14:55:05 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нахустин нишасти Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов

Рӯзи 18 июн дар Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов доир шуд. Дар ин нишаст Кумита муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон ва ҳам як муроҷиати алоҳида ба Амрикову Русия, созмонҳои мӯътабари байналмилалие, чун Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, парлумони Аврупо, ва гурӯҳҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар баррасӣ шуд.

zayd-saidov 18-06-2013Дар ин муроҷиатномаҳо, ки матнаш дар Фейсбук барои ҷамъоварии имзоҳо нашр шудааст,  аз идомаи боздошти Зайд Саидов изҳори нигаронӣ шуда, худи қазия сирф сиёсӣ ва як коғази лакмус унвон мешавад, ки ба ақидаи муаллифон, "тамоми мушкилоти вазъи барои Тоҷикистон ғайриқаноатбахши ҳуқуқи инсонашро рӯи об баровардааст."

Дар нома изҳори нигаронӣ мешавад, ки "қазияи моҳиятан сиёсии Зайд Саидов метавонад ба таҳаввули вазъ дар Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузорӣ таъсири манфӣ расонад." Дар муроҷиатнома аз ҳукумати Тоҷикистон "лағви иттиҳомоти бофтаву сиёсӣ ва раҳоии Зайд Саидов"-ро тақозо кардаанд.

Дар нишасти Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов ҳамчунин охирин таҳаввулоти марбут ба парвандаи ӯ баррасӣ шудааст. Хайруллоҳ, писари Зайд Саидов гуфтааст, фишор ба аҳли хонавода батадриҷ коҳиш ёфт, вале санҷишҳо аз тарафи идороти мухталиф то ҳол идома доранд. Ӯ гуфтааст, таҳмили ҷаримаҳо ба маблағҳои бузург ва мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздиконаш боис шудааст, ки фаъолияти ин корхонаҳо кунд шуда, шумори бузурге аз коргарони худро аз даст диҳанд.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов рӯзи 25 май дар ҳайъати Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфта, Маҳмудҷон Қосимов, собиқ муовини вазири шуғли аҳолӣ ва узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нави Зайд Саидов раиси он интихоб шуд.

Бино ба хабари дигар, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон махфӣ шудани парвандаи Зайд Саидовро рад кардааст.Сӯҳроб Қоҳирӣ, сардори бахши робита бо ҷомеаи Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ махфӣ будани парвандаи Зайд Саидовро рад кард. Вай гуфт, тибқи қавонини ҷорӣ, парвандаҳое, ки хусусияти коррупсионӣ доранд, махфӣ ё сиррӣ буда наметавонанд, зеро коррупсия сирри давлатӣ шуда наметавонад. Ва тибқи конвенсияи СММ низ парвандаҳои ҷанбаи коррупсионидошта махфӣ буда наметавонанд. Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, дар мавриди парвандаи Зайд Саидов сирри тафтишотӣ вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов дар саҳифаи худ дар "Фейсбук" навиштааст, ки ҳамакнун ва баъд аз як моҳи боздошти зерҳимояташ огаҳ шудаанд, ки ба парванда "мӯҳри махфӣ" зада шудааст. Аз ҷониби дигар, вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, онҳоро намегузоранд, то бо зерҳимояашон мулоқоти якбаяк дошта бошанд. Ба гуфтаи вакилони мудофеи Зайд Саидов, ҳангоми мулоқоти онҳо бо зерҳимояашон, як ё ду муфаттиш ширкат мекунанд, ки ин хилофи қонун аст.

Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов, рӯзи 18 июн дар нишасти Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Зайдов гуфт, ки рӯзи гузашта дар як сӯҳбати шифоҳӣ бо эшон, Милопар Бандишоев, муовини раиси Оҷонси мубориза бо корупсияи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки парвандаи Зайд Сайдов мӯҳри махфӣ дорад. Аммо ҷаноби Табаров мегӯяд, ки то ба ин ҳол онҳо ҳеҷ як ҳуҷҷати расмие нисбати махфӣ  будани парвандаи мазкур дарёфт накарданд. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, парвандаи Зайд Саидов мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон наметавонад махфӣ эълон шавад. Чунки Зайд Саидов хизматчии давлатӣ набуд ва ҳеҷ иттилоъе дар маврид сирри давлатӣ низ дар ҷараёни баррасии парвандааш наметавонад ошкор шавад.

Ҳамчунин вакилони дифоъи Зайд Саидов аз дағалона поймол шудани ҳуқуқи конститутсионии вай дар мавриди эҳтимоли бегуноҳӣ аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон ва расонаҳои расмӣ шикоят кардаанд.

Исҳоқ Табаров ҳамчунин гуфт, ки сардори муфаттишони парвандаи Зайд Саидов дар ибтидо бо ҳар баҳона иҷозатнома барои мулоқот бо зерҳимояашро бо таъхир медод, вале акнун бо додани иҷозатнома ҳамзамон муфаттишонро низ водор мекунанд дар ҷараёни мулоқот ширкат кунанд.

Ба гуфтаи оқои Табаров, «ширкати муфаттишон дар ҷараёни мулоқоти ҳимоятгар бо зерҳимоя ба ҷараёни суолу ҷавобу посухҳои озод таъсири манфӣ мерасонад, ки аслан қонун ба ин иҷоза намедиҳад. Се рӯз қабл, масалан, адвокати дигар Шуҳрат Қудратов бо Зайд Саидов дар СИЗО мулоқот дошт, аммо дар ҳузури ду муфаттиш суолу ҷавоб кард.»

Ба қавли Исҳоқ Табаров, моддаи 53, қисми 4-и Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ кафолати мулоқоти як ба як ва маҳрамонаи вакили мудофеъ бо зерҳимояро додаст. Вакили дифоъ ҳамчунин меафзояд, ки дар чанд рӯзи ахир бемории меъдаи Зайд Саидов хуруҷ кардааст, вале бо вуҷуди муроҷиати пайвастаи вакилони дифоъ, сардори гуруҳи муфаттишони парванда иҷозаи вуруди пизишки бемориҳои меъдаро ба назди Зайд Саидов намедиҳанд: «Инак як моҳ мешавад, ки Зайд Саидов дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад, вале имкони муоинаи тиббӣ ба ӯ дода нашудааст.»

Соҳибкори маъруф Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли равон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз тасмими  таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод ва гуфт, ин ҳизб марказгаро хоҳад шуд. Рӯзи 11 май додситонии пойтахт манзилҳои Саидовро бозҷӯӣ карда, алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда боз намуд. Худи ҳамон рӯз Оҷонси зиддифасод хабар дод, ки алайҳи ширкати “Тоҷсохтмонбайналмилал”, ки низ марбут ба Зайд Саидов дониста мешавад, бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни бунёди “Душанбе-Плаза” – баландтарин бино дар пойтахти Тоҷикистон – парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аммо рӯзи баъдаш раиси Оҷонси зиддифасод Фаттоҳ Саидов гуфт, ки алайҳи худи соҳибкор ҳеҷ гуна парванда боз нашудааст.

Зайд Саидов, ки он рӯзҳо бо сафаре дар Аврупо қарор дошт, ин парвандаҳоро “сиёсӣ ва марбут ба ибтикори таъсиси ҳизби нав” номид ва гуфт, барои собит кардани бегуноҳиаш ба Тоҷикистон  бармегардад. Субҳи 19 май ӯ билофосила баъди бозгашт дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Як рӯз баъд маҷлиси вакилони Душанбе мақоми дахлнопазирии ӯро лағв кард. Рӯзи 22 май додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳукми ҳабси думоҳаи Зайд Саидовро содир намуд. Зайд Саидов аз 24 май дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯву тарафдоронаш ин парвандаро сиёсӣ меноманд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi