12:47:26 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Давлат Усмон: «Мо имрӯз набояд иштибоҳоти соли 1992-ро такрор кунем!»

Ба маҳфили навбатии «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмонов ин дафъа Давлат Усмон, дар гузашта яке аз бунёдгузорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, собиқ муовини аввали Сарвазир дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992, собиқ муовини раҳбари ҲНИТ, собиқ сардори Ситоди Марказии Артиши Наҳзати Исломии Тоҷикистон, собиқ вазири иқтисоди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои баъди барқарории сулҳу субот дар кишвар, собиқ номзад ба вазифаи президентӣ дар интихоботи президентии соли 1999 ва ҳоло докторанти Академияи Илмҳои Қирғизистон даъват шуда буд. Дар оғози маҳфил муҷрии ин ҳамоиш профессор Иброҳим Усмон аз ӯ хоҳиш кард, ки атрофи мавзӯи «Сабабҳои муқовимати сиёсии соли 1992 ва пайёмадҳои он дар Тоҷикистон» мулоҳизаронӣ кунад.

davlat-usmon 1992Давлат Усмон дар оғози суханаш воқеаҳои февралии соли 1990-ро иғво номид ва дар шарҳи ин арзёбии хеш аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Созмони мардумии Растохез иҷозаи расмӣ гирифта буд, ки 17-уми феврал дар Душанбе митинг доир кунад. Вале дар ин байн як гуруҳи ҷавононе, ки маро мешинохтанд, ба баҳонаи пешгирӣ кардан аз вуруди гурезаҳои арманӣ ба Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки 11-уми феврал митинг доир кунанд.

Маро ҳам даъват карданд, ки дар ин митинг ширкат кунам. Ман он шиносамро ҳушдор додам, ки созмони мардумии Растохез иҷозати расмии гузаронидани митингро гирифтааст. Митинге, ки шумо баргузор карданиед, ин як иғво ҳаст ва паёмади нохуб дорад. Ӯ ба ман гуфт, ки кор аз кор гузаштааст.

Шумо агар метавонед ман ҳамон рӯзи митинг ба Шумо сухан медиҳам ва мардумро мутақоид кунед, ки пароканда шаванд. Тибқи ваъда он рӯз дар назди ҳайкали Ленин аввалин шуда ба ман сухан доданд. Хоҳиш кардам, ки имрӯз ҳама пароканда шаванд, зеро аз ин митинг бӯи иғво баромада истодааст. Аммо касе ба гапи ман гӯш накард ва роҳ сӯи қасри Кумитаи Марказиро пеш гирифтанд…».

  Ба гуфтаи Давлат Усмон воқеаҳои февралӣҷунбиши сунъиро ба вуҷуд овард ва кинаву кудуратро дар ҷомеъа афзоиш дод. Дар идомаи суханаш Давлат Усмон гуфт: «Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд. Нирӯҳои сиёсие, ки арзи вуҷуд карданд, аз нерӯи дар сари қудратбуда ба назар пурқувваттар менамуданд. Аммо таҷрибаи кофии сиёсӣ надоштанд, мехостанд, ки ба ҳадафҳои сиёии хеш ҳарчӣ тезтар бирасанд. Ин буд як сабаби ба буҳрон дучор шудани кишвар.

Иштибоҳоти мухолифин зиёд буданд, вале тарафи дигар низ на камтар аз неруҳои демократӣ-исломӣ иштибоҳ карда буд. Имрӯз ҳама гуноҳро дар воқеаҳои солҳои навад ба дӯши мухолифин бор кардан ин маънои аз инсоф дур буданро дорад. Иштибоҳ ва камбудӣ аз ҳарду тараф буд. Иштибоҳи Ҳизби Коммунист он буд, ки аз воқеияти онрӯза хеле дур буд. Воқеиятро дуруст дарк намекард. Натавонист, ки бо нирӯҳои тоза ба саҳнаи сиёсӣ омада вориди гуфтугӯи конструктивӣ ва созанда шавад.

Мо эътироф мекунем, ки дар ҳамон солҳо нирӯҳое ки мо роҳбарияшро ба уҳда доштем хеле зиёдаравӣ мекарданд. Як сабаби ба вуҷуд омадани буҳрони амиқи сиёсӣ дар кишвар маҳз дар ҳамин буд. Ман ба андешаи он нафароне, ки исрор меварзанд, ки дар воқеаҳои солҳои навадум омили дохилӣ асосӣ ва ягона буд, чандон розӣ нестам. Умуман розӣ шуда наметавонам. Зеро аён аст, ки таъсири омили хориҷӣ дар ҳаводиси мо аз омили дохилӣ дида камтар набуд.

Бахусус, вобастагии дутарафаи мо дар сиёсат, яъне вобастагӣ ба Тошканд ва Маскав, ки дар замони шӯравӣ доштем, хеле нақши муҳим дошт, дар ҳаводиси солҳои навадуми кишвар. Ҳатто гуфта метавонем, ки омили аслӣ буд. Агарчи Маскав худ буҳронзада буд, вале дасти Тошкандро дароз гузошта буд. Ҳар он чизеро, ки Тошканд дар он замон пешниҳод мекард, Маскав қабул мекард. Дахолати Тошканд дар умури дохилии Тоҷикистон дахолати ошкор буд.

Ҳанӯз июни соли 1992 барои барҳам додани ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар Тирмиз ситоди махсус созмон дода буданд. Мубориза алайҳи ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамон ҷо роҳбарӣ мешуд. Роҳбарони Тошканд хафа нашаванд. Ин таърих аст. Таърих бояд ошкор гуфта шавад. Худоро шукр, ин роҳбарияти феълии кишвар низ ин дахолати Тошкандро борҳо зикр кардааст.

Дахолати хориҷиро дар ҷанги шаҳрвандии кишвар роҳбарияти мамлакат борҳо эътироф кардааст, ки сазовори арҷгузорист. Омили хориҷӣ дар баробари омили дохилӣ дар ҷанги шаҳрвандии мо хеле қавӣ буд. Дар шароити имрӯза омили дохилӣ бе кӯмаки омили хориҷӣ наметавонад кореро анҷом бидиҳад. Заифтарин ҳукумат қодир аст, ки ошӯбу исёнҳоро сари вақт хунсо намояд.

Дар замони муовини сарвазир буданам дар ҲММ ба чашми сар фалаҷшавии ҳукуматро дидам. Дидам, ки чи тавр мақомоти қудратӣ дар маҳалҳо дигар аз итоати ҳукумати марказӣ сарпечӣ карданд. Дигар моро гӯш намекарданд. Як мисоли мушаххас меорам. Баъди ду ҳафтаи фаъолият дар ҲММ ман роҳбарияти мухолифинро қаноат кунондам, ки барои пешгирӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ бояд Раҳмон Набиевро ҳаматарафа дастгирӣ кунем.

Аз рӯи хостаҳои ӯ амал кунем. Розӣ шуданд. Гуфтанд, ки бо худаш маслиҳат намо. Мо розӣ. Омадам мақсадро гуфтам. Гуфтам ба ҳар қиммате, ки набошад, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро бояд гирифт. Раҳмон Набиев бо кашидани як оҳи сард гуфт: «Давлат, кор дасти манба не!». Ман ҳамин ҷумларо ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам. Баъд гуфтам: «Чаро охир?». Посух дод: «Панҷ моҳ пеш ман Йулбарс Эгамбердиев ном зотеро аз вазифа холӣ кардам.

Баъди ин панҷ моҳ боз ба зангҳои телефонии ман Ислом Каримов ҷавоб намедиҳад. Ман ҳамин қадар қадр вазн дорам». Инро вобастагӣ дар қудрат мегӯянд. Ана ҳамон вобастагии дуҷониба моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Мутаассифона, Тошканд ҳам дар он замон омода набуд, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил эътироф намояд.

Аз бедоршавии нирӯҳои исломиву демократӣ дар кишвар метарсид. Ин таърих буд. Таърихро барои он ошкор мегӯянд, ки аз он сабақ бигиранд. Мо имрӯз набояд иштибоҳоти соли 1992 такрор кунем. Нерӯҳои сиёсие, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳастанд, набояд дигар он камбудиҳоеро, ки мо роҳ додем, инҳо роҳ бидиҳанд. Албатта, қудрат қудрат аст. Ҳамеша аз худ дифоъ мекунад. Аммо қувваҳои мухолиф бояд пухта амал кунанд. Бисёр максималист набошанд».

Давлат Усмон баъдан ба саволҳои ҳозирин посух дод. Аз ҷумла, дар ҷавоб ба саволи он ки «Шумо аз нерӯҳои сиёсӣ даъват ба амал овардед, ки максималист набошанд. Ҳол он ки дар шароити кунунии Тоҷикистон онҳо умуман фаъол нестанд?», посух дод, ки «ман даврони буҳрониро дар назар доштам. Дар замоне, ки кишвар буҳронист, дар он даврон кучактарин иштибоҳ метавонад бар зарари кор анҷом ёбад. Дар он замон максималист набояд буд».

Саволи дигар ба истеъфои иҷбории Раҳмон Набиев дар моҳи сентябри соли 1992 дар фурудгоҳи Душанбе рабт дошт. Давлат Усмон иброз дошт, ки баъд аз он ки Раҳмон Набиев аз уҳдаи таъмини субот дар кишвар набаромад, миёни роҳбарони мухолифин андешаи ба истеъфо равон кардани Раҳмон Набиев матраҳ шуд. Вале ин истеъфо бояд қонунӣ, аз тариқӣ парлумон сурат мегирифт. Бо ҳамин мақсад чанд мулоқоти пасипардагӣ бо Абдумалик Абдуллоҷонов доштем.

Як мулоқоти мо ҳатто бо ширкати устод Нурӣ сурат гирифт. Абдуллоҷонв даъво дошт, ки ҳамаи вакилони Парлумон аз вилояти Суғд, ки шаст дар сади курсҳои ин Маҷлиси Олии кишварро ишғол мекарданд, тарафдори ӯ ҳастанд ва дар сурати аз онҳо хоҳиш кардан истеъфои Раҳмон Набиевро талаб хоҳанд кард. Тибқи маслиҳати мо баъди истеъфои Раҳмон Набиев Абдуллоҷонов бояд сарвазир таъйин мешуд ва салоҳиятҳои асосии Президент ба Сарвазир дода мешуд.

Ҳамин тариқ сессияи августии соли 1992 ин кӯшиши бо роҳи қонунӣ ба истеъфо роҳӣ кардани Раҳмон Набиев буд. Пеш аз сессия ман Нарзуллоҳ Дӯстовро, ки муовини Раҳмон Набиев буд, даъват карда хоҳиш кардам, ки аввалин шуда баромад кунаду истеъфои Набиевро талаб намояд. Гуфт аз ин чӣ ба ман мерасад? Гуфтам чӣ мехоҳӣ? Гуфт: «Вазифаи вазири нақлиётро». Гуфтам «Гап нест. Вазири нақлиёт мешавӣ». Дар сессия тибқи ваъда аввал Нарзулло Дӯстов суханронӣ намуда, истеъфои Раҳмон Набиевро талаб кард. Даврон Ашӯров дуввум баромад кард ва ӯ низ истеъфои Раҳмон Набиевро талабид.

Саввум бояд Усмонқул Шокиров, раиси вилояти Суғд, суханронӣ мекард. Вале Раҳмон Набиев аз ҳуқуқи худ ҳамчун Президент истифода бурда, танаффус эълон намуд. Дар ҷараёни танаффус ӯ тавонист, ки раъйи вакилонро ба тарафи худ гардонад. Кӯшиши бо роҳи қонунӣ сабукдӯш кардани Президенте, ки дигар кореро анҷом дода наметавонист, ноком шуд. Вале дар он истеъфои маҷбурии шодравон Раҳмон Набиев, ки дар фурӯдгоҳи Душанбе ба вуқуъ пайваст, мо даст надоштем. Ин корро онҳое анҷом доданд, ки ба роҳбарони оппозитсия итоат намекарданд. Одамоне, ки ин корро карданд, афроди машкук буданд-, афзуд Давлат Усмон.

Аз Давлат Усмон суол карданд, ки ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ нияти ширкат кардан дар интихоботи қарибалвуқуъро дорад ё не ва ё агар худ ширкат наварзад дар интихобот номзадии киро дастгирӣ хоҳад кард? Дар ҷавоби ин савол Давлат Усмон иброз дошт, ки муддатест, ки аз сиёсат канор рафтааст, узви кадом як ҳизби сиёсӣ нест, нияти дар интихоботи президентӣ ҳамчун номзад ширкат карданро надорад ва ба сабаби чанд муддати ахир дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ кардан бо вазъи сиёсии кишвар чандон ошноӣ низ надорад ва феълан гуфта наметавонад, ки дар интихобот киро ҷонибдорӣ хоҳад кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi