06:27:55 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АМАЛИЁТИ "МАХСУС". "ОРКЕСТР" ТАСЛИМ ШУД, "ДИРИЖЕРҲО" КУҶО ШУДАНД?

Амалиёти Хоруғро нозирони вазъ мушкилтарин барномаи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият унвон карданд.

/images/stories/2012/08/13_sukhtor-130812.jpgНерӯҳои давлат на танҳо маҷбур буданд, дар шаҳри аҳолияш зич ва мавзеи танг амал кунанд, балки ҳамчунин дар фазое, ки аҳолияш “ду карат ақаллият” - ҳам ақаллияти мазҳабӣ ва ҳам забонӣ шумурда мешавад, амал кунанд. Гузашта аз ин, нерӯҳои давлат ҳаргиз дар ин минтақа хурдтарин амалиёте пеш набурда буданд ва мардуми маҳаллӣ низ ба ҳузури онҳо одат надошт.

Дар оғози амалиёт коршиносоне мисли Парвиз Муллоҷонов ва Султони Ҳамад ба ин шароити сангин ишора карда буданд. Бархе аз онҳо вуруди нерӯҳо ба Бадахшонро “амалиёти махсусан махсус” номиданд, ки қабат ба қабати бадахшониҳои хориҷ аз кишварро ба ҷунбиш овард ва онҳо дар Маскаву Ню-Йорк, Вашингтону Бишкек гирдиҳамоиҳои эътирозӣ баргузор карда, дар расонаҳои ахбори оми Русия ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин амалиётро ҳатто "як наслкушӣ дар Бадахшон" унвон доданд.

​​Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, бо гузашти ин ҳама вақт ва рӯ задани таҳаввулоти охир низ назари ӯ ба амалиёт тағйир накардааст: “Ҳоло Айёмбеков таслим шуд. Дар он ҷо даҳҳо қумандонҳои дигар аст. Чӣ қадар силоҳ супурдаанд ва киҳо силоҳи худро таслим кардаанд? Бисёр факторҳои дигаре ҳастанд, ки паҳлӯҳои норӯшани амалиётро бояд омӯхт. Назари сокинони Бадахшон ба ҳукумат баъд аз ин шеваи анҷоми амалиёт чӣ хоҳад шуд, ин муҳим аст.”

Барои бисёриҳо дар рӯзи дуюм бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон қатъ шудани амалиёти Хоруғ  ба гунае фаҳмида шуд, ки иҷрои тарҳи боздошти гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Бархеи дигар мегӯянд, худи ин амал як тактикаи ҳарбӣ буд, ки пас аз як амали ногаҳонӣ ва тарсонанда нерӯҳои давлат бо он ки муҳосираи Хоруғро идома доданд, интизори таслим шудани афроде гаштанд, ки бояд боздошташон мекарданд. Коршиносони дигар бар инанд, ки тамоми қазия як баҳонае буд барои ворид кардани нерӯҳо ба Бадахшон ва зери назорати воқеӣ гирифтани ин минтақаи аз лиҳози стратегӣ муҳим, ки тӯли солҳои истиқлолият аз назари Душанбе дур шуда буд.

​​Таҳлилгари умури амниятӣ Маҳдӣ Собир мегӯяд, бо таслим шудани Толиб Айёмбеков амалиёт дар Бадахшон поён ёфт: "Дар сурате, ки гурӯҳҳои силоҳбадаст боздошт мешаванд ва ё таслим мешаванд, дигар зарурат ба идомаи амалиёт намемонад. Толиб Айёмбеков ба ҳукумат таслим шуд, акнун гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода мешавад ва ҳамаҷониба масъалаҳоро баррасӣ мекунад. Идомаи амалиёт маъно надорад ва бо ҳамин мешавад гуфт, ки он поён ёфт."

Вале ба назари пажӯҳишгари масъалаҳои амниятӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Комёб Ҷалилов, амалиёт идома хоҳад кард. Дар посух ба ин суол, ки чаро ҳукумат барои боздошти то  10 нафар гумонбар зиёда аз 2000 сарбоз ва миқдори зиёди техникаи ҳарбиро ба Бадахшон сафарбар кард, ҷаноби Ҷалилов чунин гуфт: "Медонед, аввал ин ки мақомоти амниятӣ ва умури дохилии Бадахшон аз ӯҳдаи боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани ин гурӯҳ набаромаданд ва дуввум, тибқи фарзияҳо, дар марзи Афғонстон гурӯҳҳои терористии ҲИУ ва гурӯҳҳои дигар ҷамъ омада буданд."

​​Амалиёт дар Хоруғ инчунин муносибатҳои раҳбарияти Тоҷикистон ва Шоҳзода Оғохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳонро низ ба маърази имтиҳон гузошт. Ин ҳам дар ҳоле ки аввали моҳи апрели соли равон, имом ба Душанбе сафар карда, дар дидор бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолиятҳои густардаи сохторҳои динии ҷомеаи исмоилиёни Тоҷикистон изҳори сипос карда буд. Бо иҷозаи расмии чунин фаъолият Душанбе паём дода буд, ки шубҳаашро ба кори сохторҳои мазкур дар қаламрави Тоҷикистон аз байн бурдааст. Ҳоло намояндагони Оғохон ба ҳалли осоиштаи қазия дар Хоруғ ёрӣ медиҳад. Коршинос Парвиз Муллоҷонов бар ин аст, ки рӯйдодҳои Хоруғ барои муносибатҳои Тоҷикистон ва Оғохон таъсири дарозмуддат хоҳад дошт.

"Албатта дар аввал муносибат хуб аст, зеро паёми Оғохонро ҳукумат ба инобат гирифт ва амалиётро қатъ кард, лекин дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани амалиёт созмони Оғохон хабари ҳамаҷониба надорад. Агар шикояти мардуми Хоруғ ба Оғохон расад, мумкин аст, муносибати ду тараф сард ҳам шавад", - илова кард ӯ.

Ба ақидаи коршиносон нерӯҳо дар Бадахшон боқӣ мемонанд, зеро расман ин бахше аз қаламрави Тоҷикистон аст. Сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов талабҳои баровардани ин нерӯҳоро иғвогарона номидааст. Вале акнун масъала ин хоҳад буд, ки то куҷо ҳукумати марказӣ ҷинояткорӣ ва худсариҳоро дар Бадахшон решакан ва волоияти қонунро таъмин хоҳад кард. Муносибати мардуми Бадахшон ба марказ ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки қонунмандӣ дар ҳамаи риштаҳо ҷорӣ хоҳад гашт, раҳбарони маҳаллӣ зодагони Бадахшон хоҳанд буд ва намояндагони ин минтақа дар Душанбе мақомҳои баланд хоҳанд гирифт? Ин саволҳоест, ки феълан ба онҳо ҳеҷ нафаре аз ҳукумати Тоҷикистон омода нест посух диҳад.

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi