11:02:09 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БУРДУ БОХТИ ҲНИТ ДАР СОЛИ 2011 АЗ НИГОҲИ СОҲИБНАЗАРОНИ КИШВАР

Соли 2011 барои ҲНИТ пастиҳову баландиҳои гуногуне дошт ва чандин имтиҳонро низ пушти сар кард. Савол меояд, ки бо риояи зарфиятҳои замониву маконӣ ин ҳизб то чи ҳад дар бархурд бо ин пастиҳову баландиҳо комёб ё ноком шуд? Ин саволест, ки ҳар кас аз нуқати назари хеш ҷавобҳои мухталиф дорад. Ҳамсуҳбатони мо аз ҷумлаи соҳибназарони саршиноси кишвар ҳастанд, ки нуқтаи назари онҳо дар ҷомеа ҷойгоҳи худро дорад ва инак назари онҳо дар хусуси бурду бохти ин ҳизби умдаи кишвар дар соли 2011-ро барои хонандагони торнамоямон тақдим мекунем.

Хизби нахзати исломии Точикистон

Ба назари Абдуқаюми Қаюмзод (рӯзноманигори шинохта) фаъолияти ҲНИТ ҳамчун созмони сиёсӣ дар соли 2011 бобарор буд ва нокомиҳо ҳам дошт. Ӯ мегуяд: «Комёбиҳояш ин буд, ки дар тамоми ҳаводис ва иттифоқи рўхдода ба номи як ниҳоди умдаи сиёсӣ вокунишҳои саривақтӣ анҷом дод. Ҳаминро бояд гуфт, ки мувафақияти ҳизб дар муқоиса бо бебарориҳояш бештару беҳтар буд. Дар ҷомеаи нақши ин ҳизб эҳсосшаванда буд ва ҳаст, вале як каме таваққуи мардум аз ин ҳизб бештар аст.

Воқеан як қутби умдаи сиёсӣ ҳаст, аз ин хотир дар тавозуни сиёсии кишвар  он қутб як каме кунду карахт шудааст. Ба ин хотир фикр мекунам, ҲНИТ дигар ниёз ба муаррифӣ ва матраҳи худ дар Тоҷикистон ва хориҷро надорад. Ин ҳизб ба унвони як нерўи комил,  ба унвони як ҷамъияти мардумии дорои андеша ва ақидаҳои устувор шинохта шудааст». Ҳамчунин ў пешниҳод менамояд, ки дар соли 2012 ҳизб талошҳояшро барои ширкат дар интихоботи раиси ҷумҳур ва муборизаҳои сиёсӣ бештар намояд.

Шокирҷон Ҳакимов, ноиби раиси ҲУСДТ, мегуяд: «Дар соли 2011 бо дарназардошти вижагиҳои кишвар, ҲНИТ низ кушиш намуд, ки пайгирона баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавияш, баъзе корҳои назаррасро ба анҷом расонад. Анҷумани хеле бошукӯҳ бо иштироки олимони сиёсатшинос ва коршиносон аз мамлакатҳои хориҷӣ гузашт. Раҳбарияти ҳизб хамчун яке аз ниҳодҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ бо муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳои мухталифи Русия дар шаклҳои гуногун суҳбату мулоқотҳо оид ба масъалаҳои бевосита ба мақоми хуқуқиву иҷтимоии онҳо дахлдошта доир намуда, то як андоза дар ҳалли онҳо афкори чамъиятиро ташаккул дод.

Ба кӯшишҳои маҳдуд кардани хуқуқу озодиҳои мусалмонҳои Тоҷикистон дар робита ба амалӣ намудни эътиқоди динии онҳо аксуламал нишон дод. Ҳафтанома, маҷалла ва манбаъҳои дигари иттилоотиаш дастраси ихлосмандонаш мешаванд. Ҳамин тавр гуфтан мумкин аст, ки дар ғанӣ гардидани олами маънавии мардум, густариши равияҳои гуногуни мафкуравӣ саҳми ҳизб воқеан бузург мебошад. Бохти ҳизб бештар аз сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, доим таҳти назорати махсус қарор доштани он, тафовути зиёд дар дарки моҳияти ҳизб ва вазифаҳои он дар раҳбарияти ҳизб ва созмонҳои маҳалии он инчунин мушкилоти давлатдории муосири мо вобастагӣ дорад».

Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази таҳқиқоти сотсиологии "Бозтоб" бардошташ аз фаъолияти ин ҳизб чунин аст: «Соли 2011 мешавад гуфт, ки соли муаррифӣ ва нишон додани ҳашамати ҲНИТ дар дохилу хориҷи мамлакат буд. Дуруст аст, ки ҳанўз пас аз баргузории анҷумани пешазинтихоботӣ ва маъракаи интихоботи парлумонии ахир дар соли 2010 дар Тоҷикистон акнун нерўву зарфиятҳои ин нерўи сиёсӣ дигар маълум шуданд.

Иқрор мешавам, ки пеш аз интихобот ҳини нишасти Шўрои ҷамъиятӣ, вақте ҷаноби Кабирӣ аз раҳбарияти олии мамлакат танҳо барои баргузории анҷумани худ толор хост, ман аз ҷумлаи мунаққидони ин иқдом будам, ки раҳбари як нерўи қавии сиёси пеши элитаи ҳукмрон масоили ҷузъиро мегузорад. Вале пас аз баргузории ин маърака назари ман комилан дигар шуд. Маълум гардид, ки оғои Кабирӣ мехостаст назари мардуми Тоҷикистон ва берун аз онро дар бораи ҳизби худ дигар кунад. Яқинан то имрўз ягон нерўи дигари сиёсӣ ба ин сатҳу сифат маъракаи сиёсӣ баргузор накардааст».

Ӯ меафзояд: «Дар соли 2011 бошад ҳамин гуна бардошт дар анҷумани навбатии ҲНИТ ҳосил шуд ва маълум гардид, ки ин шева ба стратегияи хосси ин ҳизб ва раҳбарияти он табдил ёфтааст. Албатта ин анҷуман ба гунае бардошти манфиро низ ҳосил кард, ки ба шеваи интихоби раҳбари ҳизб марбут аст. Илова бар ин, матбуоту доираҳои коршиносии Русия дар бораи изҳороти Кабири перомуни фарохтар кардани фаъолияти ҳизб аз маҳдудаи Тоҷикистон "бонги хатар" эълон карданд, ки бозгўи аз дуруст наомадани мавқеъгириҳои ҲНИТ бо мақомдорони рус дар кадом масоили усулиро дошт.

Аз ин ҷост, ки дар Маскав зуд аз паи таъсиси Ҳизби муҳоҷирон шуданд ва маҳз ишора сари ин нуқта шуд, ки ин ҳизб гўё ҲНИТ -ро "ба як нул хохад зад". Баъдан таъсиси кадом як Шўрои исломӣ дар ин замина садо дод, ки дигар тарс ё бозии навбатии мақомдорони русро ошкор мекард. Вале дар лаҳзаҳои ҳассоси Тоҷикистон, яъне қазияи халабонҳо ва мавқеъгирии мақомдорони рус маҳз 2 меҳмони анҷумани ҲНИТ ба таври ошкор ва хеле самимона аз мавқеи мо дифоъ карданд, ки ин аз даҳҳову садҳо меҳмонони олирутбаи сатҳи давлати муҳимтар ба назар расид. Хулоса, соли гузашта ҲНИТ-ро  мисли як нерўи зиндаи сиёсӣ маълум кард. Як нерўи зинда наметавонад ҳамаро хурсанд ё ҳамаро малул созад. Гоҳ ин асту гоҳ он».

Ба қавли рӯзноманигори маъруф Раҳматкарими Давлат бошад, ҲНИТ дар соли сипаришуда имтиҳонҳои зиёде дошт. Ӯ мегуяд: «Фикр мекунам соли 2011 барои ҲНИТ соли имтиҳонҳо буд, cҷиддӣ.  ҲНИТ аз ибтидо то интиҳои сол дучори чолиш буд. Гурўҳҳое дар дохили қудрат барои маҳдуд кардан ё бастани ҲНИТ талош карданд, аммо наҳзат тавонист аз ин вазъият берун ояд шубҳаву гумонҳоро хунсо намояд.

Масъалаи дигаре, ки ҲНИТ дучори интиқод шуд интихоби бидуни алтернативи раиси ҳизб буд ва то андозае шакку шубҳа ва баҳсро ба вуҷуд овард.  Вале дар охири имсол ҳам шоҳид будем аз аввали сол барои кашидани пойи наҳзат дар баъзе аз маҷораҳо аз ҷумла дар ҳаводиси шарқи Тоҷикисон ва охири сол дар баҳси мазҳабӣ. Роҳбарияти ҳизб коре карданд, ки ҲНИТ ба ягон моҷаро кашида нашуд ва чеҳраи воқеии худро нигоҳ дошт. ҲНИТ дар маҷмўъ соли 2011 мавқеи муҳофизакорӣ дошт. Ин албатта ба хотири ҳифзи ҳизб буд…»

Ӯ меафзояд: «Дар ду интихоботи миёндаврӣ ин ҳизб ҳузури фаъол надошт. Бо ҳар баҳона номзади худро пешбарӣ накард, вале назорат ҳаққи ҳизб буд, вале ин корро низ анҷом надод. Ҳамчунин мавқеъи қотеъ надоштан дар баробари масаоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла бетарафӣ дар мавриди пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд. Рўзномаи ҳизб дар ин маврид гуфт, назарҳо баён шуданд, вале вакилон дар ин маврид дархости расмӣ накарданд, ки ин мавқеи қотеъ ҳисоб мешуд»

Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири хабаргузории «Озодагон», дар ин маврид мегӯяд: «Вуҷуди ҲНИТ дар фазои сиёсии Тоҷикистон бурди ҳам ҳизб ва ҳам ҷомеаи муосири кишвар аст. Агар мо иддао дорем, ки ҷумҳурии мустақил, дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаем, пас фаъолият ва амал кардани ҳизби динӣ барои ҷамъияти 7 миллионаи Тоҷикистон амри воқеӣ ва зарурист.

Ҳадди ақал дар соли равон, ҷомеа комилан эҳсос кард ва ҳам ҳукумат, ки будан ва фаъолият кардани ҲНИТ меъёри амният ва суботи кишвар аст. Ва ҳизби ҳоким дар рўёруи худ қувваи дигари сиёсӣ ҲНИТ-ро ҳамчун рақиби сиёсӣ эътироф кард. Ширкати ду вакили парлумон дар МН - палатаи поёнии ин мақоми қонунбарор-  аллакай бурди ҳизб аст, ҳарчанд зарфият ва потенсиали он аз ин шумора чандин маротиб бояд боло мебуд»

Ӯ изҳор кард: «Муҳокимарониҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ҳамзамон намояндаи парлумон ва Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили дигари ин ташкилоти сиёсӣ  ҳангоми баррасии санаду лоиҳаҳову қонунҳо дар парлумон дар ин сол назаррас буд, аз ҷумла зимни баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд». Аммо мутаасифона аксарият ҳарфи аққалиятро ба назар нагирифтанд, ки ин хоси низоми феълии кишвари мост.

Боздиду сафарҳои Муҳиддин Кабирӣ ва дигар раҳбарону масъулини ҲНИТ аз кишварҳое амсоли Русия, Ирон, Туркия ва Олмону соири давлатҳои шарқиву ғарбӣ шинохти бештари ҳизбро ба миён овард ва метавон онро ҳам бурди имсола унвон кард.Баргузории Анҷумани навбатии ҳизб дар моҳи сентябри соли равон ва ҳузури меҳмонон аз Малайзия, Ирон, Туркия ва Афғонистону Русия комёбии дигари ҲНИТ аст».

Х. Маҳмуд дар давоми суҳбаташ мегуяд: «Пахши матолиби мухталиф дар матбуоти ватаниву хориҷӣ ва мусоҳибаву андешарониҳои аъзоёну ҷонибдорони ҳизб низ дар соли 2011 чашмгир буд. Навгонӣ аст, ки матбуоти ғайр ҳам ба баррасии масоили марбут ба ҲНИТ шурўъ карданд, ки дар солҳои қаблӣ ба назар намерасид. Сўҳбату муколама ва андешаҳои Муҳаммадалии Ҳайит, Воҳидхон Қосиддинов, Зубайдуллоҳи Розиқ ва Абдуқаҳҳори Давлату дигарон дар ВАО афкори ҷомеаро ба суи худогоҳӣ ва худшиносӣ талқин мекарданд ва мекунанд. Нашри мақолаҳои беҳисоби «интиқодии дархостӣ» дар матбуоти давлативу наздик ба ҳукумат дар бораи шахсияти Муҳиддин Кабирӣ ва фаъолияти ҲНИТ як бурди дигари беназири ҳизб унвон мешавад, ҳадди ақал пиар-тарғиби муфти Кабирӣ ва ёронаш метавон шуморид».

Ба қавли мазкур: «Ин рўйхатро метавон идома дод, аммо ба чанд нуқтаи дигар ишора карда мизони бурду бохти ҳизбро ҷамъбаст менамоем: Дар имсол ҳарчанд мулоқотҳое аз ҷониби раёсати ҲНИТ бо ҷавонони ҳушманд чандин дафъа сурат гирифтанд, ҳанўз хам дар суфуфи ҳизб камбуди норасоии энержии ҷавонон эҳсос мегардад. Бохти дигари ҳизб дар суст ва ё заъиф ҷараён гирифтани корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ аст, ҳоло ҳам аз органҳои ташкилоти сиёсӣ - сомона ва нашрияи ҳизбӣ ба қадри имкон истифода нашудааст. Дар ин росто масъулини  ҳизб жарфтар бояд андеша кунанд. Беҳуда намегуянд, ки: «Касе, ки иттилоъро дар даст дорад, ҷаҳонро идора мекунад».

Муҳарири нашрияи «СССР», Сайёфи Мизроб бошад фаъолияти ҲНИТ-ро дар соли 2011 чунин баҳо мегузорад: «Дар соли 2011 ҲНИТ ҳизби аз ҳама фаъоли Тоҷикистон буд ва дар ин сол аз худ як қувваву қудрат нишон дода, опозитсияи ҲХДТ буданашро низ дарак дод, ки мутаасифона ҳамин мақомро то соли 2011 аз даст раҳо карда буд.

Шахсан ман фикр доштам, ки ҲНИТ боз ҳам як ҳизби ҷайбии дигар мегардад ва вақте, ки дар ин сол ахиран пешвои харизматикии ин ҳизб М. Кабирӣ ва намояндагони ин ҳизб дар бархе аз мавридҳо мақоми устувортар гирифтанд ва манфиатҳои интихобкунандаи худро пеш гузоштанд. Ман намояндагон, пешвоён ва ҳаводорони ин ҳизбро табрик мегўям.. Ба пиндори инфиродии ман, ҲНИТ ба ҳамон саоату рўзҳое баргашт, ки замоне таҳти ҳидояти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ амал мекард».

Nahzat.tj


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi