22:52:40 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

ГЕНЕРАЛҲОИ ОППОЗИТСИЯ: ТАҚДИРРО ЧӢ ТАДБИР БОЯД?!-1

СУВОРОВ, СТАЛИН, ЧАН КАЙ ШӢ 
ВА ФАҲИМХОНИ ТОҶИК

Таърихи Тоҷикистони навин, яъне аз баъди ба Истиқлол расидан пур аз ҳаводису воқеъоти ҷолибу ҳанӯз ногуфта ва асрору муаммоҳои зиёди нокушуда аст. 

Дар ин навиштаи хеш мехоҳам ба мавзӯъи чӣ гуна ба генералӣ расидани иддае аз намояндагони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва сарнавишти баъдии эшон ёд оварам. Генерал бошарафтарин рутбаи ҳарбӣ буда, барои соҳиб шудан ба он ҷоннисорона ба халқу Ватан бояд хидмат кард, зиёд заҳмату талош бояд ба харҷ дод, басо хуни ҷигар бояд шуд ва бедареғ азхудгузаштагӣ бояд зоҳир намуд. Гуфтаи машҳури Суворов миёни ҷомеъа масал гашта: «Сарбозе, ки орзуи генерал шудан намекунад, сарбози хуб нест.» 

Ин гуфта далели баланд будан ва эътибори махсус доштани унвони генералист. Сари ҳама рутбаҳои низомӣ генералиссимус аст, ки то ҷое ман медонам дар таърихи башарӣ се тан ба дарёфти он мушарраф гаштаанд, ки инҳо лашкаркаши шаҳири рус, фотеҳи Аврупо Александр Суворов, роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ ва як дигар фотеҳи Мағриб, маршал Иоссиф Сталин ва марде аз Чин бо исми Чан Кай Шӣ, ки ӯро мегӯянд «самозванетс» буд. 

Болотарин рутбаи низомӣ дар аҳди давлати коммунистии Шӯравӣ, ки хелеҳо онро дарёфт кардаанд, рутбаи маршалӣ буд ва то ҳанӯз намояндаи маршалитети советӣ, вопасин вазири дифоъи СССР Евгенний Шапошников дар Маскав зинда аст. Аз миёни тоҷикон дар ҳафтод соли Ҳукумати Шӯроҳо ҳамагӣ чанд генерал- майор зуҳур кард, касе ҳатто мушарраф ба дарёфти рутбаи генерал - лейтенант нашуд, куҷо расад ба маршалӣ. Вале як тоҷик ба исми Муҳаммадќосими Фаҳим, собиќ вазири дифоъи Давлати Исломии Афғонистон ва аз ёрони содиқи лашкаркаши шаҳиру шаҳиди тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 2001 маршал шуд.  


ТОҶИКОН ГЕНЕРАЛИ МАРДУМӢ ДОРАНД 

Дар сархушии даврони Истиқлолталабӣ ва авҷи бедориҳои миллӣ ё саҳеҳтар замоне, ки дар майдони «Шаҳидон» (майдони назди Қасри Президент) гирдиҳамоии чандинҳазораи мардум дар моҳи апрели соли 1992 шакл гирифт ва то он лаҳза Тоҷикистон ба ҷуз чанд тан, ки Мастибек Тошмуҳаммадов ва Маҳмадаёз Навҷувонов аз он ҷумла ҳастанд, дигар генерале надошт, як нафаре аз тазоҳургарон пешниҳод намуд, ки ба ду рӯҳонӣ ва воъизи шинохтаи майдон Қорӣ Муҳаммадҷони Ғуфрони Бохтарӣ ва Ҳоҷӣ Сайид Қиёмуддини Ғозӣ (маъруф ба Эшони Қиёмуддин) рутбаи генерали мардумӣ эҳдо гардад. 

Ин пешниҳод аз ҷониби анбӯҳи бешумори мардуми майдон бо хушнудӣ ва бо нидои бодавому марғуладори «Аллоҳу акбар» пазируфта шуд. Ва ҳамин эйфория аз муфт генерал шудан буд, ки Эшони Қиёмуддин анбори муҳимоту лавозими ҷангӣ ва асокири хешро надида, садо дардод, ки тонкҳо ва 27 ҳазор сарбоз дорем. 

Дар бораи ба поси хотири чӣ хидмате ва анҷоми бомуваффақонаи кадом амалиёти муҳими ҷангӣ ва барои кадом ҷонбозиҳояшон ин ду муллои мӯҳтарам, ки воқеъан он замон аз шинохтатарин чеҳраҳои мухолифин буданд, сазовор ба рутбаи генералӣ гаштанд, имрӯз ман чизе намегӯям, вале ин ҳодиса як сафҳаи китоби таърихи пурфоҷеъаи миллати тоҷик аст ва мо инро қабул дорем ва ё на нахустин генералҳои мардумиамон ҳамин Қорӣ Муҳаммадҷон ва Эшони Қиёмуддин мебошанд.


ГЕНЕРАЛИ ҒАРИБХОК ВА ҲУКУМАТИ 
ФИРОРИИИ МУХОЛИФИН

Қорӣ Муҳаммадҷон моҳи июли соли 1993 дар шаҳри Толиқони вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон аз хуруҷи захмҳои бардоштааш, ки мухолифонаш дар моҳи июли соли 1992 зимни як амалиёти тахрибӣ бар алайҳаш дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар анҷом дода буданд, дунёи рӯшанро пурармон барои ҳамеша тарк гуфт ва ҷанозааш дар мазори муҳоҷирони тоҷик дар Толиқон ба хок супорида шуд. 

Эшони Қиёмуддин тайи чанд сол аст, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорад ва баъди хомӯшии тӯлонӣ ҳамин як соли ахир чанд мусоҳибааш аз тариқи расонаҳои хабарии мустақил ба нашр расид. Чун дар пойизи соли 1992 нируҳои ба истилоҳ мухолифин дар муқобили размандагони Фронти халқӣ ва зархаридони русу узбак ба шикаст мувоҷеҳ гардиданд, ба ҷониби водии Қаротегин, вилояти мухтори Бадахшон панаҳ бурда, иддае бо анбӯҳи бузурги мардум ба Афғонистон ҳиҷрат намуданд. 

Сарони оппозитсия дар шаҳри Толиқон қароргоҳи муҳоҷирин ва муҷоҳиддинро созмон дода, ҳамон ҷо нақшаи муборизаҳои сиёсиву низомии хешро барномарезӣ карданд. Ва ҳамон ҷо дар соли 1993 Ҳукумати фирории мухолифин таъсис ёфт, ки сарварии он бар дӯши бунёдгузори Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Саидов Абдулло Нуриддинович, маъруф ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вогузор гардид. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозикалони собиқи кишвар муовини аввал ва раиси Њизби наҳзати ислом Муҳаммадшариф Њимматзода муовин таъин шуданд. Ба симмати вазири дифоъ дар Ҳукумати фирорӣ мулло Муҳаммадрасули Салом дар собиқ раиси шӯъбаи Қӯрғонтеппагии ЊНИТ пазируфта шуд. 


«ҚУМОНДОНӢ ТӮМОРНАВИСӢ НЕСТ»

Мулло Муҳаммадрасул чун Сердюков, вазири имрӯзаи дифоъи Русия бе рутбаи низомӣ ва дар либоси мулкӣ буд. Аҷаб он буд, ки генерали мардумӣ Эшони Қиёмуддин масъулияти раҳбарии нируҳои мусаллаҳи мухолифинро, ки акнун Артиши муҷоҳиддин ном гирифта буд, неву ҷаноби Салом бар дӯш гирифт. Ҳарчанд ки ҳарду ҳам аз илми низомӣ ва тактикаву стротегияи ҷангӣ қариб огаҳ набуданд, вале ба ҳар сурат Эшони Қиёмуддин рутбаи генералиро бо пешниҳод ва пуштибонии мардуме гирифта буд, ки акнун ҳама ҳамроҳи генерали хеш шаҳди ғурбат мечашиданд. 

Мулло Абдураҳим, дар собиқ хатиби яке аз масоҷиди шаҳри Кӯлоб аз қазо замони ҳиҷраташ дар Афғонистон қумондони гурӯҳӣ гардид. ӯ, яъне Каримов Раҳим дар соли 1998 ришу мӯйлаби муҷоҳидии хешро теғтарош ва пиҷаку шиму тавқи зебо ба бар карда, дар асоси саҳмияи сӣ дар сад ба курсии роҳате, ки «генералский должность» буд, яъне ба мақоми раиси Кумитаи гумрук нишаст.

Ба чунин мақоми масъул шинондани Раҳим Каримов аз ҷониби ИНОТ бозгӯ аз он мекард, ки домулло дар вақташ хуб хидмат карда будааст. Мулло Абдуғаффори мулаққаб ба «Танка», ки дар Душанбеи соли 1992 сардори ситоди мухолифин дар маҳаллаи Ҷануб - «Южний» буд, дар Афғонистон худро чунон вонамуд мекард, ки гӯё дар илми низомӣ аз ҳеч маршал кам нест. 

Ӯ аввал сардори «политуправления»- и қумондон Ризвон буд ва баъдан ба мақоми Қозиюлқуззоти Ҳаракати наҳзат нишаст. Қозӣ шудан орзуи ҳамешагии мулло Абдуғаффор буд, ки дар Тоҷикистон ба ӯ даст надод, аниқтараш нуфузи баланд ва ҷойгоҳ доштани Акбари Тураҷонзода нагузошта буд, ки «Танка» ормони хеш бишканад. 

Ҳамин даст ба корҳои низомӣ задану қумондоншавии муллоҳоро дида, Ризвон, ки худ низ саводи диниву дунявию низомӣ надошт, мегӯянд аз сари ҷаҳл чанде аз эшонро қамчинкорӣ ҳам кард ва дар Толиқон зимни яке аз ҷаласаҳои Шӯрои ҷиҳодии наҳзати ислом бо ғазаб ба раҳбарияти Иттиҳоди мухолифин нигариста фарёд зад:

-Ин чӣ девонагист, магар қумондонӣ тӯморнависист?!

Бо ҳамин Ризвон, ки хеле ситампешаву бераҳм ва то ҷое беадолат ҳам буд, ба карераи қумондоншавии муллоҳои наҳзат хотима гузошт.


НАХУСТИН ГЕНЕРАЛИ АРТИШИ МУХОЛИФИН

Биёем сари фаъолияти Ҳукумати фирории мухолифин дар Толиқон.

Баҳори соли 1993 сарони Иттиҳоди мухолифин ба хулосае омаданд, ки аз дохили Тоҷикистон барои хеш аз ҳисоби афроди шинохта ва соҳибэҳтиром ҷиҳати тақвият бахшидан ба муборизаҳои сиёсӣ ва низомии хеш такягоҳи мӯътамад пайдо кунанд. Вилояти мухтори Бадахшон то ибтидои соли 1995 аз тохтутози сарбозони Артиши ҷавони Тоҷикистон эмин монда буд, ба истиснои ҷамоати «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз, ки даст ба дасти неруҳои низомии мухолифин ва давлати Тоҷикистон мегашт. 

Аз ин хотир сарони ИНОТ баҳори соли 1993 дар як нишасти хеш тасмим гирифтанд, ки паҳлавон ва чеҳраи шинохтаи олами варзиши кишвар, ҳафт карат қаҳрамони Тоҷикистон дар гӯштин, чемпиони секаратаи Осиё Саламшоҳ Муҳаббатовро, ки он замон дар зодгоҳаш ноҳияи Ванҷ панаҳ мебурд, бо додани рутбаи генерали Артиш ва таъин ба мақоми фармондеҳи Ҷабҳаи Ҷанубу Шарқи Тоҷикистон моили хеш созанд. Фармони мазкур омода ва оҷилан аз ҷониби пайки сарвари ИНОТ ба Бадахшон расонида шуд.  

Он замон дар қаламрави вилояти Бадахшон гурӯҳҳои зиёди хурду бузурги мусаллаҳ амал мекарданд, ки дар мухолифат бо давлати Тоҷикистон қарор доштанд ва ҳар кадом сари худ буд. Яъне худашон шоҳу Калашников вазирашон буд.

Тибқи амри роҳбари ИНОТ ҳама гурӯҳҳои мусаллаҳи дар қаламрави Бадахшон буда, чӣ аз ҳисоби мардуми бумӣ ва чӣ аз ҳисоби афроди бешумори аз дигар манотиқи кишвар ба навоҳии Бадахшон панаҳ оварда таъсисёфта ҳама бояд зери итоати генерал Саламшоҳ қарор мегирифтанд.

Саламшоҳ Муҳаббатов шахсияте буд, ки дар Бадахшон аз обрӯ ва эҳтироми вижа бархурдор буд. Њамин буд, ки таъини Саламшоҳ ба симмати фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон аз ҷониби чеҳраҳои шинохтаи доираҳои ғайрирасмии ин вилоят аз қабили Ашӯрмуҳаммад, маъруф ба Алёша - гарбун, Водиш, Назир, Ғозибек, Вазир,Толиб, Олим, Маҷнун, Холбахш, Наврӯз ва дигарон пазируфта шуд. 

Ҳамчунин қумондононе чун Сайидаброр, мулаққаб ба «Чёрная рука», Рембо, Саиди панҷӣ, Ғойиб, Абдуғаффор ва Наим- бангӣ, ки худ ва афроди гурӯҳашон аз муҳоҷирони қӯрғонтеппагӣ буданд ва ба касе итоат кардан намехостанд, ночору ноилоҷ ва аз тарс роҳбарии Саламшоҳро эътироф карданд. Иддае аз эшон бо ин таъинот дигар қаламрави Бадахшонро барои анҷоми аъмоли ношоиста ва худсариҳои худ ноқулай дида, ба Афғонистон фирор намуданд.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА,
(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi