15:01:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДИДОРИ ФАРМОНДЕҲИ АМРИКОӢ АЗ ТОҶИКИСТОН

Женерол Вилям Фрейзер III, фармондеҳи таробарии артиши Амрико, дидоре бо мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе анҷом додааст. Бино ба иттилоъи Вадим Садоншоев, сухангӯйи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, женерол Фрейзер бо женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, ва женерол Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дидор кардааст.

fraserДар ҳамин ҳол, дафтарҳои матбуъоти Вазорати дифоъ ва Нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди дидори женероли Амрикоӣ бо мақомоти ин ниҳодҳо ибрози беиттилоъӣ карданд. Зоҳиран дидори Вилям Фрейзер аз Тоҷикистон ғайримунтазира буда ва расонаҳои давлатию мустақилли Тоҷикистон дар ин бора иттилоъе пахш накардаанд.

Ба дунболи тасмими Амрико ва НОТУ дар мавриди хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон дар соли 2014 дидори мақомоти ниҳодҳои низомӣ ва ғайринизомии Амрико аз Тоҷикистон бештар шудааст. Аз ҷумла, дар моҳи октябри соли гузашта Ҳилорӣ Клитун, вазири хориҷаи Амрико, дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда буд.

Аз сӯйи дигар, то ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳамкории низомиёни тоҷик бо нерӯҳои байналмилалии алайҳи терурисм дар Афғонистон ба раҳбарии Амрико дар Тоҷикистон расман ибрози назаре накарда буданд.

Аммо дар пайи суқути чархболи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар вилояти Зобули Афғонистон дар авохири ҳафтаи гузашта ва кушта шудани чаҳор низомии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар мақомоти ин вазорат ҳузури низомиёни тоҷик дар Афғонистонро эътироф карданд.

Дар баёнияи Вазорати дифоъи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки чархболу низомиёни нерӯҳои ҳавоии ин вазорат аз моҳи майи соли гузашта ба манзури кумак ба Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон ба интиқоли маводди ғизоӣ ба манотиқи мухталифи Афғонистон машғул будаанд.

Дидори оқои Фрейзер дуруст пас аз пахши хабари суқути болгарди тоҷикистонӣ дар Афғонистон сурат мегирад ва коршиносон мегӯянд баъид нест, ки дар мулоқоти ӯ бо мақомоти тоҷик ин мавзӯъ низ баррасӣ шуда бошад. Ин аввалин сафари ӯ ба Тоҷикистон аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi