Ш. САЛИМЗОДА: «БОЗДОШТИ ХАЛАБОНҲО АНГЕЗАИ СИЁСӢ НАДОШТА, ҶИНОЯТЕСТ МУҚАРРАРӢ»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби дар воситаҳои ахбори умум чоп гардидани иттилои мухталиф оид ба ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои парвози байналмилалӣ ва рахна намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ду ҳавопаймои тамғаи АН-72-100 ва фуруд омадани онҳо ба майдони ҳавоии шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода нишасти матбуотӣ доир гардид.
Прокурори генералии Тоҷикистон изҳор дошт, ки баъзе воситаҳои ахбори умум ба ин масъала характери сиёсй дода истодаанд, ки ин тамоман ба воқеият дуруст намеояд. Ин ҳодиса як ҷинояти муқаррарӣ буда, ягон паҳлӯи сиёсӣ надорад, мувофиқи талаботи қонун шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Шумо худатон тасавур намоед, ки аксар террористоне, ки дар минтақаи Рашт ва умуман дар ҳудуди мо фаъолияти террористиро амалй намудаанд, аз тариқи Афғонистон вориди Тоҷикистон гардидаанд.
«Ҳавопаймоҳои мазкур бошанд, бе иҷозати мақомоти авиатсионӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон вориди ҳудуди мо гардида, гузашта аз ин, ба талаботи мақомоти авиатсионии мо оиди ба ҳудуди Тоҷикистон ворид нашудан итоат намекунанд ва ворид мешаванд. Ин ҳавопаймоҳо дар ягон давлат дар қайди давлатӣ намебошанд, заминаҳои парвози худро (летный ресурс) надоранд, давоми зиёда аз се сол бар хилофи қоидаҳои бехатарии парвоз аз таъмир ва санҷиши техникӣ нагузаштаанд. Дар ҳамин ҳолат дигар давлатҳо чӣ гуна тадбирҳо меандешанд, ё чи гуна рафтор мекарданд», - тазаккур дод Ш. Салимзода.
Прокурори генералӣ ҳодисаи мазкурро чунин шарҳ дод: «Саҳарии 12 марти соли 2011 ҳавопаймоҳои тамғаи АН-72, рақами бортиашон 4 L FAS таҳти идораи шаҳрванди Федератсияи Россия Садовничий В.В. (командир) ва 4 L NAS таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Эстония Руденко А. (командир), инчунин ҳавонавардон шаҳрвандони Федератсия Россия Скуратов Владимир Ильич, Козюлин Александр Сергеевич, шаҳрванди Ҷумҳурии Белорусия Сакович Михаил Денисович, шаҳрвандони Ҷумҳурии Украина Лёзний Сергей Викторович, Горобченко Александр Петрович, шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Гончаренко Андрей ҳангоми аз фазои ҳавоии сарҳади давлатии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба фазои ҳавоии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудан, бо намояндаи «Тоҷикаэронавигатсия»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба алоқа баромада, огаҳ мешаванд, ки иҷозати истифодаи фазои ҳавоии ҶТ-ро надоранд.
Вале талаботи моддаи 63-и Кодекси фазои ҳавоии ҶТ-¬ро, ки мутобиқи он иҷозати истифодаи фазои ҳавоии ҶТ аз ҷониби Маркази асосии системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дода мешавад, дағалона вайрон намуда, бидуни ҳуҷҷатҳои муайяншуда ва иҷозати зарурӣ сарҳади давлатии ҶТ-ро рахна намуда, бар хилофи талаботи моддаҳои 17 ва 80-и Кодекси фазои ҳавоии ҶТ, бардурӯғ «бонги фалокат»-ро эълон намуда, ғайриқонунӣ ҳавопаймои якум соати 07:57 дақиқа ва ҳавопаймои дуюм соати 08:30 дақиқа ба фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Қурғонтеппа фуруд меоянд.
Бояд гуфт, ки «бонги фалокат»-и эълон намудаи командирони ҳавопаймоҳо асоси воқеӣ надошта, он танҳо ба хотири бемамоният ба фурудгоҳи ҳавоии ш. Қургонтеппа нишастан истифода бурда шудааст. Зеро азназаргузаронии ҳавопаймоҳо аз ҷониби мутахассисон собит сохт, ки онҳо пурра имконияти баргашта то шаҳри Кобули ҶИА парвоз карда, ба фурудгоҳи хавоии ин кишвар фуруд омаданро доштанд».
Ш. Салимзода гуфт, ки дар сабти гуфтугӯи Садовничий В.В. бо корманди мақомоти авиатсияи Тоҷикистон омадааст: «Ворид шуданро ба фазои ҳавоии Тоҷикистон иҷозат диҳед, ҷавоб мегирад, ки бо сабаби иҷозатнома набудан ман ворид шуданро манъ мекунам», баъди 7-ум маротиба ҷавоби рад гирифтан Садовничий В. В. Мегӯяд: «хоҳиш мекунам нишасти садамавиро ба фурудгоҳи Қурғонтеппа иҷозат диҳед, пас аз нишастан метавонед ҳавопайморо ҳабс намоед, бори дигар хохиш мекунам барои нишасти садамавӣ ба фурудгоҳи Қурғонтеппа иҷозат диҳед». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ дидаю дониста ин қоидаҳои парвозро вайрон мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳангоми азназаргузаронии ҳавопаймоҳо муайян карда шуд, ки дар дохили ҳавопаймои тамғаи АН -72, рақами 4 L NAS як муҳаррики ҳавопаймои коршоям мавҷуд буда, барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани он ҳуҷҷатҳои зарурии расмӣ тартиб дода нашудаанд.
Пас аз гузаронидани санҷиш ва муайян намудани ҳолатҳои воқеии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани киштиҳои хавоии зикргашта 12 майи соли равон аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Хатлон нисбати Садовничий Владимир Владимирович ва дигарон бо аломатҳои ҷинояти дар моддаҳои 218 (вайрон кардани қоидаҳои парвози байналмилалӣ), 289 қисми 3, банди «г» (контрабанда – қочоқ бо роҳи рахна кардани сарҳади ҷумҳурӣ) ва 335 қисми 2 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигашта парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва худи ҳамон рӯз командирони ин ҳавопаймоҳо Садовничий В.В. ва Руденко А. дастгир ва бо иҷозати суди шахри Қургонтеппа аз 13 майи соли ҷорӣ нисбат ба онҳо чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси пешакӣ татбиқ карда шудааст.
«Тибқи мактуби Маъмурияти нақлиёти ягонаи Гурҷистон таҳти № 06/609 аз 30.03 соли 2011 хавопаймоҳои зикргашта то моҳи июни соли 2008 дар қайди давлатии мақомоти авиатсионии Гурҷистон буданд ва аз қайди Феҳристи ҳавоии ин давлат 19 июни соли 2008 бароварда шуда, Сертификати операторӣ ва Сертификати коршоямӣ барон парвози (Лётной годности) Гурҷистонро надошта, дар Феҳристи ҳавоии Гурҷистон ба қайд гирифта нашудаанд», - илова намуд Ш. Салимзода.
Вай афзуд, ки мутобиқи мактуби расмии мутасаддиёни бехатарии парвози мақомоти авиатсияи ҳавоии ҶИА аз 12 марти соли 2011 хавопаймоҳои зикргашта дар феҳристи киштиҳои ҳавоии ин давлат ба қайд гирифта нашуда, бе иҷозати расмӣ ғайриқонунӣ аз фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Кобул парвоз ва ба фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Қурғонтеппаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастааст. Ва дар ҳамин мактуб ҷониби Афғонистон хоҳиш кардааст, ки ин тайёраҳо ба ҳабс гирифта шуда, ба ҳайати экипаж имконияти ба ҳавопаймоҳо наздик шудан дода нашавад.
Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки ҳавопаймоҳои зикргашта аз соли 2008 то моҳи феврали соли 201 1 дар ширкати «РОЛКАН-¬Инвестмен- ЛТД» дар шаҳри Тартола, ҷазираи Британо - Вирҷиния ба қайд гирифта шуда, ин ширкат ба Федератсияи Россия ягон хел иртибот надорад. Аз соли 2008 то моҳи марти соли ҷорӣ ин ҳавопаймоҳо дар Афғонистон ғайриқонунӣ ба кашондани борҳои ғайриҳарбии қувваҳои коалитсионии Атлантикаи Шимолӣ машғул гардидаанд. Дар рафти тафтишоти пешакӣ гуноҳи Садовничий В.В. ва Руденко А. дар содир намудани ҷиноятҳои зикршуда ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфт.
Бо ҳукми суди шаҳри Қургонтеппа аз 8 ноябри соли 2011 Садовничий В.В. ва Руденко А. бо айбҳои эълонкардашуда гунаҳгор дониста, ба ҳар кадоми онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 (даҳ,) солу 6 (шаш) моҳи бидуни мусодираи молу мулк таъин карда шуда, бо дастрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 20 августи соли 2011 мӯҳлати адонагардидаи ҷазои таъиншуда ду солӣ кам карда шудааст. Бояд гуфт, ки мурофиаи судӣ дар як фазои озод ва ошкоро гузашт, ки тамоми намояндагиҳо ва ҳар нафаре мехост, дар он иштирок мекард ва ҳамин тавр низ шуд.
Шерхон Салимзода тазаккур дод, ки дар рафти тафтишот ва то имрӯз аз ҷониби ягон мақомоти давлатии ягон давлат дар бораи ин шаҳрвандон ягон муроҷиати расмӣ ба мо ворид нагардидааст. Танҳо ба мақомоти тафтишоти пешакӣ як муроҷиати сафорати Федератсияи Россия ворид шуда аст, ки баъди гирифтани ҷавоб сафорат ягон эроди дигар нагирифтааст. Ҳоло мутобиқи Қонуни мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садовничий В.В., Руденко А. ва намояндаҳои онҳо ҳуқуқ доранд оиди асоснокӣ ва қонунӣ будани ҳукм, аз ҷумла оиди вазнин будани ҷазо ба суди болоӣ шикоят биёранд. Суди болой инро дида мебарояд.
«Дар охир мехоҳам ба масъалаи зерин тавваҷӯҳ намоед: Ҳавопаймоҳои мазкур дар ягон қайди давлатӣ нестанд, заминаи парвоз (летний резерв), Сертификати операторӣ ва Сертификати коршоямӣ (летной годности) надоранд, дар ин ҳолат агар мо онҳоро қабул намуда, боз парвози онҳоро ба дигар давлат иҷозат медодем, онгоҳ дар бораи Тоҷикистон чӣ ақидаҳо пайдо мешуд? Оё мо қоидаҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳоро вайрон намекардем?»
Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки 6 навар ҳавонавардон-шаҳрвандони Федератсияи Россия (ду нафар), Украина (ду нафар), Белоруссия (як нафар) ва Қазоқистон (як нафар) бо назардошти ҳисси башардӯстӣ ва нақши дуюмдараҷа доштанашон аз ҷавобгарӣ озод карда шуданд.
«Бори дигар таъқид менамоям, ки ин масъала ягон хусусияти сиёсӣ надошта, барои вайрон кардани қонун шахси гунаҳкор бояд ҷавоб гӯяд. Дигар масъалаҳое, ки имрӯзҳо дар ВАО бардошта истодаанд, бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияҳо ва Созишномаҳои байналмилалӣ ҳал карда шаванд», - гуфт дар фарҷом Ш. Салимзода.
Бекназари Абӯбакр, АМИТ «Ховар»