ПОПОВ: "РАВОБИТИ ДУ КИШВАР БЕҲБУД ХОҲАД ЁФТ"
Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, озодии халабонҳо аз зарбаи мӯҳлик ба равобити ду кишвар пешгирӣ кард. Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "мо акнун аз нав имконияте пайдо кардем, ки ба муносибатҳои байни ду кишвари бародар, ки ҳампаймони стратегии ҳамдигшар ва узви чандин эътилофи муштараканд, бо чашми умед ва эътимод бингарем."
Барои ин сафир Попов аз раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос кард, ки ду мартаба ӯро ба ҳузур пазируфта, мавқеъгирии тарафи Русияро шунид ва дар ҳалли масъала нақши муҳим бозид. Ҳамзамон сафири Русия дар Тоҷикистон изҳори таассуф кард, ки зимни қазияи халабонҳо дар Русия дар робита ба муносибатҳои ду кишвар як фазои номуносиби эҳсосотӣ ва иттилоотӣ ба вуҷуд омад.
Аммо ҳадафи асосии ӯ аз нишасти хабарӣ муаррифии халабон Владимир Садодвничий буд, ки аз раҳоияш сафир изҳори хурсандӣ мекард. Ҳамзамон вай афзуд, вакили дифои ин ду халабон ҳуҷҷатҳои заруриро барои пурра бегуноҳ донистани Садовничий ва Руденко таҳия дорад.
Ҷаноби сафир мавориди фишор болои муҳоҷирони тоҷик дар Русияро тасодуфӣ хонда ва гуфтааст, ҳеҷ гуна фармоише дар ин робита аз сӯи мақомоти кишвараш иттихоз нашудааст. Сафири Русия дар Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки ба дунболи раҳоии ин ду халабон, муносиботи ин ду кишвар беҳбуд хоҳад ёфт.
«Озодӣ»