13:57:21 22-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Аҳмад Зоҳир ва худшиносии миллӣ»

(ба ифтихори  71 солагии зодрӯзи  овозхони зиндаёд бахшида мешавад)

Дар таърихи хунёгарӣ ва овозхонии мардуми порситабор шурӯъ карда аз давраи пеш аз Борбад ва ворисони ҳунарманди ин қофиласолори риштаи сарояндагии ориёиҳо чун Гесӯ, Саркаш, Накисо ва садҳо нафари дигар ҳунари сарояндагиро дар марзи паҳновари импературии Сосониён, давлати пуриқтидори Сомониён ва дар зарфи 1000 соли баъдӣ   мардону занони ҳунарманди ин сарзаминҳо  ба авҷи аъло бардоштаанд.

varqa-zayniddin 545454512Қайд бояд намуд, ки ҳанӯз пеш аз паҳншавии дини мубини ислом ба меҳани порсизабонон , ҳунару овозхонӣ байни порсизабонон ба авҷи аъло расида буд. Аз зиндагиномаи Борбади Марвазӣ, ки бо як гуфтае аз аз мавзеъи Нусайи Дарвоз аст бармеояд, ки ӯ чунон ҳунарманд чирадасте буда ва овозе дошт,ки мардумонро ба ваҷд меовард ва дар ин асос боз мақомсози  тавонманде низ буд.Тибқи навиштаи сарчашмаҳои таърихӣ  ӯ дар дарбори сулолаи Сосониён вобаста ба ҳар рӯзи сол оҳанге офарида буд  иборат аз 365 мақом. Ана ҳамин мактаби нерӯманди  бастакорӣ ва овозхонии Борбади бузург баъди густариши ислом на танҳо коҳиш наёфт, балки бо гузашти андаке вақт боз ривоҷу равнақи бештареро касб кард.Аз як тараф фарҳангу фановарию саноати баланди импературии вақти ҷаҳон , империяи Сосониён агар  монеъаи ривоҷи миллатсозии арабҳо аз ҳисоби мардуми иронӣ бар асари фарҳангу дараҷаи пасти зиндагии ин қабилаҳои биёбонӣ  бошад аз тарафи дигар фатвои марди бузурги олами ислом чун Имом Абуҳанифаи Куфӣ оиди истифодаи забони порсӣ дар умури кору зиндагӣ ва  ҳадиси мубораки пайғамбари ислом, ҳазрати  Муҳаммад (дуруд ба рӯҳи поки ӯ) «Забони порсӣ ,забони аҳли биҳишт аст» имкониятеро ба вуҷуд овард, ки забони порсӣ мақому манзалати  худро дар ҷомеъа нигоҳ дорад.Бо гузаштани на чандон вақте забони порсии имрӯза барои қариб 1000 соли охир забони илму фарҳанги як минтакаи бузурги қораи Осиё , аз Рум то Ҳинду  ҳудудҳои Чин гардад.Табиист,ки чунин забони пурқувват, пеш аз ҳама на танҳо забони давлати ва гуфтугӯии  садҳо миллион нафар одамон,балки забони илму фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ низ буд.

Мусиқа ва сурудаҳои муғанниҳои тоҷик сарҳади ориёиҳоро паси сар намуда, дар тӯли таърихи  1000 солаи ҳукмронии забони ноби порсӣ  дар оҳангу савтҳои мардуми Аврупо, Ҳинду Чин, Шарқи Наздик сахт таъсиргузор будаанд ва мо инро аз шунидани савту сурудҳои ин мардум имрӯз низ ҳис мекунем.

Мисоли барҷастаи он шунидани савтҳое аз мардуми Чину Мочин ва ҳатто Ҷопон ҳаст, ки бо шунидани ин савту овоз дар дохили савти ҷопонӣ, касе,ки хуни тоҷикият дорад ба зуди ин савти овозиро,ки барояш шинос ва хело форам ҳаст, ҳис мекунад.Чун мусиқа ба тарзи гуфтугӯ ва бо иборае бо асосҳои биологӣ ва ирсият низ таъсиргузори миллат аст, ин наздикӣ ва латифии онро кас  зуд ҳис мекунад.

Ин савти хуш бошад натиҷаи таъсири   муғаниёну сарояндагони  тоҷик лоақал аз замони  Борбад то ба давраҳои баъдӣ ҳаст!

Пӯшида нест,ки бузургони илму фарҳанги мо  ба илми мусиқӣ ва рушду нӯмуъи он  ҳама вақт шавқ доштанд.Инро аз завқи Одамушшуарро -Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ,Ибни Синои бузург ва дигарон, ки ба мусиқӣ ва савту наво шавқ доштанд ва ҳатто рисолаҳои илмӣ низ навиштаанд (Синои бузург ) метавон ба хубӣ дарёфт.Мусиқаи  қадимаи иронӣ дар ин давра таҷзия шуд.Дар асрҳои баъдӣ мақомҳое чун 36 мақом, баъдан 12 мақом, ки ахиран ба 6 мақом таҷзия шуд, ба вуҷуд омаданд ва ҳамаи инҳо моли ҳалоли мардуми порситаборанд.

Бисёр хуш аст, ки асри 20 низ барои миллати арҷманди порсизабонон шахсиятҳои бузурге  аз қабили Шоҳ Валии Таронасоз, Найнавоз, Акашарифи Ҷӯра ва дигаронро тақдим сохтааст.Ин нобиғагони илми мусиқӣ то тавонистанд дар роҳи эҷоду такмили илми мусиқӣ камари ҳиммат барбастанд ва дар офаринишу эҳёи савтҳои қадима низ ҳам дар ин сӯи рӯди Омӯ ва ҳам он сӯи дарё таъсиргузор будаанд!

ahmad-zahir-565222Оҳангсоз  ва сарояндаи бузургтарини сад соли охир дар ин қатор барои мардуми  порситабор  бе шаку шубҳа ин Аҳмад Зоҳир аст. Мактаби эҷодии ин шахсияти бузург дар даврае ривоҷ  ёфт, ки ба бахти баланди ӯ  эҷоду фаъолиятии кории устодони бузурги мусиқаи порсӣ Шоҳ Валии Таронасоз (набераи  охирин шоҳи Дарвоз) ва пайванди ӯ Найнавоз,ки устоди бузурги шеъри порсии имрӯз, устод Мӯъмин Қаноат  дар асари арзишманди худ «Ёддоштҳо ва бардоштҳо» дар хусуси онҳо ва ҳунари мусиқи хуб навиштааст ва даҳҳо тан ҳунармандони бузург дар Афғонистону дигар кишварҳои порсизабон дар авҷи хурӯш буд.Ман дар инҷо оиди фаъолияти эҷодӣ ва кори Аҳмад Зоҳири бузург гуфта намегузарам,зеро дар бораи ин шахсияти бузург зиёд гуфтанду навиштаанд ва алалхусус устод Султони Ҳамад андар шинохти ин шахсияти тобони фарҳангии Ориёнвиҷ тадқиқотҳо ва китобҳои ҷолибе навишааст, ки дар Аҳмад Зоҳиршиносии ҷаҳон то ҳол назир надоранд.Ман инҷо мухтасаран фикри худро чун як тоҷик ва мухлиси қариб 40 солаи Аҳмад Зоҳир баён доштанӣ ҳастам.

Аввалин бор номи Аҳмад Зоҳир барои мани кӯчак ва хонандаи синфи 5-и  мактаби миёна  соли 1975 садо додаст.Он вақт буд, ки овозхони имрӯз номӣ ва он вақт хело ҳам ҷавон Додӣ аз Дарвоз ба деҳаи мо омад ва дар тӯи осмонкафи тағоям суруди «Бишнав ошноро» бо оҳанги басо марғубе бо аккордеон сароид. Росташро гӯям чунин оҳангу  чунин тарзи овозхониро то он вақт нашунида будам.Ҳамагон он давра дилбохтаи овозхони номвар ва навовари тоҷик устод Ҷӯрабеки Назрӣ будем. Он давра  ман  мафтуни ин мусиқаи рӯҳнавоз гашта будам ва он вақт буд, ки фаҳмидам,ки ин оҳангу ин сурудро овозхони Афғонистон бо номи Аҳмад Зоҳир месурудааст.

Аз он рӯз ман  мухлиси Аҳмад Зоҳир шудам ва кӯшиш мекардам,ки дар бораяш бисёртар маълумот дарёфт намоям.Он замон  мани кӯдак дарёфтам, ки соатҳои 12 ба 1-и шаб барномаи Радиои Покистон бо забони дарӣ бо номи «Кокоҷон» амал  мекунад ва ин барнома як барномаи фарҳангӣ ва пур аз шӯхии мардуми Покистон нисбати Афғонистон буда , дар рафти гуфтугӯҳо сурудаҳои Аҳмад Зоҳир садо медодаанд.Ба хушбахтии ман он вақт дар хона ду радиои ба гуфти мардум «спидол» доштем ва онҳо ба хуби мавҷи радиои Покистонро мегирифтанд.Чун замона, замони хуфия буд ва гӯш кардани барномаҳои радиоҳои хориҷӣ  мамнӯъ буд , ман  шабона соатҳои 12 ба 1-и шаб радиоро ба зери кӯрпа медаровардам ва бо ҳузур радиои Покистонро бо умеди шунидани оҳангу таронаҳои ин овозхони маъруф то поси шаб гӯш мекардам ва воқеъан ҳар шаб тариқи барномаи «Кокоҷон» суруду оҳангҳои дилошӯби ин овозхони бузургро пахш мекарданд ва ман ғизои маънавӣ мебардоштам.

Фикр мекунам,ки дар ҳудуди Тоҷикистон  номи Аҳмад Зоҳир аслан баъд аз соли 1976 ва солҳои баъди машҳур шуд.Ман бошам аз барномаи «Кокоҷон»-и Радиои бурунмарзии Покистон хело миннатдорам, ки ҳанӯз аз  соли 1975 барномаҳои онро гӯш намуда, баромадҳои Аҳмад Зоҳирро мешунидам ва роҳат  мекардам.

Солҳои минбаъда , то давраи марги фоҷиавияш аллакай номи Аҳмад Зоҳир ба мисли ситораи тобони нураш фавқулсуръат   доираи марзҳоро шикаста, на танҳо дар ҳамаи кишварҳои порсизабон, Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар Шарқу  Ғарб шӯҳратёр гардид.

Оре ,бузургии санъати мусиқии ноб ва овози фораму дилкаш, ки суруд аз банди ҷигар мебарояд ва табиӣ садо медиҳад дар ҳамин аст!

Ҳамчунин чи тавре, ки устод Султони Ҳамад қайд менамояд Аҳмад Зоҳир навоварии бузургеро анчом дода , мусиқаи шарқро бо мусиқаи ғарб омезиш дод ва ин инқилобе буд дар роҳи ба ҳам овардании мусиқаи ду қитъа. Аслан Аҳмад Зоҳир ва дигар навоварон инҷо кори таърихии худро мисли бастакорону муғаниёни насли Борбади бузург, ки мусиқаи соф ирониро ба ҷаҳон паҳн карда ва бо ҳам пайваст намуда буданд такрор намуданд.Бо ибораи дигар гузаштаи дури таърихии омезиши мусиқаҳои канораҳои ҷаҳонро , ки замоне аз мусиқаи Борбаду ворисонаш манша мегирифт  Аҳмад Зоҳир боз бо ҳам пайванд зад!

Дар хусуси ҷанбаҳои фаъолияти ин шахсияти фарҳангӣ метавон зиёд ҳадс зад.Танҳо ҳаминро аз хотираи кӯдакиям гуфтан мехоҳам, ки он давра вақто,ки шеъреро аз ашъори шуъарои  классиконамон чун Саъдӣ ва Румӣ мехонд ман  сахт меболидам. Баъдан вақто, ки шеърҳои устодони зиндаёд  Абулқосим Лоҳутӣ,  Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва Абдулло Қодириро месароид ба мани мактаббача таъсири сахти равонӣ мерасониданд.

Ифтихор доштам,ки ин нобиғаи бузурги фарҳангии порситаборон шеърҳои шоирони шӯравии тоҷикро месарояд  ва барои ман он давра ин амали Аҳмад Зоҳир як амали бисёр ғайриоддӣ менамуд!

Дар бораи устоди равоншод Аҳмад Зоҳир метавон соатҳо  ҳарф зад. Фақат ҳаминро гуфтан мехоҳам,ки хизмати ин шахсияти бузург дар рушду нумӯъ ва таблиғи забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) на танҳо дар Афғонистон , балки дар кулли ҷаҳон беназир аст.

ahmad-zahir-89564578

Ин хизмати ӯро, оҳангу сурудаҳояш баъди  марги фоҷиабори ӯ то имруз бе миннат давом дода истодаанд. Ин амали ӯ ва оҳангу сурудаҳояшро, ки дар тарғиби забони модариямон анҷом додаст ягон Академияи илмҳои Ирон, Афғонистон ва Тоҷикистон низ якҷоя иҷро карда наметавонанд! Ин андешаи шахсии ман  аст.Фаромӯш набояд кард,ки замони Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва баъдан Довудшоҳ корҳое дар роҳи маҳдудсозии забони тоҷикии дарӣ анҷом дода мешуданд ва ба толеъи пасти ин шоҳон ва толеъи баланди даризабонон чунин шахсияти нотакрор бо шӯру шавқи беандоза рӯи саҳнаи ҳунари Афғонистон    падид омада , тарғибгари  беминнати  забони модарияш гашт ва пояҳои забони дариро барои садсолаҳо дар меҳанаш  бо ҳунари волои хеш кафшер кард!

Гузашта  аз ин тамоми ашъори сурудаи Аҳмад Зоҳир аз ашъори баландмазмуни  шоирони классик ва муосири мо гирифта шуда, бехато бо рӯҳияи баланд хонда мешаванд, ки ин омил низ дар роҳи омӯзиши забони модарӣ, зебопарастӣ ва ифтихоре доштан аз меҳану марзу буми порсизабонон  дар кишварҳои порсизабон, азҷумла Тоҷикистон низ нақши муҳими худро бозидааст. Умуман нақши савту суруди ин нобиғаи бузурги фарҳангии асри 20-и порсизабонон алалхусус дар роҳи худшиносии мардуми шӯравии тоҷик басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз марги фочиавии ин шахсияти бузург инак 38 сол мегузарад.Агар ӯ зинда мебуд онгоҳ имрӯзҳо ба сини мубораки 71 мерасид.Фикр мекунам,ки агар ӯ то ин синну сол мерасид дар фарҳанги овозхонии на танҳо Шарқ балки кули ҷаҳон  овозхони рақами 1 ва инқилобгари тамаддун мешуд.Вале афсӯс зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад  ва ба ин ҳам нигоҳ накарда хизмати ӯ бо умри кӯтоҳаш  ба кули фарҳанги ҷаҳони муосир таъсири беше дорад! Ба назарам ин ҳамааш дирӯз буд,ки он вақт мо мактаббача будем ва дар Тоҷикистони азиз низ ба хотири ин шахсияти бузург мардум афсӯс мехӯрданд, зеро ҳамагон интизори ташрифи ин сарояндаи маҳбуби порсизабон буданд ва худи Аҳмад Зоҳир низ муштоқи дидори ҳамзабононаш буд, вале афсӯс дидори Тоҷикистон барояш муяссар нагашт. Худованд ҳамабин аст ва душманони ин шахсияти нотакрор ва  истеъдоди худодод дошта, яке аз паси дигар ба таври фоҷиавӣ ба қатл расиданд (чи гуна ба қатл расидани Амину писари кӯчакаш дар таърих маълум аст), лекин ному овози ин ҳунарманди  бузург то имрӯз дар ҳар як кошонаи точику порсизабонон ва дигар халкҳо баланд садо медиҳад.

Ва беҳуда  худи ӯ намесароид:

Мард намирад ба марг,марг аз ӯ ном ҷуст,      

Ном чу ҷовид шуд мурданаш осон куҷост!

Оре, ҳақ асту рост.Ба ин сатрҳои воло, нисбати ин шахсият наметавон дигар  чизеро ҳамроҳ кард.

Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!

Варқаи Зайниддин,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, узви ИЖ-и ҶТ,

Аълочии матбуот, маориф, фарҳанг  ва радиою телевизиони  ҶТ.

Корманди фахрии  мақомоти прокуратура, шаҳри Қӯрғонтеппа.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1