солҳо на як бору ду бор ҳолате пеш омада, ки дар ғоиби Рустам Назаров ва муовини аввали ӯ Вайсиддин Азаматов роҳбарии Агнетӣ як ҳафтаву даҳ рӯз ва баъзан бештар аз он ба ӯҳдаи ӯ уфтодаву кор бо мизони худ пеш рафтааст. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки шабона "Бонги хатар" зада мешуд ва ҷувзу томҳои Агентӣ таҳти сарпарастии Бунафша Одинаева дар ҳам нимишабӣ ба ҷойи таъиншуда ҳозир мешуданд.

Соате, ки Агентӣ Бунафша Одинаеваро ба вазорати фарҳанг гусел мекард, шахсони зиёде суханронӣ карданд ва аксаран бар он таъкид намуданд, ки аз ӯ омӯхтаанд. Ҳатто генерал Турабек Назаров, ки бо хидмат дар сафи сохторҳои қудратӣ ба рутбаи генералӣ расидааст, полковник Маҳмаднаим Маризоев, ки солҳои тӯлонӣ аз вазорати адлияву прокуратураи генералӣ то Агентӣ кори низомӣ кардааст ва дигарон, ба ҳамин нукта ишора мекарданд. Бунафша Одинаева бар замми он ки дар Агентӣ масъулияти роҳбарӣ дошт, боз аз худ дарсҳои омузандае барои тобеъинаш монда, ки метавонад аз он ифтихор кунад. Ва ӯ низ зимни суханронии хайрбодӣ аксари нишастагон ва бахусус генерал Рустам Назаровро улгуи худ хонд ва гуфт, ки сифатҳои роҳбариро маҳз аз ӯ омӯхтааст.

Лаҳзае, ки ба минбар боло мешуд, наметавонист ашки чашмонашро нигоҳ дорад ва рӯй ба сӯи дигар меовард ва бо нуги ангуштонаш ашки равонро пок мекард. Ҳисс мешуд, ки хеле душвор аст сухан гуфтан, хеле одат карда буд ва хеле душвор аст, ки аз ин мардуме, ки бо ӯву ӯ бо онҳо унс гирифтааст, ҷудо шавад. Вай ба якояки нишастагон, ки бидуни шак тӯли ин солҳо бо ҳар кадом даҳо маротиба рӯ ба рӯ омадааст, менигарист. Шояд мехост аз диддори самимии онҳо сер шавад. Ва ҳозирон низ бо як ҷаҳон меҳр ба ин симои гарм менигаристанд, чун медонистанд, ки охирин бор ӯро дар ин минбар мебинанад.

Аз ин минбар даҳҳо маротиба вай рост истодаву суханронӣ кардааст, вале шояд ин вазнинтарин лаҳзае буд, ки наметавонист бе гиря арзи дил кунад. Аз ин рӯ гумон намекунам ҳарфе, ки аз субҳ то ин замон ният карда буд бигӯяд, гуфта бошад. Вай изтиробзада буд, вай бо чашмони худ маҳзунии тобеъонашро дид, бо гӯшҳои худ шунид, ки ҳарфе аз минбар гуфтанд, самимӣ буд. Зеро мисли Озодамоҳ Абдуллоева, Неля Маҳмудова, Фирӯза Муродова касоне ҳам суханронӣ карданд, ки масъулияти роҳбарӣ надоштанд. Онҳо самимона ибрози назар карданд ва гуфтанд, ки хуш нестанд аз он ки Бунафша Одинаева меравад.

Оре, чунин буд он лаҳза: хотирмон, диданӣ ва шуниданӣ. Бо ӯ аз тариқи иртиботи...аз раёсатҳои Агентӣ дар Суғд, Хатлон ва ВМКБ низ худоҳофизӣ карданд. Сарварони ин раёсатҳо Ҳ.Маҳмудов, Сайфуллоев...аз номи ҳайати шахсӣ ба Бунафша Одинаева барои роҳбарии хубу мусоидати ҳамешагиаш дар ҳалли мушкилоти раёсатҳо миннатдорӣ баён карданд.

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi