21:22:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СИЁСАТҲОИ "КАҶ ДОРУ МАРЕЗ"-И МАСКАВ БО ДУШАНБЕВУ БИШКЕК

Як мақоми қирғиз Душанбеву Бишкекро ҳамкори стратегӣ дониста гуфт, чунин муносибат дар оянда низ устувор хоҳад монд. Дар марҳилаи кунунӣ, вақте ки Тоҷикистон тақрибан дар бунбаст қарор гирифтааст, таҳлилгарон роҳҳои хуруҷии Тоҷикистон аз тариқи Қирғизистонро барои ҳамлу нақли коло муҳим медонанд ва мегӯянд, ин ду кишвар метавонанд дар оянда дар сурати истифодаи дуруст аз имконоти худ ба империяи энергетикӣ дар минтақа табдил ёбанд.

/images/stories/2012/08/07_janobon-070812.jpgЧунин ба назар мерасад, ки ҷониби Тоҷикистон бо назардошти пешгирӣ аз доман задани хусуматҳои миллии миёни қирғизҳову тоҷикон дар баъзе расонаҳои иҷтимоӣ, хостааст, ки матбуоти Тоҷикистон аз эҳтиёт кор бигирад, то дар марҳалаи кунунӣ ин муносибот осеб набинад.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Мирослав Ниёзов, дабири пешини Шӯрои Амнияти Қирғизистон пурсидем, оё дар марҳалаи кунунӣ муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд осебпазир гардад: “Ҳар гуна шароити сиёсӣ, ки дар минтақа ба вуҷуд ояд ва сарфи назар аз ҳар гуна мушкиле, ки Тоҷикистон ба он ​​дучор меояд, Қирғизистон ҳамеша ҳамкори боварибахши Тоҷикистон будааст ва  бо боз кардани марзҳояш бар рӯи Тоҷикистон, ҳамин гуна ҳамкор хоҳад монд. Тоҷикистон ҳамеша метавонад тавассути Қирғизистон ба ҷаҳони хориҷ роҳ ёбад.”

Ёдовар мешавем, Мирослав Ниёзов дар солҳои аввали фурӯпошии Шӯравӣ муддате сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон буд ва аз поягузорони равобити ҳасанаи миёни ин ду кишвар ба шумор меравад. Сипас вай муддати тӯлонӣ мақоми Дибири Шӯрои Амнияти Қирғизистонро бар ӯҳда дошт.

Ҷаноби Ниёзов бо суханони худ истифода аз роҳҳои ҳамлу нақли колои Тоҷикистон  тавассути Қирғизистонро дар назар дорад, ки акнун аз масирҳои аслии воридоти колоҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, ки байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳама самтҳо барои ҳамлу нақли коло роҳҳои оҳан вуҷуд надорад, вале Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, роҳҳои мошинрав ба ҳади аксар истифода мешаванд: “Қирғизистон барои Тоҷикистон хеле зарур аст, ҳадди аққал ба як хотир: таввусути Қирғизистон мо метавонем ба Қазоқистон роҳ пайдо кунем ва аз он ҷо ба Русия ва ба самтҳои дигар.”

Роҳҳои қаламрави Қирғизистон метавонанд ҷойгузини роҳҳое бошанд, ки дар минтақа барои истифода аз он ба Тоҷикистон маҳдудият пеш овардаанд. Аммо роҳҳои қаламрави Қирғизистон дар айни замон “роҳҳои беташвиш” арзёбӣ мешаванд”.

Мирослав Ниёзов ба решаҳои дӯстиву ҳамкории қирғизҳову тоҷикон ишора мекунад ва мегӯяд, Манас-қаҳрамони афсонавии қирғизҳо бо тоҷикдухтар Ҳаникей издивоҷ карда буд ва то ҳол онро намунаи дӯстии миёни ду миллат медонанд. Дар қаламрави Қирғизистон, ба вижа дар водии Фарғона тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва дар қаламравии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷиргатолу Тоҷикобод ва Қумсангир қирғизҳо ба сар мебаранд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари умури минтақа мегӯяд, дар таърих миёни ин ду миллат муноқишаҳои ҷиддиву сахт ба назар нарасидааст, балки баръакс ин ду миллат ба якдигар дасти кӯмак дароз кардаанд. Вале оқои Бекмуҳаммад ба нуктаи заъфи ҳамкориҳои стратегии ин ду кишвар ишора мекунад ва таъкид ​​менамояд, ки ҷонибҳо то ҳол натавонистаанд имконоти худро барои таҳкими мавзеъгириҳои худ ба кор баранд:

“Узбакистон ва Русия ба баҳонаҳои мухталиф Душанбе ва Бишкекро таҳти фишор қарор медиҳанд, монеъи бунёди ниругоҳҳои нав дар ин ду кишвар мешаванд. Онҳо ба баҳонаҳои сохта аз масъалаи камбуди об дар Осиёи Марказӣ ба унвони абзори фишор истифода мекунанд, барои ҳамин Тоҷикистону Қирғизистон натавонистаанд  то ҳол  эътилоф ва иттиҳоди воқеии худро эҷод бикунанд”.

Дар бахши истифода аз захоири энержӣ ин ду кишвар ба ҳамкори стротегӣ табдил ёфтаанд. Ҳоло захоири энержии ин кишварҳо дар маҷмӯъ 700 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад, ки аз он 540 миллиард ба Тоҷикистон ва 170 миллиард киловат соат ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Мирослав Ниёзов - Дабири пешини Шӯрои Амнияти Қирғизистон меафзояд, аҳамияти ин ду кишвари дорои захоири бузурги энержӣ дар оянда бештар хоҳад шуд:

“Мо метавонем тавонмандиҳои худро муттаҳид кунем ва як консорсиюми нируманди  байнидавлатӣ  ташкил кунем, то он битавонад ба кишварҳои ҳамсоя иродаи худро таҳмил намояд. Мо метавонем дар қаламрави Осиёи Марказӣ як империяи энергетикӣ бошем ва чунин имконият ҳаст”.

Оқои Ниёзов меафзояд, дар солҳое, ки вай сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон буд, талош кардааст, ки ин ду кишвар системаи воҳиди энержӣ ташкил кунанд, то барқи худро ба хориҷ содир намоянд, чун аз он рӯзҳо маълум буд, ки ҳамсоягон, яъне Узбакистону Қазоқистон ба барқи ин ду кишвар ниёз надоранд”.

Русия низ ба Тоҷикистону Қирғзистон аз зовияи манфиатҳои стратегии худ назар меафканад ва ҳар гоҳ, агар ба кишваре дар минтақа имтиёзе қоил шавад, кишвари дигарро аз имтиёз маҳрум мекунад. Дар мавриди Тоҷикистону Қирғизистон Русия борҳо чунин корро раво дидааст. Иҷро нашудани қарордодҳои 2 миллиард долларии Русия бо Тоҷикистон дар соли 2004 ва бо Қирғизистон дар декабри соли 2008 аз сиёсатҳои “каҷ дору марез”-и Русия ба шумор меравад.

Владимир Жарихин аз Маркази мутолеоти кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ё СНГ дар Маскав ба суоле дар ин бора, ки Тоҷикистону Қирғизистонро чӣ омилҳо ба ҳам муттаҳид месозад, ба масъалаҳои амниятӣ ​​ишора мекунад ва шинохти Русия ин ду кишварро ба гунаи зер шарҳ медиҳад: “Бидуни шак, таҳдиди билқува аз ҷониби Афғонистони ноором ва мушкилоти ҳамлу нақли маводи мухаддир аз тариқи ин ду кишвар омилҳое мебошанд, ки ин ду кишварро ба ҳам муттаҳид мекунанд”.

Таҳлилгарон Тоҷикистону Қирғизистонро аз лиҳози ҷуғрофиёӣ ва аз лиҳози қаламраву шумораи аҳолӣ тақрибан шабеҳи ҳам медонанд. Вале омилҳое дар муносиботи ин ду кишвар вуҷуд дорад, ки баъзе нируҳо ё бозигарони сисёсӣ метавонанд онро барои доман задани хусумати ҷонибҳо ба кор баранд. Масалан, дар баъзе минтақаҳои марзӣ дар гузашта баҳсҳои аҳолии ҳар ду ҷониб гаҳ-гоҳе мушоҳида шудааст.

То замоне, ки таъйини хатҳои марзии миёни ду ҷониб ва аломатгузории он ба дарозо кашонда мешавад, масъалаи обу замин, ба хусус дар байни сокинони ноҳияи Исфара ва сокинони марзии Қирғизистон боқӣ хоҳад монд. Ба ин далел, таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки мақомоти расмии ҳар ду ҷониб бояд ҳар чӣ зудтар ин корро анҷом диҳанд, то он бо гузашти вақт ба қартаи бозии баъзе нируҳо табдил наёбад.

Шояд ин масъалаҳо ба рӯҳияи баъзе намояндагони порламони Қиризистон низ асар гузошта буд ва чанд нафар аз намояндагон моҳи феврали соли ҷорӣ масъалаи китобҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ ва таҳсили тоҷикон дар Қирғизистонро матраҳ карда буданд. Чун ин пешниҳод фикри танҳо чанд намояндаи  порламон буд, ҷонибдории комил пайдо накард, бо вуҷуди ин порламон ба хулосае расид, ки бояд дар мактабҳои тоҷикии Қирғизистон аз китобҳои таълимие истифода шавад, ки дар онҳо нишонҳои давлати миллии Қирғизистон дарҷ шуда бошанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi