18:58:51 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Кадоме беҳтар: Фоҳишаҳои расмӣ ва ё занҳои дуввум - 2

Баҳси "Кадоме беҳтар: фоҳишаҳои расмӣ ва ё занҳои дуввум", ки дар шумораи № 06 (037), Чоршанбе, 12 феврали 2014 дар ҳамин нашрияи "Рӯзгор" ба чоп расида буд, ба вокунишҳои мухталифе дар ҷомеа рӯ ба рӯ шуд.

fohisha-zani 2Хеле аз хонандагон ва ё дардмандоне, ки аз ин ду падида ранҷ мебаранд, ё бо мубталоёни он ду ошноие доранд ва ё ба яке аз он ду гирифтор шудаанд, назарҳои мутафовити худро ироа кардаанд. Дар аксар маврид ин вокунишнишондиҳандаҳо талош кардаанд, ки гуфтаҳояшонро бо далелҳое барои худ хос тақвият диҳанд. Ман низ пас аз муроҷиатҳои мухталиф, то ҷое маҷбур шудаам, ки бо ҷумалоте чанд ба ин баҳс дубора ҳамроҳ шавам ва нуктаи назари хешро дар бораи баъзе нуктаҳои зикрношуда ва мактубу паёмҳои дарёфт кардаам бигӯям ва хулосаи ниҳоиро дар ин маврид ба худи хонанда вогузорам.

Ман модарам, домани доғдор намезебад маро!

Ахиран аз як бонуе дар ин робита паёме гирифтам, ки фишурдаи он ба таври зайл аст: "Ман як зани тоҷикам, ки шукри Худо чор фарзанд дорам ва дар умури иқтисодӣ, дар зиндагӣ аз дигарон камӣ надорам. Чанд дукони иҷора ҳам дораму дар яке аз идораҳои давлатӣ низ кор мекунам, вале чун бо амри тақдир ҳамсарам дар муҳоҷират вафот кард, ҷои ӯро холӣ эҳсос кардам ва дигар натавонистам, ки тавассути хаёлҳои рангини занона мақомашро дар хона ва умуман дар зиндагӣ бо чизе пур кунам.

Дар байни мардум низ аз ҷумла, дар байни кормандони идора ва ҳамсояҳо ҳамчун зани бешавҳару бева ангуштнамо шудам. Ин ангуштнамоӣ то як дараҷа эҳсосотамро нисбат ба атрофиён бемор карданд, эҳсос мекардам, ки ақлу тафаккурам, ки ҳеҷ вақт аз онҳо шикоят надоштам, мисли пешнин дуруст раҳнамоиям намекунанд. Ба ҳамин хотир тасмим гирифтам, ки дубора бо марде издивоҷ кунам. Дубора шавҳар кардаму зани дуввум шудам.

Медонам, ки вай аз нигоҳи иқтисодӣ ҳамсари аввал ва оилаашро мисли аксар ҳамватанон ба осонӣ таъмин карда наметавонад. Аммо аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ахлоқӣ марди хуб ва дилкаше ҳаст. Ман ҳам ӯро маҷбур намекунам, ки ҳар шаб бо ман бимонад. Ҳамин, ки доғи бева буданро аз ман зудуда асту дигар ангуштанамо нестам, хотирам ором аст.

Агар дар моҳе як маротиба ҳам меҳмонам шавад бо ифтихор пешвозаш мегирам ва каму беш кумакаш ҳам мекунам, то зендагиаш беҳтар шавад. Дуруст, ки мухолифи қонун амал кардам ва дар назди Қонун худро гунаҳкор меҳисобам. Аммо ман занам, модараму одамам, талаботи ҷинсӣ дорам, домани доғдор намезебад маро. Намехоҳам ба бадахлоқӣ ном барорам... Ман магар бо ин корам аз нигоҳи шариат гунаҳкор шудаам, ки шавҳари зани дигареро қисман аз они худ кардаам?!

Дар арафаи фурӯпошии миллат

Ҳамчунин дар ҳамин мавзӯъ чандин паёми дигаре ҳам аз ҷониби мардон дарёфт кардаам, ки ба шаклҳои гуногун будаанд. Барои намуна, яке аз онҳо бевосита бароям гуфт, ки ман тоҷикам, тоҷирам, шароитаи хуби зиндагӣ дорам. Медонам миллати ман дар арафаи фурӯпошӣ аст. Рӯзе нест, ки набинам ё нашунавам, ки як бонуи тоҷик бо шаҳрванди дигар кишварҳо, аз ҷумла хитоиҳо, афғонҳо, эрониҳо, русҳо ва ё дигар қавму миллатҳо издивоҷ накунад.

Хуб медонам, ки фарҳанги хонаводагии тоҷикон аз дигарон фарқ дорад. Ба ҳамин хотир  аз он нигаронам, ки дер ё зуд аксари ин хонадоршавиҳо бенатиҷа монда, конуни гарми хонаводаҳои онҳо сард мешаваду аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд... Ҳар чанд зиндагӣ мушкил аст, вале барои бақои насл ва пойдории миллатам ба ғайр аз зани дуввум ё саввум гирифтан дигар коре аз дасти ману баъзе ҳамтоёнам намеояд. Вақте бо чашмам мебинам, ки ояндаамон дар хатар аст, бояд то мурдану нобуд шудан ором нишинем? Ман фикр мекунам, ки вақти он расидааст, ки давлат ва ҳукумати кишвар дар ин замина қонуну қарорҳояшонро бознигарӣ кунанд, то бақои миллат то чанд даҳсолаи дигар пойдор бимонад!

Миллатдӯстони танфурӯш

Дар ҳамин робита баъзе аз духтарони танфурӯше, ки шумори онҳо низ ба садҳо нафар мерасанду ба гуфти худашон аксар бо дӯстписарон (ҳамсарони ғайри никоҳӣ ва ғайриқонунӣ)-и тоҷики худ ҳастанд, вале даромади аслиашон аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ аст, худро бетараф нагузоштанд. Онҳо мегӯянд танфурӯшӣ барояшон як намуди хидматрасонии шаҳвонӣ қабул шудааст, вале бо ин вуҷуд бақои миллат барояшон хеле муҳим аст.

Ба гуфти худашон дар ҳолатҳои зарурӣ мақомот аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят мекунанд ва ё бо баъзеҳо мустақиман низ ҳамкорӣ менамоянд. Онҳо таъкид доштанд, ки "Мо намехоҳем миллати тоҷик пароканда шавад ё оҳиста-оҳиста аз байн бираваду наззорагари ин раванд бошем. Ба ҳамин хотир дар баробари хориҷиҳои пулдор тоҷикони камбағалро ҳам фаромӯш намекунем". Яъне ин гурӯҳи танфурӯшон ҳам дар дил ғами бақои миллат мепарваранд, вале ҳастии онро бо шакли дигар ҳифз кардан мехоҳанд.

Мардони дузана

Ҳамзамон чанде аз мардони дузана ё сезана ҳам ба ин баҳс шарик шуда даъво доштанд, ки дуруст аст, ки мо дар ибтидо як хомӣ карда, зани дуввум ё саввум гирифтем. Ин хомӣ ва ё ҷаззобияти зан барои ба ҳамсарӣ интихоб кардан ҳам ҳамеша кори мо набуд. Дар хеле мавридҳо нахуст занҳо ишора кардаанду ба гуфте мо мардҳо ба сар давидем, вале чун ба эшон меҳр бастему фарзандор шудем дигар наметавонем, онҳоро ба якборагӣ фаромӯш кунем. Ҳарчанд дар хеле мавридҳо адолатро поймол мекунем ва эҳсос ҳам мекунем, ки дар назди Худову Расул шармсорем. Аммо ҳама чиз шахсан ба худи мо рабт надорад.

Барои мисол, эҳтироми эшон ба ҷояшон, вале муҳаббати занон баъзан аз як дигар фарқ мекунад. Ин кори дил аст, ба мо хеле кам вобастагӣ дорад. Мо то ҳадди тавон кӯшиш мекунем, ки нафақаи моддӣ ва маънавии онҳоро баробар таъмин кунем, лекин боз ҳам одамем, камиву кӯтаҳии бисёр дорем. Бо ҳамин имконот ва шароите, ки дорем бояд як ё дутои онҳоро талоқ диҳем ва аз ҳам ҷудо шуда, занҳо ва фарзондонамонро ба ҳоли худашон раҳо кунем? Танҳо барои риояи адолат дар мавридҳои изҳори маҳаббат ва ё баровардасозии талаботи ҷинсӣ шуда бо як зан зиндагӣ кунему бас? Онҳо мегӯянд, ин чизҳоро ба забон гуфтан осон аст, вале дар амал дарди ҷудоиро касе хуб эҳсос карда метавонад, ки боре хонавайрон шуда бошад...

Бозорҳои танзимношудаи танфурӯшӣ

Бо ин вуҷуд, бо иқрори худи баъзе аз танфурӯшон, муттассифона хеле аз инсонҳои номард аз пушти танафурӯшии қисме аз онҳо нон мехӯранд. Дар ин кор баъзе аз масъулини мақомот ҳам шарик аст. Вале ин намуди хидматрасонии шаҳвонӣ наметавонад тамоми ниёзҳои ҷинсии ҷомеаеро, ки аксар афроди он даъвои мусалмонӣ доранд, бароварда созанд.

Барои мисол "бозорҳои танзимношудаи танфурӯшӣ"-е, ки дар ду тарафи баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе, аксар маврид ҳам дар ҷойҳое ташкил мешаванд, ки ба Шуъбаву Шуъбачаҳои ВКД камтар аз километр фосила доранд, суолбаранез менамоянд. Ин бозорҳо дар кӯчаҳое аз қабили Саъдии Шерозӣ, Исмоили Сомонӣ, Неъмат Қарабоев, Борбад, - ҳатто дар 300 то 500 метрии РВКД дар пойтахт- шабона ташкил карда мешаванду дар аксар маврид ҳаракати нақлиёт дар роҳҳоро халалдор мекунанд.

Аз эҳтимол ҳам дур нест, ки дар аксар маврид пеш аз оғози "рейд"-ҳои муштараки ВКД бо ҳамроҳии дигар мақомот хеле аз афрод танфурӯшу танбихар ҳам аз ҳамин Шуъбаву Шуъбачаҳо огоҳӣ пайдо карда, ҷояшонро дигар мекунанд. Суоли дигаре ҳам дар зеҳн халқ мешавад, ки онҳо агар аз ин Шуъбаву шуъбачаҳо аз оғози "рейд"-ҳои муштарак хабардор нашаванд, кӣ онҳоро аз оғозу анҷоми амалиётҳои махсус хабардор мекунад?

Бар илова, ба сабаби ҳамон идда аз танфурӯшоне, ки дар ду тарафи чунин кӯчаҳо бозор ташкил кардаанд, чандини бонуи покдомане ҳам, ки бо сабабҳои мухталиф шабмонда шудаанд, худро тавҳиншуда меҳисобанду баъзан зери ҳамлаҳои равониии афроди танбихар қарор мегиранд. Ин чизро ҳам мақомот хуб медонанд ва ҳам ронандагон, вале бо ин вуҷуд, бо сабабҳое ба худашон хос ин бозорҳои танфурӯширо ба танзим намедароранд.

Агар барои ҳукумат ва мақомоти зертобеи он вуҷуди бозорҳои танфурӯшӣ ҳамчун як намуди хидматрасонии шаҳвонӣ муҳим бошад, пас бигузор барои онҳо як бозори алоҳидае ташкил намоянд. Бояд гуфт, ин падидаи номатлуб дар дигар кишварҳо, аз ҷумла баъзе кишварҳои мусалмоннишин низ вуҷуд дорад, вале танзим шудааст. Бозори танфурӯшон дар ҷои муайяне қомат афрохтааст, ки ҳар оқиле онҷо қадам намегузорад.

Фоҷиаи фарҳангӣ

Аз як нигоҳ, дар ин қазия танҳо занонро гунаҳкор кардан хатои маҳз аст. Гуноҳи мардони танбихар ҳам аз занони танфурӯш камтар нест. Агар мардон тан нахаранд, занон ҳам танфурӯшӣ нахоҳанд кард. Ва аммо дар ҷомиае, ки аз нигоҳи фарҳангӣ оилаи солим сутунмуҳраи онро ташкил медиҳад ва то андозае кафили бақои миллат низ дониста мешавад, наметавон раванди аз ҳампошии онро назорра карду даст ба коре нашуд.

Бар илова, агар ҳар фарди огоҳ ва нуктасанҷе шаб дар баъзе хиёбонҳои пойтахт гашту гузор кунад, ба хубӣ як иқдоми хеле зишти қисме аз танфурӯшонро ҳам мебинад, ки онҳо ҳангом "кор"(танфурӯшӣ) ба роҳ баромадан кӯдакони ширмак ва ё хурдсолеро низ бо худ мебаронанд, ки инро метавон як фоҷиаи фарҳангӣ номид. Агар ин раванд идома ёбад, бонги изтироби Кумита кор бо занон ва оилаи кишвар ҳам, гуфта буд, "то рафт синни фоҳишаҳо ҷавонтар мешавад", боз ҳам шиддатноктар хоҳад шуд ва дар ояндаи наздик метавон аз як фоҷие дигаре бо номи кӯдакшудани синни фоҳишаҳо хабар дод.

Дар чунин ҳолат, оё ақли солим метавонад посух гӯяд, ки чунин атфоли чашмдида ва бо фаҳш ба воя расида дар ҷомеа хидмати арзандае карда метавонанд?! Оё ин миллате, ки муддати садсолаҳо тавассути оилаи солим бақои худашро ҳифз кардааст, дар ояндаи наздик сутунмуҳрааш шикаста мешаваду худаш рӯ ба нестӣ қадам мегузорад?

(давом дорад)

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi