22:40:52 24-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НЕЮ НЕСТОНҲОИ ВАЗИРОНИ ДИФОИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев гуфтааст, ки кишвараш то ҳол бо лоиҳаи қарордоди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ошно нашудааст.

/images/stories/2012/07/05_sherali-khayrulloev-050712.jpgҲамтои руси ӯ Анатолий Сердюков посух дод, ки ин тарҳо кайҳо ба Душанбе фиристода шудааст ва хуб буд, "агар як бор онро мехонданд." Аммо вазири тоҷик як иловаи дигар кардааст, ки бо ин ҳам ҷониби Тоҷикистон дар ҳоли таҳияи лоиҳаи алоҳидае роҷеъ ба пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон аст, ки ба мақомоти Русия хоҳад расонд.

Хабаргузориҳо менависанд, маълум нест, кадоме аз ду вазир ҳақиқатро мегӯяд ва кадоме танҳо изҳороти дипломатӣ дода, мехоҳад, вақти бештар ба даст орад.

Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков, вазирони дифои Тоҷикистон ва Русия  дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Калининград ҷараён дорад, дидору гуфтугӯе анҷом дода ва масоили ҳамкориҳои дифоӣ ва низомию фаннӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон мутмаинан гуфтааст, ки то ҳол лоиҳаи ҷониби Русияро дар бораи пойгоҳи 201 касе нахондааст ва лоиҳаи ҷониби Тоҷикистонро низ касе нагирифтааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Анатолий Сердюков ба «хондани лоиҳаи пешниҳодии Русия таъкид карда ва гуфтааст, ки «ҷониби Русия ин лоиҳаро кайҳо боз фиристодааст».

Аммо манобеи Вазорати дифои Русия интизор доштанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар мулоқоти имрӯзаи Анатолий Сердюков бо Шералӣ Хайруллоев, «сарнавишти пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд».

Ду ҳафтаи ахир мақомоти баландпояи Русия бо пахши изҳороти мухталиф дар робита бо "ояндаи норӯшани" пойгоҳи низомии ин кишвар дар хоки Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин нахустин генерале буд, ки ҳафтаи гузашта гуфт, ҷараёни музокироти марбут ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия “бо сахтӣ пеш меравад”.

Баъдан Николай Макаров, сардори Сарситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия шартҳои Тоҷикистонро барои тамдиди даҳсолаи пойгоҳ дар хоки ин кишвар “ғайри қобили қабул” номид ва мақомоти Тоҷикистонро дар он муттаҳам кард, ки баҳси атрофи пойгоҳро ба як “тиҷорати шарқӣ” табдил додаанд. Дирӯз дар изҳороти Николай Макаров гуфт, дар чунин шароит Русия аз сармоягузории пойгоҳи 201-ум худдорӣ мекунад.

Дар посух ба ин интиқодҳо, Вазорати дифои Тоҷикистон изҳороти ахири мақомоти Вазорати дифои Русияро “беназокатии сиёсӣ” номида, таъкид кардааст, ки ҷараёни музокирот “хеле хуб” идома дорад. Душанбе бо пешниҳоди Маскав оид ба тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия ба мӯҳлати 49 сол розӣ нест ва мехоҳад ин мӯҳлат дар ҳудуди 10 сол ва бо шарқи ҳатмии пардохти ҳақи иҷора муқаррар шавад.

Давлати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004 дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд. Аммо ҳамакнун сарнавишти ин пойгоҳ баъди соли 2014 ба далели онки Русия мехоҳад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тоҷикистон на бештар аз даҳ сол, норӯшан боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар заминаи фирқаи 201-и ин кишвар ташкил шудааст, бо ҳафт ҳазор сарбозаш бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб меравад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi