19:03:26 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ёди рӯзгори ширин

АҲМАД ЗОҲИР: ФАРОТАР АЗ ОҲАНГ

Ё 10 НУКТАИ ПАЖӮҲИШӢ ДАР ШИНОХТИ ҶОЙГОҲИ Ӯ ДАР ФАЗОИ РОБИТАҲОИ АДАБӢ ВА ФАРҲАНГИИ ҲАВЗАИ ЯГОНАИ ТАМАДДУНИИ МО

(Суханронӣ дар ҳамоиши 75-умин зодрӯзи адиб ва овозхони шаҳир ва рӯнамои китоби «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ», Душанбе, 12.06.2021.)

Дар аввал 75-умин ёдрӯзи ҳунарманди беназир Аҳмад Зоҳирро барои ҳамаи мухлисону дӯстдорон шодбош мегӯям. Ҳамин нишасту маҳфилу ёдбуд оростани мо ва ҳанӯз ҳама ҷо садо додан ва бозхонӣ шудани ин садо худ намоде аз номи ҷовид аст, ки худи ӯ аз забони Устод Халилуллоҳи Халилӣ суруда буд: ном, ки ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?!

1 Abdulloh-Rahnamo 211245Сониян, нашри ин китоби зебо ва пурмуҳтаво барои ҳамагон гиромӣ бод. Дар ҳақиқат тавлиди як китоб кори бузургест, ки бояд рӯнамо шавад, ҷашн шавад, ҳодиса шавад, хабар шавад.

Дар умум, пажӯҳишҳои шодравон Султони Ҳамад дар мавриди Аҳмад Зоҳир, ки чандин ҷилданд, дар тамоми кишвраҳои форсизабон беназир буда, дар ин мавзӯъ ба ин фарогириву диққати илмию ҳаҷм пажӯҳишҳои дигаре нестанд.

***

Вақте аз Аҳмад Зоҳир суҳбат мекунем, сухан танҳо аз як овозхон намеравад, балки ҳамзамон як истеъдоди ғайриоддӣ, як шахсияти фарҳангию ҷамъиятӣ, як пули пайвандгар ва як чеҳраи фаромиллию фаромарзиро пеши рӯй дорем. Ин аст, ки дар ин даҳсолаҳо ба ин падида аз дидгоҳҳои гуногун назар кардаанд, пайванд шудаанд, шарҳу истифода кардаанд.

Зеро Аҳмад Зоҳир чун як падидаи бисёрҷанбаӣ барои фарҳангиён фарҳанг ва барои оҳангсозон оҳанг аст. Барои ҳунаршиносон ҳунар, барои ошиқон ишқ, барои сӯхтагон сӯз, барои шӯридагон шӯр, барои дардмардон дарду таскин аст. Барои андешаварон андеша ва барои сиёсатгарон сиёсат аст (Шарҳаш хоҳад омад.)

Аммо агар ба Аҳмад Зоҳир аз диди робитаҳои адабию фарҳангӣ дар паҳнои ин ҳавзаи бузурги забонию тамадунӣ нигарем, нуктаҳои зиёдеро метавон дарёфт, ки барои шинохти ин падида бисёр муҳимманд:

1.Нуктаи аввал ин аст, ки фарогирӣ ва ҷуғрофиёи биниши Аҳмад Зоҳир бузург ва ҳайратовар аст.

Ӯ барои сурудан намунаҳои шеъри тамоми ҳавзаи бекарони забону адабиёти форсиро фаро гирифтааст. Шеъри Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва ғайра. Ҳатто шоирони форсигӯи муқими Аврупоро.

Ба ҳисоби дақиқу чандсолаи шодравон Султони Ҳамад, Аҳмад Зоҳир илова бар таронаҳои мардумӣ, дар умум шеъри ҳудудан 110 шоирро хондааст, ки онҳо аз бахшҳои бисёр гуногуни ҳавзаи тамаддунии моянд. Ҳатто агар 10 шоири аввалро ном барем, ки ӯ аз ашъорашон бештар аз ҳама сурудааст (ба тартиби миқдорӣ), вусъати назари ӯ дар ин масъала комилан рӯшан мешавад:

1.Абулқосим Лоҳутӣ (аз ҳама бештар, ҳудуди 20 суруд, 16 суруди комил ва 4 истифодаи рез)

2.Абдулҳамиди Адо (Шероғо)

3.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

4.Фурӯғи Фаррухзод

5.Раҳии Муъайирӣ

6.Аҳмадшоҳи Азҳар

7.Симини Беҳбаҳонӣ

8.Ҳофизи Шерозӣ

9.Халилуллоҳи Халилӣ

10.Саъдии Шерозӣ

Агар Аҳмад Зоҳир аз шеъри шоирони тоҷики даврони шӯравӣ дар маҷмӯъ камтар суруда бошад, сабаби он, пеш аз ҳама маҳдудияти робитаҳои адабӣ, камтар дастрас будани шеърҳо дар муҳити Афғонистони он замон, тафовути алифбо ва ғайра будааст. Ва он вақт фазои маҷозию интернет низ ба ин шакл набуд, ки ҳама чиз дастрас бошад.

Дар солҳои охири ҳаёташ ӯ бо шоирон ва ҳунармандони тоҷик аз наздик ошно шуда, ба фарҳангу адабиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда буд, аммо умр вафо накард, ки аз шеърҳои онҳо низ миқдори бештаре сарояд.

Бо вуҷуди ин, ӯ аз шоирони муосири тоҷикистонӣ низ шеърҳое интихоб намудаву сурудааст, ки миёни онҳо 16 шеъри Лоҳутӣ, 2 шеъри Турсунзода ва 2 шеъри Абдулло Қодирӣ муайян шудаанд. Аз ашъори Устод Турсунзода шеърҳои «Ҳамин кофист» ва «Дидам нигоре» (маҳфилӣ) ва аз Абдулло Қодирӣ шеърҳои «Аввалин ишқам ту будӣ» ва «Ай нигори нозанин» суруда шудаанд.

Машҳуртарин сурудҳое, ки Аҳмад Зоҳир бар ашъори Лоҳутӣ баставу сурудааст, «Зиндагӣ охир сар ояд», «Аё сайёд шарме кун», «Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад», «Бути нозанинам», «Меҳан, эй меҳан», «Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон» ва ғ. мебошанд, ки ба сурудҳои дӯстдоштаи мардуми тамоми ин ҳавза табдил шудаанд.

Яке аз маҳбубтарин сурудҳои маъанвии Аҳмад Зоҳир «Эй тири ғаматро дили ушшоқ нишона» низ бар шеъри Хаёлии Бухороӣ баста шудааст ва тибқи маълумоти Султони Ҳамад ӯ мухаммаси машҳури Шайх Баҳоӣ бар ин ғазали Бухориро, ки бо мисраъи «То кай ба таманнои ту, эй моҳи ягона» оғоз мешавад, низ суруда будааст, аммо навори он дастрас нест.

Ин фарогирии васеи Аҳмад Зоҳир дар сатҳи тамоми ҳавзаи забону адабиёти форсӣ, пеш аз ҳама ба ду воқеият ишорат дорад:

Аввалан, он нишонгари огоҳӣ, заҳмат ва мутолиаи бисёр васеи адиб ва ҳунарманд аст.

Сониян, он гӯёи нигоҳи фарох ва фаромарзии ӯ дар сатҳи тамоми ин ҳавзаи забону адабиёту тамаддун мебошад. Ӯ дар паҳнои ин тамаддун марз нашинохта, ҳамчун соҳиби ин тамаддун ба тамоми ин қаламрав ба чашми худӣ нигариставу интихоб мекардааст.

2.Фарогирии замонии Аҳмад Зоҳир дар паҳнои адабиёти мо низ ҷолиб аст. Ӯ аз шоирони асрҳои аввали шеъри форсӣ то шоирони марҳилаҳои гуногуни рушди адабиёт, аз ҷумла шоирони навини ҳамзамони худро сурудааст. Ҳамон гуна, ки Мавлавию Саъдию Ҳофизу Ҳилолию Бедилро сурудааст, ҳамон гуна Ҳушанги Сояву Шаҳриёру Фурӯғу Симину Халилию Лоиқ Сулаймонро ба оҳанг кашидааст.

3.Аз назари истифодаи сабку мактабҳои адабӣ ва навъҳои шеърӣ низ фарогирии Аҳмад Зоҳир беназир аст. Ҳамон гуна, ки шеърҳои суннатии арӯзиро дар сатҳи баланд месуруд, шеърҳои наву сафеди бевазну беқофияро низ ба оҳангҳои навоварона сурудааст. Мисли «Шабҳои зулмонӣ» аз Салими Сармаст, «Вақте ки дил танг аст»-и Ҳамдии Мусаддиқ», «Танҳо шудам, танҳо»-и Абулҳасани Варзӣ, «Ай шуълаи ҳазин»-и Сулаймон Лоиқ, «Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ»-и худи овозхон ва даҳҳо намунаи дигар.

4.Нуктаи муҳимми дигар дар шинохти назари Аҳмад Зоҳир ба адабиёти мо интихоби маъниҳои баланд аст. Ӯ аксар шеърҳоеро барои сурудан гирифтааст, ки ҳарфҳо, мазмунҳо, арзишҳо, паёмҳо ва ҳикматҳои бисёр ҷиддӣ доранд. Гоҳо дӯстиву ишқу муҳаббату вафову қадрдониву меҳрубонӣ. Гоҳо ирфону фалсафву ҳикмату андеша. Гоҳо паёмҳои ҷиддии фикрию иҷтимоиву сиёсӣ.

Албатта, мавзӯи меҳварии хондаҳои Аҳмад Зоҳир ишқ аст, муҳаббату вафост ва ӯ пеш аз ҳама маҳбуби ошиқон аст. Аммо такрор ба такрор омадани маъниҳои фикрию иҷтимоӣ ва таъкиди ҳунарманд бар онҳо нишон медиҳанд, ки интихобҳои иҷтимоии ӯ низ огоҳона будаанд. Ва ҳамин андешавариву иҷтимоигарӣ ӯро ҳунарманди дӯстдоштаи табақаҳои соҳибиандеша низ кардаааст. Ба ин восита Аҳмад Зоҳир бисёре аз паёмҳои бузурги гузаштагонро дубора ҳамагонӣ кардааст, аз рафи китобхонаҳо дубора ба гардиши иҷтимоӣ овардааст:

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест…

Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,

Туро бедаступойӣ маслиҳат нест!

Ин паёми муҳимму созандаю нерӯбахши Мавлоно бо мусиқии зебо ба ҷони ҳар ҷавон менишинад. Паёме, ки имрӯз низ барои хар ҷавони мо зарур аст! Туро бедаступойӣ маслиҳат нест!!!

Ва дар сурди дигаре чунин паёми созандаву вораста:

Зиндагӣ, яъне шаби нав, рўзи нав, андешаи нав..

Зиндагӣ бояд, ки саршор аз такону тозагӣ бошад!

Ё ғазали зебои Хаёлии Бухороӣ «Эй тири ғаматро дили ушшоқ нишона» паёми муҳимми ислоҳталабонаест, ки бар зарурати тағйиру такмили тафаккуру диндории зоҳирбинонаи мо таъкид мекунад:

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,

Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона…

Мақсуд туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона...

Суруди «Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед?» бар шеъри Мавлонои Балхӣ низ ба ҳамин маънӣ ишорат дорад, ки «маъшуқ ҳамин ҷост»! «Мабарӣ гумон, ки муфтӣ ба Худо раисда бошӣ» бар шеъри Бедил, «Аҷаб сабре Худо дорад» бар шеъри Раҳими Кирмоншоҳӣ, «Ай подшаҳи хубон» бар ғазали Ҳофиз, «Худоё ман намедонам, ба лутфи худ ту медонӣ» ва даҳҳо суруди дигар низ ҳикмату мазмунҳои бузургу дақиқи ислоҳӣ доранд.

(Дар зимн, худи ҳунарманд низ аз таълимоту афкори орифона дур набуда, муҳаққиқон, аз ҷумла Султони Ҳамад, дар бораи мутолиа, робита ва ниҳоят пайравии ӯ аз тариқати тасаввуфии чиштия маводи зиёде навиштаанд.)

Ё шояд дар соатҳои душвор ва дар лаҳзаҳои фишори рӯзгор аз дилу вуҷуди ҳар яки мо борҳо ин нидои Лоҳутӣ бо садои Аҳмад Зоҳир гузаштааст, ки:

Гар фишори рӯзгор обат кунад, мискин машав,

Мард бош, эй хастадил, шармандагӣ даркор нест!

Ва ба ин маъно Аҳмад Зоҳир як сарояндаи андешаҳои иҷтимоӣ низ будааст, балки як ҳунарманди дорои дидгоҳ ва мавқеи сиёсию ҷамъиятӣ: «бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест!».

Ба ин восита ӯ ин арзишҳоро, ин паёмҳоро ҳамагонӣ кард, ба шиори ҳазорон нафари рӯшанфикру истиқлолхоҳ табдил намуд, барои ҳазорон нафари афсурда рӯҳу нерӯ бахшид. Муборизаро, номусро, пойдориро, ватанро, истиқлолро, озодиро суруд.

Сурудҳои ҷовидонае, чун «Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед» аз Маликушшуаро Баҳор, «Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест», «Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимаҷонамро» ва «Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, эй мейҳан» аз Лоҳутӣ ва ғайра.

Ҳатто дар барномаҳои таблиғотии Шӯрави барои Афғонистон ин мазмунҳо ва ин сурудаҳои ӯ ба таври васеъ истифода мешуданд, ки намунаи он барномаи машҳури «Булбулони шӯридаи Шарқ» дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон буд. Ин барнома аз муборизаву истиқлолхоҳию озодихоҳию истикборзудоиву истиқлолсароии Абулқосими Лоҳутӣ ва Аҳмад Зоҳир мегуфт ва сари ҳар муддат бозпахш мешуд:

Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,

Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!

Аҳмад Зоҳир суруду паёмҳои комилан сиёсӣ низ суруда буд, ки баъзе аз онҳо ҳатто бо дархости худи сиёсатмадорон ва роҳбарони аввали кишвараш анҷом шудааст. Ба мисли «Ҷумҳурии мо муборак!», «Миллӣ ваҳдат» (ба забони пашту), «Ин тавсани айём чӣ хуш роми Амин аст!» (суруди пурбаҳс бо ду тафсири сиёсӣ ва динӣ).

Ва хоса оҳанги мутантани сиёсию иҷтимоии «Эй ҳамватан, эй нерӯи боландаи ҷовид!» бар шеъри Бориқ Шафеӣ, ки худ як марш, як инқилоб аст.

5.Ҷанбаи дигари ин падида ҳайратбарангез зебоишиносии Аҳмад Зоҳир аст. Ӯ завқи баланд, табъи латиф, тавони интихоби шеъри сара ва зеборо дорад. Ӯ беҳтарин намунаҳои шеъри ин ҳавзаи бузургро бо тамоми тӯлу арзаш гулчину пешкаши шунавандаи худ кардааст. Хондаҳои Аҳмад Зоҳир мисли як гулдастаи рангин аст, ки аз ин бӯстони бузург чидаву баста бошанд.

Пеши рӯй орем матну сурудҳоеро чун:

Гар зулфи парешонат бар дасти сабо афтад…

Эй, ки аз килки ҳунар нақши дилангези Худойӣ…

Ҳанӯз бар лаби ман ҷойи бӯсаҳои ту ҳаст…

Оҳанги зиндагӣ…

Суруди шабонгаҳ…

Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун…

Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид…

Бароям гиря кун имшаб

Зи чи ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро…

Ин ҳолат нишонгари сайри пайвастаи ҳунарманд дар олами шеър ва нишонаи завқу зебоишиносии хосаи ӯст, ки метавонад мавзӯи як баҳси васеъ бошад. Чизе, ки барои як ҳунарманди асил бисер ҳатмист.

6.Ҷанбаи муҳимми дигаре, ки вусъати нигоҳи Аҳмад Зоҳир ба адабиёт ва интихоби шеърро нишон медиҳад, хонданҳои ӯ аз эҷодиёти шифоҳии мардум ё фолклор аст. Ӯ ба адабиёти бузурги шифоҳии мардуми Афғонистон ҳамчун як сарчашмаи муҳимми интихоби матну сурудҳо нигариста, як силсила таронаҳои зебои маҳаллию мардумиро бо завқи баланд ва навоварона сурудааст. Бо хондани Аҳмад Зоҳир ин сурудҳо дар сатҳи миллӣ ва минатқавӣ муаррифӣ шуда, ба сурудҳои дӯстдоштаи тамоми ҳавзаи бузурги забони форсӣ табдил шуданд.

Масалан, суруди «Каҷаки абрут неши каждум аст…» ҳама минатқаҳои ин забон хонда мешавад ва солҳои ахир ҳатто овозхонҳои шинохтаи эронӣ, аз ҷумла хонуми Лайло Фуруҳар, низ онро бозхонӣ карданд. Сурудҳои маҳаллии «Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон», «Чашми сиёҳ дорӣ…», «Буру бобо ма катит нестум» (дар вариантҳои гуногун), «Биё, ки бурем ба Мазор…» (дар шаклҳои гуногун), «Гандумо дарав шуд, наёмад ёрум» ва ғайра низ дар аксари маҳфилҳои Тоҷикистон хонда мешавад, байни тоҷикону форсигӯёни Осиёи Марказию Чину Покистону Ҳинд низ маъруф аст. Ин гуна намунаҳо зиёданд ва Аҳмад Зоҳир бо ин хидмати худ ин таронаҳоро ҳамагонӣ ва моли дастраси тамоми ҳамзабонон дар сатҳи ҷаҳон кард. Ин таронаҳо пештар низ буданд, аммо хондан, навсозӣ ва истеъдоду садою оҳангҳои ӯ ба онҳо шукуҳу умри дубора дод.

Яке аз хусусиятҳои мардумисароӣ ё фолклорхонии Аҳмад Зоҳир дар он аст, ки ӯ дар чандин маврид нақароти машҳури таронаҳои мардумиро бо рубоиву дубайтиҳои шоирони касбӣ омехта, сурудҳои зебоеро ба вуҷуд оврадааст. Масалан, ӯ дубайтиҳои мансуб ба Лоҳутӣ чун «Зи роҳи дида бар дил хона кардӣ», «Камонабрӯ камонатро бибӯсам», «Сиёҳчашмак ба дил банди ту бошам», дубайтии Фарибурзи Разонӣ «Лабат шаҳди ғазал нӯшида хотун» ва ғайраро дар таркиби таронаҳои мардумӣ омехтахонӣ кардааст.  

7.Фазилати дигари хунари Аҳмад Зоҳир дуруст хондани шеър аст, ки аз саводи баланди забониву адабии ӯ шаҳодат медиҳад. Талаффузу ташдиду кашишу пайванди саҳеҳи сухан, риояти вазну тобишу оҳанги калимаву ибораҳо ва умуман, ҳамчун як соҳибзабон озод будан дар ифодаи тобишҳои забонӣ яке аз вижагиҳои ӯст.

Зикри ин масъала аз он назар муҳим аст, ки имрӯз ҳунари мусиқии мо сатҳи касбиву элитарии худро то ҷое бохта, бо мазмуни сабук ва бо талаффузу вазну ифодаҳои хато сурудани шеърҳои коре маъмул гаштааст. Аммо Аҳмад Зоҳир дар ин масъала бегумон устоди беҳамтост.

(Албатта, метавон дар дохили қавс зикр намуд, ки дар хондаҳои Аҳмад Зоҳир низ мавридҳои талаффузи хатои калима, ибора ё мисраъҳои ҷудогона дида мешаванд. Аммо чунин ҳолатҳо дар ҳудуди 400 суруди боқӣ шояд ҳамагӣ 6-7 мавридро ташкил диҳанд, ки шояд иштибоҳоти фаннӣ низ бошанд. Чун ин як мавзӯи ҷудогона аст, ин ҷо танҳо ду-се маврид чун намуна зикр мешавад:

Масалан, дар шеъри Мирзо Турсунзода «Ҳамин кофист», дар мисраи «Навиштам, пахш кардам муҳр, мондам даст бегуфтор», калимаи «муҳр» ҳамчун «меҳр» суруда мешавад, ки маънои аслиро, яъне пас аз навиштану имзо муҳр гузоштан ба мактубро, намерасонад.

Ё чунин ҳолати тағйир дар хондани дубайтии машҳури Иқболи Лоҳурӣ «Саҳар мегуфт булбул боғбонро / Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад» низ дида мешавад, ки дар он мисраи дуввум дар шакли «Дар ин боғ ҷуз ниҳоли ғам нарӯяд» хонда шудааст. Ин ҷо ҳам матн тағйир дода шуда, ҳам вазн ва ҳам қофия (бо «бимирад» дар мисраи чорум) пурра хароб гаштааст. Зимнан, хондани ин дубайтиҳо яке аз пурсӯзтарину зеботарин сурудаҳои Аҳмад Зоҳир аст ва шояд ин ҷо ӯ хостааст, ки бо тағйири матни мисраъ маъниро рӯшантару фаҳмотар ифода кунад.

Байти аввали ғазали машҳури Бедил «Мабарӣ гумон, ки яъне ба Худо расида бошӣ» ба шакли «Мабарӣ гумон, ки муфтӣ…» хонда шудааст. Гарчи ин «ислоҳ» маънии байтро боз беҳтар карда, аммо дар нусхаҳои муътабари Бедил он дар шакли аввал, яъне «яъне» омадааст.

Дар шеъри Симини Беҳбаҳонӣ «Вой ман беҳудаам, беҳуда андар корҳо», мисраи «Холиям, холитар аз як хоб ё аз як сукут» дар натиҷаи кӯтоҳ хондани калимаи «хоб» вазнашро аз даст медиҳад, ки хоси забони форсӣ нест.

Дар бораи зикри хатову камбудҳо дар таронаҳои Аҳмад Зоҳир шоири афғонистонӣ Беранги Кӯҳдоманӣ қиссаи ҷолибе дошт: Боре ӯ дар телевизони Афғонистон изҳор доштааст, ки таронаи «Бодаҳо холист, холист»-и Аҳмад Зоҳир дуруст нест ва маъно надорад, зеро «бодаҳо» холӣ намешаванд, балки мантиқан «шишаҳо» холӣ мешаванд… Пас аз ин ӯ муддатҳо мавриди эътирозу маломати шадиди мухлисони овозхони шаҳир қарор гирифтааст, ки «бо чӣ ҷуръате ба Аҳмад Зоҳир эрод мегирӣ?!»

Бо ин эҳтиёт мо низ аз оврадани мисолҳои дигар худдорӣ менамоем.)

Аммо хато рафтани як ҳарф ё калима дар таронаҳои Аҳмад Зоҳир як ҳолати нодир ва бисёр истисноист, ки он сатҳи болои дарку хониши дурусти ӯро инкор ё халадор намекунад. Боз ҳам ӯ аз дурустхонтарин овозхонҳои забони мо боқӣ мемонад.

8.Масъалаи дигаре, ки муносибат ё нисбати Аҳмад Зоҳирро ба шеър ва адабиёт рӯшан менамояд, худи ҳунару таҷрибаи эҷодию шоирии ӯст. Дар ин маврид мо ба ӯ метавонем ҳамчун ба як адиб ва шоир нигарем, зеро ӯ худ муаллифи як силсила шеърҳоест, ки худ оҳанг баставу сурудааст.

Дар ин миён, аз ҷумла сурудҳои машҳуре чун «Эй Худо, модари ман боз ба ман деҳ», «Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст» ва ғайра бар шеърҳои худи овозхон сохта шудаанд.

Аз ин назар, ӯ ҳамчун адибу шоир дар шинохту дарку интихоб тасҳеҳи шеърҳо салоҳияти зарурии бештар аз як овозхони маъмулиро доштааст. Як сирри комёбии ӯ дар самти интихобу дурустхонии шеър маҳз дар хамин аст.

9.Гарчи мавзӯи меҳварии ин гуфтор робитаҳои адабист, аммо зикри ин банд низ ҳатмист, ки Аҳмад Зоҳир дар рушди робитаҳои фарҳангию ҳунарӣ дар сатҳи ин ҳавзаи тамаддунӣ низ саҳму хидмати бузург доштааст. Хидмате, ки дар муаррифию омезиши ҳунари мусиқӣ аз як ниҳод, як вазорат ва ҳатто як давлат бештар бошад.

Нигоҳе ба таърихи мусиқии Тоҷикистон ва тоҷикони Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои 80-уми асри гузашта Аҳмад Зоҳир дар фазои мусиқии ин ҳавза таъсири фавқулодда васеъ дошта, дар рушди самтҳои муайяни он такони ҷиддӣ бахшидааст. Ӯ омезаи бисёр арзишмандеро аз мактаби бузурги мусиқии Афғонистон, Ҳинд ва Ғарб вориди мусиқии тоҷик намудааст, ки истиқбол ва пайравии зиёд доштааст ва дорад.

Дар ин марҳила аксари овозхонони навовари тоҷик дар Осиёи Марказӣ фаъолияти худро бо «аҳмадзоҳирхонӣ» оғоз кардаву бо ин тариқ ба саҳнаҳои калони расмӣ ва мардумӣ роҳ ёфтаанд. Бозхонии Аҳмад Зоҳир аз васеътарин падидаҳои он замон будааст, ки ҳам овозхонони мард ва ҳам овозхонони зан ба он рӯй оварда будаанд. Наворҳои маҳфиливу тӯёна, ки то имрӯз аз ҳунармандони шаҳире чун Тоҷиддин Муҳиддин, Дӯстмурод Алиев, Хадича Абдуалимова, Ҷамшед Исмоилов, Кароматулло Қурбон ва ғайра боқӣ мондаанд, нишон медиҳанд, ки овозхонони мо сурудҳои зиёди Аҳмад Зоҳирро дар маҳфилҳо пурра бозхонӣ кардаанд, ки бо истиқболи васеи мардумӣ рӯбарӯ шудааст. Бозхонии ин овозхон дар тамоми мусиқии Осиёи Марказӣ ҳамоно идома дорад ва шукӯҳи маҳфилу озмунҳои ҳамасолаи аҳмадзоҳирхонӣ худ гувоҳи онанд.

Албатта, шаклу тарзу сатҳу вусъати таъсири Аҳмад Зоҳир ба мусиқии тоҷик як мавзӯи бисёр тахассусист, ки баррасии онро ба санъатшиносон мегузорем, аммо як чиз рӯшан аст, ки дар як марҳилаи муайян ин таъсир бисёр муҳим ва муайянкунада будааст.

10.Ва ниҳоят, ҳамчун натиҷагирӣ аз ин гуфтор ду хулосаи муҳимро зикр менамоем.

Аввал, бо ин нақше ки ба ҷой овард, Аҳмад Зоҳир дар амал ба як пули пайвандагаре табдил шуд, ки дар пайванду муаррифии байниҳамдигарии шеъру муҳити адабӣ ва мусиқию муҳити ҳунарии бахшҳои гуногуни ҳавзаи бузурги забону адабиёти форсӣ нақши ҷиддӣ гузошт.

Ӯ бо интихобу хондану оварданҳои худ шеърҳоро, шоиронро, мазмунҳоро, адабиётҳоро умумӣ кард. Чи қадар шоирони Афғонистону Эрону Ҳинду Покистон ба ин восита дар муҳити Тоҷикистон ворид шуданду ном ёфтанду садо доданд ва баръакс, чӣ қадар шоирони мо ба ин восита вориди муҳити фарҳангию мардумии он сӯи Омӯ шуданд.

Ҳатто агар касе буд, ки шояд номи Маликушшуарои Баҳорро нашунида бошад, аммо суруди «Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед»-ро замзама мекард. Ё агар касе буд, ки номи Абдулҳамиди Адоро нашунида буд, аммо «Кардаам нола басе, аз пайи ҳамнафасе»-ро дар маҳфилҳо борҳо шунида буд. Ё касе агар Фурӯғро нахонда бошад, аммо бар таронаи «Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид» ашк рехтааст. Ва низ, агар касе китоби Лоҳутиро ба даст нагирифта бошад, аммо таронаи «Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад»-ро шунидаву ҳамроҳ замзама кардааст.

Ҳамин гуна, Аҳмад Зоҳир дар муҳити адабии ин ҳавзаи бузурги тамаддунӣ нақши мондагори пайвандгареро ба ҷой овард.

Дуюм, бо ин нигоҳи васеъ, бо ин фарогирифу истиқбол ва бо ин таъсиру нақши азиме, ки зикраш рафт, Аҳмад Зоҳир бегумон як падидаи фаромиллӣ буда, ба тамоми ин таъриху фарҳангу тамаддун таллуқ дошт. Ӯ ба тамоми мардуми ин ҳавза мансуб буд, ба ҳамаи ононе, ки ба ин забон ҳарф мезананду мешунаванд ва ба ҳамаи ононе, ки бо ин забон шеър мегӯянду мехонанд. Ба гунае, ки вақте ғазали «Эй сорбон, оҳиста рон»-и Саъдӣ бо садои нотакрори Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон пахш ва истиқбол мешавад, ҳаргиз саволе пеш намеояд, ки муалиф аз куҷост ё оҳангсоз аз куҷост ё овозхон аз куҷост ва ё шунаванда аз куҷост.

Ин авҷи омезиш, маҳзи ягонагии як фарҳанг аст. Ин робитаи фарҳангию наздикии фарҳангӣ нест, ин ҳолати як будани он фарҳангу тамаддун аст. Аз ин назар, Аҳамд Зоҳир ҳамчун падидаи фаромарзию фароҳудудӣ посухи рӯшанест ба тафовутҷӯиҳову ҷудоиандешиҳо, ҷавоби зебоест, ба дидгоҳҳое, ки пораҳои ҳамҷавҳари як фарҳангро аз ҳам ҷудову бегона мешиносанд. Ӯ як падидаи умумии мост, мунодии он, ки мо «парвардаи як навбаҳорем.»

Ёдаш ба хайр, ки бо вуҷуди ин ҳама ҷавон рафтан, ҳамагӣ дар 33 соли умр, чунин нақше муҳим дошту чунин паёме азим гузошт.

Абдуллоҳи Раҳнамо



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi