14:41:37 03-уми Июни 2025 сол

ҲДТ ВА ҲНИТ: “МУҲОҶИРОН НАБОЯД ҚУРБОНИИ МАНФИАТҲО ШАВАНД”

Ҳизбҳои демократ ва наҳзати исломии Тоҷикистон аз боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардаанд. Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз нерӯҳои сиёсии Русия хостааст, ки аз ҳамагуна шарҳу тавзеҳоти ноҷо, ки ба равобити Душанбеву Маскав халал ворид хоҳад кард, худдорӣ намоянд.

/images/stories/2011/11/13_migrant-deport2011.jpgЗеро ба бовари масъулони ин ҳизб ҳамагуна тавзеҳот ва мавзеъгириҳои ноҷо ба зиндагии миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт, ки як гурӯҳи онҳо танҳо барои таъмини зиндагии худу пайвандонашон муҳоҷират дар Русияро ихтиёр кардаанд.

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, изҳороти онҳо дар ҳоле пахш мешавад, ки намояндаи ин ҳизб аз сафар дар Екатеринбург ба кишвар бозгашта ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар минтақаҳои мухталифи Русияро вахим арзёбӣ кардааст.

​​Оқои Собиров мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷик ҳоло қурбонии сӯитафоҳумҳо миёни мақомоти Душанбеву Маскав шудаанд, ки дар пайи ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ рӯ задааст. “Намешавад, ки як мардуми бечораву бепуштибонро дар ғарибӣ таҳқир кард ва ё зери лату кӯб қаро дод ва ё дигар роҳ надиҳанд, ки ба ҷои кори худ рафта, ба фаъолияташон идома бидиҳанд”,-афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ низ бо пахши изҳороте аз мақомоти порлумони Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дар наздиктарин ҷаласаи худ мавзӯи боздошту ихроҷи муҳоҷиронро баррасӣ карда, ҳайате аз вакилонро барои ошноӣ бо вазъи муҳоҷирон ва ҳалли мушкили онҳо ба Русия бифиристад.

ҲНИТ дар изҳороти худ боздошт ва ихроҷи гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро дар пайи маҳкумияти ду халабони ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД” амали нодуруст номидааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, “идома ёфтани ин раванд натанҳо ба муносибати таърихан дӯстонаи ду кишвар, балки ба ҳаёти миллионҳо ҳамватанони мо таъсири манфӣ гузошта, дар ниҳоят ба бад шудани вазъи иқтисодии кишвар оварда мерасонад. Сиёсӣ ва печида гардидани қазияи ду халабон баёнгари он аст, ки механизмҳои ҳалли дидгоҳ ва назарҳо дар муносибати ду кишвар заиф гаштаанд ва зарурат ба таҳкиму гардонидани онҳо пеш омадааст.”

​​Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамин шабу рӯз эҳтимоли ихроҷи садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия вуҷуд дорад. Дар ҳоле ки ба қавли масъулони ин ҳизб муҳоҷирон на танҳо дар нигаҳдошти суботи кишвари худ, балки дар ободонии кишвари Русия низ нақш доранд: “Ин мардуми бе ин ҳам азияткашида ва дур аз сиёсат, ки ҷуз меҳнати пурмашаққату дурӣ аз ватану наздикони худ чизи дигареро намедонанд, набояд қурбонии сӯитафоҳумҳо ва ҳисоббаробаркунии мақомот ва масъулини ду кишвар гарданд."

Ин аст, ки ҳам Ҳизби демократ ва ҳам Ҳизби наҳзати исломӣ дар баёнияҳои худ аз амалкарди мақомоти расмии Тоҷикистон дар баробари ҳимояти муҳоҷирони кории тоҷик нокофӣ хондаанд.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ҳанӯз имкони баррасии шикояти ду халабони маҳкумшуда дар додгоҳҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ин масъала дар чаҳорчӯби қонунҳои кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт. “Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки масъулини кишвари дӯст – Русия низ аз боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ҳамчун амали ҷавобӣ ба қазияи халабонҳо даст мекашад”,- гуфта шудааст дар изҳороти ҲНИТ.

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, миёни ҳукми додгоҳ ва ҳаёҳуи Маскав як сирреро мебинад ва мехоҳад ба зудӣ мӯйро аз хамир ҷудо намояд. Аз ин рӯ, оқои Собиров гуфт, аз вакили мудофеи Владимир Садовничий ва Алексей Руденко хоҳад хост, ки як нусха аз парванда ва ҳалномаи додгоҳро ба онҳо бидиҳанд, то ин ҳизб қазияро аз наздик баррасӣ намояд.

Ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар рӯзи ҳафтуми ноябр хашми Маскавро барангехт ва мақомоти ин кишвар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки Садовничий ва Руденкоро аз боздошт раҳо карда, ба кишварашон бозпас бифиристанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин ду халабон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ва қочоқу нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз зиндонӣ шудаанд. Онҳо мутмаинанд, ки ин қазия як баҳси оддии додгоҳист, на сиёсӣ.

Вале ахиран дар пайи афзоиши фишор болои муҳоҷирон ва ихроҷи як гурӯҳи онҳо аз Маскав хабаргузориҳои русӣ навиштанд, ки қазияи халабонҳоро худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорат гирифтааст.

Каюмарси Ато, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854