09:34:05 15-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«БО ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯКОР ДИГАР СОЗИШ НАХОҲАД ШУД»

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ дар қаламрави Бадахшон, хусусан шаҳри Хоруғ ба шиддат изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, «бо гурӯҳҳои ҷинояткор дигар созиш нахоҳад шуд».

/images/stories/2012/09/19_emomali-rahmon-190912-111.jpgВай бо ишора ба амалиёти сохторҳои қудратӣ дар Хоруғ гуфт, ки ин амалиёт алайҳи гурӯҳҳои ҷиноякор буд ва давлат бояд ба хотири таъмини суботу амният иқдомотеро нисбати ҷинояткорон рӯи даст бигирад. Ба таъкиди президент, мубориза зидди ҷинояткории муташаккил, тероризм, қочоқи маводи мухадир, сангҳои қиматбаҳо аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои қудратии кишвар хоҳад буд.

Президент Раҳмон ба амалҳои ғайриқонунии раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба хусус Толиб Айёмбеков ва Имумназар Имумназаров дар чанд соли ахир ишора кард ва аз мавориди ахир, дар таърихи 24 июл, ки панҷ нафар корманди додситонӣ, ки миёни онҳо додситони низомии Тоҷикистон низ будааст ва гурӯҳҳои мусаллаҳ онҳоро муддати ду рӯз ба гарав гирифта ва лату куб кардаанд, ёддовар шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди президент Раҳмон саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҷараёни сафарҳои қаблиаш 15 маротиба мавриди авф қарор гирифта ва аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд.

Раиси ҷумҳур дар ин бора гуфт,  «соли 2008 дар ҳамин ҷо будам ва ҳамон сол ман саркардаҳои гурӯҳҳои ҷинояткороо қабул кардам ва ман ба хотири сулҳу тиниҷву оромии мардум онҳоро авф кардам. Ҳол он, ки ягон раҳбари давлат бо ҷинояткор сӯҳбат намекунад. Онҳо ваъда дода буданд, ки «моро ин дафъа бахшед, дигар гуноҳе аз ҷониби мо намешавад».

Аммо ба гуфтаи раиси ҷумҳур, гурӯҳҳои ҷинояткор боз ваъдахилофӣ карданд ва ба ҷиноятҳои махсусан вазнин даст заданд, ки одамкушӣ, қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, бандитизм, қочоқи занону духтарон аз ин ҷумлаанд.

Ба ақидаи раиси ҷумҳур «ин тамоюли хатарнок, ба он овард, ки Абдулло Назаров, сардори Раёсати амнияти миллии вилоят ба таври ваҳшиёна ба қатл расид. Дар панҷ мошина қариб 20 нафар мошинаи Абдулло Назаровро манъ карданд. Вай се муҳофизашро иҷозаи берун шудан нагузошта ва худаш аз мошинаш берун шуда ва пас аз чор қадам гузоштан, ӯро бо монтировка ваҳшиёна ба қатл расонданд. Муҳофизонро халъи силоҳ карда ва латукуб карданд».

Аммо раиси ҷумҳур дар мавриди сару садоҳо дар бораи афви раҳбарони ин гурӯҳҳои ҷинояткор гуфт, ки «афв танҳо дар асоси ҳукми додгоҳ» сурат мегирад.

Ҳамзамон ба гуфтаи раиси ҷумҳур, бар асоси кодекси ҷиноӣ, афроде, ки ихтиёрӣ дар бораи иштирокаш дар ҷиноят хабар медиҳад ва силоҳҳоро месупоранд ва ба гуноҳашон иқрор мешаванд ва барои ҷилавгирии ҷиноятҳо фаъолона бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд.

Аммо президент, ба таҳқиқи мунсифонаи куштори Абдулло Назаров аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид намуд ва гуфт, ки «таҳқиқ идома меёбад».

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi