15:12:24 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҚОМИ ТОҶИКОН ДАР ТАЪРИХИ АФҒОНИСТОН - II

Ҳақназар Назаров

                Тоҷикон дар масири тӯлонии худ бо истилогарони хориҷӣ назар ба ҳар кавму қабилаи дигар бештар омехта ва гаравида, онҳоро дар вуҷуди худ маҳлул сохта буданд, банобар ин тамоилу тамоизи умумимиллӣ ва байналмиллалӣ дар вуҷуд ва ниҳодӣ онҳо бешта тақвият ёфта буд. Аз инҷо буд, ки онҳо на танҳо барои манфиати миллӣ ва иҷтимоии худ муҷоҳида мекарданд, балки аз ҳама мазлумон ва ситамдидагони мамлакат пуштибонӣ ба амал меоварданд.

            2 maqomi tojikon 4554 Ҳамин тамоилот ва мутамоизот дар чунин наҳзатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, амсоли Машрутахонҳои аввал, созмони Ватан»-и М. Ғубор ҳизби «Халқ»-и доктор Маҳмудӣ, ҳизби демократии гурӯҳи «Парчам», Созмони Инкилобии Заҳматкашони Афғонистони Тоҳири Бадахшӣ, «Шӯълаи ҷовид»- и бародарои Маҳмудӣ, «Ҷамъияти исломӣ» -и Б.Раббонӣ ба хубй мушоҳида карда мешавад. Дар ҳоле ки бартариҷӯиҳои доимӣ ва миллатгароӣ ва нажодпарастӣ на танҳо мақомоти ҳукуматии Афғонистон, балки баъзе намояндагони аҳли илму адаби паштунро низ ба халкаи назариёти шовинистӣ ва фашистӣ кашонида буд.

              Ҳатто созмонҳои сиёсӣ ва иҷтимоие, ки тавассути онҳо бунёдгузори шуда буданд аз ин гароишот озод набуданд. Таърихи фаъолияти созмони «Веш залмиён», «Афғон миллат», ҳизби демократии гурӯҳи «Халк», «Ҳизби исломи»-и Муҳаммад Юнус Холис, ҷунбиши «Толибон» ва ғайра баёнгари ин воқеият мебошад.

Дар фазо ва муҳити сиёсиву иҷтимоие, ки бартариҷӯӣ, тадъизталабӣ ва миллатгароӣ ба чавкоти сиёсати расмии ҳукуматӣ дароварда шуда буд, магар муаррихони афғон метавонистанд авзои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро холисона ва ҳаққонӣ таҳлил намоянд? Ҳаргиз не! Бинобар ин таърихнигории расмӣ ба таблиғу ташвиқи ҳамин сиёсат ва ҳамду сано ва таърифу тавсифи шоҳон ва хонадони салтанатӣ нигаронида шуда буд. Шоҳон на танҳо сояи Худо дар замин, балки зуҳуроти Аллоҳ таъоло дониста мешуданд, шаъну шавкат ва мартабаи ҳар каломи онҳо ба арзи баланд расонида мешуд, лекин дар асл хеҷ кадоми онҳо ба истиснои чанд нафар шоистагии салтанатро надоштанд, ғосибона ба сари қудрат расида буданд.

Маҳз аз касофату беаклии онҳо буд, ки Афғонистон дар ду-се қарни охир ҳеҷ пешравии арзандае ба даст наоварда буд. Хуросон, ки як замон кишвари мутамаддин, обод ва шукуфони шарқ ба шумор мерафт, ба акибмондатарин мамлакат мубаддал гашт ва имрӯз дар вартаи халокат, хориву забунӣ, харобиву алангорӣ қарор дорад ва гунахкори хама бадбахтиқо ва мусибатҳо ҳокимони борикзоӣ ва муҳаммадзоӣ мебошанд. Онҳо на танҳо муҷиби ақибмонии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангии мамлакат шуда буданд, балки ба пешравии илму маърифат ва аз ҷумла таърихнигорӣ низ монеъ шуда буданд. Мақомоти расмии Афғонистон ҳатто ба паҳн шудани асарҳои олимони шарқшиноси хориҷӣ, ки ҳакикатро дар бораи Афғонистон менавиштанд ва аз мавқеъи қабилагароӣ ва миллатгароии онҳо ҷонибдорӣ намекарданд, мамоният нишон медоданд.

Масалан, дар соҳаи шарқшиносии шӯравӣ таҳқиқоти барҷастатаре аз асари И.Рейснер «Рушди муносибати феодалӣ ва ташаккули давлати афғонҳо» (Маскав,1953) офарида нашудааст, лекин азбаски дар асари мазкур роҷеъ ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии афғонҳо бисер ҳақиқатҳои талх дар асоси манбаъҳо ва маъхазҳо оварда шудааст ва мақоми фарҳангии тоҷикон бо далелу бурҳонҳои радношаванда нишон дода шудааст, тарҷума ва нашри он дар Афғонистон ба амал наомадааст. Ҳол он ки бисёр асарҳое, ки ба сиёсати миллатгароёнаи онҳо созгору муввофиқ буданд дар Афғонистон ба табъу нашр расиданд.

Ғайр аз И.Рейспер боз пайравони мактаби илмии вай П.Алексеенков асаре ба номи «Масъалаҳои арзӣ дар Туркистони Афғонистон» (Маскав, 1932), Р.Ахрамович рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Масоили умдаи мардумони ғайри афғон дар Афғонистон» (Маскав, 1933) таълиф намуда буданд, ки аз мавқеи тоҷикон ҷонибдорӣ мекарданд. Пас аз он ки робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон ривоҷу равнақ гирифтанд, асаре, ки аз мавқеи тоҷикон ҷонибдорӣ мекарда бошад, таълиф нашудааст ва онҳо ба ҳайси ақалият миллӣ ба қалам дода мешуданд. Бо мурури замони ҳисси миллӣ ва шарофати инсонии мардумони мазлум ва ситамдидаи Афғонистон ва аз он ҷумла тоҷикон низ бедор шуд ва онҳо дигар ба сохтакориҳо ва дурӯғбофиҳои таърихнигории расмӣ таҳаммул карда натавонистанд.

Пас аз он, ки онҳо бо асарҳои олимони хориҷӣ ошноӣ пайдо карданд, қолабҳои кӯҳнаи таърихнигориро шикастанд ва дар соҳаи омӯхтани таърихи хакикии Афғонистон қадамҳои ҷидлӣ бардоштанд. Ташаббускорй чунин иқдом М. Ғубор буд, ки соли 1967 асаре ба номи «Афғонистон дар масири таърих»-ро ба чоп расонид. Лекин асари мазкур баробари нашр шудан тавкиф шуд ва мутолиаи он дар Афғонистони мамнуъ қарор гирифт. Баъд аз 20 сол асари дигар донишманди афғон Мир Муҳаммади Сиддиқи Фарҳанг бо номӣ «Афғонистон дар панҷ қарни охир» соли 1988 дар Амрико чоп шуд, ки дар он аз осори забони англисӣ васеъ истифода шудааст.

Ин ду асар нуктаи баланди таърихнигорӣ дар Афғонистони ба шумор меравад ва аз тарафи муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ баҳо баланд гирифтаанд. Бо вуҷуди он ки аз давраи нашри асарҳси мазкур солҳои зиёд гузаштааст, лекин баҳсу мунозираҳо дар атрофи онҳо хомӯш нашудааст, мунаққидон онҳоро бо ҳам муқоиса карда, баъзеҳо асари М. Ғубор ва дигарон таълифоти М. Фарҳангро тарҷех додаанд. Муаллифи ин сатрҳо асарҳои номбаршударо бо алокамандии хоса мутолиа намуда, аз онҳо истифодабарии васеъ ба вуҷуд оварлааст. Агар дар асари М.Ғубор ба таьрихи гузашта таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуда башад, пас М.Фарҳанг бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллии давраи муосирро тахлил ва баррасӣ намуда аст ва аз ин лиҳоз ҳарду асар якдигарро пурра мегардонанд ва ҳар кадоми онҳо дорои яхамияти баланди илмӣ мебошанд ва сазовар аст, ки мактаби таърихнигории онхо ривоҷӯ равнак дода шавад.

Дар таълифоти М.Ғубов ва М.Фарҳанг раванди умумии таърихи Афғонистон муайян карда шуда, масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва ҳам сиёсати хориҷии мамлакат ба тафсил баррасӣ шудааст, муаллифи ин сатрҳо барои нишон додани мавкеи халки заҳматкаш ба сифати созандагони таърих ва офарандагони неъматҳои моддӣ ба масъалаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бештар эътибор додаст, зеро танҳо дар ин замина раванди ҳақиқии таърихро муайян кардан мумкин аст.

Иқтисодиёти Афғонистон асосан ба василаи тоҷикон ва дигар халқҳои ғайри афғон чарх мезад, маҳсулоти миллӣ ва молҳои тиҷорати хориҷӣ аз ҳисоби ранҷу меҳнати онҳо ҳосил карда мешуд. Манотиқи сукунати паштунҳо дар вилоятҳои шарқӣ ва ҷанубӣ аз қисматҳои ақибмонда ва қашшоқи Афғонистон ба ҳисоб мерафтанд. Тафовути фоҳише байни сатҳи зиндагии моддӣ ва маънавии онҳо ва дигар сокинони мамлакат вуҷуд дошт. Масалан, дар аввали солҳои 70-ум даромади солонаи аҳолии минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқӣ 2 ҳазор афғониро ташкил медод, ҳол он, ки ин рақам дар Бағлон 6-7 ҳазор ва дар Кундуз ба 5 ҳазор мерасид. Саводнокӣ дар байни паштунҳо танҳо ду фисадро ташкил медод, дар ҳоле, ки ин рақам дар қисмати дигари Афғонистон аз бист фисад ҳам мегузашт.”

Аз ин лиҳоз вилоятҳои шарқӣ ва ҷанубӣ худро таъмин карда наметавонистанд ва таъминоти онҳо аз ҳисоби мардумони минтақаҳои дигари Афғонистон сурат мегирифт. Пайдо кардани рақамҳои эҳсоявӣ дар хусуси даромаду баромади вилоятҳои гуногуни Афғонистони муяссар нашуд, лекин аз рӯи казовати мутахассисони хориҷӣ минтақаии сукунати паштунҳо «масрафкунанда» манотиқи ғайри паштунҳо «тавлидкунанда» шуморида мешуданд. Аз ин гузашта дар солҳои ҳукумати зоҳиршоҳӣ барои қазияи Паштунистон миллионҳо афғонӣ сарф шудааст, ки бори вазнини он бар дӯши мардуми ғайри афғон буд. Илова бар ин дар вақтҳои охир дар зери ниқоби муҳофизати сарҳадоти машриқӣ ва ҷанубӣ боз ҳам аз дасти худи паштунҳо онҳо аз хидмати аскарӣ озод карда шуда буданд.

Вале масъалаи аз ҳама буғранҷи иқтисодии Афғонистонро дар як қарни охир масъалаи интиқоли қабоили афғони вилоятҳои ҷанубӣ ва машриқӣ ба вилоятҳои шимоливу ғарбии мамлакат ташкил медод ва муҳоҷирони афғонӣ ба таври зӯрӣ ва фишор дар заминҳои мардумони ин минтақаҳо, ки иборат аз тоҷикҳо, узбакҳо ва хазораҳо буданд, сокин карда мешуданд ва бо гузашти замон худашон ба деҳқонони иҷоракор табдил дода мешуданд. Дар заминаи чунин бедодгариҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муносибатҳои миллӣ ҳамеша буғранҷ ва тезу тунд будааст ва имрӯз ҳамин яке аз масъалаҳои доғи ҳайёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро ташкил медиҳад ва иллали кашол ёфтани ҷанги бародаркӯшӣ шудааст. Масъалаи мазкурро ҳатто ҳукумати ҷумҳурии демократӣ, ки лофи бародарӣ ва баробарӣ мезад, ҳаллу фасл карда натавониста буд ва ба эътирози шадиди мардуми мазлум ва ситамдида ва ҳатто вакилони Шӯрои миллӣ дучор шуда буд.

Тамоми авомил ва матолиби фавқуззикр муаллифи ин сатрҳоро ба он далолат намуд, ки аз мардуми заҳматкаш ва фидокори тоҷик, ки дар таърихи гузашта ва имрӯзаи Афғонистон нақши арҷманд ва шоиста доштаанд ва доранд, ҳимоят ва пуштибонӣ ба амал оварад ва асари худро ба ҷонибдории онҳо бахшад. Барои ин манзур муаллиф аз манбаъҳои гуногуни афғонӣ, адабиёти русӣ ва шӯравӣ васеъ истифода намудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки ба баъзе маҳдудиятҳои сиёсӣ ва фишорҳои идеологӣ нигоҳ накарда муаллифони русӣ ва шӯравӣ дар бораи ҳайёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон таҳқиқотҳои пурарзише аз худ боқӣ гузоштанд, ки то имрӯз аз онҳо дар таърихнигории афғонӣ истифодабарии дуруст ба амал наомадааст. Ҳоло он ки таҳқиқотҳои онҳо барои муқаррар кардани раванди ҳақиқии таърихи Афғонистон дорои аҳамиятӣ калони илмӣ мебошад.

Он чи ки ҳоло ба манзури шумо хонандагони гиромӣ пешниҳод карда мешавад, бобҳо ва фаслҳои он ба асоси инкишофи хамин равандҳои дохилӣ муайян ва муқарар карда шудаанд. Дар бобхо ва фаслхои алоҳидаи он масъалаҳои сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба асоси як пайванди дохилӣ ва иртиботи мантиқ қолабрезӣ шудааст ва муаллиф аз унвонгузориҳои хурду реза худдорӣ намудааст. Гароишҳои ҷудогона ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ низ маҳз ба хотири равшани кардани масъалаҳои раванди дохилии таърихи Афғонистони ба амал омадааст.

Имрӯз меъёрҳои таърихнависӣ тағйир ёфтааст ва ҳар кадом яз пайравони таълимотҳои идеологӣ аз мавкеи худ ба ин масъала назар меандозад. Ба миён овардани масъалаҳои иқтисолӣ ва иҷтимоӣ иштибоҳан зуҳуроти марксистӣ дониста мешавад ва маҳкум карда мешавад. Лекин агар матлаби таърихнигорӣ халки заҳматкаш ба сифати созандаи ҳақиқии таърих ва офарандаи неъматҳои моддӣ буда бошад, магар авомили дигаре барои холисона ва мунсифона таққикқ кардани раванди зеҳнӣ ва айнии таърих вуҷуд дорад? Аз ин лиҳоз таърихнигории мунсифона тақозо мекунад, ки раванди таърихӣ ба асоси мавод ва манбаъҳои мувассақ, вобаста ба муҳит ва шароити вокеӣ омӯхта шавад, мубориза ва муҷоҳидаи халқи заҳматкаш бар зидди зулму золимӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ бояд ба дурустӣ арзёбӣ шавад ва ғайраҳо. Ҳамаи ин матолибест, ки ба асоси қазовати илмӣ, амри табий ва хаққи мусаллами инсонӣ бунёдгузорӣ шудааст. Маълум аст, ки ҳеҷ як таълимоти идеологӣ комилан мукаммал ва бе айбу нуқс набудааст ва таълимоти материалистӣ низ аз ин қоида истисно набуд ва дар он ирфот ва инҳирофоти зиёде вуҷуд дошт.

Дар ҳоли ҳозир як фазои озоди идеологӣ барои ҳар кадом таълимот ба вуҷуд омадааст ва ҳар кадоми онҳо метавонанд озодона мавкеъ ва назариёти худро баён кунанд ва ҷонибдории худро аз ин ё он мафкураи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ изҳор доранд. Аз ин лиҳоз агар холисона ва мунфисона қазоват шавад, таълимоти социалистӣ ҳам мустаҳақ аст, ки аз мавқеи худ тарафдорӣ намояд? Агар ҳадафи инсоният иборат аз барпо кардани ҷомеаи озод, мураффаъ ва демократӣ ва муҳайё сохтани шароити моддӣ, ақлӣ ва ахлоқӣ барои инсони комил ва мутамаддин буда бошад, пас низомҳои социалистӣ ва демократӣ, ки ҳадафи худро иборат аз таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи халқи заҳматкаш медонад, ҳаққи мусаллами мавҷудият доранд. Дар чунин маврид хақ ба ҷониби шоири шаҳири мо А.Лоҳутӣ мебошад, ки фармудааст;

Яке Руму яке Юнон парастад,

Яке куфру яке имом парастад...

Яке озодии Ирланд хоҳад,

Яке ободии Афғон парастад….

Агар аз кеши Лоҳутӣ бипурсй

Наҷоти фаълаву деҳқон парастад.

Дар хотимаи ин пешгуфтор зарурат ба ёдоварист, ки ҳаргоҳ муаллифи ин сатрҳо аз мавқеъи мардуми мазлум ва ситамзадай тоҷики Афғонистон ҳимоят пуштибонӣ ба амал оварда бошад, ҳаргиз ин далели он шуда наметавонад, ки муаллиф тоҷиконро муқобили афғонҳо гузоштааст ва якеро бар зидди дигаре ташвик ва тарғиб менамуда бошад, аз чунии кирдор ва амали бад Худо нигоҳ дорад. Балки ҳадаф аз нигориши ин хақиқати талхи таърихӣ боз ҳам барои он аст, ки мукарраран таъкид карда шавад ва ҳамагон аз мутолиа ва мушоҳидаи оқибатҳои вазнини сиёсати табъизхоҳӣ ва тафрикаандозии ҳукуматҳои гузаштаи Афғонистон бояд панду сабак бигиранд ва барои наслҳои хозира ва ояндаи мамлакат талқин ва тавзеҳ намоянд, ки то вақте ки халқҳои Афғонистон паштунҳо, тоҷикҳо, хазораҳо, узбекҳо ва ғайра бародарона ва мусовиёна ҳаёт ва зиндагии худро аз рӯй усулҳои адолати иҷтимоӣ, муқаррароти исломи ҳақиқӣ, мурооти қонун ва қоидаҳои байналмилалӣ ва инсондӯсти ба роҳ наандозанд, сулҳу салоҳи доимиро дар мамлакати худ ҳаргиз пойдор ва устувор карда наметавонанд. Рафоҳияту саодати як халк аз ҳисоби бадбахтӣ ва хонахаробии халқи дигар таъмин шуда наметавонад. Ин як ҳақиқати мусаллам аст, ки бояд дар зеҳни мо ҳамеша ҷо дошта бошад.

Дар анҷоми ин пешгуфтор муаллиф аз донишманди таърих ва фарҳанги Афғонистон мӯҳтарам Салватшо Мерганов, ки дастнависи ин асарро дақиқан мутолиа намуда, эродҳо ва муътакидоти пурарзиши худро арза намудаанд, ташаккури зиёд баён мекунад.

Ниҳоятан вазифаи худ медонам, ки ба мӯҳтарам Зуҳурмуҳаммади Ёрмуҳаммад, раиси Кумитаи сангҳои қиматбаҳои ҷумҳурӣ ва инчунин мӯҳтарам Қурбонмуҳаммади Сангмуҳаммад, раиси раёсати бармакорӣ ва инфиҷори ҷумҳурӣ, ки дар табъу нашри ин асар мусоидат намудаанд, миннатдории хешро изҳор намоям.

Поён

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi