15:32:35 03-уми Июни 2025 сол

ДУНЯ МИЯТОВИЧ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН ДИДОР КАРД

Дар дидори Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохила бо Дуня Миятович, масъули бахши озодии баёни Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо мавзӯъи боздошти чанд рӯзноманигор дар Тоҷикистон ва ҳамкории ниҳодҳои интизомӣ бо васоити ахбори умум матраҳ шуд.

/images/stories/2011/11/04_myatovich_2011.jpgБа гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила хонуми Миятович дар ин дидор ибрози нигаронӣ кард, ки дар зарфи як соли ахир дар Тоҷикистон чанд рӯзноманигор аз ҷониби кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ боздошт шудаанд. Вай дар мавриди омилҳои ин боздоштҳо суолҳо кард.

Оқои Асадуллоев афзуд, ки вазири дохила ба ин масъули САҲУ таъкид дошт, ки боздошти ин афрод ба фаъолияти касбии онҳо рабте надошта ва барои иртикоби ҷароими дигар дастгир шудаанд. Оқои Асадуллоев афзуд: "Шояд вазир Ӯрунбой Усмоновро низ дар назар дошт, чунки боздошти оқои Усмонов низ дар робита ба Ҳизби Таҳрир буд."

Дуня Миятович аз оқои Қаҳҳоров хост, то ин ки вазорати умури дохила барои дифоъ аз ҳуқуқи журнолистон ва фароҳам кардани шароит барои фаъолияти озоди расонаҳо дар Тоҷикистон кумак кунад. Вай афзудааст, ки САҲУ дар навбати худ омодааст, барои рӯзноманигорони тоҷик ва котибони матбуъоти ниҳодҳои интизомӣ давраҳои омӯзишии ҳуқуқӣ баргузор кунад.

Дидори Миятович бо ҷомеъаи маданӣ

Дуня Миятович, масъули бахши озодии баёни Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо барои матраҳ кардани мавзӯъи мушкилоти марбут ба озодии баён дар Тоҷикистон бо мақомот ва ҷомеъаи мадании ин кишвар, вориди Душанбе шудааст.

Вай дар шаби панҷшанбеи 3 ноябр, дар як ҳамоиш дар меҳмонхонаи “Ҳайят”-и шаҳри Душанбе гуфт, ки бо мақомоти давлати Тоҷикистон мушкилоти марбут ба озодии баён дар ин кишварро матраҳ хоҳад кард. Вай рӯзи панҷшанбе бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон мавзӯъи озодии баён, дастрасӣ ба манобеъи иттилоъотӣ ва фишору қазияҳои додгоҳӣ болои хабарнигорон ва расонаҳои мустақили ин кишварро матраҳ кардааст.

Ин масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо гуфтааст, ки то ҳол дар Тоҷикистон дар роҳи фаъолияти озоди расонаҳо мавонеъи маснӯъӣ вуҷуд дорад. Аммо хонуми Миятович ба таври мушаххас аз мавориди душвориҳо ва мавонеъ барои фаъолияти нашрияҳо ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон ном набурд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ, ки дар мулоқот бо хонуми Миятович ҳузур дошт гуфт, ки дар ин мулоқот қазияи Ӯрунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи мустақили “Нури зиндагӣ” матраҳ шуда ва ин мақоми САҲУ аз озод шудани ин ду хабарнигор ибрози хурсандӣ кардаст.

Аммо ба гуфтаи хонуми Воҳидова, хонуми Миятович ҳукми додгоҳи вилояти Суғд дар қиболи оқои Усмоновро ғайримунсифона хонда ва бовар дорад, ки ин ҳукм бояд лағв шавад, зеро равобити оқои Усмонов бо Ҳизби Таҳрир ҷузви фаъолияти журналистиаш будааст.

Хонуми Миятович гуфт, таъқиби хабарнигор барои фаъолияти касбӣ оқибати хуб надошта ва ин амал маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки Файзинисо Воҳидова аз болои ҳукми додгоҳи вилояти Суғд дар қиболи Ӯрунбой Усмонов ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдааст.

Вазорати хориҷа: рӯзноманигорон бояд ҳирфаитар шаванд

Имрӯз 4-уми ноябр Дуня Миятович бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷа, дидор ва масоили марбут ба вазъи расонаҳои давлатию мустақили Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Давлаталӣ Назриев, сухангӯи ин вазорат гуфт, вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни таъкид ба "фароҳам будани заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди нашрияҳо ва расонаҳо дар ин кишвар ба поин будани сатҳи дониши ҳуқуқии рӯзноманигорон ва ғайриҳирфаӣ будани бархе аз онҳо" ишора кардааст.

Оқои Зарифӣ, аз хонуми Миятович хостааст, то Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз тариқи баргузор кардани мизҳои гирд ва давраҳои омӯзишӣ барои хабарнигорони тоҷик дар ҳалли ин мушкил мусоъидат кунад. Гуфта мешавад, Дуня Миятович, масъули бахши озодии баёни САҲУ, ҳамчунин, имрӯз Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиюн ва Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

Интизор меравад, ӯ бо Олим Салимзода ва Акрамшо Фелалиев, намояндагони порлумони Тоҷикистон ва муаллифони пешнависи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” нукоти ин санади ҳуқуқиро баррасӣ кунад. Аз сӯйи дигар, Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи мустақили "Фараж" дар дидори худ бо Дуня Миятович пешниҳод кардааст, ки дар ин кишвар чопхонаи мустақиле зери сарпарастӣ ё сояи созмонҳои байналмилалӣ таъсис шавад.

Бар асоси қавонини Тоҷикистон созмонҳо ё табаъи хориҷӣ ҳаққи таъсиси ин гуна чопхонаро надошта, аммо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҷрубаи таъсиси чопхонае таҳти сарпарастии созмонҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад. Ҳамчунин, намояндагони нашрияҳои мустақил тасмими Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мабнӣ ба лағви шаҳодатнома ё муҷаввизи фаъолияти нашрияҳо дар аввали моҳи январи соли ояндаро таҳдиди ҷиддӣ ба озодии баён дар ин кишвар унвон карданд.

Ҳамакнун, нашрияҳо ҳамчун моликияти хусусӣ дар равзанаи ягона дар Кумитаи молиёти Тоҷикистон сабти ном шуда ва маоши ҳадди ақали кормандонро ба 562 сомонӣ расонанд ва молиёти зиёд пардохт кунанд. Ба эътиқоди масъулони нашрияҳои мустақил, мумкин аст дар пайи ин иқдоми давлати Тоҷикистон дар соли оянда бештари нашрияҳои мустақил аз фаъолият бозмонанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854