18:35:31 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҚИБНИШИНИИ АМРИКО АЗ ИДДАОИ ҲИМОЯТИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ТЕРРОРИЗМ

Пас аз вокуниши мақомоти Осиёи Марказӣ ба тасмими ахири вазорати амнияти миллии Амрико, дар зимни ворид кардани номи чаҳор кишвари ин ҳавза дар феҳрасти кишварҳои машкук ба ҳимоят аз терроризм, Вашингтон аз мавзӯи худ ақибнишинӣ кард, хабар медиҳад, хабаргузории «Форс».

/images/stories/2011/08/02_qasri-safed_2.8.11.jpgТибқи ҳамин гузориш пас аз судури баёнияи вазорати амнияти миллии Амрико дар зимни ворид кардани номи чаҳор кишвар Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ба феҳрасти кишварҳои машкук ба ҳимоят аз терроризм, ҳар як аз давлатҳои минтақа ба навъи ба ин иқдоми Вашингтон посух доданд.

Дар ҳамин росто як рӯз пас аз судури баёнияи вазорати амнияти миллии Амрико, Ҳамрохон Зарифӣ вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Кен Гросс сафири Амрико дар Душанбе дидор ва бо ӯ дар бораи масоили мавриди алоқаи ду кишвар баҳс ва табодули назар кард.

ЭЪТИРОЗИ ҒАЙРИРАСМИИ ТОҶИКИСТОН БА АМРИКО

 Дафтари матбуоти умури хориҷаи Тоҷикистон бо судури иттилоияе, ки нусхае аз он дар ихтиёри хабарнигори «Форс» қарор гирифт, мавзӯи ин дидорро баррасии масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамкориҳои муштарак дар иҷрои барномаҳои байналмилалӣ дар заминаи нисбати авзои Афғонистон ва ҳамчунин масоили амнияти минтақавӣ унвон кард.

Аммо коршиносон мӯътақиданд, дидори мақоми олирутбаи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Амрико дар ин кишвар, ки пас аз гузашти як рӯз аз судури ин баёния сурат гирифт, ҳокӣ аз тарҳи мавзӯи баёнияи вазорати амнияти миллии Амрико дар ин музокирот ва эътирози Душанбе ба иқдоми ахири Вашингтон будааст.

Ҳамчунин вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон як рӯз пас аз дидори Зарифӣ бо сафири Амрико бо судури иттилоияи дигар, зимни ахбори расонаҳои минтақаӣ мабнӣ ба ғунҷондашудани номи Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризм тавассути Амрико, тасреҳ кард: «Мақомоти Амрико ин хабарро бар асоси дониста ва эълом кардаанд, ки матлаби мунташиршуда, дар мавриди ҳимояти Тоҷикистон аз терроризм ғайри воқеӣ аст».

Дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Точикистон афзуд: «Тибқи иттилоияи вазорати амнияти миллии Амрико, ки дар сомонаи ин ниҳод мунташир шуд, Вашингтон – Тоҷикистон ва 34 кишвари дигарро ба ин далел дар ин феҳраст ҷой додааст, ки дар он аз атбои ин кишварҳо, ки муттаҳам ба анҷоми аъмоли террористӣ бударо боздошт карда ва мавриди бозрасӣ қарор диҳанд, то тарҳҳои эҳтимолии онҳо барои анҷоми амалиёти террористиро кашф ва безарар кунанд.

Дар ин иттилоия тасреҳ шудааст: «Бар асоси тасмими ахири давлати Амрико, танҳо бозрасиҳои хоси бархе аз атбои мазнуни кишварҳои мундарҷ дар ин феҳрист, сурат хоҳад гирифт».

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки бар ин асос бозрасӣ ва контрол дар фурӯдгоҳҳои Амрико нисбат ба кофтукови тоҷикҳо ҳамонгунае хоҳад буд, ки тибқи маъмул нисбат ба ҳар мусофири дигар амҷом мегирад.

Дар ин иттилоия омадааст: «Амрико ҳеҷ сиёсати хос ва ҷадиде дар гузашта барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар эҷод накардааст».

ТАВЗЕҲИ МАҚОМОТИ АМРИКОӢ БА ДАВЛАТМАРДОНИ ҚАЗОҚИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН

Дар пайи вокуниши шадиди мақомоти Остона ба тасмими ахири вазорати амнияти миллии Амрико, сафорати Амрико дар Қазоқистон бо интишори иттилоияе эълом кард: «Давлати Амрико, Қазоқистонро ба унвони як кишвари машкук ба ҳимоят аз терроризм нашинохта ва ин кишварро аз ҷумлаи шарикҳои мавриди эътимоди худ дар Осиёи Марказӣ медонад».

Коршиносон, тағйири мавқеи Вашингтонро пас аз эътирози расмии Остона ба иқдоми Амрико дар ворид кардани номи Қазоқистон дар феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризм нокомӣ ва ақибнишинии Вашингтон дар муқобили кишварҳои ин минтақа медонанд.

Ба гуфти коршиносон, возеҳ ва равшан аст, ки яке аз далоили аслии дидор ва музокироти ғайри мунтазираи сафири Амрико бо мақомоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҳамчунин иттилоияи сафорати Амрико дар Остона мабнӣ бар такзиби хабари рӯйхати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар феҳрасти кишварҳои машкук ба ҳимоят аз терроризм бо далели фишорҳои мақомоти ин кишварҳо ба Вашингтон будааст.

Ин таҳлилгарон мӯътақиданд, ки вокуниши сареъ ва шадиди Остона ба ин тасмими Амрико, Вашингтонро маҷбур кард, то ба суръат бо тағйири мавзӯъ нисбат ба он чи ки қаблан эълон карда буд, аз тира шудани муносиботи кишварҳои фавқ бо Вашингтон ҷилавгирӣ кунад. 

Илёс Умаров, сухангӯи вазорати хориҷаи Қазоқистон пас аз тасмими ахири Вашингтон дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ эълон карда буд, тасмим ахири вазорати амнияти миллии Амрико дар мавриди ба рӯйхат дохил кардани Қазоқистон дар феҳратси кишварҳои машкук ба ҳимоят аз терроризм, ғайри қобили қабул ва сади роҳи тавсеъаи равобити дуҷониба аст.

Ин мақоми вазорати умури хориҷаи Қазоқистон ҳамчунин афзуд: «Бояд ба мо эълон шавад, ки вазорати амнияти миллии Амрико ба чӣ асос чунин феҳристро таҳия карда ва ба чӣ далоил дигар кишварҳоро вориди феҳрасти худ сохта, машкук ва ҳомии терроризм мекунад?»

Умаров тасреҳ кард: «Қазоқистон дар муддати 20 соли пас аз эълони истиқлолхоҳияш, нақши муҳим дар таъмин ва тақвияти амнияти ҷаҳонӣ аз ҷумла мубориза бар муқобили терроризми байналмилалӣ дошта ва ҳеҷ гоҳ дар ин замина берун аз қонунҳои байнамилалӣ амал накардааст».

Вай бо ишора ба паёмадҳои ин тасмими мақомоти амрикоӣ таъкид кард, ки ин вазъият хилофи ривоҷи ҳамкориҳои байни Қазоқистон ва Амрико буда ва бо иҷрои тарҳҳои мавриди назари ду кишвар дар оянда халал ворид мекунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфт: «Мо аз шарикони амрикоӣ интизори иқдоми фаврӣ дар ҷиҳати ислоҳи ин тасмимро дорем, то посухи муносибе ба тамоми шубҳаҳои мавҷуда дар ин замина бошад».

ВОКУНИШИ САФИРИ ВАШИНГТОН ДАР ТОШКАНД БА БАЁНИЯИ ВАЗОРАТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ АМРИКО

Дар ҳоле, ки Қазоқистон бо эътирози шадид ба иқдоми ахири Амрико хостори тавзеҳ аз мақомоти ин кишвар шуда ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар дидор бо сафири Амрико дар Душанбе нигаронии кишварашро аз тасмими ахири вазорати амнияти миллии Амрико баён кард, мақомоти Ӯзбакистон тақрибан ҳеҷ иқдоми ошкоре дар ин замина анҷом надоданд.

Аммо сафири Амрико дар Тошканд бо ҳузур дар як нишасти хабарӣ аз сатҳи рӯ ба рушди равобити дуҷониба бо Ӯзбакистон тамҷид ва омодагии кишвараш барои тақвияти беш аз пеши муносибот бо ин кишвари ба гуфти вай, калидии Осиёи Марказиро эълом кард.

Сафири Амрико дар Ӯзбакистон, ки аз ҳудуди як моҳ пеш ба таври расмӣ фаъолияти худро дар ин кишвар оғоз кардааст, бо баёни матлабе дар бораи чашмандози равобти дуҷонибаи Вашинтон ва Тошканд гуфт: «Амрико омодаи сармоягузории бештар дар иҷрои тарҳои саноъӣ, ҳавопаймоӣ, нафт, газ ва кишоварзии Ӯзбакистон буда ва мӯътақид аст, ки зарфиятҳои зиёде барои ҳамкорӣ байни ду кишвар вуҷуд дорад».

Таҳлилгарон изҳороти ахири сафири Амрико дар Ӯзбакистонро, ки дар нишасти хабарӣ сурат гирифт, талоши Вашингтон ба манзури ҷилавгирӣ аз дилсардии мақомоти Тошканд аз баёнияи ахири вазорати амнияти миллии Амрико арзёбӣ мекунанд.

Саъдулло Ҳайдарӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз таҳлилгарони масоили минтақа, мӯътақид аст, ки расонаӣ шудани хабари ғунҷондани номи кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути Амрико дар феҳрасти кишварҳои машкук ба ҳимоят аз терроризм, баёнгари беэътимодии Вашингтон ба сарони ин минтақа аст.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки иқдоми ахири вазорати амнияти миллии Амрико ба суръат мавриди эътирози хадди ақал ду кишвари аз чаҳор кишвари минтақа қарор гирифт, мақомоти сиёсии Вашингтон ба суръат ба тағйири мавзӯъ таърифи махсусро аз баёнияи вазорати амнияти миллии Амрико ироа карданд, ки дар он давлатҳои минтақаро аз ҳимоят аз терроризм мабро дониста ва танҳо бархе аз атбои ин кишварҳоро, ки мазнун ва муттаҳам ба ҳимояти терроризм ҳастанд, мадди назари вазорати амнияти миллии Амрико қарор доранд.

Вай афзуд: «Дар ин миён мақомоти Остона бо вокуниши шадидуллаҳн, нишон доданд, ки камтарин вобастагиро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Амрико доранд ва ба ҳамин далел бо маҳдудиятҳои камтаре барои мавзӯъгирӣ дар муқобили Амрико мувоҷеҳ ҳастанд»…

Ба ҳамин далел дар моҷарои ахир низ ба рағми адами вокуниши мақомот ба баёнияи вазорати амнияти Амрико, сафири Вашингтон дар ин кишвар тайи мусоҳибае ироа кардааст, ки нисбат ба давлатҳои Осиёи Марказӣ дар масоили терроризм таъдил кард. Ин таҳлилгар мӯътақид аст, ки мақомоти Душанбе низ талош мекунанд то ҳар як мушкил ва чолиши дар ин заминаро танҳо аз тариқи музокира ва бидуни расонаӣ кардани он, ҳал ва фасл кунанд.

Вай гуфт: «Тоҷикистон бо далели вуҷуди бархе аз маҳдудиятҳои шадиди иқтисодӣ ва ба умеди маҳрум нашудан аз мусоидатҳои ҳар чанд андаки моли Ғарб, аз ҷумла Амрико, талош мекунад то бахши аъзами масоилро аз тариқи гуфтугӯ ҳал ва фасл кунад, то дар равобити худ бо Ғарб ва ё ҳар кишвари дигаре дучори чолиш нашавад».

Аммо ба назар чунин мерасад, ки сарфи назар аз мавзӯъгириҳои мутафовути мақомоти кишварҳои минтақа дар қиболи тасмими ахири Вашингтон мабнӣ бар дохил кардани номи чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ дар феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризм, вокуниши мақомоти ин кишварҳо барои Вашингтон комилан ғайри мунтазира буд ва бо ҳамин далел дастгоҳи сиёсати хориҷии ин кишвар ба суръат дар сади ислоҳи он баромад, то аз тира шудани муносибати ин кишварҳо бо Амрико ҷилавгирӣ кунад.

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi