16:16:52 03-уми Июни 2025 сол

ТАҚОЗОИ МАСКАВ БАРОИ ТАҶДИДИ НАЗАР БА ҚАЗИЯИ ХАЛАБОНҲО

Русия аз Тоҷикистон тақозо кардааст, ки қазияи Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, халабонҳои русу эстонӣ дубора баррасӣ шуда ва халабони рус ба ватанаш бозгардонда шавад.

/images/stories/2011/11/10_serey-lavrov_2011.jpgИн тақозои Русия дар сӯҳбати телефунии Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ва Ҳамрохон Зарифӣ, ҳамтои тоҷики ӯ матраҳ шудааст. Дар ин бора сойти интернетии Вазорати хориҷаи Русия хабар дод. Дар ин сойт мехонем: "Ҷониби Русия норизоятии худро дар бораи ҳукми беасоси додгоҳи Қурғонтеппа нисбат ба ду халабонҳои ду ҳавопаймои АН-72-и мутааллиқ ба ширкати "Ролкан" иброз дошт."

Бино ба иттилоъи ин сойти расмӣ оқои Лавров ба ҳамтои худ аз эъломи ҳукми тӯлонӣ ба халабонҳо ибрози хашм карда ва гуфтааст, ки барои боздошт ва муҳокимаи халабонҳо далоили қавӣ ва мӯътамад пешниҳод нашудааст. Ҳамчунин, ӯ ҷониби Тоҷикистонро ба нақзи муқаррароти Мувофиқатномаи консулӣ миёни ду кишвар муттаҳам кардааст, ки ҷониби Русияро аз боздошти шаҳрвандаш бамаврид муталеъ насохтааст.

Дар хабарномаи дафтари матбуъотии вазорати хориҷаи Русия омадааст, ки Ҳамрохон Зарифӣ ба навбаи худ, дар ин сӯҳбати телефонӣ ба мушкилоти зиёди марбут ба мавқеъи ҳуқуқии ширкати "Ролкан" ишора карда ва гуфтааст, ки мақомоти Афғонистон бо ин ширкат мушкилоте доштааст. Ҳарчанд вазорати хориҷаи Тоҷикистон анҷоми сӯҳбати телефунӣ миёни вузарои хориҷаи ду кишварро таъйид карда, вале иттилоъи расмие дар ин бора ҳанӯз пахш нашудааст.

Ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа алайҳи Владимир Садовничий, халабони рус дар рӯзи 9-уми ноябр дар маҳофили мухталифи Русия хашм алайҳи мақомоти Тоҷикистонро барангехт, ки сиёсатмадорони мухталиф дар мавриди ончи “муҷозот кардани Тоҷикистон" унвон мешавад, мулоҳизоти худро иброз доштаанд. Аз ҷумла, Думои Давлатии Русия гуфтааст, ки дар садад аст ба Президент Медведев пешниҳод кунад, ки бо Тоҷикистон муқаррароти визо ҷорӣ шавад.

Семён Богдасаров, намояндаи ҳизби “Справедливая Россия” дар Думои Давлатӣ ба нашрияи “Независимая газета” гуфтааст, тибқи моддаи 4-и созишномаи кишварҳои узви ИДММ дар бораи рафтуомади бидуни визо, дар сурати пеш омадани таҳдид ба яке аз кишварҳои узв ин давлат метавонад ба таври якҷониба дар қиболи кишвари дигар муқаррароти визо ҷорӣ кунад.

Оқои Багдасаров гуфтааст, аз ин лиҳоз Русия метавонад дар қиболи Тоҷикистон аз ин ҳаққи худ истифода кунад. Намояндагони Шӯрои Федеротсиюн ё Маҷлиси улёи Русия гуфтаанд, ки мехоҳанд ба ин мазмун унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон номае ирсол кунанд.

Владимир Садовничий, халабони рус ва Алексей Руденко, халабони дигар аз Эстонӣ рӯзи сешанбеи 8 ноябр аз сӯйи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани мавозини байналмилалии ҳавонавардӣ ба муддати 8,5 сол равонаи зиндон шуданд.

Зимнан, ду ҳавопаймои АН-72-и ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-и Русия дар моҳи марти соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нишаста ва халабонҳо гуфта буданд, ба далели камбуди маводди сӯхт барои бозгашт ба Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз суқути эҳтимолии ҳавопаймо маҷбур шудаанд, дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд ояд.

Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонӣ, тибқи қарордод дар Афғонистон ба ҳамлу нақли маводди ғизоӣ машғул будаанд. Қарор аст то чанд лаҳзаи дигар Додситонии Тоҷкистон дар мавриди қазияи ин ду халабони хориҷӣ, ки вокунишҳои шадидуллаҳнро дар пай доштааст, дар нишасти матбуъотие ибрози назари расмӣ кунад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854