15:42:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КӢ ГУНАҲГОРИ ҲАҚИҚИИ ҚАТЛИ ГЕНЕРАЛ НАЗАРОВ БУД?

(Таҳқиқоти журналистӣ)

Ҳамон тавре, ки ҷомеа огаҳӣ доранд, дар таърихи 21 июли соли ҷорӣ дар минтақаи Ниводак, воқеъ дар ду километрии шаҳри Хоруғ сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Назаров А.С. аз ҷониби аъзои фаъоли яке аз 4 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ ваҳшиёна кушта шуд.

/images/stories/2012/08/04_general-nazarov_040812.jpgВасоити ахбори оммаи кишвар бо нақл аз сарчашмаҳои гуногун фарзияҳои мухталифро оиди воқеияти аслии ин куштор ба нашр расониданд, ҳатто рӯзноманигороне ҳам пайдо шуданд, ки бо ҳар роҳу васила мехостанд худи марҳумро гунаҳгор намоянд. Барои маълум намудани ҳақиқати ҳоли куштори генерал Назаров А.С. пеши худ ҳамчун шаҳрванд ва аҳли қалам вазифа гузоштам, то ки тариқи таҳқиқоти журналистӣ воқеияти аслии куштори соҳибмансаби мақомоти амниятро ошкор намоям.

Дар ин замина, бо дастрас кардани баъзе иттилооти пешакӣ баъди кӯшишҳои зиёд тавонистам бо сардори Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Буриев Н. О. расман мусоҳиба намоям, ки дар натиҷа бароям муяссар гашт то ҳадди имкон ба саволҳоям ҷавоб бигирам. Инак, саволу ҷавоби мо ба шакли зайл сурат гирифт:

-То кадом дараҷа куштори генерал Назаров А.С. ба қазияи қочоқи сигарет алоқамандӣ дорад?

- Мувофиқи маълумотҳои тасдиқшуда, 06 июни соли 2012 дар минтақаи Кулоб автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», рақами давлатиаш 01 63 АМ 01 бо 539 адад қуттиҳое, ки дар дохилашон сигаретҳои «Пайн» ва «СЛ» доштанд, дастгир карда шуда аз ҷониби шӯъбачаи тафтишотии ГО РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон бо моддаи 289 қисми 1 (қочоқ) ҚҶ ҶТ нисбати қабулкунандаи сигаретҳо Раҳимов Шӯҳрат Маҳмудович парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

-Барои чӣ парвандаи ҷиноӣ ба Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ фиристода шудааст?

- Мувофиқи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи ҶТ парвандаи ҷиноятии оғозшуда барои идомаи чорабиниҳои тафтишотӣ аз рӯи тобеият ба шӯъбаи тафтишотии РКДАМ ҶТ дар ВМКБ фиристода шудааст.

-Оё дуруст аст, ки автомашинаи тамғаи «КАМАЗ» бо сигаретҳои қочоқӣ ба Аёмбеков Т. ё хешовандони наздики ӯ мансуб буданд? Ин фарзия пеш ё аллакай собит шудааст?

- 20 июли соли 2012 ронандаи автомашинаи номбаршуда Нодиров Раҷабалӣ Атақулович дар шӯъбаи тафтишотии РКДАМ ҶТ ҳозир гардида, ба сифати шоҳид оиди ҳолатҳои кор пурсида шуд. Баъди анҷоми пурсиш генерал Назаров А.С. бо Нодиров Р.А. ҳамсӯҳбат шуд. Нодиров Р.А. ба генерал нақл кард, ки сигаретҳои дастгиршуда ба ҷияни Аёмбеков Толиб бо номи Начмиддин ва Муборакқадамов Худобахш, ки собиқ хизматчии СҚС КДАМ ҶТ мебошад, тааллуқ доранд ва ӯ бо супориши онҳо бояд он сигаретҳоро то деҳаи Қурбоншаҳиди минтақаи Кулоб бурда, ба шаҳрванд Раҳимов М.Ш. месупорид.

-Оё генерал Назаров А.С. шахсан ба ин қазия ягон иртибот дошт?

- Дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои тафтишотӣ Назаров А.С. ба сардори шӯъбаи тафтишотии Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ подполковники адлия Шарипов Б. супориш дод, ки 21 июли соли 2012 Наҷмиддин ва Х.Муборакқадамовро ба бинои Раёсат даъват карда, оиди ҳолатҳои кор онҳоро мавриди пурсиш қарор диҳад ва худаш ба тарафи Гармчашма рафт.

-Оё Аёмбеков Т. то куштор ягон таҳдид ба унвони Назаров А.С. карда буд?

- Дар ҳоле, ки Шарипов Б. бо дигар кормандон ба хонаи Муборакқадамов Х. рафта, номбурдаро барои ҳозир шудан ба бинои Раёсат дар соати 15:00 дақиқа хабардор кард ва ба назди минтақаи «Хлебзавод»-и шаҳри Хоруғ барои хабар кардани Наҷмиддин рафт. Дар он ҷо Аёмбеков Толиб бо тахминан 15-20 нафар одамонаш қарор дошт ва аз Шарипов Б. пурсон шуд, ки барои чӣ омадааст? Шарипов Б. ба номбурда фаҳмонд, ки Наҷмиддин бояд ба бинои Раёсат барои пурсиш ҳозир шавад ва ҳуҷҷатҳои лозимиро оиди сигаретҳои дастгиршуда диҳад.

Аёмбеков Т. норозигӣ баён карда гуфт, ки «ба ин генерал ҷанг форида истодааст». Сипас ба Назаров А.С. занг зада гуфт, ки ба наздаш муфаттиш омадааст. Назаров А.С. ба Аёмбеков Т. мегӯяд, ки Наҷмиддин он ҳуҷҷатҳое, ки ба кор дахолат надоранд, оварда ба Шарипов Б. додааст. Боз Аёмбеков Т. норозигӣ карда гуфтааст, ки «генерал аз худ рафтааст, кормандони БДА пости Гармчашма итоат накардааст».

-Оиди тафсироти куштори генерал Назаров А.С. чи гуфта метавонед?

-Аёмбеков Т. ба Шарипов Б. гуфтааст, ки рафта генерал Назаров А.С.-ро пешвоз гирифта, гапзанон мекунанд ва баъд Наҷмиддинро ба Раёсат меорад. Баъди он, Шарипов Б. ва ҳамроҳонаш ба хонаи Х.Муборакқадамов рафта, охиринро пурсон мешаванд ва мефаҳманд, ки номбурда ба тарафи шаҳри Хоруғ омадааст.

Ҳангоми аз маркази шаҳр гузаштанашон дар назди мағозаи «Марко Поло» онҳо тахминан 20 нафар ҷавононро мебинанд, ки ба онҳо Наҷмиддин чизеро фаҳмонда истода будааст. Баъд тахминан соатҳои 17:30 ронандаи Назаров А.С. ба Раёсат занг зада хабар додаст, ки дар маҳалаи Ниводаки шаҳри Хоруғ гурӯҳи одамон ба Назаров А.С. ҳуҷум карда, ӯро куштанд.

-Чаро мухофизини генерал натавонистанд аз ӯ ҳимоят кунанд?

- Ба нақли ронанда ва 2 нафар аз кормандони «Алфа» вақте, ки автомашинаҳои ГМҶ сари роҳи генералро гирифтанд, ӯ бо қатъият ба зердастонаш фармон медиҳад, ки аз автомошина набароянд. Замоне, ки генерал бо яке аз саркардаҳои гурӯҳи муташаккили ҷиноии Т. Аёмбеков наздик шуда, салом мекунад, якбора чанд нафар ҷинояткор аз автомашинаҳо берун шуда, ба ӯ ҳуҷум менамоянд. Муҳофизин ин ҳолатро дида бо мақсади ҳифзи ҷисмонии роҳбари худ аз ҳамлаи ҷинояткорон кӯшиши берун шудан аз автомошинаро мекунанд, вале онҳоро ҷинояткорони дигар зада аз пой зада меафтонанд.

-Шумо шахсан генерал Назаровро мешинохтед. ӯ ҳамчун инсон чи гуна буд?

- Бале, ман солҳои зиёд генерал-майор Назаров А.С.-ро мешинохтам. Шахси бисёр серталаб дар хизмати мақомоти амнияти миллӣ буд, вале ҳамзамон чун инсони бисёр адолатгӯю нармдил, ҳамкорон ҳурматаш мекарданд. Бо дӯстон дӯст буду душман, хусусан ҷинояткоронро чашми дидан надошт. Ин хислатҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ, хуллас дар кадом қитъае, ки генерал Назаров А.С. хизмат накарда бошад, мудом ҳамроҳаш буданд.

Алимамад Назархудоев, сокини Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi