ИРОАИ ПАРВАНДАИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО БА ДОДГОҲ
Додситонии ноҳияи Ваҳдат бародарон Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаҳоро дар тӯҳмат ва таҳқири раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон муттаҳам карда ва парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ ироа кардааст. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, додситонӣ онҳоро дар нақзи моддаи 240 қонуни ҷазои маъмурии Тоҷикистон муттаҳам кардааст, ки то 15 шабонарӯз ҳабс ё ҷарима ба маблағи то бист ҳадди ақалро дар назар дорад.
Зимнан, рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр намозгузорон дар масҷиди “Муҳаммадия”-и ноҳияи Ваҳдат, ки ба бародарон Тӯраҷонзодаҳо мутааллиқ аст, аз ҳузури Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини давлати Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат изҳори норизоиятӣ карда ва ба иддаои мақомот “алайҳи онҳо беэҳтиромӣ зоҳир шуда ва онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтаанд.”
Ин афрод ба додситонии ноҳияи Ваҳдат аз ин амр шикоят бурда ва маъмурони додситонӣ бародарон Тӯраҷонзодаҳо мавриди бозпурсӣ қарор доданд. Рӯзи чаҳоршанбеи 21 декабр Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дубора ба додситонӣ даъват шуданд.
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, додситонӣ ба ин натиҷа расидааст, ки ин ду мазҳабии саршинос дар нисбати Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон таҳқир ва таҳвин кардаанд.
Аз ҷумла, ба эътиқоди маъмурони додситонӣ, бародарон Тӯраҷонзодаҳо раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистонро беасос дар пайравӣ аз Салафия, гурӯҳи мамнуъи исломӣ дар Тоҷикистон муттаҳам кардаанд. Зимнан, ин ҷараёни исломӣ бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ифротгаро ва теруристӣ дониста шудааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ чунин иддаъои худро таъйид карда ва гуфта буд, ки далоиле барои чунин изҳори назар дар ихтиёр дорад.
Ҳамакнун, додгоҳи ноҳияи Ваҳдат бояд парвандаи маъмурӣ алайҳи бародарон Тӯраҷонзодаҳоро ба баррасӣ бигирад. Манобеъи додгоҳи ин ноҳия гуфтанд, ки ҳанӯз замони оғози муҳокимаи ин парванда мушшахас нашудааст.
Аз сӯйи дигар, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чунин иттиҳоми додситониро бепоя хонда ва иддаъо дорад, ки ин қазия аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ нест.
Ҳамзамон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Оқои Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистонро дар тақаллуб зимни таҳияи баёнияи ин ниҳод ва таҳвин алайҳи хонаводаи худ муттаҳам кардааст.
Ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, Сайидмукаррам Абдулқодирзода бидуни машварат бо аъзои Шӯрои уламои дин аз номи ин ниҳод баёния мунташир карда ва бародарон Тӯраҷонзодаҳоро дар пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.
Гузашта аз ин, бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба додситонии кулли Тоҷикистон аз рафтори Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини давлати Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат шикоят бурда ва иддаъо кардаанд, ки ин афрод аз баргузории маросими мазҳабӣ монеъ шудаанд.
Зеро, ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи бародарон Тӯраҷонзодаҳо, ин се нафар моддаи 157-и қонуни ҷиноии Тоҷикистонро нақз кардаанд. “Тибқи ин муқаррарот, монеъ шудан аз баргузории маросими мазҳабӣ ҷиноят дониста мешавад ва ин се нафар бо ҳузури ғайримунтазираи худ дар масҷид, ки рӯзи 9-уми декабр рух дод, дар намозгузории мусалмонон монеъ шудаанд.”
Дар пайи ин ҳодиса Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти масҷиди “Муҳаммадия”-ро маҳдуд ва бародарон Тӯраҷонзодаҳоро аз симати имом-хатибони ин масҷид барканор кард.
Қазияи бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои дини Тоҷикистон бо пахши баёнияи ин ниҳод оғоз шуда буд. Шӯрои уламои дин иддаъо дорад, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар масҷиди худ маросими Ошуро, ки хоси мазҳаби шиъа аст, баргузор карда ва аз ин роҳ қасд доранд дар миёни мусалмонони кишвар низоъ ворид созанд.
Шӯрои уламои дини Тоҷикистон дар ин баёния ҳамчунин ишора кардааст, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 муқассир ҳастанд.
Рӯзи 20-уми декабр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав Созмони паноҳҷӯёни сиёсӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба манзури ҳимоят аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва фишро алайҳи мусалмонон дар Тоҷикистон эътисоб карданд.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузории ин эътисобро маҳкум кард ва гуфт, ки ин иқдом аз сӯйи “нерӯҳое ташкил шудааст, ки қасд доранд хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро дар назди раиси ҷумҳур бадном кунанд.”
Би-Би-Си