23:32:01 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТӮРАҶОНЗОДА МУҶАДДАДАН ВОРИДИ ҚАЗИЯИ ДОДГОҲӢ ШУД

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз мазҳабиёни саршиноси тоҷик, шабакаи “Суғд" дар шимоли кишвар ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғдро ба додгоҳ кашид. Оқои Тӯраҷонзода иддаъо дорад, ки раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд дар барномаи телевизиюние дар шабакаи “Суғд” дар моҳи апрели соли ҷорӣ нисбат ба шахси ӯ тавҳин кардааст.

/images/stories/2012/07/03_turajonzoda-030712.jpgДар ин баронома, ки “Дин ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ” ном дошт, раиси Шӯрои уламо ва панҷ нафар аз имомхатибони бархе аз шаҳристонҳои вилояти Суғд оқои Тӯраҷонзодаро бо баргузории маросими Ошӯро дар масҷиди Муҳаммадия дар ноҳияи Ваҳдат муттаҳам карда ва ӯро ба унвони яке аз мубтакирони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон муъаррифӣ карданд.

Файзиннисо Воҳидова, ки ахиран вакилати оқои Тӯраҷонзода дар додгоҳро ба уҳда гирифтааст, мегӯяд, ки муваккилаш ин иттиҳомотро беасос дониста ва тасмим гирифтааст тавассути додгоҳ ҳайсияти худ дифоъ кунад.

Зимнан, қазоёи додгоҳии бародарон Тӯраҷонзода тӯли ним соли ахир идома дорад. Нахуст Шӯрои уламои исломӣ дар баёнияе бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзодаро ба баргузори маросими "Ошӯро", ки вижаи мазҳаби ташаййӯъ аст, муттаҳам карда ва иддаъо дошт, ки онҳо аз ин роҳ қасд доштаанд дар миёни мусалмонон "фитна" барангезанд.

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат 23 декабр бародарон Тӯраҷонзодаро дар таҳқир ва тавҳини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон муҷрим шинохта ва ҳар яке аз онҳоро 350 сомонӣ ҷарима кард. Аз сӯйи дигар, додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти бародарон Тӯраҷонзода алайҳи раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мабнӣ ба тақаллубкорӣ дар таҳияи матни баёнияи ин шӯро алайҳи хонаводаи Тӯраҷонзодаро рад кард.

Сипас бо дархости Кумитаи дини Тоҷикистон додгоҳи ноҳияи Ваҳдат ҳукм кард, ки масҷдиди ҷомеъи хонаводагии бародарон Тӯраҷонзода ба масҷиди панҷвақта табдил шавад. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо далели ин ки “мубориза бефоида аст” аз шикоят ба додгоҳи истинофӣ алайҳи чунин ҳукми додгоҳи ноҳияи Ваҳдат худдорӣ кард ва гуфт, ки аз ин қазия “хаста” шудааст.

Ин дар ҳолест, ки нашрияҳои давлатии Тоҷикистон, бавижа, “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии давлати Тоҷикистон, пайваста алайҳи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва бародаронаш матолиби интиқодӣ мунташир мекунанд.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар нашрияҳои давлатии вилоёту навоҳии Тоҷикистон низ матолиби мушобеҳе мунташир мешаванд. Ба ин далел ин суол матраҳ аст, ки оқои Тӯраҷонзода танҳо шабакаи телевизиюнии “Суғд”-ро ба додгоҳ мекашад ва ё расонаҳои дигарро низ?

Ахиран оқои Тӯраҷонзода дар мусоҳиба бо нашрияи хусусии “Фараж” эълом кард, ки барои “дуэл” бо муаллифони “беноми” ин матолиб омода аст. Вай изҳор дошт, ки омода аст дар яке аз дафотири нашрияҳои мустақилли чопи Душанбе бо якояки ин муаллифон суҳбат карда ва ба тамомии пурсишҳои онон посух бигӯяд.

Оқои Тӯраҷонзода муътақид аст, ки ин матолиб аз сӯйи афсарони ниҳодҳои амниятӣ таҳия шудаанд, вале барои афсарон истифода аз номҳои мустаъор мояи ифтихор буда наметавонад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi