14:51:11 21-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ГУРӮҲЕ АЗ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ КИШВАР БАРКАНОР ШУДАНД

Вазири кишвари Тоҷикистон аз масъулони бахшҳои мухталифи ин ниҳод тақозо кард, ки ба фаъолияти кормандонашон назорат бибаранд. Рамазон Раҳимов, ин дастурро дар ҷаласаи вижаи вазорат ба дунболи боздошти гурӯҳе аз кормандони ин вазорат ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти мухталиф содир кард.

Рамазон РахимовОқои Раҳимов дар ҷаласаи рӯзи 2-юми феврал эълом кард, ки танҳо дар як моҳи соли ҷорӣ ҳашт корманди ин вазорат дар иртикоби нӯҳ ҷиноят муттаҳам шудаанд. Илҳомҷон Файзов, масъули бахши мубориза бо маводди мухаддири пулиси ноҳияи Фирдавсӣ аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо маводди мухаддир рӯзи 31-уми январ боздошт шуда ва се корманди дигари ин бахши вазорати кишвар мавриди ҷустуҷӯи қарор доранд. Оқои Раҳимов дар ин ҷаласа гуфтааст: “Чунин кормандон шаъну шарафи пулиси тоҷикро поин мебаранд.”

Бино ба гузоришҳои расонаҳо, Илҳом Файзов, раиси бахши мубориза бо маводди мухаддири шӯъбаи пулиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Хуршед Бобоев, Исмоли Исмоилов, Шариф Саидов дар “суистифода аз мансаб”, “фаро рафтан аз ваколатҳои худ” ва “ришвагирӣ” муттаҳам шуданд.

Зоҳиран таҳти модаҳои “фаро рафтан аз ваколатҳои худ” ё “суистифода аз мансаб” шиканҷа дар назар дошта мешавад, зеро бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Вазорати кишвар, ин афрод барои “расонидани осеби ҷисмонӣ ба боздоштшудагон аз кор барканор шуданд.”

Тибқи гузоришҳои таъйинашуда, ин афрод пас аз боздошти муттаҳамони ҷиноят аз падарҳои онҳо дар ивази озодии фарзандонашон то 50 ҳазор дулор ришва тақозо мекардаанд. Шикояти яке аз ин боздоштшудагон боиси боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин кормандони пулис шуд. Ин фард пас аз ин, ки дар ивази ришва аз дасти пулис озод шуд, билофосила ба Ожонси мубориза бо фасод алайҳи ин кормандони пулис шикоят будааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз ошкор шудани фаъъолияти гурӯҳи қочоқгарони маводди мухаддир гузориш шуда буд, ки ба ин гурӯҳ чанд афсари вазорати кишвар дар умури мубориза бо маводди мухаддир шомил буданд. Аз ҷумла Фаридун Умаров, раиси бахши мубориза бо маводди мухаддири ноҳияи Фархор, Зафар Мирзоев, раиси бахши м убориза бо маводди мухаддири Вазорати кишвар ва Тоҳир Шеров, раиси бахши мубориза бо маводди мухаддири шаҳри Душанбе шомили ин гурӯҳ будаанд.

Ин дар ҳолест, ки Фаридун Умаров бародари муъовини аввали раиси кумитаи амният ва бародарзодаи муъовини вазири кишвари Тоҷикистон мебошад. Аммо, ба дунболи пахши ин хабар дар рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ вазорати кишвари Тоҷикистон ин хабарро таъйид карда ва гуфтанд, ки бо иттиҳомоти ворида алайҳи бархе аз ин афрод норозӣ ҳастанд.

Рамазон Раҳимов дар ҷаласаи рӯзи 2-юми феврал ҳамчунин гуфт, ки раиси идораи атбоъи хориҷӣ ва гузарнома ноҳияи Турсунзода барои таҳияи шиносномаҳои тақаллубии тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ аз кор сабукдӯш шудааст. Маълум нест, ки алайҳи ин корманди вазорати кишвар парвандаи ҷиноӣӣ боз шудааст ё хайр. Илова бар ин, ба ду корманди идораи атбоъи хориҷӣ ва гузарномаи Кулоб ихтор дода шуд.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин аз ришваситонии кормандони пулиси роҳ интиқод шуд. Умаралӣ Шарипов, яке аз кормандон аршади шӯъбаи имтиҳон ва сабти номи муҷаввизи ронандагӣ барои судури чунин санад ба фарди ноболиғ барои ронандагии мошини мусофирбар аз кор барканор шуд.

Чанде дигар аз кормандони бахшҳои мухталифи вазорати кишвари Тоҷикистон аз сӯйи раҳбари ин ниҳод ихтор дарёфт карданд. Дар миёни афроде, ки ихтор дарёфт кардаанд ҳамчунин Ҳабибуллоҳ Маҷидов, раиси бахши "Воҳиди махсус"-и масъули таъмини амнияти ҳайъатҳои хориҷӣ будааст.

Зимнан, қаблан гузориш шуда буд, ки писари оқои Маҷидов - Маҳмадулло Маҷидов 10-уми январи соли ҷорӣ ҳамроҳ бо ду нафари дигар дар ноҳияи Қабодиён бо иттиҳоми талош барои қочоқи 110 килу маводди мухаддир боздошт шуда буд. Ҳамраҳони Маҷидови "хурдӣ" афсари кумитаи марзбонӣ Зиёвуддин Шарипов ва Хуршед Раҳимов, писари яке аз ронандагони сафорати Тоҷикистон дар Маскав будаанд.

Ин ҳамон афроде будаанд, ки ба гуфтаи манобеъи пулис талош кардаанд бо истифода аз рақамҳои тақаллубии 7777 дар утумубили худ, ки гуфта мешавад вижаи наздикони раиси ҷумҳури будааст, бидуни монеъае дар дохили Тоҷикистон маводди мухаддир мунтақил кунанд.

Рамазон Раҳимов нахустин вазирест, ки билофосила пас аз таъйиноти худ ба ин симат пайвандонашро, ки дар ин вазорат фаъъолият мекарданд, аз кор барканор карда буд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi