01:19:38 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАЪРАКАИ ШИКОРИ ҚОЧОҚБАРОНИ "ПОГОН"-ДОР

Боздошти пайиҳами афсарон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир як маъракаи "таҳдор" аст ё маҷмӯи тасодуфҳо? Се нафаре бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд, ки аз рӯи вазифа худ бояд бо ин падидаҳо мубориза кунанд.

шикори пагондоронЯке аз онҳо бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аст. Аммо як ҳафта пеш аз шимоли Тоҷикистон хабари боздошти як полковники Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ расид ва ба дунболи он ҳам акнун гуфта мешавад, ки муовини сиёсии фармондеҳи як воҳиди низоми вазорати дифоъ бо айни иттиҳом боздошт шудааст. Мизони даст доштани мақомоти интизомӣ дар қочоқи маводи мухаддир ба ҳаддест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам аз он изҳори нигаронӣ кард.

Ҳафтаи гузашта аз боздошти писарони як генерал ва дипломати тоҷик низ бо гумони қочоқ хабар расид. Аммо номи онҳо ҳанӯз ифшо нашудааст. Ҳанӯз пеш аз ин боздоштҳо​​ Рустам Назаров, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод ҳам эълон карданд, ки гурӯҳҳои қочоқбар дар дохили ниҳодҳои қудратӣ "сарпараст" ё афроди пуштибон доранд.

Аммо суол ин аст, ки чаро мақомоти Тоҷикистон аз раҳбарии сиёсӣ гирифта, то ниҳодҳои қудратӣ ба якборагӣ дар муқобили маводи мухаддир фаъол шуданд ва мехоҳанд ин фаъолиятҳо ба намоиш гузошта шавад?

Фарзияҳои мухталифе дар ин замина баён мешавад. Бархе аз таҳлилгарон онро таъйину барканорӣ дар мақомоти қудратӣ, хоса дар Вазорати корҳои дохилӣ арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ин бештар иродаи мақомоти нави ин ниҳод аст. Аммо бархе дигар мегӯянд, ки ин ирода таҳти фишори доираҳое аз хориҷ баъди ҳодисаи халабонҳои рус ангеза хӯрдааст.

​​Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Ба назари ман, ин иқдоми мақомоти Тоҷикистон ба шарти раҳоии Рустам Ҳукумов аз зиндони Русия вобастааст. Маскав шояд дар назди Тоҷикистон бар ивази раҳоии ӯ шарт гузошта буд, ки бояд силсилаи боздоштҳо анҷом шавад. Ва Русия тавассути омилони худ роҷеъ ба ҳама шабакаи қочоқбари маводи мухаддир дар Тоҷикистон иттилоъ дорад. Зеро ин шабакаҳо ба Русия робитаи мустақим доранд.»

Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, наметавон интизори ба тамоми ҷузъиёт ва сахтирии қонун муҷозот шудани мақомоти ба гумони қочоқ боздоштшударо дошт. Ин афрод ё боз сафед мешаванд ва ё тавассути истифода аз муқаррароти афв раҳо хоҳанд шуд ва ё бо сабаби дигаре.

Аммо фарзияҳои дигаре ҳам матраҳ мешавад, ки чаро мақомот ин фурсатро барои маъракаи зидди қочоқ интихоб кардаанд. Аз ҷумла мунсариф кардани афкори умумӣ аз масоили муҳимтар яке аз ин фарзияҳо унвон мешавад. Фарзияи дигар ҳам метавонад оғози таблиғ барои интихоботи соли оянда дар Тоҷикистон бошад.

Темур Варқӣ, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, имкон дорад қазияи халабонҳо бархе ҳақиқатҳоро ба намоиш гузошт ва аз ҷумла инро, ки баъзе аз афрод ва мақомоти масъул раҳбарияти сиёсиро дар ҳоли ногувор гузоштанд ва акнун баҳои иштибоҳи худро мепардозанд. Ва раҳбарияти Тоҷикистон мехоҳад аз чунин афроде дар сафи мақомоти марбута халос шавад. Аммо мегӯянд, оқои Варқӣ, ин фарзия ҳам ҳаққи вуҷуд дорад, ки маъракаи оғозшуда муборизаи бархе гурӯҳҳо барои доираи нуфуз бошад.

Оқои Варқӣ мегӯяд, "фарзияи севвум ҳам аз ин ҳикоят мекунад, ки шояд бозтақсими бозор идома дорад. Ва наҳангҳои бузург моҳиҳои кӯчактарро аз роҳи худ дур мекунанд. Зеро луқма беҳудуд нест ва барои он, ки қисмати бештареро аз он ба даст биорӣ, бояд ҳамнавъони худро ҳам фурӯ барӣ."

Аммо бо ин вуҷуд мегӯянд коршиносон, ба ҳар баҳонае, ки мубориза бо маводи мухаддир фаъол шудааст, қобили истиқбол аст. Муҳим ин аст, ки мақомоти гумонбар дар қочоқ ба ҳар ангезае амалан боздошт шудаанд ва он ҳам ба сурати бесобиқа. Ҳоло бояд дид, боздоштшудагон ба дараҷаи сахтии қонун ҷазо хоҳанд дид ё бархӯрд бо онҳо фарқ хоҳад дошт.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi