11:47:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МАРОСИМИ ГИРОМИДОШТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ПИРӮЗИИ ИНҚИЛОБИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Имрӯз ба ғалабаи Инқилобии исломии Эрон 33 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дирӯз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»- и шаҳри Душанбе маросими гиромидошти «Рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон» ва 33-юмин солгарди пирӯзии инқилобии Исломии Эрон баргузор гардид, ки дар он Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, як иддаъ аз мансабдорони сатҳи баланди Тоҷикистон, дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе, аҳли фарҳангу зиёи Тоҷикистон, рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ширкат варзиданд.  Нахуст мизбонон фазои ин маросими бошукӯҳро бо тиловати оёте чанд аз Каломуллоҳи шариф муаттар сохтанд.

sherdustСипас сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар ин маросим суханронӣ намуда азҷумла иброз дошт, ки «муҳимтарин ва боарзиштарин дастовардҳое, ки ин инқилоб барои Эрон доштааст, касби истиқлоли сиёсӣ, поёни нуфузи бегонагон, бозгашт ба арзишҳои асили милливу динӣ ва низ шукуфоии худбоварии миллат будааст.

Бо пирӯзии инқилобии исломии Эрон ва қатъи султаи бегонагон бар сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миллати мо ба таваккул бар Худованди муттаъол ва бо азм иродаи оҳанини худ тавонист рӯз ба рӯз ақибмондагиҳои даврони гузаштаро ҷуброн намуда ва бо вуҷуди анвои таҳримҳо ва фишорҳои иқтисодиву сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии 8-сола қуллаҳои илму текнолужиро фатҳ намояд».

Дар масъалаи тавлиди силоҳи ҳастаӣ ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ сафири ҶИЭ азҷмла чунин гуфт: «Ғарбиҳо нисбат ба Ҷумҳуриии Исломии Эрон нигарони мавзӯе ҳастанд, ки вуҷуд надорад ва дар Эрон касе ба он фикр намекунад. Яъне тавлиди силоҳи ҳастаӣ. Эрон яке аз имзокунандагони Паймони манъи шоеъоти таслиҳоти ҳастаист. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз солҳо пеш мубтакири ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ буда ва дар ин хусус иқдомоти густурдае анҷом додааст, ки азҷумла бояд ба баргузории ду конфронси байналмилалии муваффақ дар Теҳрон ва мавзӯи халъи силоҳ ва адами густариш ишора кард.

Аммо нигаронии ҶИЭ ва соири кишварҳои минтақа ба хотири вуҷуди ҳаҷми азиме аз силоҳҳои ҳастаии режими саҳюнистист, ки дар канори мо вуҷуд дорад. Бо вуҷуди таҳдидоти ошкоре, ки аз сӯи ин режими то дандон мусаллаҳ барои амнияти минтақа вуҷуд дорад, ин режим узви паймони манъи шоеъоти таслиҳоти ҳастаӣ нест. Ва ҳеҷ тааҳҳуде ба ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ надорад. Ин дарҳолест, ки бархӯрди кишварҳои ғарбӣ, ва ба вижа Амрико бо Исроил ҳамвора дӯстона ва ҳимоятомез будааст».

Алиағари Шеърдӯст дар бораи муносиботи Тоҷикистону Эрон азҷумла чунин гуфт: «ҶИЭ аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро тдар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард. Эрону Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди иштирокоти фаровоне миёни мардуми ду кишвар дар заминаҳои забону фарҳанг, таърих, дин, одобу русум ва низ бо иноят ба иродаи сарони ду кишвар мабнӣ бар тақвият ва густариши муносибати дуҷониба зимни талош барои иҷроӣ кардани тавофуқномаҳо бадастомада бар зарурати ҷустуҷӯи заминаҳои ҷадиди ҳамкорӣ таъкид кардаанд.

Аз замони баргузории муносиботи дипломатик то кунун руасои ҶИЭ аз Тоҷикистон ҳафт бор дидор доштаанд, ки мавриди ахири он сафари оқои Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе дар септомбри 2011 буд, ки дар ин сафар този аввали пружаи азими нирӯгоҳи Сангтӯдаи 2 тавассути ду раиси ҷумҳур ифтитоҳ гардид. Мутақобилан низ раиси ҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон 13 бор ба Эрон сафар намудаанд, ки охирин бори он дар июни 2011 будааст. Ба вижа бояд хотирнишон гардад, ки теъдоди сафарҳои мутақобилаи раисони ҷумҳур дар таи ду соли ахир дар равобити хориҷии ду кишвар камназир буда ва нишондиҳандаи равобити самимона ва стротежики Эрону Тоҷикистон аст ва бино ба фармоиши раҳбари муаззами ҶИЭ дар мулоқоти соли гузаштаи Раиси ҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон бо ишон ин кишвар робитаи хешовандӣ бо Эрон дорад».

Хамрохон ЗарифиДар суханронии табрикотии хеш Ҳамроҳхон Зарифӣ , вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мардуми ҶИЭ ва ҳозиринро аз номи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 33-юмин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон табрик намуда азҷумла иброз дошт, ки «гузаштаи пурифтихори таърихӣ пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ, нажодӣ ва динии муштарак аз муҳимтарин омилҳое ҳастанд, ки Тоҷикистону Эронро дар як ҳавзаи тамаддун қарор медиҳанд ва заминаи заруриро барои ҳамгироӣ бештар фароҳам месозанд.

Мо ҳамеша бо арзи сипос дар ёд дорем, ки ҶИЭ аз зумраи аввалин кишварҳои ҷаҳон буд, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии ҶТ-ро шинохт. Ҳукумат ва ҷомеъаи Тоҷикистон робитаҳои фаъоли гуногунсоҳаро бо ҶИЭ ҳамеша арзишманд ва пураҳмият медонанд. Дар ин росто сафари ҷаноби олӣ доктори Маҳмди Аҳмадинажод а Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли гузашта аз оғози марҳилаи нави тавсиъаи равобити зичи кишварҳои мо башорат медиҳад. Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба дар сатҳи олӣ, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, мубодилаи афкор сурат гирифт ва Созишномаҳои муҳим ба имзо расиданд. Бо қаноатмандӣ мехоҳам таъкид намоя, ки Эрон яке аз шарикони асосии Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.

Мо минбаъд низ омода ҳастем, ки корҳои бештарро ба имзо расонем то зарфияту имкониятҳои мавҷуда дар ин соҳа ба таври муаассир истифода шаванд ва ҳамкориҳои судманди ду кишвари ба ҳам дӯст густариши беш аз пеш пайдо намоянд. Пружаҳои азими нақби мошингарди «Истиқлол», Нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2, ки дар арафаи такмилу анҷомёбӣ ҳастанд, аз беҳтарин намунаҳои ҳамкориҳои судманди ҶТ ва ҶИЭ мебошад. Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф сари вақт мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор бигиранд.

Бояд тазаккур дод, ки зимни равобити пурсамар ва густурдаи иқтисодӣ дар зарфи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии миёни Тоҷикистон ва Эрон панҷ баробар зиёд шуд. Ҷониби Тоҷикистон изҳори умедворӣ менамояд, ки дӯстони эронӣ дар сатҳи олӣ дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва баргузории панҷумин конфуронси ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба Афғонистон иштирок менамоянд. Ва ин фурсати муносиб барои густариш ва таҳкими мносибатҳо мусоидат хоҳад кард».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi