ДОДСИТОНИИ ТОҶИКИСТОН: ҲОДИСАИ ХАЛАБОНҲО МУВОФИҚИ ҚОНУНҲО БАРРАСӢ ШУД
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки боздошт ва муҳокимаи халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бар асоси қавнони кишвар ва мавозини байналмилалӣ анҷом шудааст.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 10 ноябр, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ин кишвар дар мавриди убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани мавозини байналмилалии ҳавонавардӣ аз ҷониби халабонҳои ду ҳавопаймои АН-72 далоили мӯътамад дорад.
Ин дар ҳолест, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар сӯҳбати телефонӣ бо Ҳамрохон Зарифӣ, ҳамтои тоҷики худ аз эъломи ҳукми тӯлонӣ ба халабонҳо ибрози хашм карда ва гуфтааст, ки барои боздошт ва муҳокимаи халабонҳо далоили қавӣ ва мӯътамад пешниҳод нашудааст. Ҳамчунин, ӯ тақозо кардааст, ки қазияи халабонҳои русу эстонӣ дубора баррасӣ шуда ва халабони рус ба ватанаш бозгардонда шавад.
Вале ба гуфтаи Шерхон Салимзода, ин ду ҳавопаймо бидуни иҷоза вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон шуда ва бо вуҷуди ҳушдори мукаррари “Тоҷикаэронавигатсия” бо “бонги фалокат”-и бардурӯғ дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ҷануби Тоҷикистон нишастаанд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон ин ду ҳавопаймо дар ҳеч кишвари ҷаҳон расман сабти ном нашуда ва ниҳоди амнияти парвозҳои Афғонистон 12 марти соли 2011 расман аз ҷониби Тоҷикистон дархости ҳабси ин ду ҳавопайморо карда буд.
Ҳамчунин, ӯ иддаъои Вазораи хориҷаи Русияро мабнӣ бар ин, ки Тоҷикистон намояндагони сафроати Русияро аз боздошти шаҳрвандашон муталеъ насохта ва аз ин роҳ муқаррароти Мувофиқатномаи консулиро нақз карда, радд кард. Намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки онҳо танҳо пас аз ду моҳи боздошти шаҳрвандашон дар ин бора аз тариқи расонаҳо иттилоъ ёфтаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки Владимир Садовничий, халабони рус ва Алексей Руденко, халабони дигар аз Эстонӣ субҳи рӯзи 12 марти соли ҷорӣ боздошт шуданд вале танҳо пас аз ду моҳ, яъне баъд аз бозрасии ҷиддии ин ҳодиса алайҳи онҳо парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.
Ӯ таъкид кард, 6 тан аз сарнишинони ин ду ҳавопаймо, атбоъи Русия, Белорус, Укройн ва Қазоқистон буданд, ба далели даст надоштан дар ҷароиме аз боздоштгоҳ озод шуда ва ба кишварҳои худ бозгаштанд.
Дар хабарномаи дафтари матбуъотии вазорати хориҷаи Русия омадааст, ки Ҳамрохон Зарифӣ ба навбаи худ, дар ин сӯҳбати телефонӣ ба мушкилоти зиёди марбут ба мавқеъи ҳуқуқии ширкати "Ролкан" ишора карда ва гуфтааст, ки мақомоти Афғонистон бо ин ширкат мушкилоте доштааст.
Ҳарчанд вазорати хориҷаи Тоҷикистон анҷоми сӯҳбати телефунӣ миёни вузарои хориҷаи ду кишварро таъйид карда, вале иттилоъи расмие дар ин бора ҳанӯз пахш нашудааст. Ҳамзамон, дафтари матбуъоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар бораи сӯҳбати телефонии Ҳамрохон Зарифӣ бо Урмас Паэт, вазири хориҷаи Эстонӣ дар атрофи қазияи Алексей Руденко, шаҳрванди эстонӣ ва яке аз халабонҳои зиндонӣ хабар додааст.
Оқои Паэт ҳукми додгоҳро дар қиболи халабонҳо "хеле сахт" арзёбӣ карда ва хостори мусоъдати Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баррасии шикояти истинофии ин қазия шудааст. Ҳамчунин, ӯ пешниҳод кардааст, ҳар чи сареътар Мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Эстонӣ дар бораи истирдод имзо шавад. Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш талош мекунад, дар ҷаҳорчӯби қавонини Тоҷикистон ва мавозини байналмилалӣ дар ҳалли ин қазия мусоъидат кунад.
Ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа алайҳи Владимир Садовничий, халабони рус дар рӯзи 9-уми ноябр дар маҳофили мухталифи Русия хашм алайҳи мақомоти Тоҷикистонро барангехт ва сиёсатмадорони ин кишвар дар мавриди ончи “муҷозот кардани Тоҷикистон" унвон мешавад, мулоҳизоти худро иброз доштаанд. Аз ҷумла, Думои Давлатии Русия гуфтааст, ки дар садад аст ба Президент Медведев пешниҳод кунад, ки бо Тоҷикистон муқаррароти визо ҷорӣ шавад.
Семён Богдасаров, намояндаи ҳизби “Справедливая Россия” дар Думои Давлатӣ ба нашрияи “Независимая газета” гуфтааст, тибқи моддаи 4-и созишномаи кишварҳои узви ИДММ дар бораи рафтуомади бидуни визо, дар сурати пеш омадани таҳдид ба яке аз кишварҳои узв ин давлат метавонад ба таври якҷониба дар қиболи кишвари дигар муқаррароти визо ҷорӣ кунад.
Оқои Багдасаров гуфтааст, аз ин лиҳоз Русия метавонад дар қиболи Тоҷикистон аз ин ҳаққи худ истифода кунад. Ҳамчунин, тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти Шӯрои Федеротсиюн ё Маҷлиси улёи Русия Валентина Матвиенко, раиси маҷлис дар шаҳри Санкт-Питерсбург бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамтои тоҷики худ қазияи халабони русро баррасӣ карда ва номаеро бо дасрхости баррасии дубораи қазияи Владимир Садовничий ва Алексея Руденкоро ба ӯ таслим кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар иртибот ин валвалаю ҳаюҳуе, ки бархе аз сиёсатмадорон ва расонаҳои Русия дар атрофи қазияи халабонҳо роҳандозӣ кардаанд, гуфт, ки ин қазия сиёсӣ набуда ва дар сурати ворид шудани дархости расмӣ аз Русия ва дар чаҳорчӯби Конвенсиюни ИДММ дар бораи истирдод ин афрод ба кишварҳои худ мунтақил хоҳанд шуд.
Владимир Садовничий, халабони рус ва Алексей Руденко, халабони дигар аз Эстонӣ рӯзи сешанбеи 8 ноябр аз сӯйи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани мавозини байналмилалии ҳавонавардӣ ба муддати 8,5 сол равонаи зиндон шуданд.
Зимнан, ду ҳавопаймои АН-72-и ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-и Русия дар моҳи марти соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нишаста ва халабонҳо гуфта буданд, ба далели камбуди маводди сӯхт барои бозгашт ба Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз суқути эҳтимолии ҳавопаймо маҷбур шудаанд, дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд ояд.
Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонӣ, тибқи қарордод дар Афғонистон ба ҳамлу нақли маводди ғизоӣ машғул будаанд. Қарор аст то чанд лаҳзаи дигар Додситонии Тоҷкистон дар мавриди қазияи ин ду халабони хориҷӣ, ки вокунишҳои шадидуллаҳнро дар пай доштааст, дар нишасти матбуъотие ибрози назари расмӣ кунад.
Би-Би-Си