СӮҲРОБ ШАРИФОВ: ШАРОИТИ СИЁСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҒЙИР КАРДААСТ
Номзадии Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷкистон, аз ҷониби ҳизби ҳокими халқӣ-демукрот ба интихоботи миёндаврӣ ба порлумони ин кишвар пешниҳод шудааст.
Қарор аст, оқои Шарипов дар корзори интихоботӣ дар интихоботи миёндаврӣ, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар ҳавзаи рақами сеюми Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, ширкат кунад. Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад зимни сӯҳбат бо Сӯҳроб Шарифов нахуст аз ӯ пурсид, ки ширкат дар интихобот тасмими худи ӯст ё пешниҳоди мақомоти давлати Тоҷикистон будааст?
-Ман худ дар мавриди ширкат дар ин интихобот тасмим гирфтам. Ман ҳамчун сиёсатшинос ва сиёсатмадор мехостам дар сиёсати воқеъӣ ва амалӣ ширкат дошта бошам. Бо мардум дидору мулоқот кунам. Яъне, ин тасмими ман буд ва Ҳизби халқӣ- демократи Тоҷикистон аз ин тасмим пуштибонӣ кард.
-Маъмулан қабл барои ширкат дар интихобот номзадҳо агар дар мақоми давлатӣ бошанд, аз симмати худ ба истеъфо бояд раванд. Ҳамин тур нест?
-Дуруст аст. Аммо ман аз симати худ барканор нашудаам. Мумкин, пас аз интихобот аз вазифа гиранд. Яъне, то 18 декабри соли ҷорӣ ман дар ин вазифа кор карда ва дар сурати сазовор шудан ба боварии мардум дар порлумон кор хоҳам кард.
-Бархе аз коршиносон бар ин назар ҳастанд, чун Шумо ҳамеша ба таври рӯшод дар масоили муҳими сиёсӣ ибрози назар карда ва аз бархе аз сиёсатҳои давлат низ интиқод мекардед ва ҳоло мақомоти Тоҷистон бо фиристодани Шумо ба порлумон хостанд аз ин тариқ шуморо аз саҳнаи сиёсат дур кунанд.
-Маркази мутолеъоти истиротежик ниҳоди вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ аст ва ибрози назарҳои банда умдатан ба унвони назари давлат талақӣ мешуд. Вале ман фикр намекунам, ки танҳо ба ҳамин хотир номзадии банда ба интихоботи миёндаврӣ ба порлумон пешниҳод шудааст.
-Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки интихоботи миёндаврӣ ба порлумони Тоҷикистонро таҳрим мекунад. Ҳизби куммунист ба далели зиёд будани гаравпулӣ аз ширкат дар интихобот худдорӣ кардааст. Ҳизби наҳзати исломӣ низ то ҳол дар бораи ширкат дар интихобот тасмим нагирифтааст. Имкон дорад ин интихобот бидуни рақиб баргузор шавад?
-Ширкат кардан ё накардан дар интихобот кори ҳар аҳзоб аст. Шояд номзади муносибе надоранд. Аммо мавқеъи ҳизби халқӣ-демукрот ин аст, ки дар ҳамаи интихобот ширкат мекунад. Ба андешаи ман, бештари аҳзоби кишвар афроди ботаҷруба ва боэътибор доранд, ки метавонанд бо ман дар сатҳи баробар рақобат кунанд. Фарҳанги сиёсии рақобат кардан оҳиста-оҳиста ташаккул меёбад.
-Набуди рақиби воқеъӣ роҳи шуморо ба порлумон боз хоҳад кард?
-Сиёсат арсаи рақобат буда ва майдон аз далер аст. Ман омода ҳастам бо ҳар рақиб аз аҳзоб зӯрозмоӣ кунам. То чи ҳад муваффақ будани моро раъйдиҳандагон қазоват хоҳанд кард. Ҳизби сиёсие, ки аз ширкат дар интихобот худдорӣ мекунад, мумкин мушкили ҷиддии кодрӣ, молӣ ё бӯҳрони идеологӣ дорад. Бояд ҳар ҳизб аз ин гуна фурсати мувофиқ истифода кунад.
Ман аз ҳеч рақиб ё рақобат наметарсам. Ман роҳи осонро интихоб намекунам. Барои дастёбӣ ба ҳар ҳадафе, ки бар манфтиати давлату кишвар аст талош мекунам.
-Шумо як Консепсиюни ислоҳоти сиёсӣ ва конститутсиюниро таҳия карда ва ба давлати Тоҷикистон пешниҳод карда будед. Сару садоҳое буд, дар ин санад шумо хостори коҳиши ваколатҳои Президент ба нафъи порумон ва нахуствазир шуда будед. Сарнавишти ин санад чи шуд? Давлат ин консепсиюнро пазируфт ё хайр?
-Ҳоло ин санад дар сохторҳои давлатӣ баррасӣ шавад. Сипас, раиси ҷумҳурӣ назари худро дар ин замина иброз хоҳад кард. Ба андешаи ман ислоҳоти сиёсӣ як иқдоми хубе хоҳад буд. Зеро шароити иқтисодию сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон тағйир кардааст.
-Ин санадро ташреҳ медодед. Нукоти аслии он чи аст?
-Бо таваҷҷӯҳ ба он ки Консепсиюни ислоҳоти сиёсӣ ва конститутсиюнӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор дошта ва раиси ҷумҳурӣ назари худро дар иртибот ба ин санад иброз накардааст, ман наметавонам нукоти онро ташреҳ кунам.
-Шумо барои интихобот барномаи мушаххасе омода кардед?
Барномаи Ҳизби халқӣ-демукрот маълум аст. Ман ба унвони узви ин ҳизб пойбанди ин барнома ҳастам. Худи ман пешниҳодҳоеро дар мавриди ислоҳи ҷиддии қонун дар бораи фасод ва назорати сахти порлумон ба иҷрои будҷет таҳия кардаам. Ҳамчунин, ислоҳи Қонуни интихобот ба Маҷлиси олиро зарур ва саривақтӣ медонам.
Ман чанд маротиба дар бораи зарурати коҳиши мизони 5 дар садии раъйи аҳзоб барои вуруди онҳо ба порлумон ва ба поин бурдани миқдори гаравпулӣ таъкид доштам. Барои иҷрои ин амр бояд Қонун дар бораи Маҷлиси олӣ ислоҳ шавад, то роҳ барои интихоботи озод, шаффоф ва демократик боз шавад.
Ҳамчунин, ба андешаи ман, ҳоло дар Тоҷикистон масъулияти аслӣ бар зиммаи ҳокимияти иҷроия аст. Бояд ин вазъро ислоҳ карда ва бархе аз ваколатҳо ба ӯҳдаи порлумон вогузор шавад. Ин ҳам кори раиси ҷумҳуриро сабук мекунад ва ҳам ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон нухбагон ё элитаи сиёсӣ вуҷуд дорад. Ин иқдом ба таҳкими бештари давлати Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард.
Сипос барои сӯҳбат!
Би-Би-Си