12:44:43 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАВОНОИИ ХАЛҚ ДАР ҲАМРАЪЙИИ ӮСТ

Барои мардуми ҳар як давлат тинҷию оромӣ, сулҳу ваҳдати пойдори Ватан ганҷинаи бебаҳост. Маҳз осоиштагӣ омили меҳнати созанда, умед ба оянда, рушди миллату кишвар буда метавонад. Халқи тоҷик қадри сулҳу салоҳ, ваҳдатро аз таҷрибаи таърихии худ хуб медонад.

/images/stories/2012/08/04_protest-badakhshan_040812.jpgИморӯзҳо, ки дар як гӯшаи Тоҷикистони азизамон, боз садои тири нохалафон оромии Ватанамонро халалдор сохтааст, моро ба ташвиш овардааст. Дар замоне, ки мо аз дастовардҳои истиқлолият меболем, ба ҷаҳониён аз таҷрибаи беназири сулҳи тоҷикон ҳарф мезанем, ҳамқадам бо кишварҳои ҷаҳон пеш меравем, ин ҳодисаи нангин табъи ҳамаи мардуми моро хира кардааст.

Чунки, сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳоло фаромӯш нашудааст. Доғу алами шаҳидони ҷанг, ғарибиҳову беватаниҳо моро аз беандешагиҳо, роҳгумкардаҳо ҳушдор медиҳанд. Оё ҳамаи ин ғаму ғурбат кам буд? Чаро имрӯз боз қувваҳои ҷинояткоре барои манфиати гурӯҳи худ хонаи ободу ороми мо – Тоҷикистонро ба муноқишаву ҷанг, қурбониҳоли навбатӣ мекашанд?

Мо акнун қомати аз ҷанги бемаънӣ хамшудаи худро  рост карда, шаҳди оромиву осудагӣ чашида истодаем ва ин сулҳро касе ҳақ надорад беқадр намояд. Имони мардуми тоҷик қавист ва ҳар касе, ки ба раъйи халқ зид мебарояд, сари хеш хоҳад хӯрд.

Мо зодаи Хатлонзаминем. Шояд ба қадри сулҳ бештар бирасем, чунки даҳшати ҷанг, куштору тазъиқ, ғарибиву саргардониро дидаву то ҳол он рӯзҳои наҳсро ба хотир дорем. Мо намехоҳем , ки боз Тоҷикистон оғуштаи хуни ҳаммилатон шавад.

Хабари дар Бадахшон кушта шудани кормандони амнияти миллӣ, афсарону сарбозони бегуноҳ, ки барои дифои амнияти марзу буми мо масъул буданд, моро бетараф гузошта натавонист. Риштаи умри даҳҳо фарзандони содиқи Ватан  канда шуд. Чаро? Душманони миллат ҷинояткорони нашъаҷаллобе, ки мехостанд кирдорҳои зиддиқонунии худро идома дода, ба ҳазорҳо одамон бадбахтӣ оранд, нисбати ин ҷавонмардон, нисбати Ватан хиёнат карданд.

Ин амали ноҷавонмардонаро маҳкум мекунем. Тоҷике, ки бо ҳамкории ҷинояткорони хориҷӣ ба бародари худ тир мекушояд, душмани миллат аст. Гумоштагони пулҳои хориҷӣ барои нафси худ ва ҳирси моли дунё аз хиёнати разилтарин рӯй нагардониданд. Боварии кас намеояд, ки инсон барои ин кирдор то ҷӣ дараҷа бераҳму бадкина буда метавонад.

Бадахшон, қуллаҳои бовиқори Помир ҳамчу муаррификунандаи Тоҷикистон шӯҳрати ҷаҳонӣ барои мо дар ҳама давру замон раҳнамо хоҳад буд, ки мегӯяд: «Бо ҳам дӯст бошед, бародар бошед. Ватани маҳбубамонро дӯст доред ва ба қадри он бирасед».

Рӯзноманигор Дилором Маҳкамова аз шаҳри Қӯрғонтеппа



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi