15:26:03 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёди рӯзгори ширин

«АЛМОСИ ШАРҚ АҲМАД ЗОҲИР, СУЛТОНИ ҲАМАД ВА ДИГАРОН» - I

А МУНОСИБАТИ 75 СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ АХМАД ЗОҲИР БАХШИДА МЕШАВАД.

Дар арафаи 75-умин солгарди нобиғаи ҷаҳонии ҳунари сарояндагӣ, устод Аҳмад Зоҳир қарор дорем ва дар ин асос шуруъ намудани мақола аз ёди устоди равоншод, таҳқиқгари бузурги Аҳмад Зоҳир, устод Султони Ҳамад як амали рамзӣ ва мантиқии дуруст низ ҳаст. Чун таҳқиқгарони осору зиндагиномаи бузургон ҳама вақт кори бузургеро барои наслҳои башарият анҷом медиҳанд.

ahmad-zahir sultoni-hamad 21547878Бо устоди равоншод Султони Ҳамад доимо дар мукотиба будем. Як нишонаи бисёр хуб ва ё чанд нишона бо ҳам моро пайванди сахте зада буд, ё шояд ҳарду ҳам миллатдӯст ва башардӯсти сахте буда бошем?!

Бо ҳам сахт дӯсту бародар, акову додар будем. Ҳоло бошад баъди реҳлати ин шахсияти барҷаста фикр мекунам, ки нишонаҳои пайвандгарӣ ва меҳру илтифоти бародаронаи боз ҳам наздик зиёд будаанд.

Ба андешаи банда пеш аз ҳама ин нишонаҳо дар худшиносии миллӣ, дӯстдории бе ҳадду ҳисоби миллате бо номи тоҷик,дӯстдории форсизабонон ва таъриху фарҳанги ориёиҳо, арҷ гузоштану дӯст доштани таъриху фарҳанги дигар миллатҳо, шефтаи адабиёту фарҳанги классикии хеш ва халқҳои ҷаҳон будан, ҳамчунин майли қаламкашӣ ва эҷодкорӣ доштан, зебопараст будан, дӯстдори тими футболии «Помир» -и Душанбеи замони шӯравӣ будан (устод мақолаҳои бандаро оиди тими «Помир» бо хушнуди дар рӯзнома ва сомонаи «Рӯзгор» чоп мекард). Бисёр хислату аломатҳои дигаре низ буданд, ки моро ба ҳам оварда буданд. Дар ин асос махсус боз моро дӯстдории ҳунарманди нобиғае чун Аҳмад Зоҳири бузург боз сахттар аз санги хоро ба ҳам оварда буд. Баъдан фаҳмидам, ки шахсиятҳое, ки онҳо барои ман бисёр азизу мӯътабар ҳастанд мисли устодони зиндаёд Шоҳвалӣ Валии таронасоз, Мӯъмин Қаноат, Лоиқу Бозору Ҷӯрабек Назрӣ ва боз чанде аз зиёиён низ барои устод Султони Ҳамад нақши мондагоре дар андешаҳояш доштаанд ва нисбати онҳо эҳтироми хосаеро қоил будааст, аз ин рӯ эътиқодам ба ин марди фариштахӯ ва фарзанди фарзонаи миллат даҳчанд гардид.

Дар бораи устод Аҳмад Зоҳир дар зарфи 41 соли баъди марги фоҷиабораш ва замони барҳаёт буданаш гуфтанду навиштанду чоп карданд. Ин амал оянда то он замоне, ки як форсизабон ҳаст идома хоҳад ёфт. (Мисоли барҷастаи номварии «Алмоси Шарқ» он ин ҳаст, ки дар ҳатто дар маҷаллаи бисёр машҳури шӯравӣ «Вокруг Света» солҳои 80-уми асри гузашта дар бораи ӯ мақолаҳо чоп гашта буданд ва хонандагони русзабон оиди ҳаёту фаолияти ӯ суол медодан)!

Дар навиштаҳоям тариқи расонаҳои хабарӣ иброз доштаам ва такрор ҳам шавад боз мегӯям, ки дар ҷаҳони имрӯзаи «Аҳмадзоҳиршиносӣ» касе дар таҳқиқу омӯзиши ҳаёту фаъолияти фарҳангии булбули шарқ Аҳмад Зоҳир ба устоди зиндаёд Султони Ҳамад расидагӣ карда наметавонад. Устод бо заҳматҳои шабонарӯзии хеш, бо кору амали хеш, бо маблағи шахсии хеш дар мавзӯъи тахминан 20 сол пеш то андозае норӯшани «Аҳмадзоҳиршиносӣ» дар сатҳи кишвару ҷаҳон хизмати мондагореро анҷом дод. Инҷо ягон ҷои тардиде нест.Ин хизмати устод ба ҳама ,ҳам дар кишвари мо, ҳам Афғонистону Эрон, ҳам Покистону Ҳинду Амрико ва Аврупо ба ҳама маълум ҳаст.

Устод Аҳмад Зоҳир бо ханҷари довудии гулӯи хеш солҳои 60 -ум ба саҳнаи ҳунар омад ва бо истеъдоди худовандӣ, овози фораму навоҳои мағруби худ чун офтоби шӯълапоши гарму нарми Шарқ ба зуди ҷаҳони форсизабонону баъдан кулли ҷаҳонро таккон доду мунаввар сохт. Падид омадани Аҳмад Зоҳир ба саҳнаи ҳунарии солҳои 60-уми асри пор дар ҷаҳони мардуми форсизабонон як валвала, шӯру шавқу ҳаяҷонеро ба бор овард ногуфтанӣ. Ҳоло бошад камина ин шӯру шавқи пайдо гаштани Аҳмад Зоҳирро байни ҳаводорони овозу истеъдоди худовандии ӯ ва ин шӯру шавқро баъди вафоташ метавонам танҳо бо шӯру шавқу зуҳури Мавлонои Балхӣ ва рақси орифонаву суфиёнаи дилбохтагони ашъори Мавлоно(рақси самоъ) муқоиса кунам на чизи дигар ва ин ҷо муболиғае низ нест хонандаи азиз.

Ана бо ҳамин шукӯҳу шаҳоматаш дар бораи ин шахсияти бузург ва фаъолияташ зиёд гуфтаанду навиштаанд,лекин қисмати зиёди ин гуфтаҳо парешон буда ва аслан таҳлилу муқоиссае низ аз дидгоҳи таҳлилгарӣ рӯйи об набаромада буд. Ин кори бузург ва пурмашшақатро хонандаи азиз ба таҳқиқу таҳлил кашидану мавод ҷамъ овардан оиди шахсияти намоён ва хосатан фарде чун Аҳмад Зоҳир саҳлу осон нест. Устод Султони Ҳамадро чун як ҳаводори бузургу донишманду ошиқи садои Аҳмад Зоҳир , чун як дӯстдори забони нарму гарми модарии хеш, чун як шахси дӯстдори «қанди лазизи ба Банғола раванда»(забони ноби порсӣ) метавон қиёс намуд на чизи дигар. Муҳаббату ихлоси устоди зиндаёд Султони Ҳамадро ба Аҳмад Зоҳиру истеъдоди фавқулодаи овозхониву оҳангофариаш низ ба пиндори банда метавон танҳо бо меҳру муҳаббати Ҷалолидини Балхӣ ба Шамси Табрезӣ қиёс кард на касу чизи дигар.

Инҷо муҳаббати ирфонӣ ва рӯҳонӣ ба ҳам омезиш ёфтаанд ва ин муҳаббат, як муҳаббати осмонӣ, малакутӣ ва худовандист. Устод Султони Ҳамад аз шунидани овози фораму рӯҳнавози Аҳмад Зоҳир ба зудӣ ҳис карда буд, ки ин овози заминӣ ва замонӣ нест , балки ин овоз, овози осмонӣ, овози фариштаест аз асрҳои 300-400 соли баъд оянда,овози асрҳои ХХ111 ва ХХ1V аст!

Ин овози рӯҳнавоз, овози ҳудовандист, ки аз арш ба фарш бо як ҷозибаи ба худ хос барои бандагони ҳудованд ба сайёраи Замин аз тарафи худованди лакбахш ва меҳрубон арзонӣ дода шудаву фуруд омада. Ана ҳамин дарки овозу муҳаббат ба ин овозу савту навоҳои дилкаш дар ҳамбастагӣ, устоди покдилу поктиннату покмазҳаби мо, устод Султони Ҳамадро, ки худ шахси тақводору худотарс буд ба арши осмони ишқи рӯҳонӣ, ишқи ҳудовандӣ, ишқи овози «фариштаи худованд» дар мисоли овози Аҳмад Зоҳир, шаҳиди роҳи ҳақ, шаҳиде, ки ҳазорон дилро шод кардаву ғаму андӯҳро аз дили мардум бурда буду ашки модару кӯдак, ашки ятиму фақиреро хушку бемореро тавон бахшидаву табассуми рӯҳнавозеро ба дили ғамзадаву ноумеду нотавони онҳо ҷой карда буд, бурда расонидааст!

Хонандаи азизи ман инҷо ташбеҳе нест ва воқеъан инҷо ,дар ин меҳру муҳаббату ихлоси устоди зиндаёд Султони Ҳамад ҳамин ишқи рӯҳонӣ нисбати садои рӯҳнавозу худовандии Аҳмад Зоҳир ҷой дошт ва инро метавон омӯхт ва хулоса кард. Ба ҳар ҳол хулосаи омӯзиши ман аз ин меҳру муҳаббати самимӣ ҳамин ҳасту ҳамин мемонад.

Муҳаббати устод Султони Ҳамадро нисбати овозхону ромишгари мумтоз, ахтари баланди фарҳанги Ориёнвиҷ устод Аҳмад Зоҳир боз метавон ба ишқу муҳаббати осмонии ҳазрати Якуб бар ҳазрати Юсуф, қиёс кард.

Устод Султони Ҳамад тавонист дар муддати на он қадар зиёд асарҳои мондагореро чун «Аҳмад Зоҳир «Султони қалбҳо», «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ», «Аҳмад Зохир ва мусиқии Ғарб», «Султони қалбҳо»-ро ба нашр расонад ва ҳамчунин гузоришу мақолаҳои зиёдеро тавассути нашрияҳои гуногуни даврӣ аз ҷумла «Рӯзгор» ба дилдодагону ташнагони суруду оҳангҳои малакутии нобиғаи форсизабонони ҷаҳон устод Аҳмад Зоҳир расонад.

Дар китобу мақолаҳои навиштаи хеш устоди зиндаёд Султони Ҳамад даққиқназарона, мӯшикофона бо далелу бӯҳронҳои амиқу саҳҳеҳ замони зиндагӣ ва эҷоди Аҳмад Зоҳирро ба табъи ҳаводоронаш расонидааст. Ҳамчунин ӯ оиди сурудаҳои Аҳмад Зоҳир , кай бори аввал хондани суруд эчоди мусиқӣ, оидишоирони шеър эҷодкарда, ромишгарону истифодаи асбобҳои мусиқӣ, инчунин паҳлӯҳои норӯшани ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир навиштаи хуберо пешниҳоди хонандагони азиз гардондааст. Доираи ҳаёту рӯзгори Аҳмад Зоҳирро устод Султони Ҳамад бисёр хуб таҳқиқ намудааст. Маълумотҳои таҳқиқии наверо андар шинохти Ахмад Зоҳир , волидайну дигар аҳлу байташ, устодони бузурги санъати Афгонистон Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, Найнавоз, Нангиёлай, ҳунармандоне чун Ҳувайдо, Ношинос, Сармаст, Маҳваш, Парасту, Жило, Халил Роғиб , Аҳмад Валӣ, Аҳмад Наим, Аҳмад Валид ва дигар дӯстонаш овардааст.

Идома дорад...

Бо эҳтиром Варқаи Зайниддин,

Ҳуқуқшинос, Корманди фахрии Прокуратураи ҶТ, Аълочи фарҳанги Тоҷикистон.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi