06:39:07 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҶИКИСТОН ДАР ГИРДОБИ БОЗИҲОИ БУЗУРГИ ГЕОПОЛИТИКӢ

Нооромиҳои Бадахшон фурсатеро барои абарқудратҳо фароҳам кардааст, то ба манофеи худ дар Тоҷикистон даст ёбанд. Барои Тоҷикистони кӯчаку дурафтода, ки аз назари стратегӣ то кунун барои қудратҳои ҷаҳонӣ камаҳамият маҳсуб мешуд, ҳоло як набарди геополитикӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст.

/images/stories/2012/08/23_great-games-230812.jpgАлександр Кулӣ, профессори улуми сиёсӣ ва муаллифи китоби нави “Рақобати нави абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ”, мегӯяд, аз ҷумла Русия талош мекунад, нооромиҳо дар Бадахшонро барои расидан ба як орзуи деринааш дар Тоҷикистон истифода кунад: “Барои Русия амалиёт дар Бадахшон ва иддаои сирояти ноамнӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон метавонад, баҳонае барои ниҳоӣ кардани созишнома дар мавриди ҳузури пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон бошад.”

Ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2014-ум ба поён мерасад, вале музокироти печидаи ду тараф дар бораи ҳузури пойгоҳ идома дорад. Русия муштоқи он аст, ки пойгоҳи 7 ҳазор нафариаш 49 соли дигар ройгон бимонад, вале Душанбе мегӯяд, мизбонии бепул бас аст. Ин рафтори Тоҷикистону ҳамкориҳои рӯзафзунаш бо Амрико Русияро нороҳату асабонӣ кардааст, ки матбуоти расмиву мустақилаш нооромиҳо дар Бадахшонро оғози поёни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон хонданд.

Ба гуфтаи Александр Кулӣ, нооромиҳои Бадахшон дигарбора зарурати ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Амрикоро нишон медиҳад, ки ба хотири тавоно ва муҷҷаҳаз кардани нерӯҳояш ва посбонии муносиби марз бо Афғонистон миллионҳо доллар ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Гузашта аз ин, чанде пеш як вакили амрикоӣ дар Душанбе гуфт, дар сурати тарки пойгоҳи Манас кардани нерӯҳои амрикоӣ, Тоҷикистон метавонист, маҳалли муносибе барои ҷойгир кардани он нерӯҳо бошад.

Александр Кулӣ мегӯяд, ду кишвари дигаре, ки муддатҳои тӯлонӣ Тоҷикистонро саҳнае барои ҳузур дар Осиёи Марказӣ мебинанд, Эрону Ҳинданд, ки ҳоло дастҳои баста доранд: “Кишварҳое ба мисли Ҳинд наметавонанд, ба қадре, ки мехоҳанд, дар Тоҷикистон нуфуз дошта бошанд, зеро банди мушкилоти дохилӣ ҳастанд ва ба қадри кофӣ ҳамкориҳои низомӣ дошта наметавонанд. Ҳамингуна бисёре аз кишварҳо мехоҳанд, дар Осиёи Марказӣ нуфуз дошта бошанд, вале на ба ҳама хостаҳояшон мерасанд.”

Бо назардошти ин рақобатҳо, мақомоти Тоҷикистон нооромиҳо дар Бадахшонро бахше аз ин бозиҳои геополитикӣ медонанд ва аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз мардум хост, ба гуфтаи ӯ "дар шароити бисёр ҳассосу пурмоҷарои ҷаҳони имрӯза" ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва "фирефтаи доми ҳар гуна бадхоҳони миллати тоҷик" нашаванд.”

Аммо Мирослав Ниёзов, дабири собиқи Шӯрои Амнияти Миллии Қирғизистон мегӯяд, агарчӣ ин фарзия метавонад, дуруст бошад, аммо замина барои онро худи мақомоти расмӣ фароҳам кардаанд: “Нерӯҳои севум замоне ба чунин нооромиҳо мусоидат мекунанд, ки замина барои он вуҷуд дошта бошад. Агар заминаҳову шароит набошад, аз дасти нерӯҳои севум ҳеҷ чиз намеояд ва онҳо низоъ ҳам барангехта наметавонанд. Аз ин рӯ, муҳим суботи сиёсӣ, эътимоди мардум ба рукнҳои давлат аст. Агар инҳо набошад, рахнае ба вуҷуд меояд ва аз ин рахна ҳама нерӯҳо истифода мекунанд.”

Ҷош Бунстра, таҳлилгар аз пажӯҳишгоҳи аврупоии FRIDE, ки дар Бадахшон ҳам будааст, ба ин андеша мувофиқ аст ва мегӯяд: "Ба андешаи ман, дар Тоҷикистон мардуми норозӣ зиёданд, сар аз ҷангсолорони замони ҷанги шаҳрвандӣ то ба ҷавонони оддии бекор, ки имконот надорад ва барои кор ба Русия мераванд. Ба андешаи ман, дар оянда ҳодисаҳои шабеҳи Бадахшон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба мисли Қирғизистон ва ё шояд Узбакистон бештар хоҳад шуд."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi