11:07:52 13-уми Майи 2026 сол

Чӣ гуна Аҳмад Зоҳир мусиқии Шарқу Ғарбро оштӣ дод

(Бо истинод ба китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб», Душанбе, 2012, саҳ. 6-11, 15-35; «Султони қалбҳо», саҳ. 93-94; «Таронаҳои ҷовидона», саҳ. 10)

ШАБЕ ЗИ ШАБҲО – АЗ НЕОПОЛ ТО КОБУЛ

ahmad zahir 547845125454Аҳмад Зоҳир дар мусоҳибае гуфта буд: «Мусиқии Ғарбро бо мусиқии Шарқ оштӣ додам». Ин ибора аз болои санги мақбарааш навишта шудааст. Ӯ аввалин овозхони форсизабон буд, ки сурудҳои машҳури неаполитанӣ, испанӣ ва англисиро бо забони дарӣ-тоҷикӣ ба саҳна овард. Ҳамзамон, ӯ аз мусиқии классикии ҳиндӣ ва оҳангҳои Болливуд низ васеъ истифода мекард.

Вуруди мусиқии Ғарб ба Афғонистон. Солҳои 20-ум Амонуллоҳхон созҳои ғарбӣ (саксафон, флейта, контрабас)-ро ворид кард. Соли 1923 мактаби мусиқии низомӣ таъсис ёфт. Дар солҳои 1960-ум мусиқишиносони тоҷик (Усмон Мадёров) ва турк (Бой Холид Раҷаббег) дар Афғонистон ба омӯзиши нота машғул шуданд (саҳ. 8-10). Дар ин муҳит гурӯҳи «омотурон» (ҳаваскорони хушсалиқа) ба вуҷуд омад, ки Аҳмад Зоҳир яке аз сарварони онҳо буд.

Улгуи Элвис Пресли. Аҳмад Зоҳир ба Элвис Пресли шавқи зиёд дошт. Тарзи либоспӯшӣ, ҳаракатҳо, ҳатто ҳуштаккашиаш аз ӯ тақлид карда шудааст (саҳ. 13-15). Соли 1960 Элвис суруди «O sole mio»-ро бо матни нави англисӣ бо номи «It’s now or never» хонд. Аҳмад Зоҳир ҳамон оҳангро бо номи «Шабе зи шабҳо» ба форсӣ суруд (саҳ. 20-23).

Ёдирӯзгориширинва Torna a Surriento. Оҳанги «Torna a Surriento»-ро Эрнесто де Куртис соли 1902 дар Италия навиштааст. Аҳмад Зоҳир онро ба матни форсӣ иҷро кард ва суруди машҳури «Ёди рӯзгори ширин» падид омад (саҳ. 30-34).

Дилбаро гар ту ёри ман бошӣ ва La Paloma. Суруди испании «La Paloma»-ро Себастян Ирадер соли 1863 навиштааст. Аҳмад Зоҳир онро дар шакли форсӣ иҷро кард ва машҳуртар гардонд. Эҷодкорони ин суруд дар Ғарб то ҳол фахр мекунанд, ки ин сурудро беш аз 2000 овозхон хондааст (саҳ. 37-38).

Таронаҳои ҳиндӣ – ишқи дуюми ӯ. Аҳмад Зоҳир 12 суруд бо забони ҳиндӣ хондааст. Бештари онҳо ба оҳангҳои филмҳои машҳури Болливуд («Овора», «Маро ширинкор меноманд» ва ғ.) мутобиқ карда шудаанд. Суруди машҳури «Ай подшоҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ» дар ҳавои оҳанги ҳиндии (филми «Бобби») эҷод шудааст. Ӯ матни форсиро аз ғазалиёти Ҳофиз интихоб кардааст (саҳ. 93-94). Ин омехтаи шарқиву ғарбӣ буд.

Таронаҳои пашту – ба забони модарӣ. Аҳмад Зоҳир агарчи забони модариаш пашту буд, дар хона бо забони дарӣ-тоҷикӣ ҳарф мезад. Ӯ ҳамагӣ 5 суруд ба забони пашту сабт кардааст. Машҳуртарини онҳо «У ба дар та роврум» ва «Лорша Нангарҳор» мебошанд. Ин таронаҳо дар Афғонистон маҳбубият доранд, аммо дар Тоҷикистон кам маълуманд (саҳ. «Таронаҳои ҷовидона», 10).

Нақши омотурон. Омотурон дар Афғонистон ба ҳаваскорони саҳнаӣ гуфта мешуд, ки якбора созҳои ғарбӣ ва шарқиро истифода мекарданд. Аҳмад Зоҳир дар синни ҷавонӣ ба ин ҷунбиш пайваст. Дар охири фаъолияташ дастаи мутрибонаш тамоман бонуфуз буд (саҳ. 11-12, 81-91).

Аҳмад Зоҳир на танҳо оҳангҳои Ғарбро гирифт, балки ба онҳо ҷони шарқӣ бахшид. Ӯ аз мусиқии ҳиндӣ низ илҳом мегирифт. Ин омеза ҳам барои гӯши Ғарб ва ҳам барои гӯши Шарқ ширин буд. Ва ҳамин буд, ки ӯро «Алмоси Шарқ» номиданд.

Субҳиддини Султон, "Рӯзгор"

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ