20:19:32 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГУРӮҲҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ХОРУҒ АФВ МЕШАВАНД?

Қарор аст, барои ҳаводиси ахири Хоруғ ҳамагӣ се нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, боқии иштирокдорони амалиёт афв гарданд.

/images/stories/2012/07/30_shahri-khorugh-300712.jpgИнтизор меравад, рӯзҳои наздик раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, афви иштирокдорони амалиёти низомӣ дар Хоруғро эълон кунад. Дар ин бора манбаи мо дар Хоруғ хабар дода ва гуфт, ин тавофуқ дар пайи гуфтугӯҳои миёни мақомоти расмии Душанбе ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон ба даст омадааст.

Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки Толиб Айёмбеков ва ду ҳамроҳаш, ки дар қатли генерал Абдулло Назаров муттаҳам мешаванд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дигарон мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Бар илова, тавофуқ шудааст, ки аз ҳисоби аъзои дастаҳои Имомназар Имомназаров, Ёдгор Мамадасламов, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Толиб Айёмбеков як гурӯҳи махсус дар ҳайати сохторҳои интизомӣ барои ҳифзи амният дар Бадахшон таъсис ёбанд. Ҳамон тавре манбаи мо мегӯяд, ин танҳо тавофуқи пешакист ва то ҳол дар ин бора санаде ба имзо нарасидааст.

Худи намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон низ гуфтаанд, омода ҳастанд, ки танҳо дар ҳузур ва бо кафолат (тазмин)-и намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ин санадро имзо кунанд.

Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ гуфтааст, намояндагони ҳукумат ба онҳо ваъда додаанд, ки дар сурати халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, нерӯҳои давлатӣ аз ҳудуди вилояти Бадахшон хориҷ хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд силоҳҳо супурда мешаванд, аммо то ҳанӯз нерӯҳо аз шаҳри Хоруғ берун нарафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба баъзе хабарҳо Толиб Айёмбеков захм бардошта ва дар яке аз рустоҳои наздики Хоруғ паноҳ бурдааст. Як рӯз пеш манбаи мо дар Хоруғ гуфта буд, ки мошини Айёмбеков дар маҳаллаи Тавдеми Роштқалъа пайдо шуда, дар он нақши хун ҳам будааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi