20:45:24 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тақдири талхи кайҳоннаварди афғон

Ё Абдулаҳади Муманд чӣ тавр умри дубора дид?

12 апрел- Рӯзи кайҳоннавардӣ, фатҳи кайҳон эълон шуда, он ҳамасола дар сайёра таҷлил мегардад. Юрий Гагарин- нахустин кайҳоннаварди руси Шӯравии собиқ аст, ки соли 1961 тавассути сафинаи "Восток-1" роҳ ба кайҳонро кушод. Шӯравӣ собит сохт, ки акнун кайҳонро низ дар ихтиёр дошта, метавонад амрикоиҳоро, ки ба сохти сотсиализм душманӣ меварзанд, дар қитъаи Амрико ва кунҷу канори дунё ба зону шинонад. Фатҳи кайҳон дар оғоз ҷанбаи сиёсӣ дошт. Бо парвози амрикоиҳо ба кайҳон ва дастрасӣ ба Моҳ, дар соли 1963, ҷанги сард қадре коҳиш ёфт ва фатҳи кайҳон ҷанбаи илмӣ-тадқиқотӣ пайдо намуд.

1 abdulahadi-mumand 2014Аммо Шӯравӣ барои тасхири ҷаҳон ва вусъати сотсиализм сиёсаташро моҳирона тағйир дода, фатҳи кайҳонро байналмилалӣ эълон кард. Дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми қарни гузашта дар баробари шӯравиҳо Жугдердэмийдин Гуррагчаи муғул, Педро Дукесии испанӣ, Мирослав Гермашевскии лаҳистонӣ, Султон ас-Сауди араб, Илан Романи яҳуд, Музаффар Шукори молайзӣ, Солеҳҷон Шарипови тоҷик(Қирғизистон), Мӯсо Манорови озарӣ ва даҳҳо дигарон меҳмони кайҳон шуда, ҳафтаҳо дар сафинаи илмӣ-тадқиқотии кайҳонии "Мир" барои кишварҳои худ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом доданд.

Дар чунин гирудори айёми пуртаҳлукаи ҷаҳон 29 августи соли 1988 шаҳрванди 29-солаи афғон Абдулаҳади Муманд бо ҳамроҳии кайҳоннаварди Шӯравӣ Александр Ляхов тавассути киштии кайҳонии "Союз ТМ-6" ба кайҳон парвоз намуд. Ин дар ҳоле рух дод, ки ба суқути ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ дар Ҷумҳурии демокротии Афғонистон солҳои башумор боқӣ монда буд. Барои афғонҳо, бахусус ба кишваре, ки дар сохти асримиёнагӣ қарор дошту муҷоҳиддини он тӯли беш аз даҳ сол алайҳи Шӯравӣ меҷангид, чунин навгонӣ ҳеҷ аҳаммияте надошт.

Абдулаҳади Муманд як паштутабори шиндонӣ, ки бо амри тақдир муддати 8 рӯз дар сафинаи илмӣ-тадқиқотии кайҳонии "Мир" иқомат дошту аз онҷо марзи Афғонистонро аккосӣ кард, ин сарзамини саросар кӯхсорро хеле зебо дид. Моҳи сентябр ҳам бошад дар қуллаҳои кӯҳҳои Ҳиндукуш барфҳо ва пиряхҳо нуқравор медурахшиданд. Ӯ кишварашро хеле зебо дид. Дар телемосте, ки миёни сафинаи "Мир" ва Маркази парвозҳои кайҳонӣ барпо гашт, Наҷибуллоҳ аз Маскав Абдулаҳади Мумандро табрик гуфт ва ӯро қаҳрамони Афғонистон эълон кард.

Абдулаҳад Муманд бо ҳамкории кайҳоннавардон Владимир Титов ва Мӯсо Маноров, ки шаш моҳ боз мизбони сафинаи "Мир" буданд, тарҳи харита-атласи Афғонистонро тартиб дод ва дигар корҳои вобаста ба кӯҳкориро муваффақона анҷом дод. Муҳлати 7 рӯзи парвоз дар кайҳон барои киштии "Союз ТМ-6" ба анҷом расид. Абдулаҳад Муманд ва Владимир Ляхов тавассути киштии "Союз ТМ-5" амри бозгашт ба заминро гирифтанд. Омодагиҳои бозгашт хуб буданд, кайҳоннаварди ботаҷриба В.Ляхов ҳеҷ гумон надошт, ки дар фурудоӣ чунин ҳаводис рух медиҳаду асбоби роҳнамоӣ ва дастгоҳи тормози киштӣ аз кор мебарояд.

Кайҳоннавардон дар пешорӯи худ марги эҳтимолиро диданд. Солҳои қаблӣ ботаҷрибатарин кайҳоннавардон дар фазо чунин авроизро бартараф карда натавониста, дар бозгашт ҷонҳои ширини худро аз даст доданд. Ҳодисае, ки ба сари кайҳоннавард Владимир Ҷонибеков рух дода буду дар бозгашт ҳалок гашт, айнан ҳамин авориз буд. В.Ляхов вазъро ба Марказ расонд, амр гирифт, ки фурудоиро боз як шабонарӯз тамдид намояд, аммо киштӣ аз сафинаи "Мир" ҷудо шуда буд ва ҳаёту мамоти кайҳоннавардон ба сарнавишт ва донишу таҷрибаашон бастагӣ дошт.

Дар кӯраи киштӣ, ки В.Ляхов ва Абдулаҳад рӯ ба рӯ менишастанд, ҳаво -оксиген барои ба таъхир гузоштани фурудоӣ кофӣ набуд, аммо барои сарнишинони киштӣ илоҷи дигаре вуҷуд надошт. В.Ляхов-муҳандиси ботаҷриба тавонист то ҷое механизми тормозро таъмир намояд, аммо дастгоҳи роҳнамоӣ дуруст кор намекард. Барои мо дигар роҳе вуҷуд надошт, мегӯяд В.Ляхов, дар зиндагиам бори аввал хунсардона таваккал кардам ва дар ҳолати навмедӣ баъди як шабонарӯзи мубориза бо марг сиҳату саломат ҳамроҳи Абдулаҳади далеру нотарс ба Замин фуруд омадем.

2 abdulahadi-mumand 2014Дар Маскав ба зинда мондани кайҳоннавардон В.Ляхов ва Абдулаҳади Муманд ҳеҷ боварие надоштанд. Ҳангоми ба қаҳрамонони кайҳон супурдани Ситораи тиллоӣ ва ордени Ленин роҳбари вақти Шӯравӣ М.Горбачёв ба кайҳоннавард Абдулаҳади Муманд рӯ оварда гуфт, ки ӯ ба гирифтани унвони баланди Шӯравӣ- Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шахси сазовор аст. М.Горбачёв ҳам аз ҳаводиси рухдода огоҳ буд, вале ҳангоми ҷоизасупорӣ аз ёддоварии ҳаводис худдорӣ намуд.

Ва танҳо хотиррасон сохт, ки Абдулаҳади Муманди қаҳрамон таҳсилро дар академияи ҳарбӣ-ҳавоии ба номи Ю.Гагарин бомуваффақона хатм карда, барои идомаи таҳсил ба Академияи генералии Ситоди қувваҳои низомии Шӯравӣ ба номи К.Е.Ворошилов шомил шудааст. Ин баҳои баландро роҳбари кишвари шӯроҳо ба кайҳоннаварди хориҷӣ, шаҳрванди Афғонистон Абдулаҳади Муманд ботаъкид хотиррасон намуд.

Охири моҳи сентябри соли 1988 ҳукумат беш аз як миллиён шаҳрвандони Кобулро барои истиқболи кайҳоннавард, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Абдулаҳади Муманд - ба кӯчаҳою ҷодаҳо баровард. Доктор Наҷибуллоҳ дар қасри Гулхона Абдулаҳади Мумандро Қаҳрамони Афғонистон эълон карда, ба синаи ӯ ордени "Офтоби озодӣ"-ро часпонд. Ин пирӯзиро муддати як ҳафта дар саросари кишвар намояндагони қавму қабоил ва миллатҳои сокини Афғонистон ба таври хоса таҷлил намуданд. Дар зодгоҳи қаҳрамон- вулусволии Шиндони вилояти Ғазнӣ мардум як моҳ тӯю сур нишон дода, даҳҳо ҳазор одамон ба писарони навзод Абдулаҳад ном гузоштанд.

Соли 1989, баъди хатми Академияи ба номи К.Е Ворошилов Абдулаҳади Муманд бо супориши Шӯравӣ ба Кобул баргашт. Маскав дар шаҳри Кобул филилали Маркази тадқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Шӯравиро боз намуд, Абдулаҳади Муманд дар онҷо ба таҳқиқ пардохта, харита-атласи кишварро ба пуррагӣ омода намуд. Наҷибуллоҳ, ки суқути ҳукуматашро аллакай то ҷойе медонист, хост аз обрӯйи узви Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон Абдулаҳади Муманд истифода намояд ва кайҳоннаварди муҳаққиқро ба сиёсат кашид ва ӯро хилофи пофишории Маскав муовини аввали вазири авиатсияи кишвар таъин намуд.

Суқути Шӯравӣ наздик меомад, ҳамкорҳои Маскаву Кобул дар омӯзиши кайҳон қатъ шуда, Абдулаҳади Мумандро дилсардӣ фаро мегирифт. Дар ватан ҳам бошад ба Шӯравӣ дилкашолӣ дошт ва мехост таҳқиқоти харитасозӣ-атлассозиро идома бахшида, ҳаёти ояндааашро пурра ба илми кайҳон бахшад, зеро устодон ба дониши ӯ баҳои баланд дода буданд. Ӯро Шӯравӣ аз курси дуюми институти политехникии шаҳри Кобул миёни 8 нафар аълохонҳо чун ҷавони боистеъдод ва донишманд интихоб кард ва Абдулаҳад муддати 8 сол ду омӯзишгоҳи ҳарбӣ-ҳавоиро дар шаҳрҳои Краснодар ва Харков бомуваффақият хатм намуд, ки ин ба ҳар хориҷӣ даст намедод.

Бо суқути ҳукумати коммунистии доктор Наҷибуллоҳ вазири авиатсияи кишвар Абдулаҳади Муманд маҷбур шуд Кобулро тарк намояд. Аввал барои паноҳандагии сиёсӣ ҳамчун кайҳоннавард-муҳаққиқ ва Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ба сафорати Русия дар шаҳри Кобул муроҷиат кард, аммо ҷавоби рад гирифт. Дар ҳоле ки шаҳри Кобул дар ихтиёри муҷоҳиддин буд, Абдулаҳади Муманд бо зану ду фарзанди хурдсолаш бо азобу машаққат аз шаҳр берун омад ва бо кумаки дӯстон ба Олмони Федерол интиқол ёфт. Аз ватан танҳо бо шиноснома берун омад ва тамоми ҳуҷҷату аснодаш дар хона монд, ҳатто "Ситораи тиллоӣ"-и қаҳрамониашро бо худаш бурда натавонист. Вазири авиатсияро дар ҳама ҷо меҷустанд, ба муҷозот кашидану кушта шудани ӯ аз эҳтимол дур набуд.

Дар Руссия аз Абдулаҳади Муманд танҳо соли 2011, ба шарафи 50-солагии кашфи кайҳон ёд карданд. Фикр доштанд, ки дар қайди ҳаёт нест. Аммо ӯ бо омадан ба Олмони Федерол дар ҷойе худро кайҳоннавард-муҳаққиқ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қаҳрамони Афғонистон муаррифӣ накард ва дар он солҳо ба ин ҳам зарурате набуд; барои дарёфти қути лоямут чун коргар ба як чопхона ба кор рафт ва ба омӯзиши забони олмонӣ пардохт. Дар Олмони Федерол аз сафорати Русия тақозо намуд, ки ҷиҳати сафар ба Маскав ба вай раводид пешниҳод намоянд. Ба ӯ рӯйи хуш надода, фармуданд, ки мақсади сафарашро ба Русия хаттӣ пешниҳод намояд.

Абдулаҳади Муманд навишт, ки мехоҳад дипломи Академияи ҳарбӣ-ҳавоии ба номи Ворошиловро, ки ҳангоми герезагӣ гум кардааст, барқарор намояд ва ёру дӯстонашро бубинад. Ба ӯҷавоби рад пешниҳод карданд. Аз чунин бархурд Абдулаҳади Муманд хеле дилсард гашт ва фикри ба Русия муҳоҷират кардану идомаи таҳқиқоти кайҳонро аз фикру хаёлаш тамоман берун сохт. Олмони Федерол Абдулаҳади Мумандро ба шаҳрвандӣ пазируфт ва ӯ дар шаҳри Штутгард зиндагии муқимиро ихтиёр намуда, як корхонаи хурди тавлидотӣ таъсис дод. Алъон ӯ дар ин шаҳри шукуфою озода ба сар бурда, кумаку ёриашро аз ҳамватанонаш дареғ намедорад.

Дар Афғонистон бо гузашти беш аз ду даҳа исми Абдуалаҳади Муманд-қаҳрамони Афғонистон на ба ҳама ошност. Насли имрӯзе, ки ба камол расидааст бовар надоранд, ки ҳамватани онҳо ним чоряк аср пеш ба кайҳон парвоз карда бошад. Абдулаҳади Мумандро танҳо насли калонсол дар хотир доранд. Бо вуҷуди ҳамаи ин Абдулаҳади Муманд аз Афғонистон дил барнамедорад ва мехоҳад дар шаҳри Кобул бо маблағи худ расадхонаи муҳташаме бунёд кунад ва ҳамватанонаш тавассути он кайҳони беохирро бо чашми худ бубинанд. Охир худи ӯ замоне муддати ҳашт рӯз меҳмони кайҳон буд.

Абдулаҳади Муманд

1.09 с. 1959 таваллуд шудааст. Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қаҳрамони Афғонистон, дорандаи "Ситораи тилло" (№11584), ордени Ленин ва ордени "Офтоби озодӣ" (Афғонистон) ва медали "Барои анҷоми хизмат дар фатҳи кайҳон" (Русия, с.2011).

Бурҳон Салмонов, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi