12:33:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

Ю.ПОПОВ: САФАРИ ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН «ҲАЛКУНАНДА» АСТ

Сафири Русия боздиди қарибулвуқӯи Владимир Путин ба Душанберо барои густариши равобити ду кишвар, «ҳалкунанда» унвон кард.

/images/stories/2012/09/27_popov-safir-270912.jpgЮрий Попов, рӯзи чаҳоршанбе зимни ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Иттиҳоди гумрукӣ: Дурнамои ҳамгироиҳои ҷадид», дар шаҳри Душанбе гуфт, ки «сафари навбатии Владимир Путин равобиту муносиботи Русия бо Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав хоҳад бардошт».

Ҳамзамон сафири Русия ин ҳамоишро низ заминае барои ин сафар донист ва гуфт, ки ин иқдом шароит фароҳам хоҳад кард ва масъулону коршиносон роҳҳои ҷадиди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, ба хусус иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба баррасӣ хоҳанд гирифт. Ҷаноби Попов бо он, ки таърихи дақиқи сафари раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистонро эълом накард, аммо гуфт, ин боздид ҳафтаи оянда сурат мегирад.

Ҳамоиши «Тоҷикистон ва Иттиҳоди гумрукӣ: Дурнамои ҳамгироиҳои ҷадид» бо ​​ибтикори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии «АвруОсиё ва Академияи улуми Тоҷикистон ва бо ширкати масъулону намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва ҳукумати Русия ва Тоҷикистон ва коршиносон баргузор мешавад.

Ин аст, ки ба хотири ширкат дар ин ҳамоиш ҳайати бузурге аз масъулон ва мутахассисон аз Русия ба Тоҷикистон омадаанд.

Олим Бобоев, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон низ дар кушоиши ин ҳамоиш бар густариш ва тақвияти ҳамкориҳои шарикии Русия ва Тоҷикистон таъкид карда ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақӣ ва ба хусус узвият ба Иттиҳоди Гумрукиро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон муҳим хонд.

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲУСД ва ҳамзамон раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон аз идеяи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Гумрукӣ истиқбол кард ва гуфт, ин иқдом ба фоидаи кишвараш тамом хоҳад шуд.

Аммо ҷаноби Зоийров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «бо вуҷуди он, ки ин идея ҳанӯз чанд соли пеш дар Душанбе тавассути Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон матраҳ шуда буд, вале Тоҷикистону Қирғизистон аз шомил шудан ба ​ин созмон дар канор гузошта шуданд.

Ҳамакнун ба таъкиди Раҳматуллоҳ Зоиров, Тоҷикистонро лозим аст, то ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ворид шудан ба ин созмон қавонини худро ба ин созмон мутобиқ созад. Вале нигаронии амиқи Раҳматулло Зоийров аз дурнамои фаъолияти Иттиҳоди Гумрукӣ он аст, ки ба таъкиди вай, ин созмон бояд ҳадафҳои иқтисодӣ дошта бошад, аммо дида мешавад, ки ҳадафҳои сиёсӣ тавассути раҳбарони феълии он бештар дар авлавият қарор гирифтаанд.

Зимнан, интизор меравад, ҷониби Русия дар ҳамоиши «Тоҷикистон ва Иттиҳоди гумрукӣ: Дурнамои ҳамгироиҳои ҷадид», тарҳи барномаи дурнамои ҳамкориҳои Русия барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi