21:13:07 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳо аз рӯзгори Эшони Султон, аҷдод ва пайвандони ӯ – 3

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Шайх Шаҳобиддини Валӣ ба деҳаи Чормағзак омада шогирдаш Абдулҳайро барои ба зиндагонии муқаррарӣ баргаштан ҳидоят мекунад.

namunai-khat_554565.jpg

Аниқтараш ӯро аз чиллахона гирифта ба масҷид меораду ба ӯ хотиррасон мекунад, ки дар тариқати нақшбандия сармашқи фаъолият шиори бузургвор Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд ин "дил ба ёру даст ба кор, хилват дар анҷуману сафар дар ватан" аст. Баъд аз ин даъвати устодаш Шайх Абдулҳайи Муҷиахарфӣ гӯшаи узлатро тарк намуда ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардад.

Шайхи Муҷахарфӣ дар бораи устодаш ду шеър навиштааст. Яке дар шакли ғазал, дигар дар шакли қасида. Ғазал "Дар мадҳи ҳазрати пири дастгир муршиди аҳли замон соҳибдили ойинадил" ном дорад:

Қатили теғи ишқи ҳазрати Субҳон Шаҳобиддин,

Адиби раҳнамоёни раҳи ирфон Шаҳобиддин.

Бувад соҳибдилу дарёдилу ойинаи софе,

Бишуста занги гарди ғайр аз ҷон Шаҳобиддин.

Дар ин охирзамон чун ӯ валӣ пайдо намебошад,

Баҳоваддини сонӣ Аҳмади даврон Шаҳобиддин.

Чу мардум гарчи зиннат медиҳад ӯ зоҳири худро,

Кунад аз аҳли зоҳир ҳоли худ пинҳон Шаҳобиддин.

Ба як наззорааш сад тафсия дар дил кунад зоҳир,

Муридонро намояд раҳ ба Ҳақ пинҳон Шаҳобиддин.

Бувад кашфи камолоту каромоташ зи ҳад афзун,

Муҳити роҳи ишқу машраби майдон Шаҳобиддин.

Бувад дар ҷанби нури офтоби фазли ӯ яксар,

Чу зарра дигарон печон маҳи тобон Шаҳобидин.

Киро шояд ки дар ҷанби каромоташ кунад даъво,

Бузургони замонанд чокарони он Шаҳобуддин.

Муридонаш ҳама соҳибдилу соҳибкаромотанд,

Зи дасти дӯст нӯшанда майи ирфон Шаҳобиддин.

Зи ишқи Ҳақ таъоло оташе дар сина бинҳода,

Муҳаббат пеша дорад бо дилу бо ҷон Шаҳобиддин.

Биҳамдиллоҳ дар ин вақти зуҳури куфру бидъатҳо,

Ба лутфи Ҳақ маро шуд раҳнамои ҷон Шаҳобиддин.

Ғуломи шаҳсавори арсаи майдони ирфонам.

Муқими Ёзғанду зубдаи пирон Шаҳобиддин.

Дили ман доимо дар интизори як нигоҳи ӯст,

Бувад дар асри худ қутби ҳамон мардон Шаҳобиддин.

Ба ҷону дил ғуломӣ соз, Абдулҳай, агар хоҳӣ,

Ки роҳи маърифат ёбӣ ба нури ҷон Шаҳобиддин.

***

КАРОМОТИ ШАЙХ  ШАҲОБИДДИНИ ВАЛӢ

Дар ҳамин давра ҳазрати эшони шайх Шаҳобиддини Валӣ аллакай аз худ каромот нишон медод. Масалан, боре шайхи машҳури Деҳнав Сӯфӣ Аллоҳёр ӯро бо каромоташ ба Деҳнав даъват мекунад. Ҳамроҳи бархе аз муридону шогирдонаш озими Деҳнав мешавад. Вале аз сарҳад онҳоро бо баҳонае гузаштан намемонанд. Сипас бори дигар ҳазрати эшони шайх Шаҳобиддин худаш танҳо пинҳонӣ ба Деҳнав меравад. Чанд муддат дар чиллахонаҳои кӯҳии яке аз қаряҳои Деҳнав, ки масҷиди Сӯфӣ Аллоҳёр он ҷо будааст, чилланишинӣ мекунад.

n.muhammadikrom_45545455.jpgСе рӯз пеш аз ид аз чилла мебарояд ва ба назди имом- хатиби шиносаш меояд. Имом- хатиб, ки дар баробари донишманд буданаш фақир будааст, бо ҳасрат ба ӯ шикоят мекунад, ки калоншавандагони деҳа мехоҳанд дар намози ид хеши худашонро, ки навакак мадрасаи Бухороро хатм карда омада будааст, пеш гузаронанд. Ҳазрати эшон танҳо боре аз яке аз калоншавандагон хоҳиш мекунад, ки бигузор дар намоз имом -хатиби фақир пеш гузарад, вале онҳо қабул намекунанд. Рӯзи ид шогирди хатмкарда намозро имоматӣ карданӣ мешавад. Ӯ баъди ният кардану "Аллоҳу Акбар" гуфтан дигар овоз намебарорад. Чанд дақиқа интизор мешаванд, вале дигар овозаш намебарояд.

Сипас ӯро аз намозгоҳ хориҷ мекунанд. Эшони Шайх Шаҳобиддин дар ин вақт ба имом -хатиб ишора мекунад, ки пеш гузарад. Ҳамин тариқ намозро имом хатиби фақир имоматӣ мекунад. Баъд аз ин кор мардуми зиёде ба эшон ихлос ва бо ӯ аҳди муридӣ мебанданд. Ҳоло дар бархе аз минтақаҳои Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон муридони эшони Шайх Шаҳобиддини Валӣ хеле зиёданд, ки ба сабаби шоҳиди як каромоти ӯ будан ба ӯ ихлос бастаанд. Яъне бо каромоташ ӯ онҳоро ба муридӣ кашидааст.

Эшони Шайх Шаҳобиддини Валӣ зимистонро дар Янқӯрғон, тирамоҳро дар Яхакпаст ва тобистонро дар Ёзғанд мегузаронидааст. Эшони Шайх Шаҳобиддини Валӣ соли 1902 дар деҳаи Ёзғанд дунёи фониро падруд гуфт.

Пеш аз маргаш эшони Шайх Шаҳобуддини Валӣ эшони Султонро ҷойгузини худ эълон мекунад.

ЭШОНИ СУЛТОН-ҶОЙГУЗИНИ ШАЙХ ШАҲОБУДДИНИ ВАЛӢ

Эшони Султон аз Бибӣ Халифа дар Яхакпаст таваллуд шудааст. То 10- солагиаш дар ҳамон ҷо зистааст. Баъдан ӯро ба Ёзғанд меоранд. Ӯ шояд дар охирҳои солҳои ҳафтодум ва ё аввалҳои солҳои ҳаштодуми асри 19 таваллуд шуда бошад. Чунки дар замоне, ки дар Бухоро инқилоб мешавад (соли 1920 Ҳ.С.), ӯ чилу панҷ сол доштааст, менависад Николай Кисляков. Вақти вафоти падараш эшони Султон тахминан 25-27- сола будааст.

Таълимоти ибтидоиро дар Ёзғанд дар назди муфтӣ Мулло Ҳайит ва мулло Назар ҷудо аз дигар кӯдакони Ёзғанд мегирад. Вақте синни эшони Султон ба 12 мерасад духтареро бо номи Гулбаҳор, аз духтарони эшонҳои Кӯлоб ба ӯ ба занӣ медиҳанд.

Эшони Султон жар зиндагияш  се маротиба издивоҷ кардааст. Зани аввалааш дар Ёзғанд мезист, дуввумаш дар Яхакпаст ва сеюмаш дар Ҳисор зиндагонӣ мекард. Аз ин се зан танҳо як духтар дошт, ки дар овони кӯдакӣ вафот мекунад.

Эшони Султон дар назди муридони падараш, ки аз олимони шинохтаи замон ба ҳисоб мерафтаанд, таълими динӣ мегирад ва ҳатто домоди яке аз онҳо мешавад.

ЭШОНИ СУЛТОН ВА АТРОФИЁНИ Ӯ

Амири вақти Бухоро амир Олимхон  ӯро ба дарбораш ба меҳмонӣ даъват мекунад. Агарчи падару бобокалони эшони Султон аз тарафи амири Бухоро қадрдонӣ шуда бошанд ҳам, вале онҳо ба Бухоро нарафтаанд ва бо амири Бухоро дидор накардаанд. Эшони Султон дар умури тиҷоратиаш одами махсусе дошт, ки ӯро Ҳасанбой меномиданд ва корҳои тиҷоратиашро ӯ пеш мебурд.

Ҳасанбой аз калонтарин бойҳои минтақа ба ҳисоб мерафт. Ӯ аз кӯҳистон гову молро гирифта ба Андиҷон ва дигар шаҳрҳои калонтар бурда фурӯхта аз он ҷо молҳои саноатиро ба Хитой мебурд ва аз Хитой чизҳои дар кӯҳистон заруриро ба ин ҷо меовард. Эшони Султон бошад бо такмили илми худ  машғул буд.

Ӯ асосан бо олимону сӯфиҳо муколимаву мунозира мекард. Баъзан ба саҳро баромада бо деҳқонони одӣ суҳбатҳо менамуд ва ҳатто сари юғу испор истода гоҳҳо шахсан замин шудгор низ мекард. Бо истинод ба шоҳидон нақл мекунанд, ки дар он замон дар ҳамин Ёзғанд барои хӯроки меҳмонон ва аҳли хонаводаи эшонҳо дар як рӯз то 5-6 бузу гӯсфанд забҳ мекардаанд.

Одамони зиёди ношиносе дар хонаи эшони Султон кору зиндагонӣ мекарданд. Бархе агар ба талаби илм омада бошанд, қисми дигар ба қасди муридшавӣ меомадаанд. Қисмати дигар хонаи эшони Султонро аз дасти золимони замон ҷои амнтар ёфта онро ҳамчун паноҳгоҳ истифода мекардаанд. Паноҳҷӯён медонистанд, ки аз хонаи эшони Султон бурдани онҳо кори чандон осоне нахоҳад буд.

Бархи дигареро барои табобат меоварданд. Аксарияти онҳо баъди шифо ёфтан то дер дар хонаи эшони Султон хизмати ӯро мекарданд, баъзеашон ҳатто дигар ба ҷое намерафтанд. Реҷаи кории эшони Султон хеле ҷолиб буд. Аз ҳамаи одамон дида дертар, соатҳои яки шаб хоб мекард ва аз ҳама барвақттар, қабл аз азони намози бомдод аз хоб мехест.

Намози бомдодро ҳамеша бо ҷамоат мехонд. Баъди хондани намоз бо шогирдон, бо сӯфиҳо дар баҳсу муколима мебуд. Хӯроки субҳгоҳиро низ хеле барвақт мехӯрд. Хӯрокаш ҳамеша фатири гарм, ширчой ё ширбиринҷ ва ё боз як хӯроки дигаре, ки аз ҷурғот ва шир тайёр мекарданд, буд.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi