00:03:17 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Э.РАҲМОН 20 СОЛИ КОРАШРО ДАР ХОРУҒ ХУЛОСА МЕКУНАД

Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати рӯбарӯ бо мардуми Бадахшон аз фаъолиятҳои худу командааш натиҷагирӣ хоҳад кард.

/images/stories/2012/09/19_mardumkhorugh-190912.jpgЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо сокинони Рӯшон ваъда додааст, ки субҳи рӯзи чоршанбе, 19-уми сентябр, дар Боғи фарҳангу фароғатии Хоруғ 21 соли бурду бохти  истиқлоли Тоҷикистон, бахусус вилояти Бадахшонро ба таҳлил хоҳад гирифт.

Ӯ гуфтааст, дар ин паёмаш рақамҳое садо хоҳанд дод, ки нав буда, барои таҳлил ва муқоисаи сокинон пешниҳод мегарданд. "Мо дар тӯли 21 сол чӣ кор кардем ва дар минбаъда чӣ кор мекунему чӣ мушкил дорем, бояд халқ бидонад",- афзудааст ӯ.

Ба ин далел, интизор меравад, раисиҷумҳур дар ин мулоқот, ки беш аз 4 ҳазор нафар иштирок  хоҳад кард, бӯҳрони ахир дар Хоруғро низ ба чолиш бикашад.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Бадахшон субҳи рӯзи 18-уми сентябр аз ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт. Вай нахуст аз литсейи маъюбони вазорати шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Бадахшон дидан кард ва баъдан дар расми ифтитоҳи бинои мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои 640 хонанда иштирок намуд.

Мулоқот бо мардум дар Боғи марказии ноҳия анҷоми дидори раиси ҷумҳур аз ноҳияи Рӯшон гардид, ки ӯ бештар сари масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сӯҳбат кард.

Президент дар ин мулоқоташ гуфт, "даҳ соли истиқлолият бо кашмакашҳои дохилӣ гузашт ва дар даҳ соли дигар корҳои бунёдкории зиёде анҷом додем ва агар осудагӣ ва тинҷӣ бошад, боз беҳтар бунёд мекунем". Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, бо он ки мулоқоти раисиҷумҳур дар чорчӯби тадобири амниятӣ сурат гирифта, аммо фазо хеле ором ва самимӣ буд.

Аммо ҳамонгуна, ки интизор мерафт, ин сафари раисиҷумҳур низ чун сафарҳои қаблиаш пур аз саҳнасозиҳо будааст ва дар ҳамаҷо ӯро бо расмҳои пурдабдабаву бо мадҳу ситоиш истиқбол мегирифтанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари мардум интизор доштанд, раисиҷумҳур дар мавриди бӯҳрони ахири Хоруғ низ изҳори назар хоҳад кард. Таҷаммулшоҳи Акобиршоҳ, як сокини ин минтақа, мегӯяд, раисиҷумҳур на танҳо ҳарфе дар бораи ин ҳаводис нагуфт, балки ҳатто ёди қурбониёни амалиёти Хоруғро гиромӣ надошт.

Президент Раҳмон пас аз зуҳри рӯзи сешанбе, 18-уми сентябр, вориди шаҳри Хоруғ шуд. Ӯ аввал дар қароргоҳи нерӯҳои марзбонӣ бо афсарону сарбозон дидору гуфтугӯ карда, сипас аз маҳаллаи УПД дидан намуд ва дар он ҷо корхонаи дӯзандагиеро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

УПД аз маҳалҳои аслии амалиёти сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ буд, ки баъд аз қатли Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон шурӯъ гардид.

Дар натиҷаи амалиёти рӯзи 24 июл дар Хоруғ 70 нафар, аз ҷумла 17 маъмури амниятӣ кушта шудаанд. Амалиёт сабаби хашму тазоҳуроти мардуми Хоруғ шуд, ки мегӯянд, омилони қатли Абдулло Назаровро метавонистанд, бе амалиёту ҷанг дар шаҳр дастгир кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi