10:08:48 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАБИРӢ: МО БАРОИ ИНТИХОБОТ ЧАНД СЕНАРИЯ ДОРЕМ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви порлумони ин кишвар ахиран бо даъвати донишгоҳи Экзетери Бритониё ҷиҳати ширкат дар як конфаронс дар бораи исломӣ сиёсӣ дар Осиёи Миёна дар Бритониё қарор дошт.

/images/stories/2012/11/29_kabiri-291112.jpgӮ ҳамчунин дар Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилалии Chatham House, дар шаҳри Лондон дар мизи гирде бо ширкати коршиносону таҳлилгарони бритониёӣ дар мавриди вазъ ва равобити байналмилалии Тоҷикистон тавзеҳоте ироа кард. Ҳамкорам Дориюши Раҷабиён дар бахши форсии Би-би-сӣ бо оқои Кабирӣ мусоҳибае анҷом дод ва нахуст аз ӯ пурсид:

-Оқои Кабирӣ, бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ наздик аст, метавонед бигӯед, ки оё ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон қасд дорад, ки мисли гузашта дар интихобот номзадеро пешниҳод кунад барои раёсати ҷумҳурӣ?

-Ба номи худованди бахшоянда ва меҳрубон. Мо дар сатҳи шурои сиёсӣ тасмим гирифтем, ки дар интихоботи оянда ширкат хоҳем кард. Вале шакли ширкат ҳанӯз мушахас нашудааст. Ин салоҳияти анҷумани ҳизб аст.

Мо чанд сенарияро эҳтимол дорад, ки дар пеш дошта бошем. Якеаш метавонад, ки наҳзат худаш номзад пешниҳод кунад, дигареаш номзади умумӣ аз эътилоф (коалитсия) метавонад бошад, ё ҳатто мо метавонем аз номзаде, ки аз тарафи мақомоти давлатии ҳизби ҳоким пешинҳод мешавад, дар сурати доштани далели маҳкам ва қатъӣ аз он ҳам пуштибонӣ кунем.

Ҳамаи сенарияҳо барои мо матраҳ аст, вале меъёр барои мо он ҳам манфиъати халқ, мардум ва ояндаи кишвар аст. Манфиъати мардум ва кишвар як шиъор нест, инҳо бояд мушаххас карда шаванд. Мисол номзаде, ки мо аз он пуштибонӣ хоҳем кард, барои ояндаи кишвар чӣ барномае дорад.

-Вале маъмулан аз аҳзоби сиёсӣ интизор меравад, ки ба хусус дар кишварҳои нисбатан пешрафта, ки аз муддатҳо пеш, масалан дар Амрико аз чор соли пеш суҳбатҳо ин аст, ки номзади баъдии ҳизби демукрот, ки хоҳад буд; оё Ҳиллорӣ Клинтун мешаваж ё масалан хонуми Ройс мешавад ё каси дигар. Чӣ тур аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки замони хеле кам ва кутоҳе монда то интихобот, ҳизби неҳзати исломӣ, ки яке аз аҳзоби умда дар Тоҷикистон аст, ҳанӯз мушаххас нест барояш ва чандто сенорию дорад барои пешбарӣ?

-Бубинед, Тоҷикистон барои он Тоҷикистон аст ва Осиё аст, ин Амрико нест, Урупо нест, ки мо аз чанд сол пеш номзад мушаххас бошад, чун мо назокатҳои худро дорем дар минтақа ва мушаххас кардани номзад ҳам кори осон нест, баъдан метавонад паёмадҳои зиёде дошта бошад ва бинобар ҳамин мо ҳиҷ саросемагӣ надорем ва Тоҷикистон даввлати бузурге нест, ки мисли Амрико ва кишварҳои дигар, ки номзад маҷбур бошад, ки тамоми вилоятҳо, тамоми манотиқро бояд ҳатман як бор зиёрат кунад, биравад. Тоҷикистон давлати кучак аст ва ду моҳ се моҳ кофӣ аст, ки номзад битавонад паёми худро ба мардумаш бирасонад. Ба ҳамин хотир наҳзат ҳиҷ саросемагӣ надорад ва ҳатман дар арафи интихобот мо дар ин мавзуъ бештар суҳбат хоҳем кард.

Онро қонун мушаххас кардааст. Қонун муайян кардааст, ки дар кадом вақтҳо бояд анҷуманҳои ҳизбҳо баргузор шавад ва мо намехоҳем, ки пеш аз анҷуман мавқеъи худро муайян кунем, чунки ҳар кӣ пеш аз анҷуман ҳар чӣ, ки гуфт назари шахсиаш аст. Тасмими ниҳоӣ дасти анҷумани ҳизб аст ва анҷуман тасмим хоҳад гирифт, ки оё ҳиб воқеъан бо номзади худ ворид мешавад, ё яке аз номзадҳои дигарро пуштибонӣ хоҳад кард. Ба ҳар сурат фикр мекунам, ки шаш моҳ қабл аз интихобот метавон дар бораи номзади эҳтимолӣ дар Тоҷикистон суҳбат кард.

-Сенориюи таҳрими интихобот ҳам матраҳ аст ё фикр мекунед ҳатман ширкат хоҳед кард?

-На, мо ҳиҷ далели қатъие то ба ҳол барои таҳрими интихобот надорем ва ба хусус он ки лоиҳаи ҷадиди тағйирот ва иловаҳоро ба қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳизби мо пешниҳод кард ва умед дорем ки тағйирот дар қонуни амалкунанда ворид хоҳад шуд. Дар сурати ворид шудани тағйиротҳо ба қонуни амалкунанда эҳтимоли ширкати ҳизби мо сад дарсад мешавад, вале ҳоло ки шурои сиёсӣ таҳрим барои ширкат гирифтааст, боз танҳо худи шурои сиёсӣ ва анҷуман метавонад наҳва ва шакли минбаъдаи ширкати моро мушаххас кунад. То ба ҳол мо дар бораи таҳрими интихобот ҳатто фикр ҳам накардаем.

-Чаро ҳатто фикр накардед, дар ҳоле ки медонем, ки дар интихоботи Тоҷикистон маъмулан баъд аз ки интихобот тамом мешавад ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷумлаи аҳзобе аст, ки пайваста шикоят мекунад аз нақзи қавонин ва муқарароти интихобот, раъйпурсӣ ва интихоботи ахир ҳам ҳамин тур буд оё ин барои шумо далел намешавад, ки интихобот дар Тоҷикистон мунсифона баргузор намешавад ва набояд дар интихобот ширкат кард?

-Бубиниен ин ҷо ду масъала аст, яке мунсифона ва шафоф будани интихобот, дигаре аз тариқи ширкат дар интихобот такмил додан ё қавӣ кардани худи баданаи ҳизб. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон то ба имрӯз ягон интихоботро таҳрим накардааст ва аз ин ҳиҷ бохте ҳам надошт. Дуруст аст, ки овозҳои мо дуздида мешуданд ҳамеша, дуруст аст ки интихобот шафофу мунсифона набуд, вале ҳар интихобот барои наҳзат як қадаме ба пеш буд ва мо дар ширкат дар интихобот нерӯи худро санҷидем, нерӯи бештар гирифтем ва аз интихобот то интихоботи дигар қавитар шудем, чаро мо дар бораи таҳрим фикр кунем, вақте ки ҳар як ширкат кардан дар интихобот ҳизби моро бештар ва беҳтар кардааст.

-Дақиқан намедонам аз чӣ лиҳоз беҳтар кардааст, вале агар аз диди мардум нигоҳ бикунем, онҳое ки мераванд пойи сандуқҳои раъй ва раъй медиҳанд, масалан ба тарафдорӣ аз шумо ва агар интихоботи сартосарӣ бошад ба тарафдорӣ аз ҳизби наҳзати исломӣ раъй медиҳанд ва дар ҳоле ки мебинан раъйашон дуздида шуд ба истилоҳи шумо шояд дилсард бишаванд ва дар интихоботи баъдӣ ширкат накунанд, чаро ки дар воқеъ ҳизби неҳзати исломӣ ва шикоёташ дар ҳадде нестанд, ки чизеро тағйир бидиҳанд ва дубора намеоянд пойи сандуқҳои раъй.

-Яке аз шикоятҳои асосие, ки мардум аз мо доштанд баъд аз интихоботи порлумонӣ ҳамоне буд, ки шумо алъон гуфтед, яъне ба эътиқоди бисёре аз интихобкунандагони мо наҳзат натавонист раъйи мардумро ҳифз кунад. Вале онҳое воқеъияти кишварро медонанд, дарк карданд, ки дар имкони наҳзат ва ё ҳар ҳизби дигари апазисиюн нест, ки раъйи мардумро ҳифз карда битавонад, чун қонунгузорӣ иҷозат намедиҳад, ки аз ин бештар як ҳизб дахолат карда бошад.

Вале агар мо воқеъан дар ҳизб бубинем, ки дигар наҳзат тамомии ин мароҳили такмилёбиро гузаштааст ва интихоботҳои ҷадид наметавонад барои такмили бештар чизе изофа кунад ва наҳзат табдил шудааст ба як мактаби сиёсӣ, ба ҳизбе ки дигар худро сохтааст, он вақт метавонем мо баҳогузориро ба интихобот дигар кунем ва масалан бигем, ки дигар ширкати мо дар интихобот зарурат надорад. То ба имрӯз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танҳо дар интихоботҳои порлумонӣ ширкат карда буд, то ба ҳол мо ба таври ҷиддӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳиҷ бор ширкат накардем.

Дуруст аст ки аз Давлат Худоназар дар интихоботи аввалини раёсати ҷумҳурӣ пуштибонӣ карда будем ва номзади апазисюнӣ раъйи хуб оварда буд. Тақрибан 27 30 дарсад раъйи мардумро оварда буд. Вале баъдан дигар мо таҷрибаи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро надорем. Шояд ки ин баъд аз мусолаҳа аввалин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мешавад, ки наҳзат дар он ширкат мекунад. Ин худаш ҳам як таҷрибаи нав аст, як мактаби сиёсӣ хоҳад буд. Ба ҳамин хотир мо бештар аз ширкат кардан нафъ мебинем, аз он ки таҳрим кунем.

-Фарзан агар дар интихоботи отӣ шумо ширкат буикунед, ба унвони номзади раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдаш ҳам дар натиҷа Эмомалӣ Раҳмон баранда бишавад ва бардошти ҳизби шумо ин бошад, ки давлат дар ҳақиқат тақаллуб карда, тақаллуб сурат гирифта, вокуниши ҳизби наҳзати исломӣ чӣ хоҳад буд?

-Агар ҳар номзаде ки баранда бошад, чӣ оқои Эмомалӣ Раҳмон бошад ё ҳар каси дигар ва наҳзат ба ин натиҷа бирасад, ки интихобот шафофу демократӣ буд, мо аввалин касе хоҳем буд, ки дасти ғолибро мефушурем ва табрикаш хоҳем кард, вале агар бубинем, ки на интихобот тақаллубӣ буд, то он ҳад тақаллубӣ буд, ки ба натиҷаи ниҳоӣ таъсир расонд, он гоҳ табиъӣ аст, ки мо назари худро қотеъона хоҳем гуфт.

-Вале назари шумо чизеро тағйир медиҳад?

-Бубинед, муҳим нест, ки тағйир медиҳад ё не. Дар равандли ширкат дар интихоботҳо мо билохира дарк меекунем, ки тақаллуб буд ё набуд. Барои мисол наҳзати ислмоии Тоҷикистон ҳақ дорад бигӯяд, ки интихоботи порлумонии 2010 тақаллубӣ буд. Барои он ки мо ширкат кардем, раъй овардем, раъйи мо дуздида шуда ва ин ҳақро дорем бигӯем, ки интихобот тақаллубӣ буд. Вале агар наҳзат ширкат намекард, чӣ гуна мо исбот карда метавонистем, ки интихоботи порлумонии гузашта тақаллубӣ буд.

Ва масалан бисёриҳо мегӯянд, ки аз ҳоло худашонро омода карда истодаанд, ки интихоботӣ раёсати ҷумҳурӣ дар мо тақаллубӣ хоҳад гузашт ва ҳиҷ зарурате барои ширкат кардан нест, ин як мавқеъи ҳизби заъиф аст, ки аз қабл худро барои шикаст омода кардааст. Ҳизби қавӣ ва номзади қавӣ ширкат мекунад, нерӯи худро месанҷад, паёмашро ба мардум мерасонад ва агар чӣ дар натиҷаи интихобот ва чӣ дар натиҷаи тақаллуб пирӯз нашуд ҳам, вобаста ба воқеъиятҳо кор мекунад. Агар ки пирӯзии рақибаш ҷавонмардона буд, ӯро табрик мекунад, агар ки ноҷавонмардона буд, ҳарфашро мегӯяд, ки тақаллубӣ буд ё рафторҳои нохуб шуд.

-Ва мъимулан ҳизбе ки ширкат мекунад умеде дорад ба ин ки интихобот шафофу мунсифона баргузор хоҳад шуд?

-Ҳатман, масалан дар интихоботи порлумонӣ ваъдаҳои зиёд буд, ки интихобот шафоф баргузор мешавад, баъдан дидем, ки чунин набуд ва ваъдаҳо иҷро нашуданд. Вале дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фикр накунам, ки то он ҳад ваъда дода шавад. Чун худашон дарк карданд, ки ваъдахилофӣ карданд ва ҳатто ҳизбҳо ва номзадҳо ҳам дигар бовари зиёд нахоҳанд дошт. Бубинен як намуди ширкат аст барои натиҷа, фикр мекунам, ки ин дафъа қисми зиёде аз мардум ва номзадҳо барои натиҷа ширкат хоҳанд кард. Як навъи ширкати дигар ҳаст барои паём расондан тавассути интихоботҳо. Ва мо бояд бубинем, ки дар интихоботҳои оянда кадоме аз ин ду авлавият хоҳад дошт, паёми худро ба мардум расондан ё натиҷа гирифтан, яъне пирӯз шудан дар интихобот.

-То ҳоло фикр мекунед, ки чанд дарсади ҷамъияти Тоҷикистон паёми шуморо дарёфт карда ва чӣ теъдод дар воқеъ бунгаҳи иҷтимоъии шуморо ташкил медиҳанд?

-Ҳоло ҳиҷ кас гуфта наметавонад, ки рақамҳои воқеъӣ дар интихоботи порлумонии гузашта чӣ қадар буд. Баъзеҳо мегӯянд, ки наҳзат масалан байни 20 то 30 дарсад ва ҳатто баъзе хушбинҳо ҳатто 40 дарсад раъйро барои наҳзат қоил шудаанд. Пас маъум мешавад ки ҳамин миқдор паёми наҳзатро дарёфт кардааст. Таҷрибае ки банда дорад дар гуфтугӯ бо мардум, таҷриба исбот кард, ки аз ҳар гурӯҳе ки бо мо ҳамсуҳбат буд, паёми наҳзатро дарёфт кард, ҳадди ақал 80 дарсадашон ҳадди ақал агар қабул накарда бошанд ҳам, он хусумату душманӣ аз байн рафт. Ин ҷо маълум мешавад, ки назҳат ҳам натавонистааст ба саросари кишвар ва ба ҳамаи мардум паёми худро бирасонад. Ва ин ҷо кор мехоҳад ва интихобот худаш як василае аст барои расондани паём ба мардум.

-Вале он паём чӣ ҳаст дақиқан? Ҳоло агар иҷмолан тавзеҳ бидиҳед ва мехостем бубинем ки тақрибан як сол пеш аз интихобот оё бар сари барномаи интихоботии ҳизб ҳам фикр карддн, ки чӣ чизеро мардум дар воқеъ агар олтернотиф дошта бошанд, интихоб букунанд. Агар ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баранда бишавад чӣ тағйироте дар Тоҷикистон сурат мегирад?

-Биёед ҳоло канор бигзорем, ҳизби наҳзат баранда мешавад ё на. Ё ҳатто мо номзади худро хоҳем дошт ё на. Биёед атрофи он номзади идеолӣ ва барномаи ӯ суҳбат кунем, ки барои мисол чӣ касоне метавонанд номзади наҳзат бошанд ё пуштибонии наҳзатро дарёфт кунанд, дар сурате ки ин барномаро дошта бошанд. Яке ин аст, ки бояд тасаввуроти рӯшан дар бораи ояндаи Тоҷикистон дошта бошад. Фарқ намекунад ин номзади наҳзат аст ё берун аз наҳзат, ки Тоҷикистони ояндаро чӣ гуна дидан мехоҳад? Як Тоҷикистони озод демукротӣ ва воқеъан ҳуқуқбунёд. Ин бо ҳарфҳои умумӣ ва шиъорҳо намешавад, бояд исбот кард ва мутақоъид кард мардумро, аз он ҷумла интихобкунандаи номзадро, ки роҳҳои расидан ба ин шиъорҳо чӣ аст.

Ва ҳатман он номзаде ки мо тасаввураш мекунем як номзади дорои андеша ва афкори муътадил бошад. Шарт нест, ки ҳатман аз қишри динии ҷомеъа бошад, метавонад аз қисми секуляр ё дунявӣ бошад вале муносибати давлат ва динро як мушорикати ҳамкориву бидонад, на мухолифат ва на рақиби якдигар. Мутаасафона ҳоло муносибати дин бо давлат дар кишвари мо, умуман дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар мухолафату рақобатро мемонад аз оне ки мушоракат бошад ва мо дунявиятро ба ҳамин маъно мефаҳмем. Ва он номзаде ки мо тасаввураш мекунем бояд тақрибан ҳамин дидгоҳҳоро дошта бошад.

-Оё чӣ тур ҳизбе, ки пасванди исломӣ дараш ҳаст, ва ин иттифоқан чизе аст, ки хелеҳоро ба андеша вомедорад ва фикр мекунад, ки агар инҳо омаданд, иттифоқан ҷумҳурии исломӣ месозанд, чӣ тур ҳамчун ҳизбе бар фикри он аст, ки давлатро секулор ва ғайримазҳабӣ нигаҳ дорад, оё ҳамин аст манзури шумо?

-Агар мо дунявиятро ба маънои мушоракати дину давлат дар ҷомеъа бидонем, ин айни ҳамун исломияти мо аст. Чун дар фаҳмиши исломӣ дунявият бо дин мухолифи ҳам нестанд, балки такмилкунандаи якдигар ҳастанд. Банобар ҳамин мо ҳиҷ вақт андешаҳои дунявият, секуляризмро ба маънои воқеъиаш алайҳи дин намефаҳмем ва қабул ҳам надорем. Ва уне ки пасванди исломӣ дар ҳизби мо ҳаст, ҳатман маънои онро надорад, ки ҳизб дунболи ҷумҳурии исломӣ аст, ё ҳукумати исломӣ аст. Чун ҳоло дар худи ҷаҳони ислом ҳам байни андешамандони исломӣ ва байни мутафаккирон як баҳсе вуҷуд дорад, ки то кадом ҳад ин кансепшан ё ин назарияи давлати исломӣ мутобиқат ба худи асли исломият дорад.

Буд замоне масалан 20 сол, 30 сол, 40 сол пеш ки ҷаҳони ислом дар ҷустуҷӯи ҳуввият буд, айдентити. Ва барои ин ки ин ҳуввият пайдо шавад, ба ҳама чиз номи исломиро гузоштанд, масалан шуруъ карда аз ҷумҳурии исломӣ, давлати исломӣ, банки исломӣ, мошини исломӣ, мағозаи исломӣ, ҳама чиз пасванди исломиро дошт. Ва мардуми мусалмон мехост барои ҳуввияти худро мушаххас кардан худро бо ин ном дар муқобили каси дигар ё чизи дигар бигзорад, ҳоло ин зарурат аз байн рафт. Шумо мебинед, ки аксари ҳизбу ҳаракатҳои исломгарои муъосир ё аз ин пасванди исломӣ даст кашиданд ё онҳое ки тоза ҳизб дуруст карданд аслан дар номҳояшон инро дигар надоранд. Барои ҳамин будан ё набудани пасванди исломӣ дигар маънии зиёде надорад, ин як ҷузъи таърих аст.

-Ман мегӯям бар пояи фарзия аст, ки ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон агар баранда бишавад он моддаи авалро аваз намекунад, ки Тоҷикистон як кишвари секулор ҳаст?

-На, мо танҳо иваз намекунем, балки барои татбиқи он талоши бештар хоҳем кард. Чун масалан вақте модаи аввал ва садуми қонуни асосӣ мегӯяд Тоҷикистон як давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоъӣ ва дунявӣ ҳаст, мо так таки ин бандҳоро на ҳамчун шиъор, балки ҳамчун воқеъияти рӯз бояд татбиқ кунем. Ва дигар ҳатман ки сари демукротиву, ҳуқуқбунёду иҷтимоъӣ будани кишвар ки баҳс надорем, чӣ исломиву, чӣ либеролҳову кумунистҳо.

Баҳс танҳо мемонад сари масъалаи дунявият. Вале агар ун бардоште ки мо аз дунявият дорем, ки як каме фарқ мекунад аз бардошти ҳамватаноне, ки имрӯз дар ҳокимият ҳастанд, ин масъала агар ҳал шавад ва ҳатман ҳалшаванда ҳам ҳаст, мо ҳиҷ мушкилие бо банди дунявият ҳам нахоҳем дошт. Ва воқеъан дар таҷриба исбот хоҳем кард, ки дунявият ба маънои воқеъиаш ҳеҷ мухолифате ба дин надорад, ба хусус ба дини мубини ислом.

-Аз ин ҷунбишҳои исломгаро ё исломӣ, ки дар мантақа куллан дар ҷаҳон сари қудрат омаданд ахиран ва ҷумҳуриҳои исломӣ, ки аз гузашта ҳузур доштанд дар арсаи байналмилалӣ кадоме аз онҳо ба назари шумо идеол ё матлубтар ба назар меояд, ки фикр мекунед Тоҷикистон агар ин тур буд, беҳтар буд?

-Тақрибан дар ин соли ахир аз тамоми ин кишварҳо дидан кардам, аз Мағриб шуруъ карда то Тунис, Миср Малайзӣ, Туркия ва то он ҳадде ки имкон дошт таҷрибаи ин ҳизбу ҳаракатҳои ҷадидро як мурур кардем, баррасӣ кардем ва ба ин хулоса омадем, ки ҳиҷ яке аз ин таҷрибаҳо наметавонад сад дарсад ё ҳатто 80 дарсад дар Тоҷикистони мо татбиқ карда шавад. Тоҷикистони мо ниёз ба як таҷрибаи худӣ дорад. Албатта мешавад баъзе унсурҳо, элементҳоро аз ин ё он кишвар гирифт. Мо набояд маҳдуд ба як кишвар кунем, барои мисол аз Малайзӣ шуруъ карда то Мағриб метавон ин таҷрибаҳоро омӯхт ва дар заминаи ин ҳама таҷоруб як таҷрибаи ҷадид бо номи тоҷикӣ як ҷомеъаи мусалмонии тоҷикиро роҳандозӣ кард.

-Туркия ба назари шумо матлуб нест?

-Туркия ба мо бештар наздик аст, вале он ҳассосияте ки дар назари як қишр аз зиёиёни мо нисбати масоили туркӣ, пантуркизм доранд, як каме таҷрибаи туркиро дар чашми мо тоҷикон дувумдараҷа кардааст. Ҳол он ки агар масалан ҳамин таҷриба дар Туркия не дар ҳар кишваре дигар мебуд барои Тоҷикистон қабули он осонтар мешуд. Албатта назари мо ин аст, ки бародарони мо дар масъалаи хатари пантуркизм зиёдаравӣ мекунанд. Чунки мо бештар зарбаро аз пантуркистони маҳаллии Осиёи Марказӣ, Бухорои худамон хурдем, на аз пантуркистони усмонии истамбулӣ.

Чун на он вақт туркҳои истамбулӣ дар фикри Тоҷикистону Осиёи Марказӣ буданд, чун гирифтори мушкилоти худ буданд ва на имрӯз ҳастанд. Ҳатто ман дар Истамбул, Анқара медонам нафаронеро, ки дар сатҳи баланданд, аслан тасаввурот надоранд, ки дар Тоҷикистон чӣ дорад мегзарад. Вале чун мо зарбаро аз пантуркистони маҳаллии худамон хурдем, як каме ҳассосияти таҷрибаи туркӣ дар маҷмуъ ҳаст. Вале воқеъан таҷрибаи туркҳо як таҷрибаи омӯзанда аст ва метавон қисмати бештари таҷоруби ҷаҳониро аз Туркия гирифт барои татбиқ дар Тоҷикистон.

-Ҳоло дар мавриди шахси худатон агар ба унвони раҳбари ҳизб суҳбат букунем, бисёре ҳастанд, ки ин назарро доранд, ки шумо дар воқеъ намояндаи эҳсосоту авотифи кулли ҳизби неҳзати исломӣ нестед, ва бештари аъзои он дидгоҳҳошон нисбатан родиколтар аст ва шумо дар воқеъ аз қишри миёнарав ё муътадили ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон намояндагӣ мекунед ва эҳтимол дорад, ки шумо сари қудрат биёед он қишре, ки родиколтар ҳаст, ба фикри он биафтад, ки як ҷойгузини дигаре ба ҷойи шумо дошта бошад. Ба назари шумо ин тур ҳаст, ки суфуфи ҳизби неҳзати исломӣ бештар аъзои родикол дорад ва камтар аъзое, ки мисли шумо бошан.

-Бубинен, вақте ки ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ду маротиба пайи ҳам як нафарро интихоб мекунад ва он ҳам бо аксарияти оро, пас чӣ гуна метавон гуфт, ки байни дидгоҳҳои раҳбари ҳизб ва тудаи мардум ё аксарияти аъзои ҳизб ихтилоф вуҷуд дорад. Наметавонад як гурӯҳи дар маҷмуъ радикал як нафари бо истилоҳи шумо, бо таъбири шумо бо дидгоҳи муътадилро интихоб кунад ё баръакс як тудаи муътадил ё гурӯҳи муътадил як нафари радикалро интихоб кунад. Ба назари мо ин ҷо мардум бештар зери таъсири таҳлилҳо мондаанд, вале дар асл агар бубинем, дар тамоми баданаи наҳзат он андешаҳое, ки мо дорем ва ҳарфҳое, ки мегӯемоунҳо ҷо доранд.

Дуруст аст, ки як гуфтугӯ дар наҳзат ҳаст, бурди наҳзат дар ҳамин аст, ки мо тамоми масоили ихтилофиро бо ҳам мешинем баҳс мекунем ва ҳиҷ гоҳ аз гуфтугӯи дохилӣ парҳез накардем. Барои мисол ду со қабл, фикр мекунам, дар яке аз мусоҳибаҳои худ шояд дар ҳамин Бибисӣ буд, баҳси як давлати теократиро доштем, ки гуфтем масалан ҳиҷ кас ҳақ надорад дар ислом аз номи худо болои мардум ҳокимият кунад. Ин ҷумлаи мо боъиси баҳси дохилӣ дар наҳзат шуд. Ва мо парҳез накардем аз ин баҳс, вориди баҳс шудем ва ҳоло ҳам баҳс идома дорад, ки оё воқеъан аз дидгоҳи мо ҳақ дорад касе аз номи худо болои мардум ҳокимият кунад ё не.

Ва дидем, ки на баъзе афрод буданд, ки воқеъан гуфтанд, ки ин ҷумлаи шумо ҷойи баҳс аст ва баҳс карданд, вале аксарияти мардум дар сатҳи боло миёна ва поёни ҳизб ин ҷумларо на танҳо қабул карданд ва ҳазм карданд, ҳатто аксарият ба ин натиҷа ҳам расиданд, ки воқеъан ҳамин ҷур аст. Чун дар дидгоҳҳои аҳли суннат ва ҷамоъат ин тавр нест, ки як нафар биёяд ба худаш иҷоза бидиҳад, ки болои мардум ҳокимият кунад.

-Ҳоло ишора кардед, ба дидгоҳҳои аҳли суннат ва ҷамоъат ва Тоҷикистони имрӯзи як Тоҷикистони дигар аст, ки талаввун ва танаввуъи мазҳабии бештар дорад, дар воқеъ ҷунбишҳое алъон ба вуҷуд омаданд, ки зеризаминианд аксаран, вале дидгоҳҳошун бештар ваҳҳобӣ аст, ё салафӣ аст, шумо аз ноҳияи афроде, ки ба дидгоҳҳои тундравонатар эътиқод доранд, ҳиҷ эҳсоси хатар мекунед?

-Воқеъан ин ҷараёнҳои тунд дар Тоҷикистон вуҷуд доранд ва онҳо доранд ҷойгоҳи холие, ки муътадилҳо таркаш карданд, онҳоро пур мекунанд ва ҳукумат ҳам тамоми нерӯи худро барои пахш кардани апазисиюни муътадил сарф кард, чӣ аз либералҳо бошад чӣ аз исломгароҳо. Ва хоставу нахоста як кумаки бисёр хубе ба ун гурӯҳҳои тундрав карда истодааст. Ман намедонам дар баданаи ҳукумат инро оё дарк карданд ё не, чун имрӯз рақиби асосиашон моро мебинанд ва сосиал демократҳоро, дигар нерӯҳои апазисиюние, ки дар чорчӯби қонун расман амал карда истодаанд. Чун мо ҳаққи ширкат дар интихобот дорем.

Онҳо аз лиҳози тактикӣ ва ҳадафҳои наздик моро рақиб мебинанд. Чун мутмаин ҳастанд, ки на салафиҳо ва он гурӯҳое, ки шумо ном бурдед, дар интихоботҳои наздик ҳаққи ширкат кардан надоранд ва барои онҳо як хатари дур ҳастанд. Вале бехабар аз он ки ин хатари дур метавонад фосилааш хеле кӯтоҳтар аз он бошад, ки онҳо тасаввураш мекунанд. Ва мо ин ҳодисаҳоро дар дигар кишварҳо ҳам дидем. Масалан Қаззофӣ ҳиҷ тасаввур намекард, ки аслан як гурӯҳи хеле тундрав дар дохили кишвараш ҳаст. Фикр мекард, ки тавонист ҳамаи онҳоро саркӯб кунад, як қисмаш берун рафт, аслан вуҷуд надорад. Ва ғафлатзадагии аксари ҳокимҳо дар ҳамин аст, ки онҳо тамоми нерӯи худро сарфи заъиф кардани нерӯҳои апазисиюни ошкор ва қонунӣ мекунанд.

-Вале чаро? Дар воқеъ агар бубинем, ки бархурди давлати Тоҷикистон бо салафиҳо чӣ тур буда ва онро дар баробари бархурди давлати Тоҷикистон бо ҳизби неҳзати исломӣ бугзорем, тафовути зиёд аст. Яъне давлат лоақал иҷоза дода, ки ин ҳизб вуҷуд дошта бошад, расмӣ бошад, дар интихобот ширкат букунад ва ба унҳо иҷоза намедиҳад. Он мушкилоте, ки шумо мегӯед фишоре ки давлат эъмол мекунад, чӣ ҳаст?

-Аслан муқоисашаванда нест, вақте ки наҳзати исломиии Тоҷикистон бо ин ҳама таърих, бо ин ҳама муқовимат, ҳиҷрат, мусолаҳа имрӯз бо вуҷуди ҳама эҳтиром ба ҷаноби шумо, ба ҳар таҳлилгари дигар, бо салафиҳо муқоиса кунем, ки масалан шуморо иҷозат додаасту салафиҳоро на. Ин аслан ҷойи муқоиса нест. Баъдан чаро ба мо иҷозат медиҳад. Чун мо тибқи қонуни асосӣ дорем амал мекунем ва худи асли давлатдории Тоҷикистонро инкор накардем.

На қонуни асосиро, на сохтори давлатиро, вале онҳое, ки шумо дар борашон суҳбат мекунед, онҳо аслан шакли давлатдориро қабул надоранд. Дуруст аст, ки аз лиҳлзи тактикӣ гоҳе меоянд сари минбарҳо ва раиси ҷумҳурро амирулмуъминин ё улиамр лақабгузорӣ мекунанд, ба хотири он ки майдоне барои амал дошта бошанд ва воқеъан ҳам баъзе аз ҳукуматдорони мо дар аввал гирифтори ин шиъорҳову лақабҳо шуданд ва ба онҳо майдон доданд, минбар доданд, ки алайҳи наҳзати исломии Тоҷикистон суҳбатҳое ҳам карданд.

-Дар ин сурат чун шумо созгории бештар доред бо давлатдории Тоҷикистон, бо қонуни асосӣ ҳукумат ба шумо маҷол медиҳанд, ки он корро бикунед, он фишоре, ки шумо мегӯед, фишоре ки аз суи давлат эъмол мешавад бар неҳзати исломии Тоҷикистон, он фишор чӣ ҳаст дақиқан?

-Вақте ки наҳзати исломии Тоҷикистон то имрӯз ғайр аз ду вакил дар Маҷлиси намояндагон ҳиҷ аъзои ҳизби мо ҳатто корманди одии мақомоти давлатӣ нест, ҳол он ки дар назди қонун ҳама баробаранд. Масалан мо ҳиҷ нафареро ҳатто дар сатҳи ҷамоъат надорем, дар сатҳи мудири мактаб надорем. Ин як паёме ҳаст ба ҷомеъа, ки ҳар кӣ наҳзати ҳаст, дар баданаи ҳокимият ҳиҷ ҷойгоҳ ва мақом нахоҳад дошт. Ин худаш як фишори равонӣ аст. Оне, ки мехоҳад, ки карйераи сиёсӣ дошта бошад, ҷойгоҳи мақоми расмӣ дошта бошад, дигар наметавонад аъзои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бошад.

Аз тарафи дигар масалан дар ин соли ахир корҳое,ки анҷом шуд, мо ин фишорро ҳама ҷо эҳсос мекунем. Масалан наметавонем бигӯем, ки ду сол қабл чунин буд, чун муносибат комилан фарқ мекард ва мо озодии бештар, имконияти бештар барои фаъъолиятҳои худ доштем. Мо моҳи октябр як нишасте доштем барои муаллимин ва панҷуми октябр рӯзи муаллимин дар Тоҷикистон ҷашн мешавад, мо як конфронс доштем, устодони донишгоҳ ва мактабҳои миёнаро даъват кардем ва худам ширкат кардам. Нишасте хубе буд, фарҳангӣ эҳтироми устодонро ба ҷо овардем ва тасаввури мо ин буд, ки як садди равонӣ, ки байни муаллиму домулло тули ҳафтод соли шуравӣ ва баъдан ба вуҷуд омад, он шикаста шавад, ва ин ду гурӯҳ якдигарро душман ё рақиб ҳисоб накунанд, бо ҳам омехта бошанд.

Ва фикр мекардем, ки кори хуб ва савоберо барои ҷомеъа кардем ва ҳукумат ҳатман пуштибонӣ аз ин гуна ҷорабиниҳо хоҳад кард. Чун билохира боъиси ба ҳам оамдани қишрҳои гуногуни ҷомеъа мешавад, вале баъдан дидем, ки он устодоне, ки омаданд ширкат карданд, ва меҳмони мо буданд, профессорҳо, калонсолҳо даъват шуданд ва аз эшон баёнот гирифта шуд, ки барои чӣ дар чорабинии наҳзат рӯзи ҷашни муаллимин ширкат кардед, хеле ҳам ҷойи тааҷуб буд ва ҳам ҷойи воқеъан нигаронӣ буд, ки аз як тараф вақте ки меоянд мегӯянд, ки домуллоҳо бо муаллимон хуб нестанд, зиёиёнро қабул надоранд ва вақте ки худи домуллоҳо иқдом мекунанд ибтикор нишон метан биёян онҳоро даъват кунанд бо ҳам бошанд, ҳукумат назари мо буд, ки ҳатман кумак хоҳад кард. Ташвиқ хоҳад кард, ки бештар бо ҳам бошед.

Чун дар дарозмуддат ин ба нафъи ҷомеъа аст. Вале вақте ки мебинем, ки на ҳатто ин корҳоро монеъ шуданд ва онҳо танбеҳ шуниданд, устодоне, ки дар ин чорабинӣ ширкат карда буданд, ин аллакай барои мо паёме буд, ки баъзеҳо дар ҳокимият шояд манфиъатдор ҳастанд, ки байни ин қишрҳо фосила вуҷуд дошта бошад. Инҳо ба ҳам наоянд ва дар вуҷуди ин фосила ҳамон шиъори доимие, ки ихтилоф андоз ва ҳокимият кун, мисдоқи худашро айнан дар ҳамин хел ҳолатҳо дар кишвари мо тарбия мекунад. Дар ҳар сурат назари мо ин аст, ки наҳзат набояд дунболи ин гуна ҳодисаҳои муваққатӣ бошад. Мо бояд барои дарозмуддат фикр кунем. Ва ҳар чӣ қадар ки монеъ зиёд накунанд, ин рисолати мо аст, ки ба суи мардум ҳаракат кунем, агар як дарро бастанд, бояд дари дигарро пайдо кард, дарҳоро бастанд бояд аз тирезаву панҷара ворид шуд.

-Ҳоло ки ба дидори худатон бо устодону муаллимону муддарисон ишора кардед мехоастам як саволе букунам, ки ба омӯзишу парвариш марбут мешавад дар Тоҷикистон, шояд ки яке аз масоили бунёдин, мушкилоти бунёдини кишвар бошад, ва як идда нигаронанд, ки агар Тоҷикистон ё забони форсӣ дар Тоҷикистон ба хатти форсӣ барнагардад, эҳтимол дорад, ки ин забон явош явош ё як ҳайати комилан муҷаззое барои худаш бигирад, ки комилан дур бишавад аз форсӣ, ё комилан забони форсӣ онҷо аз байн биравад. Шумо агар имконашро дошта бошед хатти форсиро бармегардонед ба Тоҷикистон ё на.

-На агар ки имконаш дар дасти мо бошад, мо омӯзиш ва таълими хатти форсиро пурқувват мекардам, бештар мекардам ва корро бояд ба ҳадде расонд, ки дар Тоҷикистон ду алифбо вуҷуд дошта бошад паҳлуи ҳам. Мо аз ин ҳиҷ зарар намебинем ва баръакс як фоидаи хеле хуб хоҳем дошт чун омӯхтани ду алифбо барои як талаба, донишҷӯ душвор нест. Мо тавассути алифбои форсӣ як пайвасте бо ҷаҳони ислом, бо олами форсӣ, эронии худ хоҳем дошт ва аз ин манбаъ ва сарчашмаҳои воқеъан ғанӣ, чӣ таърихӣ ва чӣ имрӯз истифода хоҳем кард ва ҳифзи хатти сирилик ҳам хеле муҳим аст, чун ин худаш як даре ҳаст барои мо барои иртибот бо ҷаҳони дигар. Бо Русия ва тавассути он бо бахши дигаре аз ҷаҳон.

-Вале иртибот бо ҷаҳони русӣ ё ғарбӣ оё лозимааш ин ҳаст, ки хатти мо рӯсӣ бошад, барои ин масалан мебинем, ки эрониҳо камтар аз мо аз ғарб огоҳ нестанд, шояд бештар ҳам огоҳ бошанд, вале хат форсӣ аст ва забон ҳам форсӣ аст. Ё хеле дигар аз кишварҳо ҳастанд, ки хатташон фарқ мекунад ва иртиботашон хеле наздик аст, яъне он хат нест, ки забонро тавассути он ёд мегирем, яъне бо омӯзиши хатти сирилик мо русиро фаро намегирем, балки мақулаи хатт аз забон муҷаззо аст.

-Ҳадди ақал бо доштани хатти сирилик омӯзиши забони русӣ барои мардуми мо осонтар мешавад ва мо тақрибан як муқаддимаи омӯзиши забони русиро дорем. Мехоҳем ё не дар ояндаи наздик ва ҳатто дур ҳам иртиботи мо бо Русия бо ин ҳавзаи илмии фарҳангӣ илмӣ, иқтисодӣ қавӣ хоҳад монд. Ва чаро мо бо эҷод кардани садҳои сунъӣ душвориҳо болои миллати худ, мардуми худ биёрем.

-Яъне шумо фикр мекунед, ки дар арсаи сиёсӣ ҳам агар ҳизби неҳзати исломӣ, инҳо ҳамагӣ фарз аст, агар пирӯз шуд, наздиктарин шарики истротежики Тоҷикистон Русия боқӣ хоҳад монд?

-Бубинед, наҳзати исломии Тоҷикистон шарикони ояндаи кишварро тибқи хостаи ҳизб интихоб нахоҳад кард. Тибқи хостҳои мардуми тоҷик интихоб хоҳад кард. Агар воқеъан ба нафъи миллати тоҷик ва кишвари мо бошад, ки наздиктарин шарики стратегии мо Русия бошад, наҳзасти исломии Тоҷикистон омодааст, ки тамоми он саҳифаҳои душвори муносибатҳои худ бо Русияро фаромӯш кунад ва ҳатман фаромӯш мекунад. Мо қадамҳои аввалро бо русҳо гузоштем ва чанд сафар ҳам, ки банда ба Русия доштам, ин паёмро фиристодем ва тавассути мулоқотҳои худ бо шаҳрвандони тоҷик, ки ҳар чӣ зудтар мо бояд бо Русия тафоҳуме дошта бошем. Бубинед дусад соли таърих дар минтақаи Кавказ ва Осиёи Марказӣ печида бо муқовимати исломӣ ҳаст.

Чӣ аз имом Шомил шуруъ карда ва ин ҳаракати муқовимати Осиёи Марказӣ, ки бо номи босмачигарӣ маъруф аст, шиъори ҳамаи инҳо мубризаашон бо Русия ислом буд. То охирин сафҳааш ин ҳамон пусти 12 ум дар марзи Афғонистон ҳаст. Ва албатта барои русҳо ҳам фаромуш кардани ин кори осон нест, барои миллатҳои Осиёи Марказӣ ҳам, аз он ҷумла барои Тоҷикистон ҳам, ки мо воқеъан ҳам як талафоти бузург додем дар ин рӯёрӯйӣ. Мантиқ инро талаб мекунад, ки мо бояд ҳар чӣ зудтар ин саҳифаҳои душворро паси сар кунем, бигзарем ва вориди саҳифаи нав шавем. Ба назари мо агар тақозои манфиъатҳои миллии мо ин бошад, ки бо русҳо, бо Чин бо ҳар кишвари дигар шарикии стратежӣ дошта бошем, чаро на.

-Вале пурсиши ман ин аст, ки оё манофеъи миллии Тоҷикистон бар ин ҳаст, ки бо Русия ин қадар наздик бошад ва шарики истротежик бошад, то ҳадде ки пойгоҳи низомии Русия бихоҳад барои 49 соли дигар он ҷо бимонад?

-Бояд баҳси пойгоҳи низомиро аз шарики стратегӣ будани Русия ҷудо кард. Назари банда ин аст, ки аслан дар Тоҷикистон беҳтарин ҳолат он мебуд, ки ҳиҷ пойгоҳи низомии хориҷӣ набошад, вале агар зарурат бар он аст ва мо гурезе аз ин воқеъият надорем, ки ҳатман як пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон бошад, шояд камтарин зарарро боз ҳам аз лиҳози равонӣ пойгоҳи низомии русӣ дошта бошад, чун билохира мардум одат кардаанд ба ин либосу ба ин вуҷуди афсари рус дар Тоҷикистон, аз оне ки одат кунад бо ҳузури як афсари кишвари дигар.

-Пас шумо мухолиф нестед?

-На ман дар маҷмуъ мухолифи вуҷуди ҳама гуна пойгоҳҳои низомӣ дар ватанам ҳастам, аз нигоҳи миллӣ ва ватандӯстӣ ин барои ман чандон қобили қабул нест, вале аз диди прагматик вақте ки мо илоҷе надорем, бояд ҳатман бошад. Дигар аз он ки як артиши дигар бошад, русҳо аз лиҳози равонӣ барои мо қабулаш, ҳазмаш сабуктар аст.

-Вале агар он агарро бияндозем мо илоҷе дорем ё ҳатман бояд бошад? Ман назарам ин аст, ки илоҷ дорем, ки набошад?

-Вале воқеъиятҳо инро таҳмил кард болои мо. Ҳоло гуфта наметавонем, ки чӣ боъис шуд, ки бо ин сабукӣ ва роҳатӣ ба тавофуқ расиданд. Дар ивазаш чӣ гирифтем мо, ҳадди ақал баробари қирғизҳо бояд чизе мегирифтем. Вале ин баҳси дигар аст. Вале баргардем ба баҳси шарикии стратежӣ будани Русия , бубинед мо бояд фикри наздики ду миллиюн тоҷикистониро дар Русия карда бошем. Наметавонад, ҳиҷ як раҳбар ё сиёсатмадоре, ки мантиқӣ фикр мекунад, онҳоро фаромуш кунад.

-Вале оё роҳаш ин нест, ки як раҳбари мантиқӣ ё сиёсатмадори мантиқӣ ба фикри бозовардани он овораҳо ба Тоҷикистон бошад, эҷоди фурсатҳои шуғлӣ дар худи Тоҷикистон, ки баргарданд аз он хориву зорӣ?

-Сад дарсад бо шумо мувофиқам, вале ҳоло воқеъияти имрӯз ин аст, ки мо наздики ду миллиён тоҷикистонӣ дар Русия дорем ва то он вақте ки мо онҳоро бармегардонем, панҷ солу даҳ сол кофӣ нест. Бояд воқеъбин буд, агар ҳар кӣ дар интихоботи оянда ваъда диҳад, ки баъд аз пирӯзиаш ду сол баъд тамоми тоҷикҳоро бармегардонад (механдад), шахсан худи ман мегӯям дурӯғгӯ аст, бовараш накунед, чӣ наҳзатӣ бошад, чӣ ғайринаҳзатӣ.

Яъне бояд шуруъ кард, ин раванди тулонӣ аст, вале агар имрӯз шуруъ накунем, пас ҳар рӯзаш, ҳар солаш дер мешавад. Вале то он вақте ки шаҳрвандони мо дар он ҷо як рисқе пайдо мекунанд, Русия, мехоҳем ё намехоҳем, шарики стратегии мо хоҳад буд. Баъдан ҷудо аз ин муҳоҷирини мо. Чӣ бадӣ дорад, ки мо бо як кишвар шарикии стратегӣ дошта бошем, агар муҳоҷирини мо дар он ҳам набошад. Масалан мо дар Чин муҳоҷир дорем? Надорем. Баръакс чиниҳо доранд ба Тоҷикистон меоянд, вале воқеъиятҳо маҷбур кардааст, ки мо бо Чин ҳам ҳамосягии хуб дошта бошем.

Ё бо кишварҳои дигар. Набояд ки шарики стратежиро аз лиҳози идюлужик интихоб кунем. Агарчи ҳизби мо як ҳизби идеологӣ аст, вале шарики стратегии Тоҷикистон набояд аз лиҳози идеологӣ интихоб карда шавад. Ҳатто як кишвари исломӣ дар яке аз мароҳил метавонад барои мо шарики стратегӣ набошад ва ҳадафҳояш, барномаҳояш мухолафат бо манфиъатҳои кишвари мо, миллати мо дошта бошад. Чаро мо ба хотири он ки он ҷо ҳам мусалмон аст, ин ҷо ҳам мусалмон аст ҳатман бояд худро маҷбур кунем, ки бо ин кишвар шарики стратегӣ бошем.

-Вале шарики стротежик дорем то шарики стротежик, яъне тафовути зиёде ҳаст, масалан шарокати стротежики Тоҷикистону Русияро оё поёопой мешавад донист? Оё тамоми ҳуқуқе ки масалан русҳо дар Тоҷикистон доранд, тоҷикҳо дар Русия доранд, ё муъоҳидоте, ки байни Тоҷикистону Русия ҳаст, ин ҳолати поёпой ва ҳуқуқи баробар ҳифз шуда ё на?

-На, бояд ин воқеъиятро қабул кунем, ки дар минтақаи пасошуравӣ он ҳолатеро, ки дар Урупо дорем масалан, ки Лихтенштейн ё Люксембурги кучаки миниатюрӣ ҳуқуқи баробар бо Олмон дорад, инро дар Осиёи Марказӣ дар минтақаи пасошуравӣ намешавад аслан тасаввур кард. Ҳатто Қазоқистон бо ин ҳама бузургиаш наметавонад ин даъворо бо Русия кунад , чӣ бирасад ба Тоҷикистон ё Қирғизистон.

Бояд воқеъбин буд ва ман назарам ин аст, ки дипломатия дар Осиёи Марказӣ ин аст, дипломатияи муваффақ, ки ҳадди аксари имтиёзҳоро битавон гирифт, вале бо камоли таассуф мегӯям, ки дипломатияи мо натавонист дар солҳои ахир он имтиёзҳое, ки метавонист бигирад аз шарикони стратегӣ, онро дифоъ кунад ва гирифта тавонад, мо ҳатто дар ин масъала аз қирғизҳо ҳам қафо мондем.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi