16:43:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил - III

Расул Ғамзатов, шоири халқии Доғистон

Доғистон дар ҷанги зидди шоҳи Эрон-Нодиршоҳ аз сад ҳазор нафар фарзандони беҳтарини худ маҳрум шуд. Чӯпонону сайёдон, сангтарошону хокпошон, зарробону шоирон нобуд шуданд, вале як миллион нафар монданд. Гаҳвораҳо меҷунбиданд, сурудҳо танинандоз буданд, ошиқон маъшуқаҳои худро мерабуданд, даруни як бурқаъ мехуфтанд, бӯсу канор мекарданд ва насли Доғистонро давом медоданд. Боз сад ҳазор нафар духтару писар, сад ҳазор досу ханҷар, дойраву танбӯр ба дунё омаданд.

imam-shamil 655223665Он гоҳ боз ҷанге сар зад. Дар дараву пайраҳа садои тӯппарониҳо баланд шуд. Дар ҷангалзори пуштакӯҳҳо садои табару тешаҳо баланд шуд. Сарнайзаҳо дурахшиданд, тирҳо ғурриданд.

Оре, душман мӯру малах барин меомад, сарҳисоби онро рафтан душвор буд. Таронаҳои таърихии мо шаҳодат медиҳанд, ки як кас бар зидди сад кас меҷангид. "Як даст аз тан ҷудо шавад, бо дасти дигар меҷангиданд, сар агар аз тан ҷудо шавад, худи тан меҷангид,-нақл мекарданд қиссаҳои он ҷангро пирамардон.-Роҳу пайроҳаҳо ва дараҳоро бо аспони кушта банд мекарданд, худро аз нӯги шахҳои баланд ба болои найзаҳо ҳаво медоданд. Ба мо мегуфтанд:

-Бас аст хунрезӣ. Муқобилат фоида надорад. Куҷо рафта паноҳ меёбед? Бол надоред, ки ба осмон паред. Чангол надоред, ки заминро кофта, ба қабаташ дароед".

Аммо Шомил ҷавоб медод:

-Қаноти мо-шамшери мо, чанголи мо-ханҷарҳои мо, пайкону синони мост.

Кӯҳистониён бо сардории Шомил бисту панҷ сол ба зидди истилогарони рус ҷангиданд. Дар он солҳо на танҳо симои Доғистон, балки номи мавзеъ ва рӯдҳои кӯҳистон ҳам дигар шуд. Авар-Қӯйсу Қаро-Қӯйсу ном гирифт, ки маънияш рӯди сиёҳ аст. Шахҳои захмдору дараҳои марг пайдо шуданд, дарёи Валерик машҳур гардид, дар лавҳи хотири мардум пайроҳаи Шомил, роҳи Шомил, рақси Шомил барин мафҳумҳо нақш бастанд.

Ин ҷанг дар кӯҳи Ғуниб пурфоҷиа поён ёфт. Дар қуллаи он кӯҳ имом охирин бор намоз хонд. Ҳангоми намоз ба дасти боло бардоштаи ӯ тир расид. Шомил наҳаросид ва ба намозаш давом дод. Хун ба зонуи имом ва ба рӯйи санге, ки дар болояш истода намоз мехонд, чарахсид. Имоми тирхӯрда намози худро ба поён расонд. Вақте ки ӯ аз сари намоз бархост, муқаррабонаш гуфтанд:

-Ту захм хӯрдӣ, имом.

-Ин захм- ҳеҷ гап нест. Сиҳат мешавад. -Шомил як даста алафро канда, дасти хунолудашро пок кард. - Доғистон захми сахт хӯрдааст. Он захмро даво кардан душвортар аст.

Дар ҳамин лаҳзаи вазнинтарин имом аз арвоҳи родмардони худ, ки кайҳо хокашон бурдааст, имдод металабид. Ҳам аз арвоҳи онҳое, ки дар Охулго шаҳид шудаанд, ҳам аз арвоҳи онҳое, ки дар Хунзах ҷон супоридаанд, ҳам аз арвоҳи онҳое, ки дар оғӯши санглохи назди авули Салти хобидаанд, ҳам аз арвоҳи онҳое, ки дар Дарғо фавтидаанд, мадад мехост.

Ӯ ҳамавул ва пешгузаштаи худ, нахустин имом Қозӣ Муҳаммад, Ҳоҷимуроди ланг, Алибеқилов, Оҳбердилов ва бисёр диловарони дигарро ба ёд овард. Яке сар аз тан ҷудо дигаре даст аз тан ҷудо, сеюмӣ бо дили аз тир сӯрох, ҳама дар зери хоки Доғистон  хобанд. Ҷанг марг гуфтан аст. Марги  сад ҳазор нафар фарзандони беҳтарини Доғистон, вале Шомил вақти аз Русияи бузург гузаштанаш ҳамоно исрор мекард:

-Доғистон хурд аст, халқамон кам. Ман ақаллан боз ҳазор шамшерзан медоштам.

Дар Ғуниби Боло санге ҳаст, ки чунин катиба дорад: "Дар болои ин санг княз Барятинский нишаста, Шомили асирафтодаро қабул кардааст".

-Тамоми ҳаракату муборизаҳоят беҳуда буд,-гуфт княз ба асири худ.

-Не, беҳуда нест,-ҷавоб дод Шомил,-дар ёди мардум мемонад. Муборизаи ман басо хундоронро бародар кард, бисёр авулҳои байни худ низоъу нифоқ доштаро муттаҳид намуд. Ин мубориза бисёр халқҳои Доғистонро, ки байни худ кинаву адоват доштанд ва ҳар кадоме "халқи ман", "миллати ман" гӯён даъво мекард, ба як халқи Доғистон муттаҳид намуд. Ман меҳри Ватан, меҳри Доғистони ягонаю муттаҳидро ба даст овардам ва онро ба наслу авлодам мерос мегузорам. Магар ин кам аст?

Дар қади шамшери Шомил чанд ҳарф

Ёд дорам аз замони кӯдакӣ:

"Нест ғолиб, ҳар кӣ дар майдони ҷанг

Оқибатандеш бошад андаке".

Шоиро, бигзор ин панди накӯ

Доимо бо хомаат анбоз бод:

"Нест ғолиб, ҳар кӣ дар майдони ҷанг

З-оқибатҳои масоф овард ёд".

Шабонгаҳ мерасад бар гӯши ман овози пойи ӯ

Чароғамро кушам, дар пеши шиша мешавад пайдо.

Гаҳе чун мӯйсафеде аз Ғуниб ояд ба назди ман,

Гаҳе чун ҳомии бозардаи овули Охулго.

ҚИССАИ НАБАРДИ ШОМИЛ БО РОҲЗАНИ ХУНОШОМ

Боре имом бо муридони худ ба кадом як авул рафтааст. Пирони авул ӯро адоваткорона пешвоз гирифтаанд. Онҳо гуфтаанд!

-Ҷанг ба диламон зад. Мо осоишта зиндагонӣ кардан мехоҳем. Агар ту намебудӣ, мо бо подшоҳ кайҳо оштӣ мекардем.

-Ҳой, кӯҳистониёни собиқ! Чӣ, шумо нони Доғистонро мехӯреду аммо ба душманонаш хизмат кардан мехоҳед? Оё оромию осоиши шуморо ман халалдор кардам? Ман онро муҳофизат карда истодаам.

-Имом, охир, мо ҳам доғистонием, лекин дида истодаем, ки ин ҷанг ба Доғистон ягон некӣ наовард ва минбаъд ҳам намеорад. Кас фақат бо якравӣ дур намеравад.

-Шумо доғистониед? Ҷойи сукунати шумо дар ҳақиқат Доғистон, аммо худатон буздилед. Шуморо мефорад, ки дар вақти ҷонбозию ҷонкании Доғистон дар лаби оташдон аловро тагурӯ карда шинед! Кушоед дарвозаҳоро! Ё худамон бо шамшер мекушоем!

Пирони авул бо имом хеле гуфтугузор карданд ва ниҳоят ба хулосае омаданд, ки ба рӯяш дарвозаҳоро кушоянд ва ӯро чун меҳмони олимақом осоишта пазироӣ бикунанд. Бар ивази ин Шомил ба онҳо қавл дод, ки ягон нафар сокини ин авулро ба қатл нахоҳад расонд ва коҳи куҳнаро бод нахоҳад кард. Вай дар манзили як дӯсти содиқи худ манзил гузида, муддати чанд рӯз бо пирони авул гуфтугӯ кард.

Ҳамон вақтҳо як роҳзани пурваҳшате, ки қадаш ғӯли биёбон барин аз ду метр ҳам зиёд буд, мардуми авул ва атрофи онро ғорат карда мегашт. Вай ҳамаро аз як сар ғорат мекард, ғалла чорпо ва аспи одамонро зада мегирифт, сокинони авулро мекушт, метарсонид. Барои ӯ муқаддасоте вуҷуд надошт. Худою пайғамбар ва шоҳу имомро ба як пули пучак намегирифт.

Он гоҳ пирони авул аз Шомил илтимос карданд:

-Имом, аз ҳамин роҳзан халосамон бикун.

ӣ кораш бикунам?

-Бикуш, имом, ӯро бикуш. Худи вай чандин касро куштааст.

-Ман ба ҷамоати шумо қавл додам, ки дар авул ягон касро намекушам. "Ал ваъдаю вал дайн",- яъне ваъда қарз аст, гуфтаанд.

-Имом, илоҷе ёфта, моро аз дасти ин бадрафтор халос бикун!

Баъди якчанд рӯз муридони Шомил роҳзанро миёнгир карда, дастгир намуданд ва банд андохта, ба авул оварданду дар таҳхонае маҳкам карданд. Суди махсус-девон ҷамъ омад, то ҷинояткорро ҷазои сазоворе диҳад. Қарор доданд, ки чашми роҳзанро кофта гиранд. Он бадкорро кӯр карданду сипас боз дар таҳхона андохтанд.

Аз миён чанд рӯз гузашт. Як шаб, қарибии бомдод, ҳангоме ки Шомилро сахт хоб бурда буд, дар хонааш садои тараққотуруқу гулдуррос баланд шуд. Имом аз ҷояш ҷаста ба атроф нигарист. Дид, ки дарро бо табар зада, майдамайда карда, ғурросзанону лаънатхонон ба сараш одами ҳайвонбашараи девсимое ҳамла меоварад. Имом фаҳмид, ки ғоратгар бо чӣ ҳилае аз зиндон гурехтааст ва ҳоло интиқомгирӣ омадааст.

Ҷуссаи азиме дандонҳояшро ғиҷирросзанон ҳамла меовард. Дар як даст ханҷари калоне дошт, дар дасти дигар табар. Имом ҳам ханҷари худро ба даст гирифт. Ӯ муридонашро фарёд мекард, аммо роҳзан онҳоро кайҳо зада кушта буд. Авул дар хоб буд. Фарёди имомро касе намешунид.

Имом ақиб рафта-ақиб рафта, лаҳзаи мувофиқеро меёфту ба душманаш ҳамла мекард, аммо роҳзан табар ба даст худро кӯр-кӯрона ин сӯ-он сӯйи хона мезад. Вай тамоми анҷоми хонаро чаппаву роста карда партофт.

-Куҷоӣ, ту, марди далер, ки дар китобҳо таърифат кардаанд?-бонг мезад он ғоратгари қавипайкар.-Дар куҷо пинҳон шудӣ? Биё, охир, маро дастгир бикун, дастонамро банд, чашмонамро кофта гир.

(давом дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi