23:42:38 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОҶИКИСТОНУ ЭСТОНИЯ. ПАС АЗ БОЗДОШТ ВА РАҲОИИ РУДЕНКО

Урмас Паэт раҳоии Алексей Руденко, халабони эстонӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кард. Вазири корҳои хориҷии Эстония, ки бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, гуфт, онҳо аз оғоз барои раҳоии халабони эстонӣ Алексей Руденко роҳи гуфтугӯро пеш гирифтанд.

mulokotӮ афзуд, ба бовари онҳо, музокира танҳо роҳи ҳалли раҳоии ду халабони ширкати русии "Ролкан Инвестмент" буд. Урмас Паэт ин ҳарфҳоро пас аз дидор бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар шаҳри Душанбе баён дошт. Вай рӯзи 11 январ бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Ин сафари вазири корҳои хориҷаи Эстония дар ҳоле анҷом мегирад, ки соли гузашта мақомоти интизомии Тоҷикистон ду халабони ширкати "Ролкан Инвестмент"-ро боздошт ва ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карданд. Аммо дар пайи пофишориҳои Русия баъдан мӯҳлати ҷазои онҳо коҳиш ёфта, бар асоси Қонуни афв озод гардиданд.

Мақомот ин халабонҳоро дар нақзи меъёрҳои байнулмилалии ҳавонавардӣ, убури ғайриқонунии марз ва қочоқ муттаҳам намуданд. ​​Урмас Паэт гуфт, ҳоло нуктаи муҳим ин аст, ки Алексей Руденко аз зиндон озод шуда, ба кишвараш рафтааст. Ӯ умедворӣ кард, ки дар минбаъда чунин воқеа рух нахоҳад дод, вале дар сурати рух додан ҳам музокира роҳи ҳал хоҳад буд.

Равобити дипломатии Тоҷикистону Эстония моҳи феврали соли 2006 оғоз ёфтааст. То ҳол ин кишвар дар Тоҷикистон сафорати худро надорад, вале намояндаи Эстония дар Остона ин вазифаро анҷом ба анҷом мерасонад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки табодули молу коло миёни Тоҷикистону Эстония то моҳи октябри соли гузашта беш аз 2 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил додааст.

Акрами Абдуқаҳҳор, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi